Соҳаи маориф яке аз ниҳодҳои муҳимтарини иҷтимоӣ буда, низоми мукаммал ва фарогири маориф ва илм асоси пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии ҷомеа мебошад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва илмро самти афзалиятнок эълон намуда, онро барҳақ омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидаанд. Рушду инкишоф ва пешрафти соҳаҳои маориф ва илм, сатҳу сифати донишомӯзии хонандагону донишҷӯён дар ҳама зинаҳои таҳсилот муҳим арзёбӣ гашта, бевосита зери таваҷҷуҳи Сарвари кишвар қарор доранд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати давлатии худ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар барои донишманду соҳибкасб шудани насли наврасу ҷавон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Ҳамасола мавриди истифода қарор додани теъдоди муассисаҳои муосири замонавӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Қабули санадҳои меъёрии танзимкунандаи фаъолияти соҳаи маорифи кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ афзуда, имконияту дастрасии зиёд ба омӯзгорон дар самти баланд бардоштани малакаи касбии худ, қабул ва мавриди амал қарор додани стратегияю барномаҳо ва консепсияҳои соҳавӣ фаъол гашта, раванди ислоҳоти соҳаи маориф ботадриҷ идома дорад.
Аз таҳлилу оморҳои мавҷуда бармеояд, ки ҳамасола теъдоди кӯдакони синни томактабӣ афзуда, ба муассисаҳои таълимӣ фаро гирифтани онҳо зарурати бунёди муассисаҳои иловагӣ ва нави таълимиро ба миён овардааст.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ (01.09.2024) таъкид намуданд: «…дар зиёда аз 4000 муассисаи таълимии кишвар 2 миллиону 280 ҳазор нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд ва ин нисбат ба соли таҳсили 1991-1992 800 мактаб ва 1 миллион хонанда зиёд мебошад». Ҳамзамон, қайд намуданд, ки соли равон 103 ҳазор нафар синфи 11-ро хатм карданд ва 250 ҳазор кӯдак ба синфи якум қабул шуданд. Ин тақозо дорад, ки ҳамасола зарурати бунёди 380 мактаби нав ба миён меояд.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки аз таҳсили илму дониш ва касбу ҳунар дур мондани шумораи муайяни наврасону ҷавонон, бахусус, ҷавондухтарон ташвишовар буда, зарур аст, ки дар ҳолати ихтиёран идома надодани таҳсил дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бояд ҳатман таҳсилоти худро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ, яъне, литсейҳо ва коллеҷҳо идома дода, соҳибкасб шаванд. Зеро илм омӯхтану соҳибкасб шудани насли ҷавони ҷомеа дар шароити муосир муҳим буда, дар вазъи мураккабу ҳассоси ҷомеаҳо, бархурди тамаддунҳо ҳамеша андешаву афкори солим лозим аст. Шахси донишманди дорои андешаю мавқеи муайян на танҳо худро дар ҷомеа, балки атрофиён ва ватану кишвари худро низ метавонад ҳифз намояд.
Воқеан, барои эмин нигоҳ доштани истиқлоли кишвар, сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ, нигоҳ доштани ҷомеа аз таъсири зуҳуроти манфии фарҳангу маънавиёти бегона зарур аст, ки насли наврасро дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқиву сиёсӣ тарбия намоем. Дар ин раванд, нақши омӯзгори донишманду мутахассиси хуб муҳим арзёбӣ мегардад, ки дар баробари иҷрои вазифаи муҳимми касбии худ дар тафаккур ва андешаи наврасону ҷавонон ҳисси баланди ифтихори ватандорӣ ва моҳияти ҳифзу ҳимояи ватанро ҷой карда тавонад.
Ин аст, ки касби омӯзгорӣ — тарбиятгарӣ дар ҷомеа муҳим буда, нафароне, ки соҳиби ин касб ва рисолат ҳастанд, дар давоми фаъолияти касбии худ бояд пайваста омӯзиш ва такмили касбӣ намоянд, то донишу малака ва маҳорати касбии худро ба талаботи ҷомеа мувофиқ намоянд. Дуруст аст, ки таълим ва тарбияи насли муосир дар замони ҷаҳонишавӣ кори осону саҳл набуда, аз омӯзгор дониши мукаммалу муносибати самимӣ ва таҳаммулпазиронаро тақозо менамояд.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки барои ҳалли масъалаҳои муҳимми рушди инсони донишманду соҳибкасб омӯзгор кӯшиши зиёд ба харҷ диҳад. Таваҷҷуҳ ба рисолат ва касби омӯзгорӣ дар доираи сиёсати хирадмандонаю маорифпарваронаи Сарвари кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ ва ҷиҳати баланд бардоштани нақш, мақом, шаъну шараф ва эътибори омӯзгор тадбирҳои зиёде андешида шуда, дар қонунгузорӣ ва санадҳои танзимкунандаи соҳаи маориф махсус таъкид шудааст.
Дар боби 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф оид ба «Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои раванди таълиму тарбия. Мақоми омӯзгор» ва моддаи 52.1. оид ба «Ҳифзи шаъну шарафи омӯзгор» оварда шудааст: «Шаъну шарафи омӯзгор таҳти муҳофизати давлат қарор дорад». Ҳамзамон, дар моддаи 52.2 гуфта мешавад: «Дахолати ғайриқонунии мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ба фаъолияти омӯзгор манъ аст».
Дар баробари тадбирҳои муҳимми дар қонуни мазкур овардашуда, дар ҷомеаи рӯ ба инкишофи кишвар нисбат ба омӯзгор ва мақоми ӯ тадбирҳои саривақтӣ андешида мешавад.
Воқеан, нақши омӯзгор дар ҷомеа барои тарбияи насли худшиносу худогоҳ, донишманду ватандӯст бесобиқа аст. Чунонки Мавлонои Балхӣ гуфтаанд: «Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд…». Ҳар соҳибкасбу соҳибҳунарро устоде, омӯзгоре ҳаст, ки ӯро ба дараҷаи зарурии касбӣ расонидааст. Бинобар ин, қадри устод, манзалати омӯзгор дар ҳама давру замон баланду соҳибэҳтиром буд, ҳаст ва хоҳад монд.
Барҳақ, Пешвои миллат қайд намудаанд: «Шумо – муҳтарам омӯзгорон, ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки рисолати муқаддаси тарбияи инсон ва ташаккулдиҳии шахсиятро ба дӯш доред, ба фарзандони мардуми Тоҷикистон саводу маърифат, илму дониш ва касбу ҳунар меомӯзонед».
Рушди ҷомеа, пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ аз мутахассисони соҳибкасбу донишманд вобаста аст. Мутахассиси донишманду соҳибкасбу соҳибҳунарро устод, мураббӣ ва омӯзгор омода месозад.
Дар суханронии Пешвои миллат таваҷҷуҳи махсус ба самти таҳсилоти касбӣ равона карда шуда, масъалаи гирифтани маълумоти касбӣ, хусусан, дар зинаи олии таҳсилот, таъкид гардид. Аз ҷумла, хотиррасон карда шуд: «Дар замони соҳибистиқлолӣ зинаи таҳсилоти олии касбии кишвар ҳам аз нигоҳи сифат ва ҳам аз лиҳози шумора куллан дигаргун гардид ва рушду инкишофи бесобиқа пайдо кард».
Таҳсили ҷавонони донишманду забондон дар хориҷи кишвар низ яке аз масъалаҳои муҳим дар шароити муосир маҳсуб меёбад. Аз таҳлилу оморҳо бармеояд, ки зиёда аз 41 ҳазор ҷавонони кишвар дар 40 давлати хориҷи дуру наздик таҳсили илм намуда, соҳибкасб мешаванд. Дастури Пешвои миллат оид ба таъсиси шабакаи телевизионии таълими забонҳои хориҷӣ муҳим арзёбӣ гашта, тавассути дарсҳои телевизионӣ имкони васеи омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар шароити хона ва таълимгоҳҳо ба миён меояд. Ҳамзамон, дарсҳои телевизионии забономӯзӣ дар иҷрои «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» (аз 30. 08. 2019, № 438) мусоидат хоҳад намуд.
А. Мирализода,
доктори илми педагогика, профессор,
Л. Назирӣ,
номзади илми педагогика, дотсент