Солҳои шастуми қарни гузашта мактаб-интернати Саричашма яке аз марказҳои овозадори таълиму тарбия дар қаламрави Кӯлоб маҳсуб меёфт. Роҳбари ҳамонвақтаи мактаб, устоди зиндаёд Самад Фаттоев дар парваришгоҳ беҳтарин муаллимонро гирд оварда буд ва таълимгоҳ дорои утоқҳои хуби таълимӣ ва китобхона буд. Ана ҳамон давра Аламхони ҷавон аввалин маротиба аз китобхона асарҳои устод Айниро гирифта мутолиа намуд.
Баробари дигар асарҳои оламшумули устоди наср Аламхон шефтаю шайдои қиссаи дилангези «Одина» гардид. Ӯ, ки худ ҳаёти бекасию нодорӣ ва танҳоиро дида буд, қиссаро қариб пурра азёд кард. Гоҳ-гоҳе пораҳои алоҳидаи асарро зери лаб такрор намуда, аз сарнавишти Одинаи ноком дарун-дарун месӯхт ва боз китобҳоеро гирифта бо худ ба хобгоҳаш мебурд, таги болишташ монда хоб мерафт ва вақте ки хобаш намебурд, оҳиста ба долон баромада, дар равшании чароғ мутолиаро давом медод…
Аламхон Кӯчарзода мактаб-интернатро бо баҳои аъло хатм карда, соли 1964 ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуд. Солҳои донишҷӯӣ аз Абдулғанӣ Мирзоев, Шарифҷон Ҳусейзода, Соҳиб Табаров, Воҳид Асрорӣ, Додоҷон Тоҷиев барин устодони нексиришт сабақ омӯхта, баъдҳо дар курсҳои болоӣ, ба илмҳои адабиётшиносӣ, таҳқиқу пажуҳиш рӯй овард.
Ба Аламхони ҷавон нақди матн ва масоили матншиносӣ писанд афтод. Аз мутолиаи адабиёти илмӣ дарёфт, ки матншиносии тоҷик дар самти таҳқиқу таҳия ва чопи интиқодии асарҳои классикӣ пешрафти назаррас дорад, вале матншиносии адабиёти муосир муҳтоҷи омӯзиши ҷиддӣ аст ва дар ин самт боз корҳои бисёреро анҷом додан мебояд.
Ӯ ин андешаҳояшро ба устоди азизаш, олими барҷастаи тоҷик, Соҳиб Табаров баён кард. Устод Табаров, ки аз рӯзҳои нахустини донишҷӯӣ аз истеъдоду масъулиятшиносии ин шогирдаш огоҳӣ дошт, хурсанд шуд ва табассумкунон афзуд: Аламхон, медонистам, ки дилдодаи илму ташнаи дониш ҳастӣ, акнун фурсати он расидааст, ки ҷиддӣ ба илм рӯй биёрӣ.
Аламхон бо камоли ихлосу меҳр ба устодаш ташаккур гуфт.
Устод Табаров рамузгирона ба шогирдаш нигоҳ карду баъд чизе ба хотираш расид, ки афзуд: -Аламхон, медонам, ки ошиқи осори безаволи устод Айнӣ ҳастӣ. Оид ба осори устод тадқиқот бисёр аст, вале ба нақди матни эҷодиёти нависанда ҳанӯз касе даст назадааст. Чи мешуд, ки мавзуи минбаъдаи кори илмиатро аз эҷодиёти аллома, аниқтараш аз нақди матни нахустин қиссаи адабиёти советии тоҷик — «Одина» интихоб намоӣ?
Аламхон аз ин пешниҳоди ногаҳонии устодаш аввал дасту по гум кард ва баъд хурсанд шуд, ки устод маҳз ҳамин мавзуъро ба ӯ пешниҳод кард. Охир, худи устод низ перомуни романи «Ғуломон»-и Садриддин Айнӣ рисолаи номзадӣ ҳимоя намудаанд.
Аламхон Кӯчарзода, баъди хатми донишгоҳ (с. 1969), дар факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб фаъолият дошт ва солҳои 1972-1976 чун аспиранти ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, олими маъруф Соҳиб Табаров перомуни мавзуи «Масъалаҳои матншиносии повести «Одина»-и С.Айнӣ» тадқиқоти илмӣ мебурд.
Аламхон Кӯчарзода аввалин маротиба ба масъалаҳои таърихи эҷоди повести «Одина», нусхаҳои замони дар қайди ҳаёт будан ва баъди сари адиб ба табъ расида, тағйирот дар мундариҷа, хатти сужет ва забону услуби матнҳои чопии асар тадқиқот бурда, роҳҳои ба вуҷуд овардани матни илмии повести мазкурро ба миён овард.
А. Кӯчарзода соли 1978 рисолаи илмиашро бомуваффақият ҳимоя намуд, ки он соли 1982 дар шакли китоби алоҳида бо номи «Тадқиқи текстологии «Одина»-и Садриддин Айнӣ» ба табъ расид. Ин рисолаи олими ҷавон бо масъалагузорӣ, муҳокимаҳои илмӣ нахустин тадқиқотест, ки дар асоси омӯзиши ҷиддии матншиносии адабиёти давраи нав ба вуҷуд омадааст.
Устод Кӯчарзода солҳои 80-уми қарни гузашта роҳбарии маҳфили адабии «Адибони ҷавон»-и Донишкадаи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро ба уҳда дошт.
Он солҳо устод Кӯчарзода ба мо аз таърихи адабиёт ва мадхали адабиётшиносӣ сабақ медоданд. Ҳамин ки устод дохили синфхона мешуданд, гӯшу ҳуши мо, донишҷӯён, банди андешаҳои муаллим мегашт. Хаёлам гӯё ҳоло ҳам суханони устод дар синфхона садо медиҳанд. Ӯ ҷузвдонашро ба рӯи миз гузошта, сипас ба донишҷӯён муроҷиат менамуд. Суханаш одӣ набуд, балки бо шеър дарсро шурӯъ намуда, боз бо шеър онро ҷамъбаст менамуд.
Боре дами саҳарӣ устод шумораи нави рӯзномаи вилоятии «Роҳи Ленинӣ» дар даст ғайричашдошт ба бинои хобгоҳи донишҷӯён омад. Мо бачаҳо дарҳол ба наздаш ҷамъ шудем. Устод баъди аҳволпурсӣ гуфт: ҳа, бачаи мулло Одина, ҳикояат чоп шудааст, муборак бошад! Шарикдарсон ҷониби ман бо ҳасад нигоҳ карданд. Устод рӯзномаро ба ман дароз карда, афзуд: Мавзуи хуб ёфтаӣ, дар табиат аз ҳама беозору бесарпаноҳ ҳамин ҷонварону парандагонанд. Ин мавзуъро давом деҳ, бештар асарҳои тамсилии адабиёти классикиро омӯз!
Айёми донишҷӯӣ ва баъдтар солҳое, ки дар рӯзномаи вилоятии собиқ вилояти Кӯлоб фаъолият доштам, доим навиштаҳои худро ба устод Кӯчарзода нишон дода, маслиҳат мегирифтам. Устод то ҳол ба ҳикояҳои банда, ки ба мавзуи табиат, муҳити зист ва ҳифзи ҳайвонот бахшида шудаанд, таваҷҷуҳ дорад ва мисли айёми донишҷӯӣ ҳар сари чанд вақт занг мезанад, ки фалон ҳикояи бандаро мутолиа намудааст ва аз ҳусну қубҳи он бо дилсӯзӣ сухан мегӯяд.
Устод Кӯчарзода солҳои аввали Истиқлолият, ки айёми басо мушкиле буд, дар Донишкадаи шаҳри Кӯлоб дарс гуфта, ҳамзамон, сармуҳарририи рӯзномаи умумидонишгоҳии «Анвори дониш»-ро ба уҳда дошт.
Аламхон Кӯчарзода пайваста перомуни нақди матни осори бадеии устод Айнӣ меандешид. Ӯ, ки ҳанӯз аз айёми бачагӣ ошиқу дилдодаи осори Айнӣ буд, вазъи таҳия ва чопи илмӣ-интиқодии эҷодиёти адиб ӯро қаноатманд намекард. Медонист, ки то ин дам танҳо нашри илмӣ-интиқодии панҷ асари устод Айнӣ: «Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам», «Одина», «Таҳзиб-ус-сибён», «Тартил-ул-Қуръон» ва «Зарурийяти динийя» анҷом дода шудаасту халос.
Аз ҷониби дигар, устод Кӯчарзода ҳангоми пажуҳишҳои чандинсола ба хулосае омад, ки дар дарки асари адиб матни саҳеҳ нақши асосӣ дорад. Агар матн комил ва пурра бошад, оммаи хонандагон низ онро бозавқ мутолиа мекунанд. Пас таърихи матнҳои осори Айниро идома додан зарур аст. Муҳаққиқи борикбин минбаъд ҳамин паҳлӯҳои эҷодиёти адибро омӯхта, ба қавле мӯйро аз хамир ҷудо мекунад.
Устод Кӯчарзода моҳи июни соли 1997 дар Шурои диссертатсионии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Мавқеи нақди матн дар адабиётшиносии тоҷик ва масъалаҳои матншиносии насри Садриддин Айнӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намуд. Мушовири илмии унвонҷӯ, академики зиндаёд Муҳаммадҷони Шакурӣ дар тақризи худ ба заҳматҳои Аламхон Кӯчарзода баҳои сазовор дода, аз ҷумла, ёдовар шудаанд, ки: «Барҳақ Аламхон Кӯчарзода яке аз матншиносони заҳматкаши тоҷик мебошад. Ӯ солиёни зиёд ба тадқиқи матншиносии осори устод Айнӣ машғул шуда, натиҷаҳои хуб ба даст овардааст. Ва тадқиқоти вай лоиқи ситоишу дастгирӣ аст».
Худи ҳамон сол ӯро барои кор ба кафедраи назария ва адабиёти навини форсӣ-тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даъват намуданд ва табиист, ки дар маркази ҷумҳуриямон-шаҳри Душанбе фаъолияти илмӣ ва омӯзгории А.Кӯчарзода боз ҳам густариш ёфт. Ӯ дар китобҳои «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик», «Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии насри С.Айнӣ» ва «Нақди матни осори С.Айнӣ» (Дарси махсус барои факултаҳои филологии мактабҳои олӣ) назария ва амалияи матншиносии адабиёти давраи нави тоҷикро дар мисоли насри пурбаракати устод Айнӣ ба таҳлилу тадқиқ гирифта, бо ҳамин масъалаи ба вуҷуд овардани куллиёти илмии сардафтари адабиёти давраи нави тоҷикро ба миён гузошт. Ҳамчунин, оид ба нақди матни осори устодон Лоҳутӣ, Турсунзода, Муъмин Каноат, Саттор Турсун низ тадқиқот бурда, асос ва таҳкурсии илмҳои суханшиносӣ будани матншиносиро собит намуд.
Фаъолияти илмӣ-адабии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, устод Кӯчарзода танҳо ба соҳаи матншиносӣ маҳдуд нест. Ӯ ба муҳимтарин масоили адабиётшиносӣ даст зада, бисёр китобу асарҳои бадеӣ ва илмиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст. Профессор Кӯчарзода миёни устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ маҳбубияти хосае дорад.
Соли 2001 масъалаи интихоби мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсӣ-тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллӣ ба миён омада буд. Ва ба ин вазифаи масъул номзадии Аламхон Кӯчарзода пешниҳод гардид. Ҳарчанд худи устод ба ин таклиф розӣ набуд, бо тариқи овоздиҳии пинҳонӣ Шурои олимони факултети донишгоҳ ӯро мудир интихоб намуданд.
Устод Кӯчарзода дар ин вазифа ҳам намунаи баланди одамгарӣ ва роҳбарӣ нишон дода, дар ин давра як силсила мақолаҳои калони илмӣ-адабӣ таълиф намудааст. Аз нашри нахустин мақолаи муаллим, ки 12 сентябри соли 1970 дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Кӯлоб» аз чоп баромад, зиёда аз 50 сол сипарӣ шудааст. Дар ин муддат устод Кӯчарзода ба соҳаи дӯстдоштааш айнишиносӣ ва матншиносӣ содиқ монда, боз китобҳои «Турсунзода: маҳорат ва садоқат» (Душанбе, 2011), «Таҳрири адабӣ ва фаъолияти муҳарририи С.Айнӣ» (Душанбе, 2013), «Муҳаққиқи соҳибмактаб» (Душанбе, 2014), «Аз фаъолияти муҳарририи устод Айнӣ» (Душанбе, 2015)-ро ба табъ расонид.
Устод Кӯчарзода лаҳзае фориғ аз заҳмату талошу худафрӯзӣ нест. Ӯ баробари ҳаёт қадам мезанад, дар бораи бурду бохти адабиёти муосир пайваста асарҳои илмӣ ва тақризу мақола ва асарҳои публитсистӣ менависад. Нақди вай дар атрофи эҷоду ҳунари устодон Муъмин Қаноат, Мирсаид Миршакар, Абдусалом Деҳотӣ, Ашӯр Сафар, Қутбӣ Киром, Ширин Бунёд, Алимуҳаммад Муродӣ, Сомеъ Одиназода барои фаҳмидани осори ин адибон кумак мекунад.
Соли 2010 аз тариқи нашриёти «Адиб» қиссаи «Марги судхӯр»-и устод Айнӣ бо кӯшишу эҳтимоми муаллим Кӯчарзода аз чоп баромадааст. Қиссаи «Марги судхӯр» аз ҷониби суханшиносони ватанию хориҷӣ чун қуллаи баландтарини ҳаҷви бадеӣ дар адабиёти давраи нави тоҷик эътироф шудааст. Ба гуфти адабиётшиноси маъруфи чех Иржи Бечка «Садриддин Айнӣ дар «Марги судхӯр» дар тасвири олами руҳии судхӯрон ба комёбиҳои калон ноил гардид».
Ҳамчунин, дар қисмати «Иловаҳо» мақолаи худи таҳиягар — «Таърихи матни қиссаи «Марги судхӯр» зам шудааст. А.Кӯчарзода тамоми матнҳои қиссаро омӯхта, таҳрироти пайдарпайи муаллифро ошкор намудааст. Омӯзиши ҷиддии бойгонии нависанда, қиёс намудани кулли дастхатҳову матнҳои чопии қисса ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ дар сатҳи баланд анҷом ёфтааст.
Устод Аламхон Кӯчарзода дар таҳияи китобу дастурҳои таълимӣ барои макотиби миёна ва олӣ низ саҳми назаррас гузоштааст. Китоби дарсии «Адабиёти тоҷик барои синфи 11» (бо ҳаммуаллифии Х. Асозода), барномаи таълимии матншиносӣ барои донишҷӯёни факултетҳои филологӣ ва як қатор дастурҳои таълимӣ ба қалами вай тааллуқ доранд. Устод ба ҷодаи илм ҳидоят кардани шогирдони хушзеҳну заҳматкашро аз вазифаҳои ҷонии худ медонад ва ҳоло зери роҳбарии ӯ нуҳ нафар аз Тоҷикистон ва Эрон рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуда, дар ҷодаи илм фаъолият доранд.
Устод Кӯчарзода табъи нозуки шеъргӯӣ низ дорад. Ӯ ҳанӯз аз айёми мактабхонӣ ва донишҷӯйӣ шеър мегуфт, аммо барои табъу нашри онҳо кӯшиш намекард. Танҳо соли 2012 маҷмуаи алоҳидаи вай бо номи «100 рубоӣ» аз чоп баромад.
Маҷид Салим,
адиб, Корманди шоистаи Тоҷикистон