Соҳаи маориф дар сиёсати давлатӣ дар меҳвар қарор дошта, баҳри рушду пешрафти ҳамаҷонибаи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам тадбирҳои судмандро роҳандозӣ мекунанд. Аз ин ҷост, ки имрӯз соҳаи маориф тадриҷан рушду такомул меёбад ва сатҳу сифати таълим баланд мегардад. Маҳз пешрафти соҳаи маориф ва баланд гардидани сатҳу сифати таълим метавонад кишварро ба марҳалаи нави рушд ворид кунад. Баланд гардидани маърифати аҳли ҷомеа ва тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб ба пешрафти иқтисодиёти миллӣ ва зиндагии шоистаи мардум мусоидат мекунад. Мусаллам аст, ки Пешвои миллат ба аҳли маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа корҳои зиёде анҷом додаанд. Яке аз тадбирҳои судманду манфиатбахши Пешвои миллат иштирок ва суханронӣ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар оғози соли нави хониш мебошад. Дар баробари ин, Сарвари давлат дар ин рӯз чандин муассисаи нави таълимиро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд. Воқеан, ҳар як суханронии Пешвои миллат дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба мо, омӯзгорон, неруи тоза, илҳоми баланд ва ба фаъолияти бавусъати мо такони ҷиддӣ мебахшад. Дар зимн, ҳамчун роҳнамо дар фаъолияти ҳамарӯзаи мо, омӯзгорон, хидмат мекунад, зеро нуктаҳои онро ҳангоми тадрис ба хонандагон шарҳу тавзеҳ медиҳем. Дар суханронии навбатии Пешвои миллат дар Рӯзи дониш (01.09.2024) низ тамоми паҳлуҳои фаъолияти аҳли маориф мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифт. Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки дар суханронии Сарвари давлат ба он диққати махсус дода шуд, вазъи муташанниҷи ҷаҳони муосир маҳсуб меёфт. Пешвои миллат аз хатарнок гардидани авзои ҷаҳон ёдовар гардида, расидан ба қадри сулҳу субот дар кишварро аз муҳимтарин вазифаҳо донистанд. Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ шуд, ки дар натиҷа хисороти зиёде ба ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ворид гардид. Маҳз бо талошу пайкор ва хидматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат сулҳу субот дар мамлакат таъмин гардид ва имрӯз насли наврасу ҷавон дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз ин рӯ, мо-омӯзгоронро зарур аст, ки хонандагонро дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ, расидан ба қадри истиқлол ва сулҳу субот тарбияву ба камол расонем. Ба ин маънӣ, Пешвои миллат бамаврид таъкид карданд: «…танҳо дар сурати барқарор будани сулҳу суботи комил ва оромиву амният ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла, раванди таълиму тарбия ба таври муътадил идома пайдо мекунад. Яъне, амалӣ гардидани ниятҳои неки ҳар як инсон ва нақшаву барномаҳои созандаи давлату ҷомеа фақат дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ имконпазир мебошад».
Масъалаи дигаре, ки дар суханронии Сарвари давлат таъкид гардид, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мебошад. Мусаллам аст, ки имрӯз шароити хуби таълиму тарбия дар мактабҳо фароҳам оварда шудааст ва ҳамасола муассисаҳои нави таълимӣ бо тамоми таҷҳизоти муосир мавриди истифода қарор мегиранд. Дар ин ҷода зарур аст, ки бо истифода аз методу усулҳои муосири таълимӣ шавқу рағбати хонандагонро ба омӯзишу мутолиа бештар намоем. Дар самт, маҳз лаёқату истеъдод ва навоварии омӯзгорон дар раванди таълим метавонад, аз як тараф, шавқу рағбати хонандагонро ба дарсҳо бештар намояд, аз ҷониби дигар, дар омода гардидани мутахассисони варзида дар соҳаҳои хоҷагии халқ мусоидати амиқ кунад. Дар ин миён, нақши омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ бештар мебошад, зеро дар зинаи ибтидоии таҳсилот таҳкурсии омӯзиши ҳама фанҳо гузошта мешавад. Бинобар ин, вазифаву рисолати омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ дар татбиқи ҳадафҳои олии мамлакат муҳим мебошад. Дар ин маврид Сарвари давлат дуруст қайд карданд: «Барои расидан ба ҳадафи беҳтар намудани сифати таҳсилот, дар навбати аввал, баланд бардоштани сатҳи касбияти кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсии мутобиқ ба талаботи меъёрӣ, инчунин, таъминот бо имкониятҳои таълимиву методӣ, аз ҷумла, таҷҳизоти озмоишгоҳӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва мунтазам гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ зарур аст».
Нуктаи дигаре, ки дар суханронии Сарвари давлат мавқеи меҳварӣ дошт, боз ҳам баланд бардоштани мавқеи омӯзгорон дар ҷомеа маҳсуб меёфт. Маълум аст, ки дар замони истиқлол барои баланд бардоштани ҷойгоҳи омӯзгорон аз ҷониби Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тадбирҳои зиёди судманд андешида шуд. Дар замони соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 21 маротиба баланд бардошта шуд ва аз моҳи июли соли равон 40 дарсад зиёд гардидан далели ин гуфтаҳост. Яъне, ҷиҳати баланд бардоштани зиндагии шоиста ва вазъи некуаҳволии омӯзгорон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам тадбирҳо андешида мешавад. Ҳамчунин, қонуну қарор ва санадҳои зиёде таҳияву қабул гардиданд, ки фаъолияти омӯзгоронро ба низом медароранд. Дар баробари ин, онҳо бо заминҳои наздиҳавлигӣ таъмин мегарданд ва аз қарзҳои имтёзнок бархӯрдор мешаванд. Ин ҳама ташаббус ва дастгириҳои Давлат ва Ҳукумат ба он равона гардидааст, ки фаъолияти омӯзгорон бавусъаттар гардад. Дар зимн, Пешвои миллат дар суханронии Рӯзи дониш ба масъулин дастур доданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» таҳия ва қабул гардад, ки гумон мекунам, мавқеи устодону омӯзгоронро дар ҷомеа боз ҳам густардатар мегардонад. Сарвари давлат зикр карданд: «Мехоҳам ба устодону омӯзгорони муҳтарам хотиррасон намоям, ки ба касби интихобкардаи худ завқ дошта бошанд, онро сидқан дӯст доранд, иродаи қавӣ ва сатҳи баланди касбият дошта бошанд ва бо рафтору кирдори неку намунавӣ эҳтироми боз ҳам бештари аҳли ҷомеаро ба даст оваранд». Аз ин рӯ, мо-омӯзгоронро зарур аст, ки суханони ҳикматбори Пешвои миллатро маҳаки асосии фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва ба камол расонидани мутахассисони варзида саъю талоши бештар намоем.
Муҳаббат ЮСУПОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе