Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ

Коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ — терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз масъалаҳои глобалӣ мебошад. Он ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ дорад.
Бо мақсади муборизаи бевосита бо коррупсия дар мамлакат ва муттаҳид сохтани саъйю кӯшишҳои зиддикоррупсионии давлат, ба мубориза ҷалб намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, муқовимати мақсаднок ба коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки вазифаҳои асосии он аз назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва амалӣ намудани маҷмуи тадбирҳои сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ иборат мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳамасолаи худ зарурати муқовимат бар коррупсия ва иштироки тамоми мақомоти давлативу ҷомеаи шаҳрвандиро ба ин амал таъкид медоранд.
Як қатор қарору стратегияҳои қабулгардида бо мақсади муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санадҳои барномавии дурнамои сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона гардида, бо дарназардошти стандартҳои байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия гаштаанд ва дар назар аст, ки дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ мешаванд. Коррупсия зуҳуроти ҳаёти иҷтимоӣ буда, вай аз қадим бо баробари пайдоиши давлат ба миён омадааст.
Давлату давлатдорӣ дар баробари муҳайё намудани шароити арзанда барои зиндагии шоиста боз мушкилоту муаммоҳое, ба мисли коррупсияро дорад, ки ба вуқуъ пайвастани он сабабҳои худ­ро дошта, муқовимат накардан ба он чун чораҷӯӣ накардан нисбат ба бемориҳои сироятӣ маҳсуб ёфта, давлатро сусту заиф ва фалаҷ мегардонад.
Коррупсия эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад ва боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон, заиф шудани пояҳои ахлоқи ҷомеа мегардад. Агар мо ба масъалаи коррупсия (фасод), муқовимат ба он чуқуртар муносибат намоем, ногузир ба фалсафаи робитаи инсон бо дунёи ҷисму рӯҳ, масъалаву муаммоҳои ахлоқӣ рӯ ба рӯ мешавем. Чунки коррупсияву вайронкорӣ, пеш аз ҳама, ба нафсу ғараз ва қудрату давлатмандӣ алоқаманд буда, равони ҷисмонӣ ва рӯҳии шахс дар он муҳим аст. Дараҷаи ниҳоии нафсоният судхӯрӣ, муфтхӯриву хасисиву мардумфиребист. Ин ҳолатро устод С.Айнӣ дар “Марги судхӯр” дар симои Қорӣ-ишкамба тасвир намуда, аз оқибати он ишора кардааст:
Судхӯр ба пули худ нон шиканад, гар ба масал,
Шиша сандон шиканад, атола дандон шиканад.
Баъзеҳо замоне ки молу сарват ҷамъ менамоянд, аз ҳадди эътидоли хоҳиши сарватмандӣ ва роҳи росту дуруст берун мешаванд.
Оин ва ахлоқи ҳамидаи мардуми мо масруф шудан ба сарвату молро, ки ба ғуруру такаббур мекашад, манъ намуда, шукру сипосро тарғиб менамояд. Одамушшуаро Рӯдакӣ фармуда:
Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ,
Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ.
Дар беҳ зи худе назар макун, ғусса махӯр,
Дар кам зи худе назар куну шод бизӣ.
Инсони комил бояд аз ҳар гуна тамаъкориҳо парҳезгор бошад. Қано­атпешагӣ яке аз хусусиятҳои неки инсонҳост, ки бояд ҳамеша риоя шавад.

И. Иноятов, Д. Бобоҷонова,
устодони ДДХ ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров