(Андешаҳо дар атрофи ташаббуси навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба қатъномаи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»)
Ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки дар Иҷлосияи 79-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид манзур гардид, маншаъ аз фароянди тамоми мардумони олам ва воқеияти ҷаҳони муосир дорад. Пешвои миллат солҳост, ки аз чунин минбарҳои баланд мушкилоти сайёраро мавриди баррасӣ қарор дода, иттиҳоди тамоми сокинони кишварҳои ҷаҳонро барои ҷилавгирӣ аз муаммоҳое, чун ифротгароӣ, зӯроварӣ, ҷангу хунрезӣ, ки дар ҷаҳони муосир доман паҳн мекунад, амри муҳим барои расидан ба ҳадафҳои фардоафрӯз ба шумор меоваранд. Мардуми олам шоҳид ҳастанд, ки Пешвои миллати тоҷик ва тамоми тоҷикони олам, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббускорони аввалин ҳамоиши байналмилалӣ дар мавзуи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки моҳи майи соли 2018 доир гардид, мебошанд ва минбаъд чунин ҳамоишҳо ба таври муттасил дар кишвари мо бо ҳузури пажуҳишгарону коршиносони ватаниву ҷаҳонӣ идома ёфта истодаанд. Ҳанӯз соли 2012 бо нашри китоби «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» Пешвои миллат нақши пуртаъсири андешаҳои ин мутафаккир ва шоиру донишманди бузурги миллатро дар рушди ҳамдиливу ваҳдати инсонӣ дар ҷаҳони муосир таъкид намуда, афкорашро «нӯшдоруи наҷоти ҳақиқии башар» унвон намуда, навишта буданд: «Мо имрӯз, дар оғози қарни ХХI, низоми воқеан инсонгароёнаи ақоидӣ-фикрӣ, фарҳангӣ-маънавӣ, иҷтимоӣ ва рисолати инсонии Мавлонои кабирро нӯшдоруи наҷоти ҳақиқии башарӣ дармеёбем. Ва ба андешаи мо, чунин рисолати ӯ рисолати ҷовидонӣ хоҳад буд».
Ҳамакнун дар шароити муосири вазъи ҳассоси ҷаҳон, ки барои имрӯзу фардо ва махсусан, наслҳои оянда хатарзост, пешниҳоди ташаббуси навбатии Пешвои миллати мо оид ба қатъномаи навбатии «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», дар ҳақиқат, «нӯшдоруи наҷоти башар аст», зеро ҳамдиливу ҳамзистӣ, фарҳанги сулҳофаринӣ, ваҳдати инсонӣ маҷмуан фардои башариятро равшану афрӯзанда нигоҳ медоранд. Пешвои миллат ҳамчун мубашшири сулҳ ва бунёдгузори тарҳи сулҳи миллӣ ва ҳамакнун ҷаҳонӣ дар заминаи омӯзаҳои бунёдӣ, таҷрибаҳои собиту озмудаи хеш ин тарҳи муҳим ва сарнавиштсоз барои ҷомеаи инсониро манзур карданд. Дар навиштаҳои арзишманди Пешвои миллат дар бораи донишмандону бузургони адабу андешаи миллати мо борҳо мақоми ин чеҳраҳои мондагори миллат аз манзари тарғиби сулҳу ваҳдат муқаррар шудааст. Аз ҷумла, дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳамчун таблиғгари фарҳанги сулҳу хостори ваҳдату субот» муаррифӣ шудааст. Воқеан, андешаи сулҳпарварӣ ва сулҳхоҳӣ ғояест, ки чандин ҳазорсола аз тамоюлҳои муҳим афкор ва андешаҳои бузургони моро ба вуҷуд овардааст.
Вожаи сулҳ ҳамчун паёми наҷот ҳанӯз дар паёмҳо ва Эъломияи Куруши Кабир зикр шудааст: «Вазъи дохилии Бобул ва ҷойгоҳи муқаддасаш қалби маро такон дод. Ман барои сулҳ кӯшидам. Набонид мардуми дармондаи Бобулро ба бузургӣ кашида буд, коре, ки дархури шони онон набуд. Ман бардадориро барандохтам. Ба бадбахтиҳои онон поён бахшидам. Фармон додам, ки ҳамаи мардум дар парастиши Худои худ озод бошанд ва ононро наёзоранд. Фармон додам, ки ҳеч кас аҳолии шаҳрро аз ҳастӣ соқит накунад…. Фармон додам, тамоми ниёишгоҳҳоеро, ки баста шуда буд, бикшоянд. Ҳамаи худоёни ин ниёишгоҳҳоро ба ҷоҳои худ бозгардондам. Ҳамаи мардумонеро, ки пароканда ва овора буданд, ба ҷойгоҳҳои худ баргардондам. Хонаҳои вайрони ононро обод кардам. Ҳамаи мардумро ба ҳамбастагӣ фаро хондам».
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» бо таъкид бар ин арзиш ва мақоми беназири Куруши Кабир дар таъмини сулҳу озодиву эътиқодоти қавмӣ ва муносибати инсонсолорона бо мардумони ҷаҳон таъкид доштаанд: «Эъломияи Куруши Кабир, ки аз фарҳанги ориёӣ ва ақоиди инсондӯстӣ сарчашма мегирад, нахустин ҳуҷҷати таърихиест, ки эҳтироми ҳуқуқ, озодии мазҳабу эътиқод ва ҳифзи дороии шаҳрвандонро пуштибонӣ кардааст».
Мурур ба чандин осори мансури боқимонда аз даврони куҳани таърихи миллати мо низ ин амрро собит мекунад, ки дар меҳвари аксари онон масоили сулҳҷӯӣ, оштии милливу мазҳабӣ, ҷилавгирӣ аз қатлу куштор ва дар умум, роҳ кушодан ба ваҳдати инсонӣ қарор дорад. Яке аз куҳантарин китобҳои ахлоқии ниёкони мо – «Андарзномаи Озарбади Меҳроспандон» унвон дорад, ки асаре маҷмуи дар одоб ва ахлоқу тарбияи инсонӣ ба шумор меравад. Нуктаи қобили таваҷҷуҳ он аст, ки дар ҳошияи ин китоби нодири куҳан тафсирҳое ба унвони рисолаҳои мустақил ба қалам омадаанд, ки мазмун ва мундариҷаи аслии онро тавассути шарҳи мафоҳими аслии он шарҳу тавзеҳ додаанд. Аз ҷумлаи чунин расоил навиштае бо номи «Бисту ду вожа aз Озарбоди Маҳраспандон» боқӣ мондааст, ки муҳимтарин аркони ахлоқӣ аз нигоҳи ин китобро дар ҳамин бисту ду мафҳум тавзеҳ додааст. Ба назар мерасад, ки зимнан, ин бисту ду вожа бисту ду рукни барҷастаи ахлоқи башарӣ маҳсуб меёбанд. Дар миёни онҳо ду рукни барҷаста ва муҳим, ки дар умум решаҳои таърихии муқовимати мардуми тоҷикро бо ифротгаройӣ ва зӯроварӣ шарҳ медиҳанд, оштихоҳӣ, силоҳ ниҳодан ва мардумдӯстӣ ба шумор мераванд. Мафоҳими мазкури аркони бузурги ахлоқи башарӣ ба гунаи зайл дар ин рисола тавзеҳ ёфтаанд:
«Нуҳум – оштихоҳӣ ҷараёни назми ҷаҳон аст, ки нигоҳдоранда, парваранда ва сомондиҳандаи ҳама офариниш ва офаридагон аст. …Ҷовидонагӣ барқарор кардан аз роҳи оштӣ метавон кард…
Дувоздаҳум – силоҳ ниҳодан он бувад, ки дар баробари ҳама офаридагони Ҳурмузд силоҳ фурӯ ниҳад ва бо ҳеч кас душманӣ накунад, ки ҳар чизи бад аз бадии Аҳриману девон бошад. Чӣ андешабаргузинӣ ва кирдорбаргузинӣ дар ниҳодани силоҳ бошад…
Бистум – мардумдӯстӣ он бувад, ки некӣ барои ҳама некон чунон бояд, ки барои худ. Он чиро, ки барои хештан нек напазирад, ба дигар кас накунад. Некхоҳӣ он бувад, ки айбу ҳунари касонро бинигарад. Аз паси пиростани айби худ бикӯшад. Хубии неконро ошкоро бигӯяд. Айби эшонро на бо дуруштӣ, балки дӯстона бизудояд ва ба эшон нагӯяд».
Ин силоҳ ниҳодан, албатта, яке аз муҳимтарин рукнҳои фарҳанги сулҳ ва даст кашидан аз ҷанг мебошад. Дар ҷавҳари ин нуктаҳои муҳимми ахлоқӣ, пеш аз ҳама, олитарин андешаҳои инсонгаройӣ қарор доранд, ки зимнан, муқовиматеро алайҳи зӯроварӣ ва ифротгаройӣ тафсир мекунанд. Аз ҷумлаи аввали ин фирқа ҳувайдост, ки ҷовидонагии инсоният тавассути оштихоҳӣ, кӯшиш барои сулҳ сурат мегирад ва оштихоҳӣ ҳамоно аслу моҳият ва ҷараёни назми ҷаҳонро таъмин мекунад. Фалсафаи оштипазирӣ ва сулҳ кардан ба унвони роҳкориҳои муҳимми расидан ба иттиҳоди инсонӣ ва дур мондан аз душманиву накбат ҳамоно дар меҳвари аксари рисолаҳои куҳани таълимии ниёкони мо қарор гирифтааст. Аз ин рӯ, дар яке аз дигар андарзномаи паҳлавӣ низ оштӣ кардан бартар аз ҷанг шуморида шуда, инсоният ба дурӣ аз кинаву адоват, боздоштани хашм даъват гардида, ҳатто фурӯ бурдани хашм аз савганд хӯрдан авло дониста шуда, талқин мешавад, ки ба ҷойи савганд он беҳ аст, ки хашм хӯрда шавад:
«Оштӣ кардан беҳтар аст ва на ҷанг кардан.
Умед гирифтан беҳтар аст ва биҳиштани кин.
Ромиш пазируфтан беҳтар аст ва боздоштани хашм.
Хӯрдани хашм беҳтар аст ва на савганд».
Ин андешаи марбут ба талбиғи сулҳу ваҳдат ва дурӣ аз ҷангу доварӣ минбаъд низ ба ҷавҳари фалсафаи ахлоқии адабиёти мо роҳ ёфт, ки бегумон, ин сухани Хоҷа Ҳофиз сарчашма дар ҳамин андешаҳои ниёкони хеш дорад:
Як ҳарфи сӯфиёна бигӯям, иҷоза ҳаст?
Эй нури дида, сулҳ беҳ аз ҷангу доварӣ!
Дар марҳилаи навини таърихи давлатдории тоҷикон дар ҳаллу фасли муноқиша ва зиддиятҳо маҳз бо таваҷҷуҳ ба ҳастии ҳамин таҷрибаи таърихӣ, файзёбӣ аз фарҳанги ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамгироӣ пойдевори кохи бузурги ваҳдати навини миллии тоҷикон гузошта шуд. Дар яке аз суханрониҳои хеш ин ҳикмати ноб ва саршор аз ҳақиқату хиради таърихиро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин тавзеҳ дода буданд: «Нобасомониҳои солҳои 90-уми асри гузашта имтиҳони навбатии таърих ва озмоиши сарнавиштсозе буд, ки мардуми Тоҷикистон ва миллати хирадпешаи мо онро сипарӣ намуда, роҳи мутамаддини давлатдорӣ ва равиши ҳамбастагиро бо ҷомеаи башарӣ пеш гирифт. Маҳз бо шарофати фарҳангу оинҳои таҳаммулгарои аҷдодӣ мову шумо аз гирдоби мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ раҳоӣ ёфта, зимни имзои санади истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ ба ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи устувор ноил гардидем».
Бедил ҷангҳоеро, ки тавассути тӯфангу ханҷар миёни инсонҳо эҷод мешаванд, танҳо нишонаи ҷаҳолат мешуморад, ки омил бар қатлу куштори ҳамдигар мегарданд. Аз ин рӯ, ҷои ин ҳама яроқу аслиҳаи марговар шоир таъбири «шамшери сулҳ»-ро мувофиқи ҳоли мардум мешуморад, ки бояд миёни мардум он бошад, то меҳру ихлосро афзун ва кинаҳоро бурида гардонад:
З-ин туфангу тир пархоше, ки дорад ҷаҳли халқ,
Нест мумкин, то наёрад дар миён шамшери сулҳ.
Танҳо «шамшери сулҳ» аст, ки пархошро аз миёни халқ мебардорад ва оштиву муҳаббати онҳоро меафзояд, зеро боз ҳам ба таъбири шоир, агар сулҳ ба ҷанг бадал гардад, мисли онест, ки шишаи олам ба санг расад.
Қобили таъкид аст, ки Пешвои миллат ҳанӯз даҳсолаҳо пеш ба ин масъала чун яке аз равишҳои хосаи татбиқи муқовимати маънавӣ бо падидаҳое чун тарғиби фарҳанги сулҳ, оини сулҳпарварӣ, муқовимат бо ҷанг фармуданд, ки яке аз намунаҳои барҷастаи он китоби «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» мебошад. Аз масоили меҳварии рисола баррасии фалсафаи ваҳдати вуҷуд дар андешаҳои Мавлоно ба шумор меравад, ки Пешвои миллат бо такя бар ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва инсоншиносӣ ва башардӯстона доштани маърифати ин мафоҳим дар пиндорҳои суханвари ориф дар кашфу дарки онҳо руҷуъ намуда, аз ҷумла, таъкид доштаанд, ки «суханони Мавлоно оид ба ваҳдату ҳамдилӣ аз саъйи пайгиронаи мутафаккир ба сӯи ваҳдати миллатҳо ва кулли инсоният дарак медиҳад». Пешвои миллат бо эҷоди пайванд миёни ваҳдати Мавлонои Балхӣ ва ваҳдати миллии имрӯз, ки ҳамоно сарчашма дар ҳамин афкори башардӯстонаи Пири Румӣ доранд, ҷомеаи кишвари моро бар он даъват менамоянд, ки дари дилу дарвозаи Ватанро барои муколамаи фарҳангҳо ва муносибат бо мардуми олам боз намоем. Сарвари кишвар ин нуктаро хеле муҳим ва амиқ тафсир намуда, изҳор доштаанд, ки «Мо, ки имрӯз аз ваҳдати миллат сухан мегӯем, бояд ба пайравӣ аз онҳо, хусусан, ба афкору андешаи Мавлоно ба он саъй намоем, ки на танҳо дар сатҳи миллат чунин маъниҳоро бо камоли масъулият дарк созем, балки омода бар он бошем,ки барои робита ва ваҳдат бо мардуми дигари олам ва муколамаи фарҳангҳои мухталиф низ дари дил ва Ватани худро боз намоем. Фақат дар ҳамин сурат мо метавонем, миллати муттаҳиди тоҷикро ба узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, чи дар соҳаи фарҳангу маънавиёт, чи дар самти сиёсату иқтисодиёт, табдил диҳем».
Акнун, ки ташаббуси навбатии Пешвои миллат дар робита ба Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда пешниҳод шудааст, бовари комил дорем, ки ҷомеаи ҷаҳон аз ин пешниҳоди созанда ба шоистагӣ истиқбол мекунад, чун он воқеан, нӯшдоруи наҷоти ҳақиқии башарият хоҳад буд.
Нуралӣ Нурзод,
директори Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии ба номи академик Б. Ғафуров,
доктори илмҳои филологӣ, профессор,
Хайёмиддин Исмоилов,
мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ