РИСОЛАТИ СОЗАНДА ВА МОНДАГОР

Маориф дар ҷомеа яке аз самтҳои муҳим ва меҳварию калидӣ, заминаи асосии пешрафт ва рушди устувори давлат ба шумор меравад. Тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносӣ, эҳсосу дарки ормонҳои миллӣ, рукнҳои оини ватанпарварӣ маҳз бар дӯши омӯзгорону устодон вогузор шуда, донишманду босавод ва соҳиби тафаккуру ҷаҳонбинии пешрафта ба камол расидани насли имрӯз ба фаъолияти густарда ва заҳматҳои пайвастаи омӯзгорон пайванди амиқ дорад. Тавре ҳамагон огаҳӣ дорем, аз рӯзҳои нахустини фаъолияти сарварии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро меҳварию афзалиятнок ва ҷойгоҳу манзалати омӯзгорро дар пешбурди таълиму тарбия ва беҳтар намудани сатҳу сифати донишазхудкунии хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ муассиру ҳалкунанда унвон карданд. Ин шеваи муносибат бештар аз 30 сол аст, ки идома ёфта, аҳли илм ва маорифи кишвар бар пояи соҳаи меҳварии низоми давлатдорӣ эътироф шудани маориф пайваста мавриди таваҷҷуҳ ва ғамхории Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мегиранд.

Ин аст, ки дар суханронии худ Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш (01.09.2024) дар масъалаи тарбия ва омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи омӯзгорӣ ва дар зимн, шаъну шарафи омӯзгору ҷойгоҳи шоистаи ӯ ба таври махсус мулоҳизаронӣ намуда, аз ҷумла, таъкид доштанд: «Дар сурати заҳмати дилсӯзонаву содиқонаи омӯзгор наслҳое ба воя мерасанд, ки давлату миллат ба шарофати кору фаъолияти онҳо боз ҳам ободу зебо ва сатҳу зиндагии аҳолӣ ба маротиб баланд мегардад. Дар робита ба ин, вазоратҳои маориф ва илм, адлия, молия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Маркази миллии қонунгузорӣ вазифадор карда мешаванд, ки дар муҳлати шаш моҳ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд».

Воқеан, чунин пешниҳод, ки аз иқдомҳои маорифпарваронаи Сарвари давлат дар самти баланд бардоштани обрӯю нуфузи омӯзгор дар ҷомеа ба шумор меравад, ибтикори ҷиддию муҳимме дар ҷодаи арҷгузорию шинохти шоистаи шахсияти устодону омӯзгорон маҳсуб меёбад. Дар шароити нави таърихӣ таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат ба масъалаи баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа метавонад на танҳо ба пешрафти соҳа, балки кулли ҷомеа таъсиргузор бошад. Чун омӯзгорон неруи бузурги пешбарандаи ҷомеа ва чароғафрӯзони фардои миллат ба ҳисоб мераванд.

Бояд хотиррасон намуд, ки рисолати омӯзгор дар ҳама давру замон фарох буда, аҳли ҷомеа дар баробари ҳамчун сабақомӯзи насли наврас, соҳиби донишҳои замони муосир, таълимдиҳандаи илму маорифи пешқадам, ҳамзамон, ба шахсияте арҷ мегузоранд, ки дар маърифатманду со­ҳибтафаккур гардонидани созандагони фардои ҷомеа саъйю талош менамояд. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар марҳалаи нахустини соҳибистиқлолии кишвар, баъд аз сар задани ҷанги бемаънии дохилӣ вазъи иқтисодию иҷтимоӣ вазнин гардида, мактабу омӯзгор то андозае аз таваҷҷуҳ берун монда, сатҳу сифати таълиму тарбия ва донишазхудкунии хонандагон коста гардид. Бо вуҷуди нобасомониҳои он рӯзгор ва ба амал омадани шароиту ҳолатҳои ногувор, омӯзгорону устодони сарсупурдаю фидокор соате мактабро тарк накарда, ба умеди рӯзҳои неку фирӯз аз таълиму тарбия даст накашиданд ва дар рушди кишвар саҳми босазо гузоштанд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳала ба марҳала, бо таваҷҷуҳи ҳамешагии худ ба соҳаи маориф ба он муваффақ гардиданд, ки заминаҳои моддию техникии му­ассисаҳои таълимӣ таҳким ёфт, мақому ҷойгоҳи омӯзгорону устодон, сатҳи зиндагӣ ва маишати онҳо баланд бардошта шуд. Зина ба зина зиёд намудани маоши устодону омӯзгорон, бо имтиёзҳои зарурӣ таъмин намудани онҳо, қадрдонию ҳавасмандгардонии ин қишри созандаи ҷомеа аз тадбирҳои муассиру судманд ба ҳисоб мераванд, ки Давлат ва Ҳукумати кишвар давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ ба анҷом расонид. Дар ин муддат маоши омӯзгорону устодон 21 маротиба зиёд карда шудааст, ки воқеан, дастгирии муҳим ва қобили таваҷҷуҳ нисбат ба аҳли маориф ба шумор меравад.

Маълум аст, ки омӯзгорӣ пешаи заҳматталаб буда, омӯзиши бардавом, саъю талош ва бедорхобиҳои шабонарӯзии ин қишри маорифпарвари ҷомеа дар самти беҳтар гардидани сатҳу сифати таълиму тарбия, тақвияти донишазхудкунии насли наврас, таҳаввулу такомули шууру ҷаҳоншиносии шогирдон ва дар умум, омодаву ба камол расондани созандагони ояндаи аз нигоҳи сиёсиву хештаншиносӣ баркамол ва ватандӯсту ба ғояҳои миллии давлат­дорӣ содиқ рисолати бузургу барҷастаи онҳо маҳсуб меёбад. Устодону омӯзгорони таълимгоҳҳои кишвар бо қобилияту истеъдод, донишу тафаккури пешрафта ва ҳисси масъулияти баланд тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар амалӣ намудани ислоҳоту дигар­гуниҳои назаррас дар соҳаи маориф, ки ба болоравии сатҳу сифати таълиму тарбия равона шудааст, саҳми босазо мегузоранд. Талошу кӯшиш ва заҳматҳои устодону омӯзгорон дар баробари пешбурди сиёсати Давлату Ҳукумат, дар тамоми ҷанбаҳои соҳаи маориф, аз ҷумла, тақвияти раванди таълим, ворид намудани усулҳои пешқадами тадрис, татбиқи таҷрибаҳои нодир, омода намудани мутахассисони варзида хеле бузургу назаррас ва шоистаи таҳсин аст. Комёбию дастовардҳои шогирдони мактабҳои ҷумҳурӣ дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ, озмунҳои ихтироъкорон, забономӯзӣ ва ғайра аз хидмату меҳнати пайваставу содиқонаи омӯзгорону устодон шаҳодат медиҳад.

Дар ҳақиқат, маҳз омӯзгор аст, ки ба сифати ҳодию роҳнамо, ба тарбияи шогирдони донову кӯшо дар баланд гардидани обрӯю нуфузи ҷумҳурӣ дар сатҳи байналмилалӣ саҳми шоиста мегузорад. Аз ин хотир, дар баробари арҷгузорию қадрдонии заҳ­матҳои омӯзгорону устодон аз ҷо­ниби Давлату Ҳукумат, васфу ситоиши корномаи эшон, ки бешак, шоистаи садҳо таҳсину офарин мебошад, аз вазифаю рисолати адибону рӯзноманигорон ба шумор рафта, месазад, ки дар хусуси фаъолияти гуногунҷабҳаи устодону омӯзгорон ҷилд-ҷилд асару китоб таълиф карда шавад. Дар ин самт, бамаврид аст, ки иқдому талошҳои кормандони наш­рияҳои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, хосса, ҳафтаномаи «Омӯзгор»-ро ба таври махсус зикр намоем.

Тайи даҳ соли охир аз ҷониби нашрияи «Омӯзгор» бо дастгирии Вазорати маориф ва илм озмунҳои зиёде эълон ва роҳандозӣ гардиданд, ки ба масоилу мавзуоти мухталифи соҳа бахшида шуда буданд. Аммо дар бораи хидматҳои шоёну назаррас ва фаъолияти густардаи омӯзгорон, ки бо истифода аз роҳу усул ва шеваҳои гуногун ва дар айни замон муассири таълим ба баланд гардидани сатҳу сифати таълим, донишазхудкунӣ ва тарбияи муваффақонаи насли наврас мусоидат намудаву такони ҷиддӣ бахшидаанд, чунин озмун роҳандозӣ нашуда буд. Соли ҷорӣ маҳз чунин як озмун таҳти унвони «Омӯзгори ман – ифтихори ман», ки бо дастгирии роҳбарияти Вазорати маориф ва илм аз ҷониби нашрияи «Омӯзгор» эълон ва баргузор гардид, бо вусъату фарогирии мавзуъ ва муҳтавою ғояи ватандӯстонаи худ ҷолиб ва метавон гуфт, ки бесобиқа мебошад. Озмуни мазкур ба васфу ситоиши кору пайкор, меҳнати содиқонаву садоқатмандона, талошу кӯшишҳои устодону омӯзгорон, ки дар пешрафти кишвар ҳиссагузор мебошанд, бахшида шуда, аз рӯзи эълон гардидани он таваҷҷуҳи тамоми аҳли ҷомеа, олимону донишмандон ва намояндагони пешаву касбҳои гуногунро ба худ ҷалб намуд. Шаҳодати ин гуфтаҳо ворид гардидани мақолаю матолиби бешумор, ки теъдоди онҳо ба 150 адад мерасаду дар саҳифаҳои нашрия ба табъ расидаанд, маҳсуб меёбад. Барои мо хурсандиовару гуворост, ки муаллифони зиёди ин навиштаҳо худи устодону омӯзгорон буда, онҳо паҳлуҳои гуногуни фаъолияти ҳамкоронашонро воқеию табиӣ ва ҳақиқатнигорона ба риштаи тасвир кашидаанд. Дар ин навиштаҳо, ки дар қолаби жанрҳои мақола, лавҳа, эссе ва очерку ҳикоя иншо шудаанд, меҳру муҳаббат ба пешаи омӯзгорӣ, муносибати дилсӯзона ба шогирдон, заҳмату талош, омӯзишу ҷустуҷӯ ва ифтихор аз Ватану арзишҳои миллӣ аз ҷониби омӯзгорон ба мушоҳида мерасад. Муаллифон кӯшиш ба харҷ додаанд, ки бо диду назари амиқ ҷузъиёти кории омӯзгоронро аз зовияи мухталиф бозгӯйӣ намуда, сабабу омилҳои дастёбии онҳоро дар беҳтар гардидани раванди таълиму тарбия ва бо меҳнати содиқона соҳиби шаъну шуҳрати баланд гардиданашонро воқеъбинона таҷассум созанд. Воқеан, пас аз мутолиаи навиштаҳои муаллифон шахсро хушҳоливу қаноатмандии беинтиҳое фаро мегирад, ки дар гӯшаю канори ҷумҳурӣ чунин омӯзгорону устодон ва собиқадорони сарсупурдаи соҳаи соҳаи маориф зиндагӣ ва фаъолият мекунанд, ки баҳри ҳифзи манфиатҳои Ватану миллат тамоми ҳастии худро бахшида, дар таълиму тарбияи наврасону ҷавонон нақши бузург мегузоранд. Дар навиштаҳои ба унвони озмун воридгардида симои омӯзгорони фидоии кишвар равшану барҷаста тасвир ва корномаи онҳо бо самимияту меҳри беандоза шарҳу тафсир шудаанд. Воқеан, омӯзгорон, ба замми истеъдоди фитрӣ доштан, заҳматкашу кӯшо, соҳиби иродаи қавӣ ва дили бузург мебошанд, ки инро аз навиштаҳои муаллифон метавон хулоса кард. Тадбири шоиста ва ибратомӯзи нашрияи «Омӯзгор» ҷиҳати ба сурати китоби алоҳида ба нашр расонидани маводу матолиб таҳти унвони «Омӯзгори ман – ифтихори ман» шоёни таҳсин мебошад. Дарвоқеъ, китоби мазкур дар қадрдонию ҳавасманд намудани омӯзгорону устодон, инъикосу бозтоби заҳ­матҳои шабонарӯзии онҳо, ҳамчунин, баҳри шинохту муаррифии бештару густардатари ин фидоиёни миллат нақши бузурге хоҳад гузошт. Дар баробари ин, умедворем, нигоштаҳои ин китоби арзишманд, ки аз таҷрибаи устодони соҳибмактабу пешқадам ҳикоят мекунад, ҳамчун роҳнамо барои омӯзгорони ҷавон хидмат намуда, дар самти боло бурдани сатҳу сифати таълим низ таъсиргузор хоҳад буд.

Раҳим САИДЗОДА,
вазири маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон