Ману ҳамсолонам дар ҳафтсолагӣ бори аввал қадам ба остонаи мактаби деҳаамон гузоштем. Ин мактаб ҳаштсола буд ва бинои алоҳида надошт. Хонандагон дар ҳавлии хусусии яке аз мӯйсафедони деҳа Исрофил Шарифов, ки аз падари сарватмандаш мерос монда буду дар маркази он ҷойгир буд, дарс мехонданд. Бо садои занги аввал марди ношиноси тақрибан 30-35-солае, ки қомати баланд, пайкари нисбатан хароб ва сарулибоси наву ба худаш зебанда дошт, моро қатор карда ба синфхона даровард. Сипас худро муаррифӣ намуд: «Бачаҳои азиз, аз ҳамин рӯз сар карда, ман муаллими шумо ҳастам. Ному насабам Хидирқул Халилов, ман аз деҳаи Урметан. Шумо аз ман натарсед, ҳамаи мо хешу табор ҳастем». Ҳамин тариқ, мо ӯро чун хеши наздики худ тасаввур мекардем. Дарсҳо тибқи муқаррарот пеш мерафтанд. Устоди мо ҳамроҳи се тан омӯзгори дигар — Ш.Абдулҳақов, О.Облоқулов ва Қ.Каримов, ки аз деҳаи Урметан буданд, ҳар саҳар 8 километр роҳро пиёда тай карда, ба деҳаи мо меомаданд.
Устоди мо аз дигарон ба куллӣ фарқ мекард. Ҳар як сухан, ҳар як ҳаракат ва ҳар як нигоҳи ӯ барои мо, кӯдакон, сабақе буд, ки мо ба ӯ пайравӣ мекардем. Ҳусни хати ниҳоят зебое дошт, ки дар тахтаи синф менавишт, зуд-зуд аз дастони ларзони мо гирифта, навиштани ҳарфҳоро ёд медод. Иллату миннат намекард. Фақат таъкид менамуд, ки ҳеҷ гап не, одам то хато накунад, кореро ёд намегирад. Саводомӯзӣ азобҳо дорад. Мақоли зерини мардумӣ доим вирди забонаш буд: «Имрӯз туро дард кунад, фардо туро мард кунад». Минбаъд ин панди устод дар зиндагӣ шиори ҳамешагии мо шуд. Мо агар пешравӣ ба даст меовардем, сарамонро падарона сила мекард, баъзан қаламҳои ранга ва дафтарҳои нав оварда, ба мо туҳфа мекард. То хатми синфҳои ибтидоӣ ҳамдаму ҳамнафаси мо буд ва мо ба ӯ сахт одат карда будем ва аз чунин устод дар мактабу дар кӯча ва хона ифтихор мекардем. Ҳар рӯз ба хона омада, ӯро ба падару модаронамон таърифу тавсиф мекардем. Орзу мекардем, ки мисли ӯ муаллими ширинзабону фариштахӯ ва обрӯманд шавем, дар синфҳои болоӣ ҳам ӯ ба мо дарс диҳад. Аммо устод дар мактаби зодгоҳи худ муаллим шуд.
Чун фасли зимистон фаро мерасид, устодамон бо ҳамроҳонаш рӯзҳои корӣ ба деҳаашон барнамегаштанд, зеро рӯзҳои кӯтоҳу сард ва роҳи дур, ки нақлиёт хеле камчин буд, онҳоро азият медод. Ҳаминро ба ҳисоб гирифта, барои муаллимони мусофир дар шафати мактаб ҳуҷраеро барои зисти муваққатӣ ҷудо карда буданд. Мардуми деҳаи мо муаллимони мусофирро дӯст медоштанд. Бо маслиҳати калонсолон мо, кӯдакон, ҳар бегоҳ аз рӯйи навбате, ки устодон воқиф набуданд, аз хонаҳоямон ба онҳо хӯроки шом мебурдем. Хонандагони синфҳои болоӣ ҳезуми устодонро шикаста, дар бухориашон оташ мегиронданд, аз дарё об оварда медоданд. Ман ҳам орзу мекардам, ки тезтар калон шаваму чунин хизматҳоро дар ҳаққи устод баҷо оварам. Бегоҳе, ки навбати хӯрокбарӣ ба ман мерасид, бароям чун ид фараҳбахш буд.
Падари шодравонам подабон буд, аммо дар ҳаққи устодам қадрдониҳо зоҳир мекард. Баъзан аз кӯҳу пуштаҳо ва резҳои кӯҳсор занбӯруғу чукрӣ ва алафҳои ошӣ ҷамъоварӣ намуда, ба воситаи ман ба устодам мефиристод. Тобистон гоҳ-гоҳ аз ҷангал ҳезумро ба хар бор мекард ва ба ман мефармуд, ки онро ба муаллимхона барам, то ин ки муаллимам ҳезумҳои ҷамъшударо ба мошин бор карда, ба хонааш барад. Аз ин рафтори ҷавонмардонаи падарам хушам меомад ва ӯро бештар дӯст медоштам. Моҳи май падарам подаи худро ба чарогоҳи тобистона мебурд ва маро мефармуд, ки «ба устодат бигӯ, гову гӯсолаашро аз деҳааш бароварда, ба подаи ман ҳамроҳ кунад, ман то тирамоҳ онҳоро бо подаи худ мечаронам». Устодам аввал хиҷолат мекашид, вале ба сидқу ихлоси падарам розӣ шуда, молҳояшро ба чарогоҳ мебаровард. Падарам ҳамин ки подаашро аз чарогоҳи тобистона ба қишлоқ мефаровард, устодам ҳаққи хизматашро дароз мекард, ӯ рад мекард ва мегуфт: «Шумо, муаллимон, ба халқ хизмат мекунед, бояд халқ ҳам ба шумо хизмат кунад». Нақли чунин кирдорҳои падарам далели миннат нест, балки исботи он аст, ки мардуми деҳаи мо дар он айём муаллимонро сидқан дӯст медоштанд. Гули сари сабади ҳама маъракаву нишастҳо муаллимон буданд. Чунин мақоми устодонро дар ҷомеа мушоҳида, карда мо – шогирдонашон ҳама муаллим шудан мехостем. Аз ҳамин сабаб, яку якбора аз байни 18 нафар хатмкардагони синфи 8 соли 1976 мо нуҳ нафар ба омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент дохил шудем.
Сабақҳое, ки аз устоди шодравонам Хидирқул Халилов гирифтаам, дар замирам ҷойгоҳ ва мақоми вижае доранд. Зеро он сабақҳо таҳкурсии ҳама сабақҳои гирифтаи мананд. Онҳо чун нақши рӯйи санг аз хотирам зудуда намешаванд. Агар ман имрӯз ба ҷое расида бошам, ба туфайли заҳмату сахтгириҳо ва меҳрубониҳои падаронаи ӯст. Дареғо, ки устод ҳоло дар қайди ҳаёт нест, вагарна ҳар сол чанд маротиба ба аёдаташ мерафтам. Ягона тасаллои дили ман заҳмату талошҳои ба ҳадар нарафта ва орзуҳои амалишудаи устод аст, ки мо соҳибмаълумот шуда, имрӯз мисли ӯ ба фарзандони халқ сабақ медиҳем. Ҳанӯз рӯҳи устод бо ман аст, ӯро дар паҳлуи худ чун насиҳатгар ва пири раҳнамо тасаввур мекунам, аз рӯҳаш имдод металабам. Чун арзи сипос мо, шогирдон, ба руҳаш дуову фотиҳа мефиристем, зикри хайр мекунем.
Устод ҳанӯз дар қайди ҳаёт буд ва чун арзи сипос дар ҳаққаш ғазале эҷод карда будам, ки бозгӯи муҳаббати шогирдонаи ман ба ӯ ва ӯ барин устодони асилу фарзона аст:
Омӯзгори ман
Сипосатро ба ҷо меорам, эй омӯзгори ман,
Ки ҳастӣ раҳкушою раҳнамо дар рӯзгори ман.
Ту гаштӣ боиси парвози ман дар осмони бахт,
Дар ин майдони санҷиш боиси авҷу барори ман.
Ба ин субҳи саодат то расам, мӯят сафедӣ ёфт,
Нахуфтӣ рӯйи чандин нақша, эй шабзиндадори ман.
Ба боғи маърифат, эй боғбони сабздасти мо,
Ниҳолони фузунро сабз кардӣ дар қатори ман.
Сарамро сила карда дасти ту чун панҷаи хуршед,
Бувад андарзу дастури ту ҷӯю чашмасори ман.
Мукофоти ту бошад эҳтирому сидқи шогирдон,
Аз ин ҷоиза беҳтар нест, эй ҷоизадори ман.
Ба ҳар роҳе равӣ, он раҳ барад бар манзили уммед,
Ба каф хоке, ки гирӣ, зар шавад, эй хоксори ман.
Бихоҳам рӯ ба рӯят оям, эй омӯзгори ман,
Зи дидори ту шояд бишканад як дам хумори ман.
Равшани Ҳамроҳ,
устоди кафедраи забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ