Оила ва маърифати ҳуқуқии наврасон

Оила асоси пойдории давлат ва ҷамъият аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус зикр намудаанд: «Оилаи солим як омили муҳимми пойдории давлат аст ва маҳз фарзандони соҳибмаълумот, бомаърифат ва оқилу зирак ба қадри падару модар, миллат ва Ватани азизашон расида, номбардорони сазовори давлати соҳибистиқлоли хеш мегарданд».

Дар воқеъ, нақши оила дар ташаккули маърифати ҳуқуқии наврасон хеле бузург аст. Пеш аз ҳама, бояд донист, ки худ мафҳуми оила чӣ маъниеро дорост.

Оила гурӯҳи хурди иҷтимоиест, ки дар асоси никоҳи расмӣ ба миён омада, аъзои онро зиндагии муштарак ва якҷо пеш бурдани хоҷагии оилавӣ, иҷрои вазифаҳои оилавӣ, алоқаҳои эмотсионалӣ, уҳдадориҳои тарафайни ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ, анъанаҳои оммавӣ муттаҳид менамояд.

Мо, мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯшиш дорем, ки Ватани азизамонро бо дарназардошти арзишҳои тамаддунсозу миллӣ ва шароити мусоиди сулҳпарваронаи кишвар ба яке аз ҷомеаҳои пешрафтаи ҷаҳон табдил диҳем, ба насли ояндасози миллат имконияти васеъ фароҳам орем, ки дар оянда зиндагии осуда дошта бошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат (28.12.2023) бори дигар аҳаммияти баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолии кишварро таъкид намуда, чунин иброз доштанд: «Бояд гуфт, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад».

Ҷиҳати амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия, таъмин намудани устувории пояҳои ҳуқуқии ҷомеа ва давлат, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқти­соди кишварамон, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё сохтан аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод гардида буд, ки соли 2024 ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.

Барои ҷомеаи Тоҷикистон ин иқдоми Сарвари давлат саривақтӣ ва муҳим ба шумор рафта, баҳри баланд бардоштани дониши ҳуқуқии сокинон, бахусус, ҷавонони мамлакат нақши босамар дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарияти аҳолии мамлакатро ҷавонону наврасон ташкил менамоянд. Ҳуқуқ ҳамчун фанни таълимӣ дар муассисаҳои миёна ва баъдан дар макотиби олӣ таълим дода шавад ҳам, сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар то ҳол ба талаботи ҷомеаи мутамаддин ҷавобгӯ нест. Омили асосии онро маҳз рӯз ба рӯз ташаккул ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва тағйирот дар низоми қонунгузории кишвар ташкил менамояд. Аз ин лиҳоз,  донистан ва азхуд намудани ҳуқуқҳои аввалини инсон ва махсусан, ҳуқуқҳои асосии инсон ва шаҳрванд вазифаи асосии ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.

Мақсади асосии баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон низ дар робита бо расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар, вазифаҳои давлати ҳуқуқбунёд он аст, ки пеш аз ҳама, волоияти ҳуқуқ ва қонун дар сатҳи зарурӣ таъмин гардад.

Дар ин самт нақши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 9 апрели соли 1997, № 691) «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» хеле саривақтӣ буд. Зеро худи ҳамон сол ҷиҳати дар амал татбиқ намудани му­қаррароти фармони мазкур қарори Ҳукумати ҶТ (аз 22 августи соли 1997, №383) «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» қабул гардид. Қарори мазкур тасдиқ ва қабули Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мақсади баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, ташаккули ҳисси масъулият ва эҳтиром нисбат ба қонунҳо, дарк кардани ягонагии ҳуқуқ ва вазифаҳо пешбинӣ намуд.

Баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, аз ҷумла, кӯдакону наврасон, истифодаи самараноки васоити ахбори умум ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, хусусан, оила ҳамчун ниҳоди зарурии иҷтимоӣ дар раванди таълим ва тарбияи ҳуқуқии наврасон, ҷалби падару модарон ба корҳои ҳуқуқӣ, тарғиби ғояҳои ҳуқуқӣ дар байни фарзандон, мусоидат ба онҳо бобати ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ дар ҳамбастагӣ бо муассисаҳои таълимии кишвар, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ба даст овардани маълумоти дақиқ ва мушаххас дар бораи ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои аҳолӣ, мукаммал намудани маърифати ҳуқуқии хонандагон бо дарназардошти анъанаҳои миллӣ, ба таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ фаро гирифтани тамоми таълимгирандагони муасси­саҳои таълимӣ зарур дониста шуд.

Мувофиқи таҳлилҳои психологҳо ва коршиносону мутахассисони соҳаи илм­ҳои ҷомеашиносӣ, заминаи асосии ташаккули ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёдро баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии аҳолии мамлакат ташкил менамояд. Маҳз тавассути баланд бардоштани саводнокӣ, дарк, тафаккур ва маърифати ҳуқуқӣ метавон дар замири аҳолӣ маданияти ҷомеаи демократиро бедор намуд ва ба ҳадафи муҳимтарини бунёди ин гуна ҷомеа ноил гардид.

Ҳамин тариқ, маърифати ҳуқуқӣ асоси рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд буда, яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар ба ҳисоб меравад. Барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд бо баланд бардоштани ҳисси масъулиятнокӣ, маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти риояи бечунучарои қонунгузории кишвар алоқаманд аст. Ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани фаъолият дар ин самт омилҳои зерин муҳим дониста мешаванд:

  1. Дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар ташаккули маърифати ҳуқуқии наврасон ҳамчун шаҳр­вандони оянда нақши калидӣ дорад.
  2. Маърифати ҳуқуқии наврасон метавонад дар асоси тасаввуроти ахлоқию ҳуқуқии ҳар як аъзои фаъоли оила ва ҷомеа ташаккул ёбад.
  3. Одобу ахлоқ, донишҳои ҳуқуқӣ ҳамчун асоси ташаккулёбии маънавиёти аҳли ҷомеа дар шакли тасаввуроти шахсӣ ва шуури ҷамъиятӣ зоҳир мегарданд.
  4. Нақши оила дар ташаккулёбии маърифати ҳуқуқии наврасон хеле назаррас аст ва механизми татбиқи онро метавон чунин муайян кард:

а) бо роҳи ҷалби падару модарон ба чорабиниҳои мактабӣ, аз ҷумла, маш­ғулиятҳои омӯзишии ҳуқуқӣ, фаъолгардонии фаъолияти Ассотсиатсияи падару модарон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии  волидон;
б) ташкил кардани шароити хуби омӯзиши маводи фанҳои таълимии ҳу­қуқ, ба монанди «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» ва «Ҳуқуқи инсон» дар сатҳи хонавода;
в) дар муносибатҳои ҳуқуқӣ ҳамчун намунаи ибрат ширкат кардани падару модар ва дигар аъзои калонсоли хонавода.

Ш.Сафаров,
президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, профессор