Орифҷон Партоев: Омӯзгорӣ сарнавишти ман аст

Ӯро ба ҳамоиши тантанавӣ, ки дар пойтахти ҷумҳурӣшаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи омӯзгорон (05.10.2024) баргузор мегардид, даъват кардаанд. Подоши ранҷу заҳмат, фидокорию азхудгузаштанҳо ва пешаи омӯзгориро аз ҳама кору манофеи шахсӣ боло гузоштану пайваста баҳри фардои шукуфони кишвар талошу саъй бинмуданаш. Устод Ориф Партоев лаби ҷӯйи пуроб, ки аз ҳошияи боғчаи ҳавлияш мегузашт, рӯйи харак биншаста, аз дил мегузаронд, ки «аҷабо, дар як мижжа ба ҳам задан шебу фарозҳои зиндагӣ ва рӯзҳои бас вазнину мушкилро бо руҳи барозандаву иродати тамом пушти сар карда, бо меҳнати садоқатмандонаю содиқона ба муроди дил расид. Инак аз самари умри хеш ва корҳои анҷомдодааш шоду қаноатманд, меандешад, ки саҳми шоистаи худро дар тарбия ва ба камол расондани шогирдони ҳушманду закӣ, донову ҷӯёву пӯё, ки номбардорони мактабу зодгоҳашон мебошанд, гузоштааст.

Воқеан, он рӯзҳо сангину таҳаммулнопазир буданд дар пиндори муаллим.

Чӣ чора, чархи гарданда   гоҳҳо гардишҳои ногаҳоние анҷом медиҳад, ки одам аз чунин рухдодҳои айём ангушти ҳайрат бар лаб мебарад. Ва ӯ навмеду дилшикаста нашуд. Муҳим ҳамин буд!

Соли 1991 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Темурмаликро хатм намуд. Бисёр мехост ва ин таманнои дерини дилаш буд, ки ба ягон мактаби олӣ ҳуҷҷат супораду сазовори номи донишҷӯ гардад. Ва аммо… ҷанг сар зад, ҳамон ҷанги бемаънӣ, ки пайомадҳои нохуше дошт ва Орифи ҷавон имкону шароит пайдо накард, ки орзуҳояшро амалӣ созаду донишҷӯ шавад. Зиндагӣ тоқатфарсо гардида,  ҳама дар ҷустуҷӯйи як пора нон сар ба ҳар кӯю дар мезаданд. Ориф ба ин хотир ба кооперативи алоқаи шаҳри Кӯлоб – «Нилгун» ба сифати таъмиргари телефону радио ба кор даромад. То соли 1994 дар ин коргоҳ фаъолият намуд, пасон аз пайи шуғли барзгарӣ дар заминҳои хоҷагии деҳқонии  «Нусратуло Тӯрахонов» гардид. Неруманду бағайрат буд, хуни ҷавонӣ дар шарёнҳояш ҷӯш мезад. Аз ин рӯ, аз маҳалли зисташон – шаҳраки Совет то сари замини иҷоракорӣ 3,5 километрро пиёда тай намуда, бо аҳли хонадонашон ба кишту кори замин машғул мешуданд. Қиблагоҳи Ориф, амаки Фаттоҳ зиёда аз 50 сол устои барқчӣ буду аз пайи ин касб нон меёфт. Саробони хонадону насиҳатгару роҳнамои фарзандон, аз ҷумла, Ориф буд.

— Ман ҳамеша хоҳони омӯз­гор шудану дар дабистон дарс додан ба фарзандони мардум будам, — мегӯяд муаллим Ориф Партоев ва меафзояд, ки ба сабаби нарасидани мутахассисон соли 1997 шавқу рағбати маро мушоҳида карда, ба мактаби №1-и ноҳия ба сифати омӯзгори фанни география ба кор даъватам намуданд.

Бо вуҷуди дав­раҳои мушкил ва нобасомониҳои рӯзгор Ориф ба фаъолияти худ дар таълимгоҳ сабурона идома дода, барои дарёфти маблағи зиёдтар ва беҳ­тар намудани вазъи зиндагии хонавода ба ҳеҷ куҷо нарафт. Падараш ин ҳолро мушоҳида карда, дилбардорияш мекарду тасаллояш медод:

-Бачем, рӯзе мерасад, ки мақом ва шаъну шарафу обрӯи омӯзгор баланд мегардад. Кори хубе мекунӣ, ки ба фарзандони мардум сабақ медиҳию аз пайи ҳавову ҳавас ва маблағи  калон ба ҷое намеравӣ. Руҳафтода нашав, ҳалолат бод!

Баъдтар бо тақозои зиндагӣ иҷоранишин шуд Ориф, ки он вақт соҳиби як духтарча буд. Соли 2003 ба коллеҷи омӯзгории назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил шуда, соли  2006 онро бо ихтисоси методикаи синфҳои ибтидоӣ хатм намуд.

— Медонед, ман аз ибтидо ба омӯхтану аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, англисӣ шавқу ҳаваси зиёд доштам,-изҳор медорад ҳамсуҳбати мо. Бо ҳамин мақсад, давоми солҳои таҳсил дар коллеҷ чор моҳ иловатан ба омӯзиши забони англисӣ машғул шудам ва нозукию қоидаҳои сарфу наҳви ин забонро аз худ карда, бо забони мазкур хеле хуб гуфтугӯ ва такаллум анҷом медодам. Соли 2006 бо даъвати сарвари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и ноҳия Ҳикматулло Асоев ба фаъолият дар таълим­гоҳи номбурда пардохтам.

Ориф Партоев баҳри рушду такомули донишу ҷаҳонбинӣ ва маҳорату малакаи касбии худ соли 2017 ба факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носир Хусрав, ба шуъбаи ғоибона дохил гардид. Орифи дар ҷодаи омӯзгорӣ собиту устувор тӯли 10 сол (аз соли 2005 то 2015) ба он саъйю талош мекард, ки соҳиби манзили зисту ҳавлӣ гардад. Аммо ин амали саҳлу осон набуд. Новобаста ба ноҳамворию мураккабиҳои айём, вай талошу такопӯ намуд ва он ҳама азобу ранҷҳои кашидааш барабас нарафт.

— Он замон, азбаски маоши омӯзгорон сари вақт пардохт намегардид, рӯзҳои истироҳат ва таътилҳо ба ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш аз кӯҳҳо, ки дар масофаҳои тӯлонӣ (тақрибан 20км) ҷойгир буданд, машғул шуда, ин алафу буттаҳоро коркард намуда, дар бозори ноҳия мефурӯхтам. Зира, кокутӣ, ҳазорбарга, бӯймодарон, чойкаҳак ва решаҳои гуногуни гиёҳҳоро чида оварда, савдо мекардам, — он рӯзҳоро ба ёд оварда мегӯяд Ориф Партоев. – Дар иҷора, дар як хонаи тангу нобоб 13 сол умр ба сар бурдам бо ҳамсарам. Мавзеи ноободи беоб буд маҳалли зистамон.

Муаллим лаҳзае сокит мегардад, дар худ фурӯ рафта, чашмонаш нам мегиранд. Сипас изҳор медорад, ки ҳангоми зиндагӣ дар манзили иҷора соҳиби ду писарча-Дилшодҷон ва Акбаршоҳ мегарданд. Вале хости тақдир будааст, ки ҳарду тифли онҳо яке пайи дигар вафот мекунанд. Тадриҷан Орифу ҳамсараш соҳиби се духтарча мешаванд ва шукронаи зиндагиро ба  ҷо меоранд. Ҳамсуҳбатамон ба нақлаш идома медиҳад:

–Падару модар ва хешу пайвандон вақте ба хабаргирии мо меомаданд, вазъи тоқатфарсои зиндагиямонро мушоҳида карда, маслиҳат медоданд, ки худро дар азоб намонда, ба Россия, ба муҳоҷирати меҳнатӣ биравам ва маблағи хуб кор карда, баргардаму хона ё замини наздиҳавлигӣ бихарам. Аммо ман ба суханони онҳо розӣ нашуда, посух медодам, ки ҳаёту сарнавишти ман мактабу шогирдонам мебошанд. Аз онҳо дил канда наметавонам, агарчи дар сарам санги осиёб ҳам гардон шавад. Ниҳоят, соли 2015 соҳиби замини наздиҳавлигӣ гардида, бо маблағи пасандознамудаам, азбаски устои хубе будам, хона сохтаму соҳиби манзили зист шудам ва дар маҳаллаи ба номи Сайидалӣ Вализодаи шаҳраки Баҳманрӯд зиндагӣ мекунам.

Ба тасдиқи муаллим, зиёда аз 18 сол  мешавад, ки вай ҳар рӯз то муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и ноҳия 8 километр масофаро тай карда, ба кор ҳозир мешавад. Бегоҳ, баъди анҷоми дарсҳо ҳамин қадар масофаро пиёда тай карда, ба хонааш бармегардад.

– Шояд шумо ҳайрон шаведу аз ман пурсед, ки чӣ зарурат ҳаст, ки тӯли ин солҳо чунин як масофаро пойи пиёда қадам зада, ба мактаб биравам?-суол­омез ба мо нигариста, хитоб мекунад Ориф Партоев ва худ посух медиҳад:

– Бояд гуфт, то мактабе, ки ман дар он фаъолият мекунам, нақлиёт кам мегардад. Якто-нимто мошин мусофиронро то ними роҳ мебаранд. Он тарафашро маҷбур пиёда тай мекунӣ. Аммо ман мунтазири ину он воситаи нақлиёт нашуда, барвақт ба роҳ мебароям ва сари вақт ба мактаб ҳозир мешавам. Умуман, аз давраҳои дар кол­леҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб таҳсил карданам ҳар ҳафта 25-30 километрро пиёда тай карда, аз деҳа ба дарс мерафтам. Пиёдагардӣ бароям амали мушкиле нест, як намуди варзиш барин.

Оре, устод Ориф Партоев ҳамарӯза соати 6-и субҳ аз хона баромада, дар вақташ ба дарс ҳозир мешавад. Вай омӯзгори масъулиятшинос, серғайрат, заҳматкаш ва баҳавсала аст. Дар таълимгоҳ вазифаҳои раиси иттифоқи касаба, роҳбари гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот, котиби шурои педагогиро ба уҳда дорад. Омӯзгори соҳибтахассус ва варзидаи забонҳои русию англисӣ мебошад. Ба шогирдон шуруъ аз синфи сеюм сарфу наҳви забони англисӣ, луғат, орфоэпия, фонетика, тарзи талаффузи дурусту беғалати калимаҳоро меомӯзонад.

– Солҳои пеш, ба сабаби нарасидани омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ, мутахассисон аз дигар шаҳру навоҳӣ барои кор ба таълимгоҳ даъват мешуданд. Вале ба ваҷҳи дурии роҳ 1 ё 2 сол фаъолият намуда, аз мактаб мерафтанд, — тавзеҳ медиҳад О. Партоев ва илова мекунад:

– Мактаби №24 дар байни кӯҳҳои гардунсой ва теппаҳои баланд ҷойгир шудааст. Дар фаслҳои зимистону баҳор мушкилию вазниниҳои зиёде пеш меояд. Агар зимистон барфи зиёде боридаву ҳама ҷо зери қабати ях монад, пас, баҳорон селу обхезӣ мешавад, гову мол ва чорвои мардумро ҳатто шуста мебарад, хонаҳо вайрон шуда, осеб мебинанд. Табиист, ки омӯзгорони ҷавони ба кор даъватшуда ба ин азобу мушкилиҳо тоқат карда наметавонис­танд. Дар чунин вазъ ман худро омода мекардам: чатру борониро бо худ гирифта, мӯзаҳои резинӣ ба пой мекардам. Дар борхалтаи сафарӣ ҷиҳози иловагӣ (асосан либосҳо)-ро аз рӯйи эҳтиёт ҷой намуда, бо дили пур ва хотири ҷамъ ба мактаб ҳозир мешудам.

Ба андешаи муаллим О. Партоев, омӯзгори асил бояд ҷасоратманду боирода бошад, аз мушкилию душвориҳо ҳаросе дар дил надошта, оташи меҳру шавқи ин пешаи бошараф ҳамвора дар танӯри қалбаш шарарфишон бошад. Омӯзгориро кору пеша ва танҳо василаи рӯзгузаронӣ не, балки сарнавишту ҳаёти худ биҳисобад. Андешае пайваста дар мағзаш чарх занад, ки бе мактабу хонандагон як лаҳза нафас кашида наметавонад.

– Солҳое муқаддам (ҳоло ҳам) ёру дӯстон борҳо маслиҳат пеш оварда, пешниҳод мекарданд, ки бо ин қобилияти хуби корӣ ва неруи ҷисмоние, ки дорам (шукри фазлу инояти Худованд!) агар ба Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ биравам, азбаски аз қавле, «устои чилҳунар» мебошам, зуд ба кор пазируфта шуда, дар як муддати кӯтоҳ маблағи ҳангуфте ба даст оварда, «миллионер» мешавам, -мегӯяд О. Партоев. — Ба эшон посух медиҳам, ки маро дар сар ҳеҷ гоҳ ҳавои маблағи калон ба даст овардану бою сарватманд шудан набуду нест. Аз давраи ҷавонӣ дар дил орзуи омӯзгор шудан доштам, хушбахтона, ба мақсадам расидам ва бо фаъолияти пурбори худ дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми худро мегузорам ва зиндагии босаодату осудаҳолонае дорам. Шукр, аз ҳеҷ чизи дунё камӣ надорам. Аз меҳнати худ лаззату кайфияти аҷибе мебарам, ки ин лаҳзаҳои нишотангезро ба ҳеҷ дороии олам намедиҳам.

Мавсуф перомуни фаъолияти омӯзгорияш бо шавқу шӯр ва ҳарорати хоса сухан ронда, изҳор медорад, боиси хурсандист, ки китобҳои забони русӣ ва англисӣ дар муассисаи таълимияшон мерасанд. Кабинетҳои фаннии забонҳои русӣ ва англисӣ бо ҳидояти ӯ ва кумаки шогирдонаш бо асбобу васоити аёнӣ муҷаҳ­ҳазонида шудааст. Устод О. Партоев аз ибтикори ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати роҳандозӣ намудани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва ғайра бағоят шоду қаноатманд буда, худ дар ҳамаи синфҳои таълимгоҳ гӯшаи «Китобҳои бадеӣ»-ро ташкил кардааст. Маҳофили забонҳои русӣ ва англисӣ, инчунин, ҳафтаи фанниро дар сатҳи баланд бо иштироки хонандагон ташкил ва баргузор менамояд. Бояд зикр намуд, ки номбурда тӯли солҳои омӯзгорияш шогирдони зиёдеро тарбия ва ба камол расондааст, ки донишгоҳу донишкадаҳоро хатм намуда, дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла, пешаи омӯзгорӣ ба нафъи ватану ҷомеа фаъолият карда истодаанд. Айни ҳол низ хатмкунандагони мактаб-шогирдони муаллим дар мактаби олӣ таҳсил мекунанд, ки аксари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Хонандагони таълимгоҳ таҳти роҳбарию ҳидояти муаллим Ориф Партоев дар олимпиадаҳои сатҳи ноҳиявию минтақавӣ ва ҷумҳуривӣ фаъолона ширкат намуда, соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд.

— Устодони мо Умар Нуров, Рустам Ҷалилов, Ҳотам Сафаров, Амонулло Ҷонбобоев, Сафар Ғанӣ, Тағой Нозимов ҳамеша талқину таъкид мекарданд, ки лаҳзае аз таҳсилу омӯзиш набояд фориғ бошем. Ман мактабро бо баҳоҳои хубу аъло ба итмом расондам. Китобҳои бешумори бадеӣ мутолиа мекардам, хусусан, осори бадеии адибони русро зиёд дӯст медоштам,- мегӯяд О. Партоев. — Дар ҳама ҳолат аз рӯйи панду насиҳатҳои устодонам амал карда, бо шогирдонам муносибати хуб дорам. Ҳеҷ гоҳ ба онҳо фишор оварда  мазаммату таъзирашон накардаам. Ҳамеша кӯшиш бар он намудам, ки онҳоро дар руҳияи эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, эҳсоси баланди хештаншиносию ватанпарварӣ тарбия кунам.

… Орифҷон Партоев 5 октябр дар тантанаи Рӯзи омӯзгорон дар Кохи Суруш дар радифи ҳазорон ҳамкасби худ аз шаҳру навоҳии гуногуни ҷумҳурӣ иштирок намуд. Лаҳзаҳои масарратбахшу нотакрор он лаҳзаҳое ба шумор мерафтанд, ки ба ӯ нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон»-ро бо туҳфаи хотирмон муовини Сарвазири кишвар Дилрабо Мансурӣ ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода тақдим намуда, барои  заҳмату фаъолияти ибратбахш дар ҳаққаш суханони самимию пур­ҳароратро изҳор намуданд. Воқеан, ин ҳама подоши  ранҷу азхудгузаштан  ва фидокорию ба нафъи ватану миллат хидматҳои арзанда анҷом додани устод Орифҷон Партоев мебошад, ки ҳалолаш бод!

Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»