ЧАРО БАЪЗЕ АЗ ХОНАНДАГОН ҶИҲОЗИ ХОНИШРО БА ДАРС НАМЕОРАНД?

Ба муассисаи таълимӣ ба таври пурра наовардани ҷиҳози хониш ва таъмин набудани толибилмон бо лавозимоти таълимӣ аз масъалаҳое мебошад, ки ба сифати таҳсилот таъсири манфӣ мерасонад. Солҳои охир таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки гурӯҳи зиёди хонандагон баъзе китобу дафтар, рӯзнома ва дигар ҷиҳози хонишро ба муассисаи таълимӣ намеоранд ва ин боис мегардад, ки фаъолияти муташаккилонаи онҳо дар дарсҳои мактабӣ камтар гардад. Оё ҷиҳози хониши хонандагон назорат мешавад? Дар ин самт бояд кӣ масъулияти бештар дарк намояд?!

Сафармуҳаммад Алимардонов, мутахассиси собиқадори соҳаи маориф изҳор намуд, ки масъалаи сифати таҳсилот аз мавзуъҳое мебошад, ки ҳамасола мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад. Хусусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба баланд бардоштани сифати таҳсилот дар мулоқот бо фаъолон, инчунин, Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таъкид намуданд. Аз ҷумла, моҳи феврали соли гузашта, зимни мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон, масъалаи сифати таҳсилотро таҳлил намуда, масъулинро муваззаф намуда буданд, ки дар ин самт бештар заҳмат кашанд. Илова бар ин, ба хотири мусоидат дар баланд бардоштани сифати таҳсилот, мустаҳкам намудани ҳамкории муассисаи таълимӣ ва падару модарон, мушаххас кардани вазифаву уҳдадориҳои онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба тасвиб расида амал намуд ва соли ҷорӣ дар қонуни мазкур тағйиру иловаҳо ворид гардида, номи он ба Қонуни Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» тағйир дода шуд. Дар қонун масъалаи муваззаф намудани муассисаи таълимӣ, падару модар ва ҷомеа дар таълиму тарбияи кӯдак дарҷ гардидааст, ки ҳадафи асосӣ таълиму тарбияи босифати насли наврас ва заминагузорӣ ба ояндаи давлату миллат мебошад. Ҳамзамон, вақти он расидааст, ки ниҳодҳои назоратӣ нагузоранд, ки маводи ба ҳуввияти тоҷикона марбутнабуда, аз қабили ҷузвдон ё сумкаҳои майдаи якхонадор, рӯймолчаҳои сиёҳ, гарданбандҳои ба истилоҳ «мӯди нав» ва амсоли ин ба фурӯш бароварда шаванд.

Таҳлилу мушоҳидаҳои мо нишон медиҳанд, ки дар муассисаҳои таълимӣ бархе аз хонандагони синфҳои болоӣ на ҳамаи китобҳои дарсиро ба муассисаи таълимӣ меоранд. Таври мисол, аз 6 фанни таълимӣ ҳамагӣ 3-4 китоби дарсиро меоранду халос. Яъне, баъзе аз соатҳои дарсиро бе китоби дарсӣ мегузаронанд, дар ҳоле, ки онҳо бо китобҳои дарсӣ таъмин гардидаанд.

Махкам Шарипов, омӯзгор изҳор намуд, ки ҳамарӯза дар соатҳои дарсӣ аввал ҷиҳози хониши хонандагонро назорат мекунем, аммо баъзе аз толибилмон сабабҳои гуногунро барои наовардани китобҳои дарсӣ пеш меоранд. Дар ҳолати назорати китобдор ва ҷонишини муассисаи таълимӣ ҳолатҳои номбурда ошкор мешаванд. Боиси таассуф аст, ки волидони хонандагони мазкур ба масъалаи фаъол будани фарзандонашон дар муассисаи таълимӣ, баҳогирӣ, пурра бо худ овардани ҷиҳози хониш ва иштирок дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ диққати ҷиддӣ намедиҳанд. Дар ҳоли аз хона пурра назорат шудани хонанда аз тарафи падару модарон мушкили мазкур ба вуҷуд намеояд. Дар ҷаласаи падару модарон ин масъаларо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳем, вале ҳамоно волидоне ҳастанд, ки ҳатто ба ҷаласаи падару модарон намеоянд ва ё беназоратию беаҳамиятии худро нисбат ба таҳсили фарзанд идома медиҳанд, ки ин кори моро мушкил месозад.

Зуҳро Шералиева, раиси кумитаи падару модарони муассисаи таълимӣ буда, ду нафар фарзандаш дар синфҳои 5 ва 8 таҳсил менамоянд. Мавсуф дар робита ба мавзуи мазкур изҳор намуд, ки мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият дар  таълиму тарбияи кӯдак» барои бедор намудани масъулияти волидон нақши созгорро мебозад. Зеро ба таври дақиқ дар қонуни номбурда вазифаву уҳдадориҳо дарҷ гардидаанд ва барои беназоратию бемасъулиятӣ шахсони мутасаддӣ мавриди ҷаримабандӣ қарор мегиранд. Аз ин лиҳоз, бояд ба таври алоҳида барои падару модарони хонандагони ҳар як синф дар муассисаҳои таълимӣ аз тарафи роҳбарияти муассисаи таълимӣ, ҳуқуқшиносон ва роҳбарони синф талаботи қонун ва ҷавобгарӣ барои иҷро накардани вазифаву уҳдадориҳо муфассал бо овардани мисолҳо шарҳ дода шаванд. Зеро аксарияти мардум то зарару фоидаи худро дақиқан надонанд, ба ин масъала аҳамият намедиҳанд. Агар огоҳ шаванд, ки бемасъулиятияшон нисбат ба фарзанд ба ҷавобгарӣ оварда мерасонад, шояд рафтору таваҷҷуҳашонро нисбат ба таълиму тарбияи фарзандони худ дигар кунанд.

Аз нигоҳи равоншинос Зулайхо Маҳмудова, дар синну соли гузариш аксари наврасон ҳар гуна амалу рафторҳои ғайриинтизор мекунанд. Умуман, яке аз мушкилиҳои асосии мо дар набудани психологи мактабӣ мебошад. Мо намедонем, ки наврас дар асл чӣ мушкил дорад ва чаро чунин рафтор мекунад? Агар равоншиноси мактабӣ фаъолият намояд, пас бо чунин хонандагон корбарӣ намуда, ба омӯзгорон ва волидони онҳо мефаҳ­монад, ки бо наврас чӣ гуна рафтор бикунанд ва наврас бо ин амалҳояш чӣ мехоҳад. Шояд назди ҳамсолон худро беҳтар нишон додан мехоҳад ё таваҷҷуҳи ҳамаро ҷалб кардан мехоҳад? Ё ҳамон дарсу омӯзгоре, ки хонанда китобашро наовардааст, барои ӯ ҷолиб нест? Яъне, сабабҳо зиёд буда метавонанд. Шарт нест, ки барои ҳар як амали нодуруст мо наврасро муҷозот намоем ё аз дарс берун бикунем. Мо бояд сабаби чунин рафтори ӯро аниқ кунем ва мушкилро ҳал намуда, бо фаҳмонидан ба наврас ба роҳи дуруст ӯро ҳидоят бикунем. Ҳоло, масалан, дар муассисаҳои намуди нав равоншиносон амал мекунанд ва шояд яке аз сабабҳои оне, ки талабот барои таҳсил дар муассисаҳои намуди нав зиёд аст ва дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ бештар ғолиб меоянд, маҳз дар мавҷудияти равоншиноси мактабӣ бошад? Чунки равоншинос 50 фисад кори омӯзгор ва падару модарро дар таълиму тарбия осон менамояд.

Қурбон Алиев, донишҷӯйи соли якуми донишгоҳ мебошад. Ӯ дар хусуси ба муассисаи таълимӣ наовардани ҷиҳози хониш ва ё китоби дарсӣ дар давраи мактабхонӣ изҳор намуд, ки ин омил аз беаҳамиятӣ ва маъқул набудани фанни таълимӣ рух медиҳад. Аз ҷумла, дарси омӯзгоре, ки ҷолиб набошад, онро тайёр намекардем ё тайёр карда наметавонистем. Ҳамон рӯз китоби дарсиашро намеовардем ва ҳатто дафтарро низ. Ҳангоми пурсидани дарс баҳона мекардем, ки китобу дафтарам дар хона фаромӯш шудааст. Аммо баъзе аз ҳамсинфонамон китобҳои дарсиро намеоварданду байни ҳамсинфон таъриф мекарданд, ки бе китобу дафтар ҳам мактабро хонда истодаанд. Асосан, бештар ин корро хонандагони ба истилоҳ «лидерҳои синф» мекарданд. Яъне, онҳое, ки аз дигарон худро боло медонанд. Онҳое, ки дарсро хуб тайёр мекунанд, ҳаргиз чунин рафтор намекарданд. Фаъолони синф доиман дар ҳама дарсҳо ва чорабиниҳо намунаву пешсаф буданд. Вале гурӯҳе, ки худро «лидер» медонистанд, дар асл бештар амалҳояшон ба дигар ҳамсолон таъсири манфӣ мерасонд.

Аз суҳбат бо мутахассисон, равоншиносону, волидон ва ҷавонон хулоса намудан мумкин аст, ки барои ҳалли масъалаи мазкур дар муассисаи таълимӣ ба роҳ мондани вазифаи равоншинос зарур мебошад. Инчунин, барои дастгирӣ ва огоҳ намудани волидон варақаи огоҳинома аз тарафи кумитаи падару модарони муассисаи таълимӣ ташкил гардида, ба ҳар як падару модар дастрас карда шавад. Дар варақаи мазкур вазифаву уҳдадориҳо ва талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак» ва ҷавобгарӣ барои риоя накардани он қайд ва пешниҳод гардад. Зеро бо вуҷуди оне, ки надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад, вале аз надонистани талаботи қонун аксаран волидон шикоят мекунанд. Дар муассиаҳои таълимӣ ҳар моҳ шарҳи талаботи қонун ва таҳлили иҷрои он аз тарафи падару модарон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, волидони бемасъулият барои чораандешӣ аввал огоҳӣ дода шуда, барои минбаъд такрор намудани ин амал барои муҳокима ва баррасӣ ба шуъбаи маориф ва дигар сохторҳои марбута пешниҳод карда шаванд.

С. АЗИЗӢ, «Омӯзгор»