ОМӮЗГОРОН ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ ВА БОИГАРИИ МИЛЛАТАНД

Аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши омӯзгор

     Ман дар асоси таваҷҷуҳу эҳтироме, ки нисбат ба илму маориф ва мактабу омӯзгор дорам, иброз медорам, ки маҳз тавассути рушди босуботи соҳаи маориф, таҳкими заминаҳои он ва заҳмати содиқонаи омӯзгорон мо тавонис­тем, ки чеҳраи воқеии халқи тоҷикро дар замони муосир ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

***

Сиёсати пешгирифтаи Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонро аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ, пеш аз ҳама, аҳли маорифи кишвар ва устодону омӯзгорон содиқона ҷонибдорӣ карда, барои тарғибу ташвиқи сулҳу ваҳдат ва раванди рушди босубот саҳми назарраси худро гузоштанд ва гузошта истодаанд. Аз ин лиҳоз, ман ба кормандони соҳаи илму маориф ва устодону омӯзгорон сидқан миннатдориву сипос мегӯям.

***

Агар мо хоҳем, ки дар чунин шароити мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон миллати тоҷик ва халқи азизи мо назди касе ва кишваре сари хам надошта бошад, бояд худамон барои пешрафту ободии Ватанамон талош намуда, ба мактабу маориф рӯ оварем, ба қадри заҳмати омӯзгор расем ва ба фарзандонамон тамоми шароитро барои фаро гирифтани саводу илму дониш ва касбу ҳунар муҳайё созем.

***

Итминони комил дорам, ки бо неруи созанда ва эҷодгари шумо — омӯзгорони муҳтарам ва тамоми мардуми шарифи кишвар мо аз ин озмоиши бузурги таърих бо ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва азму иродаи устувору қавӣ гузашта, насли нав ва ворисони содиқеро тарбия хоҳем кард, ки воқеан, сазовори ин давлату миллат гардида, Тоҷикистони азизро дар оянда ба таври шоиста обод ва соҳибӣ хоҳанд намуд.

***

Давлату Ҳукумат аз шумо, устодону омӯзгорони арҷманд, умед ва ба шумо эътимоди комил дорад, зеро инсоният ба омӯзгор ҳамеша ниёз дошту дорад. Маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст, ба дигарон таълим медиҳад.

***

Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад.

***

Омӯзгори дилсӯзу бомаърифат ва ба тарбияи инсон содиқ чароғи маърифат ва боигарии миллат аст.

***

Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ чунин хоҳанд монд.

***

Ҳукумати мамлакат дар роҳи татбиқи нақшаҳои стратегии худ ҳамеша ба омӯзгорон ва умуман, ба кормандони соҳаи илму маориф такя менамояд, зеро онҳо дар ҳифзу нигаҳдошти дастовардҳои истиқлолият ва рушди минбаъдаи кишвар нақши пурарзиш доранд.

***

Маҳз омӯзгор аст, ки наврасону ҷавононро ба интихоби касбу ҳунар ва роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят мекунад. Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир рисолат ва масъулияти касбии омӯзор бамаротиб зиёд шудааст.

***

Ҳар як омӯзгор бояд ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дошта бошад ва шогирдонашро дар ҳамин руҳия тарбия намояд.

***

Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба шогирдон – фарзандони миллат медиҳад ва хешро аз он хушбахт мешуморад. Имрӯз масъулияти омӯзгор боз ҳам афзудааст.

***

Дар тарбияи насли худогоҳу худшинос мактабу муаллим нақши муҳим доранд ва онҳо воқеан, ганҷинаи маънавии халқамон ба ҳисоб мераванд.

***

Шумо – муҳтарам омӯзгорон – ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки рисолати муқаддаси тарбияи инсон ва ташаккулдиҳии шахсиятро ба дӯш доред, ба фарзандони мардуми Тоҷикистон саводу маърифат, илму дониш ва касбу ҳунар меомӯзонед.