Забони тоҷикӣ дар масири таърих

Аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ 35  сол ва аз  қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 15 сол пур шуд. Забони тоҷикӣ ба шарофати истиқлоли миллӣ рушду такомул ёфт. Тайи 33 соли соҳибистиқлолӣ Давлату Ҳукумати кишвар пуштибону такондиҳандаи забони ноб ва бою ғании тоҷикӣ гардид.

Аз асри X то замони истиқлол як марҳалаи махсусу муҳимми инкишофи забони тоҷикӣ мебошад. Зеро танҳо забон дар ин паҳнои беш аз 1000-солаи таърихи пурмоҷарову печида тавонист, дар интиҳои асри XX ва ибтидои асри XXI миллатро дубора зинда гардонад ва аз нокомиҳову нобудиҳо комилан раҳо бахшад.

Шахсиятҳои бузурги адабу фар­ҳанги ниёгонамон дар тӯли асрҳо бо офариниши як силсила осори баргузидаи эҷодӣ ва рисолаҳои гуногуну гаронҳаҷми бадеӣ, илмӣ ва таърихӣ  забони ноби тоҷикиро эмин нигоҳ дошта, чун ганҷи бебаҳо ба мерос гузоштаанд.

Ашъори безаволи Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакиро мехонему аз ин суфтагӣ, тасвир, зебоӣ ва равонии он лаззат мебарем. Дар хониш, қироат ва андешаронӣ истифодаи ҳеҷ  луғате зарурат надорад.

Дар солҳои бист то соли 1929, яъне, то иваз шудани алифбои арабӣ ба алифбои лотинӣ забони форсии тоҷикӣ пайванди мустаҳками худро бо давраи пеш аз инқилоб нигоҳ дошта, инкишофи он хусусияти табиӣ дошт.

Агар ҳифзу пуштибонии забонро дар шинохти шахсиятҳои эҷодӣ мавриди таҳлил қарор диҳем, маълум мегардад, ки нақшу ҷойгоҳи устод Айнӣ ҳамчун пешгомтарин намояндаи адабиёти муосири тоҷик бузург аст. Садриддин Айнӣ шуруъ аз ибтидои фаъолияти эҷодӣ ба масоили умда ва бахшҳои гуногуни забони тоҷикӣ назари нек зоҳир менамуд. Ҳамин аст, ки шоҳкориву қаҳрамониҳои бемисли устод Айнӣ аз ҷониби Давлату Ҳукумат ва забоншиносони баъдӣ ҳамеша нек арзёбӣ мегардад. «…Ҳар қавме, ки ба дунё зиндааст, дардҳо дорад, муҳтоҷиҳо дорад, мусибатҳо дорад. Ба ҳамаи ин чизҳо ин қавмро забон лозим аст, ки дарди дили худро изҳор кунад. Забони қавм, мисли забони ашхос муқаррарӣ нахоҳад буд, балки забоне, ки тарҷумони як қавм метавонад шавад, рӯзномаи он қавм аст», — изҳор доштааст устод С. Айнӣ дар мақолаи хеш «Қавми тоҷик ва рӯзнома», (25-уми августи 1924).

Охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-ум дар таърихи тамаддуни тоҷик давраи таҳаввулоти фарҳанг маҳсуб мешавад. Дар ин давра дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дигаргуниҳое ба вуҷуд омадаанд, ки ҳар яки онҳо таҳқиқу баррасии алоҳида мехоҳанд.

Аввалин бор дар таърихи мардуми Осиёи Миёна забони тоҷикӣ  охири солҳои ҳаштодум забони давлатӣ эълон шуд. Азбаски забон яке аз рукнҳову нишонаҳои асосии давлатдорӣ мебошад, қабули қонуни забон қадами нахустин барои соҳиб шудан ба истиқлоли миллӣ буд.

Дақиқ аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар мавридии  устувор гардидани мақому ҷойгоҳи забон дар ҷомеаи имрӯза ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии он корҳои бузургу созанда иҷро шудаанд. Ин ҳама бо ташаббус ва роҳбариву роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омаданд.

 Дар партави қабули қонуни забон моҳи сентябри соли 1990 дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо қарори Шурои вазирони Тоҷикистон Кумитаи истилоҳот ва забон таъсис ёфт. Ҳадафи асосии таъсиси Кумитаи истилоҳот ба тартиб овардани истилоҳоти забони тоҷикӣ ва татбиқи қонуни забон ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, бузургтарин асаре, ки дар замони соҳибистиқлолӣ рӯйи даст омад, китоби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат — ҳастии миллат» мебошад.

Доир ба одоби муошират ва ҳусни баён, санъатҳои суханварӣ аз гузаштаи таърих то имрӯз шахсият­ҳои бузурги илму адабу фарҳанг, шоирону фозилони давр, забоншиносон ва суханварон ба тарзу шеваҳои хос мақолаву асарҳо ба табъ расонидаанд. Яке аз асарҳои мондагоре, ки дар ин самт иншо шудааст, «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад»-и академик Муҳаммадҷон Шакурӣ аст. Муаллиф дар ин китоб перомуни арзиши баланди сухандонӣ ва суханшиносӣ баҳс ба миён гузашта, доир ба калима, таркиб, ибора ва ҷумлаҳои забони тоҷикӣ мулоҳиза­ронӣ намудаанд. Устод Шакурӣ гунаҳои  калимаҳои забони тоҷикиро бисёр дуруст ва олимона матраҳ мекунад, ки кор гирифтан аз онҳо маданияти баланди суханварӣ ва су­ханшиносӣ доштани соҳибзабонон­ро нишон медиҳад.

Асари дигаре, ки маҳз аз боби сухан ва одоби муҳовара баҳс мекунад, «Дуруст бинависем»-и адабиётшинос Рустами Ваҳҳобзода маҳсуб меёбад. Азбаски баъзе аз калимаҳои тоҷикӣ имрӯз дар шакли  ғалат корбаст мешаванд, муаллиф кӯшидааст, ки гунаи дурусти форсӣ-тоҷикии онҳоро пешниҳод намояд.

Аз ҷониби муҳаққиқони риштаи забоншиносӣ дар замони  истиқлоли кишвар осори зиёди илмӣ, дастурҳои таълимӣ, ва монографияҳо вобаста ба забон ва ҳусни баён эҷод шудаанд.    «Услубшиносӣ», «Ҳусни баён», «Сухан аз баҳри дигарон гӯянд»-и забоншинос Баҳриддин Камолиддинов аз ҷумлаи онҳост.   

Доир ба дигар ҷанбаҳои суханварӣ муҳаққиқон Тӯрақул Зеҳнӣ, Худоӣ Шарифзода, Ҳомид Маҷидов тадқи­қоти судманде доранд. Яке аз асарҳои муҳиму мубрам «Санъати сухан»-и Тӯрақул Зеҳнӣ мебошад. Муаллиф дар ин китоб ақидаҳои тамоми суханшиносони классикро ҷамъоварӣ намуда, доир ба муҳимтарин санъатҳои бадеие, ки дар шеъри классикӣ ва муосири тоҷик истифода шудаанд, таҳ­қиқот бурдааст.

Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ яке аз марказҳои бузурги илмии кишвар ҳисоб меёбад. Маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар институти мазкур бо пажуҳишҳои бунёдӣ дар бахши омӯзиш, таҳқиқ ва баррасии илми забоншиносии тоҷик корҳои гус­тардаеро ба сомон расонидааст.

Дастоварди дигари замони соҳибистиқлолии кишвар таъсиси Комиссияи олии аттестатсиониии назиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Шукри неъмати соҳибистиқлолӣ, ки забони тоҷикӣ чун ҳазор сол қабл, забони расмӣ шуд, маснаду мақоми давлатӣ ба худ касб намуд ва ша­ҳомати пешина ва деринаи худро дубора зинда кард.

Мирзошариф ШАРИФОВ,
корманди ТВ «Сафина»