КИТОБХОНАЕ МУСТАҚИЛ ДАР ДОХИЛИ КИТОБХОНАИ МИЛЛАТ

(Чанд мулоҳиза ва хулосаву пешниҳод баъди анҷоми озмуни «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат»)

Озмуни наве бо унвони «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат», ки чаҳор рӯз дар Китобхонаи миллӣ аз 24-ум то 27-уми сентябри соли ҷорӣ идома кард, анҷом ёфт. Рӯзи ахир ҳайати доварон заҳмати сангини мушаххас кардани пирӯзмандонро доштанд: баҳсу баррасиҳо махсусан дар дувум ва севум рӯз, ки ба пурсиши донишомӯзони коллеҷҳо машғул буданд, хеле тӯл кашид. Сабаб ин буд, ки дар ҳар гурӯҳ чаҳорнафарӣ ғолибон аллакай муайян буданд ва аз миёни ҳамин ҳашт кас чор нафари беҳтарин бояд мушаххас мегардид. Ин гурӯҳҳо алоҳида фаъолият карда буданд ва фаразан, банда намедонистам, ки ғолибони гурӯҳи дигар (яъне, гурӯҳи сеюм) чӣ донишу фаҳму дарк доранд.

Ниҳоят, комиссиюни озмун ба хулосае омад, ки доварони ҳарду гурӯҳ дар як толор нишаста, аз навори телевизион ҳар як довталаби пирӯзшударо (яъне, дар маҷмуъ, 8 касро) алоҳида – алоҳида тамошо кунанд ва дониши ононро ба ҳамдигар қиёс карда, чаҳор нафари беҳтаринро муайян кунанд.

Барои ин вақти зиёде лозим шуд, аммо чорае дигар набуд, зеро дубора ба таври «зинда» пурсупос кардани хонандагон аз рӯйи мантиқ намешуд: чӣ тур мешавад, ки як кас барои намоиши донишу фаҳму сатҳи суханвариаш дубора рӯйи саҳна биёяд…

Аммо андешае рӯ мезанад, ки агар аз ибтидо ҳамин ду гурӯҳро (ва умуман, ҳар се гурӯҳро муттаҳид карда) як ҳайати доварон ташкил мекарданд, беҳтар буд, аммо вақти зиёдеро (ҳадди ақал чаҳор рӯзи дигарро) тақозо мекард…

Хуб, чун соли аввал буд ва ҳанӯз таҷрибаи баргузор кардани чунин озмун набуд, вазъиятро фаҳмидан мумкин: ҳама тадбиру рӯйдоди фарҳангӣ ва махсусан, сабқатҳои китобхонӣ маротибаи аввал душвориҳо дар ташкил ва тартиб дорад ва ин озмун ҳам истисно нест…

Акнун, ки озмун анҷом шудааст, метавон бафурҷа роҷеъ ба бурду бохт ва дастоварду норасоиҳояш суҳбат кард: хеле муҳим, ки таҷрибаи аввал ҳосил шуд ва агар хоҳем, ки ин озмуни аз нигоҳи моҳият ва мундариҷа андаке мураккаб ва гуногунсоҳа, мисли озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», сол то сол такмилу ривоҷ ёбад, бояд пешниҳоду хулосаҳои лозим дар ҳамин марҳилаи анҷом, яъне, дар гармогармиаш ироа шавад. Мо ба таври мухтасар аз вазъияти умумии озмун сухан карда, сипас ба масъалаи такмили озмун хоҳем гузашт.

 

ЗАРУРАТ ВА АҲАММИЯТИ ОЗМУН

Аз зарурати баргузории ин озмун зиёд гуфтану навиштан нашояд: ҳар сабқате, ки новобаста аз муҳтавояш ба қироати китоб ва намоиши дониши мардум дахл дорад, бе шакку шубҳа, зарур аст: шояд то замоне, ки барои мардум, чӣ хурду чӣ бузург, чӣ муҳассил ва чӣ муҳоҷир ва ё корманд, хондани китоб ба одати табиӣ табдил наёбад…

Мисли он ки қонуният ҳамон вақт устувор мешавад, ки итоат ба қонун ба одати одамон табдил нашавад… Ҳамин ки китобхонӣ ба одати ҳадди ақал ҳаштод дарсади мардум табдил ёфт, шояд зарурати баргузор кардани чунин шакли таваҷҷуҳ ба китоб намонад… Он вақт шаклҳои дигари тарғиби китобу китобхониро дарёфтан лозим мешавад ва бидуни сабқат. Аммо дар замони мо ин тадбир бисёр муҳим ва зарур аст.

Дар шакли сабқат баргузор кардани озмуни китобхонӣ дар рӯзгори кунунии мо аз чанд ҷиҳат лозим аст: аввалан, худи ҳамин корро кардан тарғиби китоб аст, дар зеҳну шуури мардум ва махсусан, насли ҷавон оҳиста-оҳиста он ақида ҷо мегирад, ки ба ҷуз муассисаҳои омӯзишиву таълимӣ сарчашмаи дигари дарёфти дониш китоб аст ва ин корро метавон мустақилона анҷом дод.

Ҳар касе китоб мехонад ва дониши фаровон аз китоб мегирад, метавонад бо дилхоҳ хатмкардаи мактаби олӣ ё ҳар зиёии донишманд суҳбати баробар кунад, ин ё он масоили ҳаётиро баррасӣ намояд.

Акнун ин кори ҷомеа ва давлат аст, ки бо чӣ тадбирҳое қадру манзалат ва обрӯву нуфузи ашхоси китобхондаро таъмин мекунад. Масалан, ҳангоми қабул ба кор, ё дар вазифаҳои масъул таъйин кардани номзадҳо…

Маълум, ки дар бархе муассисаҳо ва вазорату идораҳо кормандон ба кор пазируфта мешаванд, ана дар ҳамин вазъу ҳолатҳо бояд пурсиши рақами як миқдор ва сифати дониши номзад аз китобҳои хондашуда бошад…

Бидуни хондани китоб (масалан, ҳадди ақал 150 ва ё 200 китоб) набояд касе ба кори масъуле таъйин гардад… Он гаҳ, ҳар каси пуштидармонда пушти гардан хорида ҳатман мегӯяд, ки «бе китоб намешудааст…».

Ҳатто ҳангоми қабул ба кори омӯ­зиш дар мактабҳои олӣ (донишкадаву донишгоҳҳо), агарчи номзад дараҷаи илмии номзад ва ё доктори илм ҳам дошта бошад, аз миқдору сифати дониши аз китобҳо андӯхташуда пурсидан бояд шарт бошад… Ҳоло чунин вазъият шуда, ки на ҳар номзаду доктори илм бо китоб дӯстӣ дорад… Марҳалаи китобхониашон, чун марҳалаи ҷавонияшон бо ҳимояи рисолаҳо ба охир мерасад…

Акнун дар бораи аҳаммияти ҳамин озмуне, ки «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» унвон дорад. Тасаввури банда аз осори Сарвари давлат, образнок гӯем, чунин аст: китобхонае мустақил андаруни китобхонаи миллат…

Дари ин китобхонаро во мекуниву ба чандин шуъбаҳо ё толорҳо медароӣ: таърихи миллат ва давлат (ҳам таърихи куҳан ва ҳам муосир), шуъбаи забони миллӣ (аз гузаштаи қадим то кунун), шуъба ё толори фарҳанг ва адабиёти миллӣ (ҳама ҷузъҳои фарҳанги миллат ва муаррифии чеҳраҳои маъруфи адабиёти бадеӣ), шуъбаи ҷомеашиносӣ ва сиёсат (ва ҳам масъалаҳои ташаккули давлатдории миллӣ), марҳала ба мар­ҳала ҷамъбаст шудани давраҳои рушду таҳаввули кишвар (махсусан, замони истиқлол)…

Асарҳое ҳастанд, ки хосият ва ё хислати универсалӣ доранд, масалан, китоби «Забони миллат – ҳастии миллат», ё «Тоҷикон дар оинаи таърих» ва ё «Уфуқҳои истиқлол», ё «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ»… Танҳо аз бар кардани дуҷилдаи «Забони миллат – ҳастии миллат» кофист, ки кас бо ҳар хатмкардаи донишкадаи забону адабиёт хони баҳс биорояд…

Инчунин, ба ҷойи чанд илмҳои сирф назарии лексика ва сарфу наҳви забон хеле беҳтар аст, ки ҳамин китоб ҳамчун дастури таълимӣ ё китоби дарсӣ истифода шавад. Дар бобати шахсиятшиносӣ китоби «Чеҳраҳои мондагор» (чунон ки аз номаш маълум) беҳтарин китобест, ки боистӣ китоби рӯйимизии ҳар донишомӯзи факултаҳои ҳуманитарӣ бошад.

Дар нашри такмилшудаи ин китоб сӣ чеҳра ё шахсияти бузурги илму фарҳанг муаррифии мухтасар, вале шоиста шудааст, на танҳо аз нигоҳи дарёфти иттилоъи илмӣ, балки ҳувият ва худшиносӣ низ аҳаммият дорад.

Бо ҳамин равиш метавон аз даҳҳо китобҳои дигари Сарвари давлат ёдовар шуд ва моҳияти онҳоро таҳлил кард… Суоле ба миён меояд, ки оё хондану фаҳмидан ва донистани ин китобҳо барои насли ҷавон зарур аст? Ва боз дар шакли сабқат ё озмун?

Посух якест: на танҳо зарур аст, балки аҳаммияти илмиву маърифатии фаровоне дорад! Инҳо китобҳое ҳастанд, ки аз маъруфтарин ва муҳимтарин маохиз ва сарчашмаҳои таърихӣ баҳра ёфта, иттилооти собитшудаи ин ё он соҳаи донишро манзури хонанда мекунанд.

Акнун сухан бояд аз он равад, ки чӣ навъ ин асарҳо мутолиа шаванд. Ин масъала муҳим аст.

Чун панҷ панҷа баробар нест, аз бар кардани ин асарҳо барои ҳама ширкаткунандаҳои озмун (мо аз таҷрибаи гурӯҳи коллеҷҳо мегӯем) яксон нест: ҷавонон дар фаҳму дарки хеле аз вожаҳои ихтисосии ин ё он соҳа дармемонанд, махсусан, мафҳуму истилоҳоти илмӣ. Гумонам, донишҷӯён низ ҳамин вазъро доранд…

Шарти асосии ин озмун, ки аз бар кардани беш аз 90 дарсади асарҳост, мувофиқи матлаб нест. Ин ҳолат ҷавононро водор мекунад, ки аз пайи миқдор шуда, сифатро фаромӯш кунанд… Вагарна чӣ тавр мешавад, ки масалан, фасли «Исмоили Сомонӣ»-ро бихониву аз панҷ сабаби шикасти ин давлати бузург (ки дар ҳамон фасл таҳлил шудааст) бехабар монӣ… Ин гуна мисолҳоро зиёд овардан мумкин, ки ҳоли ҳозир бино ба дароз нашудани матлаб аз ин кор худдорӣ хоҳем кард.

Бигзор на кам аз 10 ё 15 асар бошад, он гоҳ сифати аз бар кардани китобҳои хондашуда хеле беҳтар хоҳад шуд, он гоҳ бо мақсади омодагии ҷиддӣ ҷавонон як китобро дубораву себора фурсати хондан меёбанд ва ҳатто ёддошт ҳам мекунанд.

Мушкили дигар ин аст, ки ҷавонони муҳассили коллеҷу донишгоҳҳо аксарияти асарҳои Сарвари давлатро (махсусан, онҳоеро, ки ба таърихи қадим ва асрҳои миёна ихтисос доранд) бидуни кумаки устоди раҳнамо аз бар карда наметавонанд, чун саводу дониш ва ҷаҳонбиниашон кофӣ нест. Зарур аст, ки баъди хондани ҳар бобу фасли китобҳо ҷавонон назди устодони раҳнамо ва кумакрасон сабақгардонӣ кунанд ва дафтари махсуси ёддошт кардани вожаву мафҳумҳои мушкилдаркро дошта бошанд.

Боз чанд мулоҳизае ҳаст, ки дар қисмати пешниҳодҳо арз хоҳем кард.

ДАСТОВАРДУ МУШКИЛҲО

Муҳимтарин дастовард ҳамин аст, ки озмун, агарчи соли аввал буд, вале бо шумори зиёди хоҳишмандон гузашт. Танҳо дар гурӯҳи мо 96 кас номнавис шуда буданд, ки аз инҳо 73 довталаб донишу фаҳмиши худро манзур карданд.

Аз ин шумор мо 9 касро пайдо кардем, ки воқеан бо асарҳои Сарвари давлат хеле хуб ошно буданд: андешаҳояшонро озод мегуфтанд, тарзи муомала бо китобро медонистанд, таҳлилу бардоштҳояшон хуб буд. Хондан як паҳлуи масъала, паҳлуи дигар бо забони фасеҳу шеваи баёни зебо гуфта тавонистани мазмуни он хондаҳост…

Натиҷа маълум кард, ки Гулноза Содиқова (аз коллеҷи омӯзгории Қубодиён), Сироҷиддин Маҳмадзода (аз коллеҷи тиббии инноватсионии Бохтар), Холисамоҳи Ҷумъахон (аз коллеҷи тиббии ҷумуҳуриявӣ), Адиба Бегова (аз коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ), аз гурӯҳи севуми доварон – Эркамоҳ Насриддинова ва Мутриба Наҷмиддинзода (ҳарду аз коллеҷи тиббии Ваҳдат), Карашмаи Нангилой ва Эҳсон Сайдалиев аз хондани асарҳои Сарвари давлат хеле баҳраҳо бардоштаанд… Аз инҳо Гулнисо, Эркамоҳ, Мутриба ва Сироҷиддин сазовори чаҳор ҷойи аввал шуданд.

Тарзи ташкили озмун, толорҳои барҳаво, сари вақт таъмин кардани ширкати довталабон ба озмун, муҳайё кардани шароити мусоиди кор ва фароҳам овардани обу қаҳваю ғизо барои доварон ва дигар масъалаҳои таш­килӣ дар сатҳи бисёр хуб буд. Аз ин ҷиҳат ба раиси Китобхонаи миллӣ доктор Файзализода ва ҷумла кормандоне, ки ба ин озмун вобаста буданд, самимона изҳори сипос бояд кард. 

Акнун дар бораи проблемаҳо. Аввалан, бидуни омодагӣ омадани аксарияти довталабон ба озмун… Ду тарзи омодагиро мушоҳида кардем, ки баъди ин мушоҳидаҳо низомномаи озмунро тағйир додан ба мақсад мувофиқ аст: як қисмате танҳо аз рӯйи суолнома тайёрӣ дидаанд, гурӯҳи дувум худи асарҳоро хондаанд. Ин гуна рафтор гоҳе дарҳам-барҳамиро дар ҷараёни озмун ба вуҷуд овард, зеро унвони озмун «Хонандаи беҳтарини асарҳо» муайян шудааст.

Яъне, аз рӯйи мантиқ, довталаб бояд, пеш аз ҳама, асарҳоро хонда бошад ва сипас тибқи суолнома аз ҳамон китобҳои хондашуда посух ҷустуҷӯ кунад… Агар танҳо посух ҷустан ба суолнома бошад, пас, ин озмун не, балки мисли викторина ё сабқати дигар мешавад.

Мушкили дигар – ширкат накардани бархе довталабон дар даври аввал ва якбора ба даври ниҳоии ҷумҳуриявӣ омадани онҳо буд. Бо ҳамин сабаб 6 кас пурсида нашуданд, зеро низомномаи озмун (банди 4) ба ин кор иҷозат намедод…

 Масъалаи дигар – на пурра, балки қисман хондани асарҳо аз ҷониби довталабон буд. Зиёд довталабоне буданд, ки ҳатто як асарро дар шакли пурра (аз ибтидо то интиҳо, аз муқаддима то хулоса) нахондаанд… Ҳатто дар номбар кардани ҳамон фаслу бобҳои гӯиё хондашуда «азият» мекашиданд…

Проблемаи дигар – хеле дер огаҳӣ ёфтани довталабон аз озмун ва вақти кофӣ надоштанашон барои хондан… Ва боз роҳбару раҳнамо надоштанашон…

ПЕШНИҲОДҲО БАРОИ ТАКМИЛИ ОЗМУН

I. Аввалин иқдоме, ки бояд карда шавад, тағйир ва мукаммал кардани низомнома аст. Махсусан, дар масъалаи ҳаққи ширкат дар озмун аз ҳама қишрҳои ҷомеа, таъйин кардани миқдори асарҳои Сарвари давлат (ба андешаи мо, на кам аз 20 асар, агар хоҳем, ки сифати озмун хуб бошад), барҳам додани суолнома, ки довталабонро ба раҳгумӣ мебарад ва монеъи баёни андешаи озоди худӣ мешавад (фаразан, устоде ё мутахассисе аз рӯйи суолнома ёддошт (шпаргалка) тайёр мекунад ва дигарон онро қориазёд мекунанд, ки манфиате барои натоиҷи озмун нахоҳад дошт).

II. Дар се марҳала баргузор кардани озмун: даври аввал (дар маҳалли кор, таҳсил ва барои бознишастаҳо – ҷамоат ё ҳукумати ноҳияву шаҳр): даври мобайнӣ ё минтақавӣ (айнан мисли озмуни «Фурӯғ…») ва ниҳоят – марҳалаи ҷумҳуриявӣ.

III. Ташкили озмун вобаста аз мавзуоти мубрами асарҳои Сарвари давлат ва саҳми Пешвои миллат дар бунёди давлатдории навин. Пешниҳод мешавад, ки мисли озмуни «Фурӯғ…» шуъбаҳо ё гурӯҳҳои алоҳида барои довталабон таъсис дода шавад. Ба фарзи мисол:

а) гурӯҳ ё шуъбаи таърих (дар навбати худ таърихро ба ду қисм: таърихи куҳан ва таърихи баъди истиқлол ҷудо кардан муфид аст);

б) забону адабиёт ва фарҳанги миллӣ;

в) ҷомеашиносӣ ва сиёсат;

г) мардумшиносӣ;

д) нақш ё рисолати Сарвари давлат дар эҳёи давлати миллӣ.

IV. Дар озмун 5 гурӯҳ ё намояндагони 5 қишри ҷомеа ҳаққи ширкат дошта бошанд:

а) хонандагони мактабҳои миёна (танҳо синфҳои 10-11);

б) коллеҷҳо ва мактабҳои олӣ (ин ду гурӯҳро аз ҳам ҷудо кардан нашояд);

в) кормандони илму фарҳанг ва ходимони ҷамъиятӣ;

г) кормандоне, ки дар сохторҳо ва муассисаҳои идораи давлатӣ фаъолият мекунанд (хидматчиёни давлатӣ);

д) бознишастаҳо (меҳтарони кору заҳмат, шахсиятҳое, ки баъди нафақа дар куҷо истифода кардани зарфияти донишу таҷрибаашонро намедонанд);

 е) устодону муаллимони мактабҳои олӣ ва коллеҷҳо, олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Инҳо дар баробари он ки аз хондаҳои худ як навъ ҳисобот медиҳанд, бояд сари мавзуъҳои баҳсбарангези як идда илмҳои гуманитарӣ идеяҳои худашонро пешниҳод кунанд, то ки нафъе барои пешрафти илму маърифат шавад…

Озмун бояд барои ҳамин қишри ҷомеа майдон ё фазои бисёр мусоиди баррасии идеяҳои нав шавад, зеро таҷриба нишон медиҳад, ки шакли конфронсу семинару мизҳои мудаввар чандон натиҷа надоранд, зеро вақт бисёр маҳдуд аст, масалан дар 10 ё 15 дақиқа чӣ тавр мешавад, ки дар мавзуоти мубрами миллӣ сухан кунӣ, даҳанатро зуд мебанданд ва хулосаатро ногуфта мешинӣ… Баъд мегӯянд,  навиштаатро чоп кун, чоп ки шуд, фаромӯш мешавад, ки он навиштаро баҳсу муҳокимаву баррасӣ мебояд… Бо ҳамин тамом…

V. Барои кумаки методӣ ё усулӣ расонидан ба он шуъба ё гурӯҳҳое, ки мо дар боло тасниф кардем (таърих, забону адабиёт ва фарҳанги миллӣ, ҷомеашиносӣ ва сиёсат, мардумшиносӣ ва нақш ё рисолати Сарвари давлат дар эҳёи давлати миллӣ) як ҳайати мардону занони донишмандро таъйин кардан лозим, ки аз тамоми осори батабърасида барои ҳар шуъба ё гурӯҳ феҳрастҳо созанд ва ҳамин феҳрастҳоро дар низомнома ҷо кунанд…

VI. Ниҳоят, номи озмун андаке дароз аст ва агар «Дониш талабу бузургӣ омӯз» ва дар қавсайн «Мутолиаи асарҳои Пешвои миллат» навишта шавад, ҳам зебо мешавад ва ҳам аз ҳар ҷиҳат пурмаъно…

Ҳафиз РАҲМОН,
устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
адабиётшинос ва публитсист