Чӣ хушбахтам, ки ман омӯзгорам

     Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии меҳри худро бедареғ ба фарзандони халқ медиҳад ва худро хушбахт меҳисобад.
     Эмомалӣ Раҳмон

Бузургтарин неъмате, ки дар дунё арзи ҳастӣ мекунад, илму дониш ва фарҳангу маърифат аст. Омӯзгорӣ рисолати наҷибтарин дар рӯйи замин аст. Омӯзгор барои фарзандони халқ самимона ғамхорӣ мекунад, ба ивазаш чизе талаб намекунад. Ӯ бо покии андеша ва саховатмандии нафс аз дигар қишри ҷомеа фарқ мекунад.
Боиси сарфарозист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромади худ оид ба рисолати омӯзгор ва мақоми ӯ дар ҷомеа сухан меронанд.
Саҳифаҳои айёми кӯдакиамро варақ мезанам…
Дар кӯдакӣ бо хоҳаронам бозӣ мекардам, ҳамеша вазифаи муаллимиро иҷро мекардам, дарс медодам, дафтарҳоро месанҷидам, баҳо мегузоштам.
Аз хурдӣ касби омӯзгорӣ ба ман наздик буд. Маҳз бобоям, модарам ва падарам ба ман намунаи ибрат буданд, ки ба кори омӯзгорӣ шавқ пайдо намоям. Касби муаллимӣ то андозае ба санъаткор монанд аст: ӯ дар назди хонандагон баромад карда, онҳоро бо донишҳои нав мафтун мекунад. Муаллим бояд ба дили хар як талаба роҳ ёбад ва ба он муваффақ шавад, ки дар дарс тамоми синф иштирок намоянд. Вазифаи асосии муаллим аз он иборат аст, ки ба кӯдакон фикр карданро омӯзонад.
Дар зери боли ин гуна муаллимон истеъдодҳои асил ба камол мерасанд ва аксар вақт дар давоми умри минбаъдаи худ шогирдон бо онҳое, ки барои шахсият шуданашон, кашфи қобилиятҳояшон кумак кардаанд, аҷр мегузоранд.
Мехоҳам, дар бораи хонаводаамон, ки ин касб авлодӣ гардидааст, сухан ронам. Мо, ҳама кӯдаконро хеле дӯст медоштем ва дӯст медорем, донишу маҳорати худро ба онҳо меомӯхтем ва меомӯзем.
Нахустин омӯзгор дар хонаводаи мо бобоям – Юсуфҷон Ғаниев буданд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳанӯз ҳангоми дар синфи 9 таҳсил карданашон дар мактаби №15-и шаҳри Хуҷанд ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик ба фаъолият оғоз намудаанд.
Меҳру муҳаббат ба пешаи омӯзгорӣ бобоямро водор кард, ки ба Институти педагогии ба номи Кирови шаҳри Ленинобод (Хуҷанди ҳозира) дохил шаванд. Бобоям аз муаллими одӣ то вазифаи ҷонишини директор оид ба таълим ва директори мактаб роҳи пурпечутобро тай кардаанд, вале бузургтарин дастоварди зиндагиашон панҷ фарзанд, ду арӯс, домод ва понздаҳ набераанд, ки идомабахши роҳи тайкардаи он кас мебошанд.
Дар хотир дорам, ки ҳар шаб, вақте ки ҳангоми хӯроки шом аҳли оила ҷамъ мешудем, омӯзгорони хонаводаи мо доир ба фаъолияти ҳамонрӯзаашон бо шавқу ҳавас суҳбат мекарданд ва маслиҳати якдигарро мегирифтанд. Ман, ки бештар дар тарбияи бобою бибиям будам, нақлҳои бобоямро бобати мактабу маориф бо шавқ гӯш мекардам ва то ҳол дар хотир дорам. Бобоям мегуфтанд, ки омӯзгор бояд фидоии касби худ бошад, бачагонро дӯст дорад ва нисбат ба онҳо мисли фарзандони худ муносибат намояд. Дониши хуб дошта бошад, зеро ояндаи ҷомеа аз ӯ вобаста аст. Ҳамчунин, ба мо-наберагон насиҳат карда мегуфтанд: «Илматро ҳеҷ гоҳ нафурӯш». Баъд фаҳмидам, ки ин чӣ маъно доштааст. Бобоям ҳар гоҳ барои тасдиқи фикрашон аз осори Носири Хусрав, Абду­раҳ­мони Ҷомӣ, Унсурулмаолии Кайковус мисолҳо меоварданд.
Шахсияти дигаре, ки боиси пешаи омӯзго­риро интихоб кардани ман гардидаанд ва боиси ифтихори шогирдонанд, устодам-омӯзгори фанни математика Биволида Ҳалимова мебошанд. Он кас муаллими беҳтарин, донандаи касби худ, инсони асил ва шахсияти нотакрор ба шумор мерафтанд. Дарсҳои муаллима ниҳоят шавқовар буданд. Аллакай ҳамон вақтҳо муаллима бо усулҳои фаъоли таълим дарс мегузаштанд. Ҳанӯз дар хотир дорам, ки муаллима моро ба гурӯҳҳо ҷудо мекарданд (он вақт бо тарзи дигар-бригадаи 1, 2, 3, 4 мегуфтанд). Ба ҳар кадом «бригада» супоришҳои алоҳида дода мешуд. Ҳалимова аз нахустин омӯзгоронанд, ки ҳанӯз солҳои 90-ум дар мактаб синферо бо равияи математикӣ ташкил намуда буданд. Ҳини корҳои санҷишӣ гирифтан ба ҳар яки мо варақаҳо бо супоришҳои алоҳида дода мешуд, ки худи он кас тартиб медоданд. Муаллима дар дарсҳо суханҳои нав ва махсусан, ҷолиб мегуфтанд. Муҳокимарониҳои донишмандона мекарданд. Вобаста ба мавзуъ мисолҳои ҷолиби таваҷҷуҳ меоварданд. Дили шогирдони ташнаи донишро тасхир менамуданд. Кӯшиш мекарданд, моҳияти мавзуъ бо заҳматҳои асиле, ки мекашанд, ба хонандагон равшану фаҳмо гардад. Психологияи шогирдонро хуб медонис­танд. Ва аз ин мушоҳида ва хулосаҳои омӯзандаи худ муваффақона истифода менамуданд. Мехос­танд, мо, толибилмон, соҳиб­маърифат, мус­тақил, ҷӯянда, навовар, нотарс ва мубориз бошем.
Мо, бачаҳои давр, ба зоҳир ва рафтору кирдори муаллимамон нигариста, суханонашонро гӯш карда, ба он кас эътиқод доштем. Аз омӯзгори худ ифтихор мекардем. Кӯшиш мекардем, ки пайравашон бошем.
Ҳамчун роҳбари синф саҳми муаллима дар тарбияи мо-шогирдон басо бузург аст. Он кас ҳамеша такъкид мекарданд: инсон бояд ақидаи шахсии худро дошта бошад. Хислати бадтарин ин бетарафӣ аст. Шахси аълохон на танҳо дар дониш, балки дар ҳаёт ҳам аълохон мешавад. Ҳатто назди оташдонаш бояд аъло, яъне, тозаю озода бошад.
Акнун, мехоҳам каме дар бораи волидонам суҳбат кунам.
Падарам Шарифҷон Юсуфов ва модарам Адолат Юсуфова ҳарду риёзидон ҳастанд. Ҳанӯз хонандаи синфи ибтидоӣ будам, ба ман лозим меомад, пас аз дарсҳо дар дарсҳои падарам нишинам. Сукут дар дарсҳои ӯ ва нигоҳи бодиққати шогирдонашонро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Онҳо бо ваҷд ҳар як ҳарфи муаллимро ба худ мегирифтанд ва пас аз садои занг падарам ӯро иҳота карда, савол медоданд, ки он вақт ба назарам танҳо падарам ҷавоб дода метавонистанд.
Ба кори дӯстдоштаи худ бахшидани тамоми қувва, неру ва вақт барои ман ҳамеша намунаи ибрат ва шоёни таҳсин буд. Шогирдонаш борҳо ғолиби олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ гардида буданд. Бисёрашон омӯзгори фанни математика гардидаанд. Падарам рисолати хешро софдилона, эҷодкорона, фидокорона адо намудаанд, ки боиси ифтихори мо-фарзандонанд.
Модарам Адолат Юсуфова. Ӯ Аълочии маорифи Ҷумҳурии Точикистон мебошанд. Зиёда аз 47 сол боз дар мактаб аз фанни математика дарс медиҳанд. Дар гимназияи №2-и ноҳияи Б. Ғафуров кор мекунанд. Шогирдонашон онро хеле дӯст медоранд ва эҳтиром мекунанд. Имрӯз ҳам дар хона собиқ шогирдонашонро зуд-зуд вохӯрдан мумкин аст.
Дар хонаи мо «шурои омӯзгории хонагӣ» зуд-зуд барпо мегардид ва аз хурдсолӣ борҳо шоҳиди он гаштаам, ки чӣ тавр омӯзгорони хонаводаи мо баҳсҳои гарму ҷӯшон доштанд. Дар хотир дорам модарамро, ки субҳидам дар болои нақшаи дарс ё дафтарҳои хонандагон чӣ тавр хобида буданд. Бо вуҷуди душвориҳо, ман ҳамеша мехостам мисли модарам бошам.
Ниҳоят, соли 1998 факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм кардам. Фаъолияти меҳнатиамро дар гимназияи «Санам» ба ҳайси муаллими забон ва адабиёти тоҷик оғоз намудам. Солҳои 2003-2022 дар литсейи физикӣ- математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд фаъолиятамро идома дода, шогирдони зиёдеро тарбия намудам. Айни замон омӯзгори забони давлатӣ мебошам. Шогирдонам ҳамасола дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Ман аз касби худ ифтихор дорам. Меболам аз он ки ба фарзандони халқ таълим медиҳам ва рисолати худро баҳри таълиму тарбияи шогирдонам иҷро менамоям.
Мактаб хонаи дуюми ман аст, зеро дар он маро истиқбол мегиранд, дӯст медоранд, қадр мекунанд, ба он ҷо бо ғояҳои нав ва табъи болида мешитобам. Тамоми қувва, меҳру муҳаббат ва дониши худро барои шогирдонам мебахшам. Ба қавли шоир:
Чӣ хушбахтам, ки ман омӯзгорам,
Ба ҷон дар хизмати халқу диёрам.
Шавад шогирди ман фардои миллат,
Дар ин дунё дигар ормон надорам!

Муяссара ЮСУФОВА,
омӯзгор, шаҳри Хуҷанд