Аз дахолат ба кори маорифу мактаб ва омӯзгор худдорӣ карда шавад.
(Аз суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш)
Сарвари кишвар дастур доданд, ки ба кори мактабу маорифу омӯзгор дахолат накунанд. Ман ҳисоб кардам, ки зиёда аз 20 сохтор (дар якҷоягӣ бо сохторҳои салоҳиятдори соҳаи маориф) бо соҳаи маориф сару кор мегиранд. Албатта, касе муқобили ҳамкорӣ бо сохторҳои дигар нест, аммо нохушоянд ин аст, ки санҷишу тафтишоти зиёд ба низоми таълиму тарбия халал эҷод мекунанд. Сохторҳои салоҳиятноку ба соҳа дахлдор, албатта, вазифадоранд, ки назорат баранд, аммо сохторҳои дигар низ зуд-зуд ба мактаб меоянд ва роҳбарони мактабҳо аксаран аз кори ҷонии худ дур мемонанд.
Сарвари кишвар гуфтаанд: «Ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷойи аввал мегузорам». Ҳадаф аз гуфтаҳои мазкур ин аст, ки мактабу маорифу омӯзгорро бояд ҳамагон дастгирӣ кунем, чизе аз дастамон ояд, кумак расонем. Санҷидану камбудӣ ёфтан кори осон аст, дар ҳар сохтор, дар ҳар идора камбудӣ ҳаст, ҳеҷ кор бе камбудӣ намешавад. Мағзи гап дар ин аст, ки аҳли ҷомеа, сохтору идораҳо дар барҳам задани кадом норасоӣ ба мактабу маориф дасти мадад дароз кардаанд? Ҳар сохторе метавонад худнавис, қаламу коғазу дафтар ба мактаб дастрас кунад, омӯзгори хуб, хонандаи фаъол, ғолиби озмунеро ҳавасманд созад. Чандин сол дар соҳаи маориф кор кардаам, вале кам андар кам ба чунин корҳои хубу дастгириҳо аз ҷониби идораву сохторҳо дучор шудаам.
Гурӯҳе чунин мепиндоранд, ки бо ёфтани камбудиҳову ошкор кардани онҳо маориф рушд хоҳад кард, вале ҳаргиз чунин нест. Соҳа ба дастгирии аҳли ҷомеа, ба дастгирии ҳамаи идораву сохторҳо ниёз дорад, танҳо дар сурати кумаку дастгирии онҳо соҳа пеш меравад. Яъне, чунин рафтор бояд кард, ки омӯзгор аз касби худ, аз мактабу таълиму тарбия дилхунуку озурда нашавад, дастгирии аҳли ҷомеа ва идораву сохторҳоро пайваста эҳсос кунад. Сухани Сарвари кишвар маҳз ҳамин нуктаро бозгӯ мекунад, модоме ки соҳаи маориф дар сиёсати дохилии давлат дар ҷойи аввал қарор дорад, ҳама бояд ҳаматарафа ба он мадад расонанд.
Дар бораи ҳурмату эҳтироми омӯзгор, баланд бардоштани мавқеи ӯ дар ҷомеа қариб ҳар рӯз мехонему мешунавем, вале бисёр чизҳое ҳастанд, ки ба маорифу мактабу омӯзгор ва ҳурмати ӯ дахл доранд. Воқеияте, ки мо мушоҳида мекунем, андаке дигар аст, яъне, ҳурмату эҳтироми омӯзгор чунонки бояд, нест. Зумрае мегӯянд, ки ӯ аз давлат маош мегирад, мо барояш чӣ кор кунем? Иззату икроми муаллим пеши ин гуна шахсон ҳамин қадар аст, бо ин ки омӯзгор барои кораш маош мегирад, дигар гӯё ба вай чизе лозим нест. Намеандешанд, ки омӯзгор як шахсият аст, инсон аст, он қадар заҳмат мекашад, ки ба гуфтор рост намеояд, фикр намекунанд, ки омӯзгор ба дастгирии маънавии онҳо, ба як лутфи хуш, ба иззату эҳтиром ниёз дорад. Мешавад, ки дар зиндагиву рӯзгори худ ҳама вақт, ҳама чизро бо пул чен кунем?
Бубинем, ки ҷопониҳо чӣ масале доранд: «Аз омӯзгор худатонро ҳафт қадам дуртар гиред, мабодо поятон сояашро зер кунад». Ин мардум ҳатто зер кардани сояи омӯзгорро беэҳтиромӣ меҳисобанд, чӣ расад ба худи омӯзгор! Биандешем, ки ҳурмати муаллим дар он ҷо чӣ қадар баланд аст, ҳатто дар мусофирбар омӯзгори ҷавоне ҳам бошад, мӯйсафеди 80-сола барояш ҷой холӣ мекунад.
Аз ин рӯ, таҳия ва қабули қонун «Дар бораи мақоми омӯзгор» хеле муҳим аст, бояд ки ба омӯзгор дар ин қонун имтиёзҳое муқаррар гарданд, ки риоя шаванд. Эҳтироми омӯзгор ба дараҷае баланд гардад, ки тамоми ҷомеа онро бояд ҳис кунад, омӯзгор бояд дар чашми ҳамагон азизтарин кас бошад. Омӯзгорӣ мушкилтарин касб аст, аз ин рӯ, омӯзгор бояд дар ҷомеа мақоми воло дошта бошад, зеро ӯ ба ин мақому мартаба сад дар сад арзанда аст.
Ҷангибеки Улфатшоҳ,
«Омӯзгор»