Хондани китоб барои рушди фикрии инсон нақши муассир дорад. Китобҳо аз рӯйи хусусияту ҳадафҳои ғоявии худ ба китобҳои илмӣ, соҳавӣ, дарсӣ, бадеӣ, энсиклопедӣ, таърихӣ, луғатномаҳо ва ғайра ҷудо мешаванд. Китобҳои дарсиро дар муассисаҳои таълимӣ истифода мебаранд ва китобҳои соҳавӣ барои як соҳаи муайян мебошанд, китоби илмӣ дар доираи як илм ва китоби таърихӣ оид ба таърихи ину он миллат ё давлате таълиф мегардад.
Замони муосир бо талаботи гуногун таъсири худро ба шавқмандони китобхонӣ ҳам расонидааст, ки имрӯз бештари дӯстдорони китоб аз китобҳои электронӣ, аз ҷумла, аз телефони мобилӣ истифода менамоянд.
Асосгузори китоби электронӣ, нависандаи америкоӣ Майкл Стерн Ҳарт мебошад. Аввалин навиштаҳои электронии ихтироънамудаи ӯ соли 1971 «Эъломияи истиқлоли Амрико» буд. Майкл Ҳарт пас аз ин ихтироъи худ нақшаи бузургтареро ба дӯш гирифта, мақсад гузошт, ки китобхонаи электронӣ таъсис диҳад. Бори нахуст, соли 1996 механизми электронии «DEC Lectrice»-ро барои омма ба намоиш гузоштанд. Дар аввал шакли китоби рақамӣ ба планшет ё телефон монандӣ дошт, ки бо он занг фиристодан ё паёмак қабул кардан номумкин буд. Вале М.Стерн сол аз сол лоиҳаи худро такмил дода, як китобхонаи универсалиеро таъсис дод, ки он соли 2005 тақрибан 17000 китобро фаро мегирифт. Имрӯзҳо китобҳои электрониро аз телефонҳои мобилӣ низ бе ягон мушкилӣ хондан мумкин аст.
Бояд гуфт, ки мутолиаи китоби электронӣ барои сарфаи вақт бисёр муфид аст, зеро хонанда метавонад китобхона нарафта, китоби дилхоҳашро аз интернет дар муддати якчанд дақиқа пайдо намуда, бо арзиши МБ (мегабайт)-и муайян боргирӣ ва мутолиа намояд.
Дар нақлиёти ҷамъиятӣ баногоҳ чашмам ба духтараке афтод, ки аз телефони мобилии худ китоб мутолиа мекард.
Пас аз чанд лаҳза ба духтарак паёмаке омад, вай аз саҳифаи китоб баромада, зуд ҷавоби паёмро доду боз ба саҳифаи китоб ворид шуд.
Баъд аз чанд дақиқа ба ӯ занг омад, ҳамин хел ба занг ҳам ҷавоб дода, бо мухотабаш каме суҳбат кард. Пас аз анҷоми суҳбат боз ба мутолиа шуруъ кард. Ду саҳифаи китобро хонду ногаҳон боз ба ӯ паёмаке омад. Бори дигар китоб хонданро қатъ намуду ҷавоби паёмакро дод.
Вале дигар ба саҳифаи китоб ворид нашуду аз китобхонӣ даст кашид.
Баъди мушоҳидаи ин ҳодиса ба худ савол додам: оё вай аз чунин мутолиа ягон чиз фаҳмида бошад?
Ҳамин тавр, дарк намудам, ки аз телефон китоб хонда намешавад, чунки ҳар лаҳза ягон паём ё занге омада, хотиратро парешон менамояд ва аз асари хондаат ҳеҷ чиз намефаҳмӣ.
Профессор Ҷовид Муқимов дар китобаш «Журналистикаи чандрасонаӣ» таъкид намудааст: «Ба ақидаи мутахассисон, суръати хондани матн аз монитор нисбат ба қаринаи коғазӣ 25 фоиз сусттар аст. Муҳаққиқони Донишгоҳи Оҳайои ИМА муайян кардаанд, ки матни расонаҳои онлайнӣ дар зеҳн нисбат ба матни коғазӣ бадтар қабул мешаванд.»
Аз ин гуфтаҳо хулоса кардан душвор нест, ки кадом навъи китобро хондан муфид аст, вале боз ҳам қазоват аз хонанда аст.
Хуршеда АЗИЗОВА,
«Омӯзгор»