Панҷ сол аст, ки дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» (ман онро мухтасар озмуни «Фурӯғ» мегӯям ва чунин мешуморам, ки озмун набояд номи дароз дошта бошад, ё «Фурӯғи субҳи доноӣ» бошад, ё озмуни миллии «Фурӯғ») ширкат мекунам ва таҷрибаи фаровоне дар ин соҳа андӯхтаам.
Чанде пеш дар озмуни нави «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» низ довар будам ва айнан мисли «Фурӯғ» бо муаммо ё проблемаи муносибати ҷавонон ба китоб дучор омадам…
Дар ду соли аввал, ки нақсу иллатҳо дар ташкил ва пурсупоси довталабон бештар буданд, бархе (ҳатто масъулин ва соҳибони мансаб) иддао доштанд, ки агар ҳамин ҳавасмандии довталабон аз байн бурда шавад (яъне, барои китобхонӣ маблағ дода нашавад), гӯиё адолати воқеӣ барқарор мешавад… Ҳоло ҳам ҷо-ҷо ин иддао садо медиҳад, ки комилан ғалат аст!
Давлат ҳадафи ин озмун, яъне, «Фурӯғ»-ро дар он муқаррар кардааст, ки шумори китобхонҳо афзун шавад, китоб бояд дар зиндагии пиру барнои Тоҷикистон ҷойгоҳи муқаддас пайдо кунад, тавассути китоб мардум андеша карданро омӯзанд, равзанаи нигоҳ ва диди одамон ба олами ашё фарохтар шавад… Албатта, ин ақида дуруст аст, ки китоб хондан набояд маҷбурӣ сурат гирад, зеро китобро аз рӯйи тамоюлоти завқӣ мехонанд, барои рушди тафаккур ва зеҳну шуур мехонанд, аммо бо назардошти вазъи умумии китобхонии мардум дар он марҳалае, ки мову шумо зиндагӣ мекунем, бо маблағҳои муайян ҳавасманд кардани китобхонон кори ниҳоят савоб ва бағоят зарур аст!
Акнун меоям сари масъалаи асосӣ, яъне, чӣ гуна омодагӣ дидан ба озмун…
Ва сабабашро дарёфтан мушкил надорад: иллати асосӣ дар тарғиби китоб аст, дар марҳалаҳои аввалу дувум ва даври минтақавӣ муаллимону раҳнамоён бо ширкаткунандагони озмун дуруст кор намекунанд, моҳияти китобхониро дуруст намефаҳмонанд ва умуман, дар маҳалҳо, шаҳру навоҳӣ масъалаи тарғибу ташвиқи китоб масъалаи мураккабу печида аст.
Ба замми ин, дастрас набудани китобҳои лозим, махсусан, тарҷумаҳо дар маҳалҳо, хидмати сусти китобхонаҳо ва ғайра масъаларо чигилтар мекунанд. Дар ин бора чандин маротиба навиштем, аммо проблемаи дастрасӣ ба китоб ҳамоно мушкил боқӣ мемонад.
Имсол дар озмуни минтақавӣ дар шаҳри Бохтар ширкат доштам ва бори дигар (мисли он ки порсол дар Ҳисору Рашт ширкат доштам) бовар ҳосил кардам, ки дар шаҳру навоҳии кишвар, дар деҳкадаву ҷамоатҳо мутахассисоне нестанд, ки аҳаммияти китобу китобхониро ба мардум фаҳмонанд. Ҷамъомаду ҳамоишҳои марбут ба тарғиби китоб, ҷаласаву маҳфилҳо ва умуман, тадбирҳое баргузор намешаванд, ки масъулин ба мардум муносибат ба китоб ва роҳу равиши интихоби адабиётро фаҳмонанд.
Аз ин рӯ, дар соли севуми озмуни «Фурӯғ» пешниҳод карда будам: азбаски дар маҳалҳо кори тарғиби китоб заиф аст, ҳанӯз дар марҳалаи аввали оғози озмун гурӯҳҳои тарғиботие аз марказ (аз ҳисоби донишмандон ва мутахассисон) таъсис дода, ҳадди ақал ба маркази вилоятҳо ва шаҳрҳои бузург фиристанд, то ки ба гурӯҳ-гурӯҳ довталабон роҳу равиши омодагӣ ба озмун, тарзи интихоби асарҳои бадеӣ ва тариқи мутолиаи онҳоро амалан нишон бидиҳанд.
Дар сурати нафаҳмидани довталаб, ки аз чӣ оғоз кунад ва чӣ гуна асарҳоро интихоб кунад, ӯ дар анбуҳи муаллифоне, ки дар низомнома зикр шудааст, раҳгум мезанад ва ҳар чизе ба дасташ уфтод, мехонад…
Баъди панҷ соли ташкили озмун то ҳоло довталабон дуруст дарк накардаанд, ки осори ҳама муаллифони дар низомнома зикршударо хондан ҳатмӣ нест ва иҷрои ин кор ҳатто дар панҷ-даҳ сол ҳам имкон надорад. Бояд аз ҳамин номгӯй, мисли он ки аз гулистон гул мечинанд, ҳамонҳоеро бояд хонд, ки имкону тавони зеҳнии ҷавон ё ҳар каси дигар ба фаҳму дарки онҳо бирасад.
Хуб, ҳоло чанд маслиҳати амалӣ барои онҳое, ки ба номинаи «Адабиёти ҷаҳон» омодагӣ мебинанд:
Нахуст, китобҳои хондашударо бехато ба нақша бояд ҷойгир кард ва нақшаро тибқи тақозои низомнома ба 9 бахш ё қисм ҷудо бояд кард – адабиёти рус; адабиёти Украина, Беларус ва кишварҳои назди Балтика; адабиёти Осиёи Марказӣ (ӯзбеку қазоқу туркману қирғиз ва ғайра); адабиёти халқҳои Қафқоз; адабиёти кишварҳои Амрико ва Канада; адабиёти Амрикои Лотинӣ; адабиёти мамолики Аврупо; адабиёти Эрону Афғонистону Ҳинду Покистон; адабиёти халқҳои Осиё ва кишварҳои арабӣ. (Агар шумо имкон надоштед, ё нахостед, ё вақт нашуд, ки намунаҳо аз осори муаллифони ин ё он қитъаи зикршударо хонед, пас, шарт нест, ки номи ҳамон қитъа ё гурӯҳи кишварҳоро дар нақша ҷо кунед… Ҳамонҳоеро дар рӯйхат ҷо кардан лозим, ки хондаед… Ҳаргиз китобҳои нохондаро дар нақша нагузоред.
Ҳамин тавр, нақша аз 9 қисм иборат шуд, акнун муаллифон ва осори онҳоро ҷобаҷо кардан лозим меояд: аввал – муаллиф, баъдан – номи асар, сипас – навъи (жанри асар, масалан, шеър, ҳикоя, қисса, роман, драма ва ғайра) ва эзоҳ (эзоҳ ё тавзеҳ барои худи довталаб лозим аст, хоҳад илова мекунад, нахоҳад, на).
Дар қисмати баъдӣ муаллиф зикри кишвари зодгоҳи адиб ҳам (агарчи ҳатмӣ нест, аммо хуб аст, барои ҳофиза ё хотираи худи китобхон муҳим аст, на барои доварон). Фарзи мисол, Габриэл Гарсиа Маркес адиби ҷаҳонист, ӯро ҳамчун бунёдгузори равияи машҳури реализми ҷодуии Амрикои Лотинӣ эътироф мекунанд, аммо зодгоҳаш Колумбия аст. Тамоми мардумони Амрикои Ҷанубӣ аз ин адиб ифтихор мекунанд, аммо бештар мардуми Колумбия…
Марио Варгас Лйоса низ намояндаи ҳамин қитъа, барандаи Ҷоизаи Нобел аст, аммо аз кишвари Перу мебошад ва қабл аз дигарон мардуми ин мамлакат бо осори Лйоса ифтихор мекунанд… Аз ҷониби дигар, дақиқан донистани он ки кадом адиб аз кадом кишвар аст, як навъ эҳтиром ба ҳамон мардум ва ҳамон кишвар ҳам ҳаст.
Донистани навъи асарро бисёриҳо зарур намешуморанд, ки ин кор нодуруст аст: довталаб ва ҳар каси китобхон бояд донад, ки чӣ китобе мехонад: роман ё ҳикоя, латифа ё масал… Ҳамин қадар донад, ки ҳикоя навъи аз ҳама хурди насри бадеист, кифоя. Ё масал ҳам наср аст, ё достон ба фарқ аз шеър ҳаҷми бузургтар дорад, яъне, иттилои бисёр сабуку одӣ.
Чун аксари китобхонҳо танҳо барои қонеъ кардани эҳтиёҷи маънавӣ ва тараққии андешаву ҷаҳонбиниашон китоб мехонанд, донистани баъзе вижагиҳои осори бадеъ шарт нест. Масалан, шарт нест, ки довталаб донад, ки ҳикоя чӣ мухтассоти жанрӣ дорад ва фарқаш аз новелла ё фаблио дар чист…
Ин гуна дониш барои онҳое зарур аст, ки дар донишкадаҳои забону адабиёт (факултаҳои филологӣ) таҳсили илм мекунанд… Суол кардани доварон аз вижагиҳои жанрӣ ё навъии ин ё он асар низ комилан норавост, мутаассифона, ҳамасола ин гуна пурсишҳо рух медиҳанд, ки набояд такрор шаванд.
Гап сари ин аст, ки ширкаткунандаи озмуни «Фурӯғ» барои имтиҳонсупорӣ наомадааст, ӯ мутахассиси соҳаи адабиёт ҳам нест, балки ошиқи каломи бадеъ аст, мувофиқи завқу табъу майлу рағбаташ китоб мехонад ва таъсир мегирад. Аммо муҳим аст, ки ҳамон таъсирро гуфта тавонад, ҳадафи нависандаро пай барад ва барои худаш хулосаҳо бароварда тавонад… Яъне, асари бадеӣ ба хонанда чӣ таъсир расонд, аз ҳама муҳимтар аст, вагарна хондан ба хотири хондан вақти қиматро беҳуда зоеъ кардан аст.
Одат шудааст, ки баъди нақша довталабон мазмуни мухтасар ё аннотатсияи асарро бо акси муаллифашон, гоҳе тамоми осори хондашударо (махсусан, назмро) айнан рӯбардор карда, дар дафтарҳояшон ҷо мекунанд. Ин кор барои доварон шарт нест, комилан ихтиёрист… Аммо барои дар ёд мондани он шеър, ё порае аз достон барои довталаб муҳим аст. Шарт нест, ки, масалан, як роман ё қисса айнан нусхабардорӣ шуда, дар дафтар ҷо карда шавад, аммо силсилаи шеърҳои азёдшуда лозим аст. Зеро вақти санҷиш доварон то чӣ андоза дуруст азёд шудани он шеърҳоро аз рӯйи ҳамон дафтар мушаххас хоҳанд кард.
Як қолаби шахшудаи андеша дар мавриди озмун ҳамин аст, ки бояд ҳарчӣ бештар осори адибон дар дафтарҳо ҷо шавад, бо ин ҳадаф, ки «бинед, ман 150 ё 160 асарро хондаам…». Яъне, аксарияти довталабон сифатро як сӯ гузошта, аз пайи миқдор мераванд…
Гоҳе аз як адиб то 15-20 ҳикояро қатор карда дар дафтарҳо менависанд, аммо фикр намекунанд, ки ҳамон адиб боз роман ва қиссаҳои хубе дорад. Албатта, ихтиёрист, ки кӣ чӣ мехонад, аммо барои рушди зеҳният ва тафаккури хонанда лозим аст, ки беҳтарин асарҳои ин ё он нависанда ва хубтарин шеъри ин ё он шоир мутолиа шавад…
Як одати баде, ки тӯли панҷ сол аст, аксарияти довталабонро «ёр» шудааст, ҳамин аст, ки китобро як сӯ гузошта, аввал мазмуни мухтасари онро мехонанд ва бо ҳамин иктифо мекунанд. Албатта, бад нест, ки андешаи мунаққидон дар мавриди ин ё он асар (дар се-чор саҳифа, хеле мухтасар) аз ҷониби довталабони озмун хонда мешавад. Ин хуб аст, чун раҳнамо барои фаҳму дарки асар хидмат мекунад, аммо бо мазмуни мухтасари асар иктифо кардани довталаб хеле бад аст.
Бояд ҳатман, баъди шиносоии умумӣ бо асар худи асар аз аввал (аз муқаддима) то охир хонда шавад. Бояд дар мавриди аввал худи китоб хонда шавад, то ки вижагии эҷоди нависанда барои китобхон рӯшан гардад.
Бархе довталабон гоҳе иқрор мешаванд, ки танҳо мазмуни мухтасари ин ё он асари бадеиро хондаанду халос. Албатта, баъди он ки доварон аз лаҳзаҳо ё эпизодҳои асар, тасвирҳои ҷудогонаи фаъолияти ин ё он қаҳрамон пурсон мешаванд. Ҳамин ки дар посух дармонданд, он гаҳ иқрор мешаванд, ки китоби бадеиро пурра нахондаанд, танҳо мазмуни мухтасарашро хондаанду халос. Ин тоифаи довталабон на доварон, балки худашонро фиреб медиҳанд.
Боз як иллати дигаре, ки ба рафтори аксари довталабон хос шудааст: маводро аз китобҳои дарсии адабиёт мехонанд, ки мумкин нест. Одатан, дар китобҳои дарсии адабиёт ин ё он асар (хоҳ қисса бошад, хоҳ достон, ё шеър) мухтасар оварда мешавад, порае аз асар ё достон нашр мешаваду халос. Довталаб бояд шакли комили он асарро дарёфт кунад, ки бидуни ғалат бошад ва сипас онро пурра бихонад.
…Макс Фрай андешаи ҷолибе дорад: ҳар китобро ду бор хондан лозим, аст бори аввал вақте ки аз муаллиф ҷавонтар бошӣ ва маротибаи дувум, замоне ки синну солат аз муаллиф болотар шавад… Дар ин гуфтор ҳикмати аҷибе ниҳон аст: ҷараёни такомули фикрии инсон охир надорад, дар як пораи вақт ин ё он асар агар як андешаро дар мағзи инсон ҳосил кунад ва ҳамин тавр, ҳар инсоне қадам ба қадам ба қуллаи камолот наздиктар мешавад. Тағйиру такмили андешаи одамӣ бузургтарин ҳадаф аст, ки танҳо тавассути китоб сурат мегирад.
Аз китоб хондан ва вақти қимати хештанро ба китоб сарф кардан ҳам бояд ҳамин ҳадаф пешорӯйи инсон бошад.
Ҳафиз РАҲМОН