Дониш андар дил чароғи равшан аст
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Илм, ахлоқ ва фарҳанг арзишҳои волои инсонианд. Неруи бузурге, ки башариятро ба коинот ҳоким мегардонад, илм аст. Шахсе, ки аз илм баҳраманд бошад, бо андешаи солими худ ба атрофиён ҳамеша файз мебахшад. Таърих исбот намудааст, ки миллат ва давлате, ки ба илм ва олимон эҳтиром мегузорад, ба саодат ва пешравиҳо ноил мегардад. Бетаваҷҷуҳӣ ба омӯзиши илм ва беэҳтиромӣ ба олимон омили қатъи рушди миллату давлат мегардад.
Оре, бузургони тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо ба ҷаҳониён илму дониш меомӯхтанд. Осору омоли нобиғагони таърихи тоҷик Абуалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, Муҳаммад ал-Хоразмӣ, Умари Хайём ва дигарон далели равшани он аст, ки тоҷикон аз қадимулаём дар олами тамаддун ва илму фарҳанг маъруфу пешрав будаанд. Барафрохтани чаҳор муҷассамаи донишмандони бузурги форсу тоҷик дар саҳни маҷмааи бонуфузтарин ниҳоди ҷаҳонӣ — Созмони Милали Муттаҳид далели тақвиятбахши суханони боло мебошад.
Дар шароити пурпечутоби авзои ҷаҳони муосир, тағйирёбии иқлим, доман паҳн кардани равияҳои ифротиву террористӣ ва бархӯрду ҳамгироии тамаддунҳо танҳо илм ҳамчун василаи расидан ба ҳалли мушкилоти имрӯзи ҷаҳон, ҳифзи сулҳу субот ва муомилаву муносибати халқҳои сайёра нақши созанда ва аҳамияти хоса дорад. Пешравии давлат аз рушди иқтисодиву иҷтимоии он, пеш аз ҳама, бо илм вобастагии ногусастанӣ дорад. Маориф дастгоҳи махсуси тавлиди илм ба шумор рафта, пояи ҳар як давлат эътироф мешавад. Шикасти маориф шикасти давлат аст ва пешравии маориф пешравии он. Бинобар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти илмро барои рушди кишвар батакрор таъкид менамоянд. Илм ва маориф дар сиёсати Пешвои миллат мавқеи марказӣ доранд.
Самти дигари муҳимми сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавонон маҳсуб меёбад. Яке аз ҷанбаҳои меҳварии сиёсати давлатии ҷавонон ҷалби ҷавонон ба илм ва ихтироъкорӣ мебошад. Бо дастгирии бевоситаи Президенти ҷумҳурӣ дар кишварамон ҳамасола конфронси илмӣ – назариявии олимони ҷавони тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегардад ва дар ин замина, беҳтарин мақолаҳои олимони ҷавон ба нашр расонида мешаванд. Ин ҷавононро илҳомбахш мешавад ва ба ҷустуҷӯҳои нав ба нави илмӣ водор месозад. Таъсиси стипендияҳо барои мактаббачагон ва донишҷӯён ҷавононро ба таҳсил ва таҳқиқоти илмӣ бештар ҳавасманд мекунад.
Пешвои миллат ҳанӯз соли 2019 дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олӣ зикр намуда буданд, ки ба хотири таҳкими қобилияти эҷодии ҷавонон, ҷалби наврасону ҷавонон ба мутолиаи китобҳои илмиву бадеӣ, тавсеаи тафаккури техникии насли наврас ва барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф» эълон карда шавад. Ин иқдоми Сарвари кишвар мояи хушҳолӣ ва сарфарозии аҳли илму дониш гашт. Дар натиҷа тӯли солҳое, ки аз ин иқдом сипарӣ гардидааст, мо шоҳиди комёбиҳои шоистаи мактаббачагон ва донишҷӯёни кишварамон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ шудем, махсусан, дар самти илмҳои дақиқ.
Ҷиҳати амалишавии барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф» озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» тадбири муҳим буда, бо мақсади ҷалби бештари наврасон ва ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва табиӣ ташкил шудааст. Ин озмун, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, ба рушди тафаккури илмӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии техникӣ ва ташаккули маҳорати навоварию ихтироъкорӣ мусоидат мекунад. Иштирокчиён дар доираи ин озмун метавонанд дониш ва маҳорати худро дар соҳаҳои гуногуни илм намоиш диҳанд ва аз дастовардҳои якдигар огоҳӣ дарёбанд.
Дар ҳақиқат, озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ҷилои дониш дар Ватан ба ҳисоб меравад. Ҳар як шаҳрванди бо нангу ори кишварро зарур аст, ки ба хотири расидан ба як ҷомеаи пешрафта, эҳёи ормонҳои миллӣ, шукргузорӣ аз дастгириҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат ва ба хотири наслҳои оянда ба илм рӯ оварад. Мо шоҳиди рушдёбии босуръати давлати навини тоҷикон ҳастем. Аз ҷумла, дастовардҳои илмии олимону донишмандони тоҷик, махсусан, пажуҳишгарони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2024 нисбат ба солҳои пешин хеле зиёд аст. Зиёд шудани сафи магистрантон, унвонҷӯён ва докторантҳо дар институтҳои АМИТ як далели дигари рушди илмҳои дақиқ ва татбиқи барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф» мебошад.
Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ танҳо ва танҳо бо роҳи илмомӯзӣ метавонад иқтисодиёти хешро вусъат бахшад. Ҳар як фарди ҷомеа бояд дар таълиму тарбияи фарзанд саҳми муносиби хешро гузорад, махсусан, шавқу ҳаваси кӯдаконро нисбат ба илму дониш зиёд кунад. Ҳар шахс аз кӯдакӣ дар дилаш шавқу ҳавасе дорад ва онро танҳо ба шахси наздики худ мегӯяд. Шахси наздики ӯ, албатта, падару модараш ба ҳисоб мераванд.
Ҳар сол олимони мо дар баргузории озмуни мазкур аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳайси аъзои ҳайати ҳакамон интихоб мегарданд. Даври дуюм ва сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар соли 2024 дар сатҳи баланд, шаффоф ва зери раҳнамоии президенти АМИТ ва дигар масъулон баргузор гардид. Мо, олимони ҷавони даврони Истиқлол, шукргузор аз он ҳастем, ки Пешвои муаззами миллатамон барои рушди тафаккури илмии мо заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Тавсияи мо ба иштирокдорони озмун ин аст, ки ба ҳар даври он бо омодагии ҷиддӣ ҳозир шуда, сазовори мукофоту ҷоизаҳо гарданд.
Ҳамчунин, ба ҷавононе, ки солҳои минбаъда дар озмун ширкат варзидан мехоҳанд, тавсия медиҳем, ки лоиҳаву ихтирооти худро бо замони муосир мутобиқ гардонида, барои рушду нумуи илму маорифи кишвар саҳмгузор бошанд.
Маслиҳати дигар он аст, ки ба худ бовар дошта бошанд, бо дили пур ва азму иродаи қавӣ амал намоянд, зеро гуфтаанд:
Бе азми дурусту саъйи комил
Касро нашавад мурод ҳосил.
Алишер Раҳимзода,
директори Институти математикаи ба номи
Абдуҳамид Ҷӯраеви АМИТ, номзади
илмҳои физика — математика