ОҒОЗИ ТАЪРИХИ НАВИНИ ТОҶИКОН

     Истиқлолият барои миллати тоҷик яке аз арзишҳои муқаддасу сарнавиштсоз бу­да, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақ­вияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд ва дар зарфи cиву се сол дар ҷодаи расидан ба ҳадаф­ҳои стратегии кишварамон ба дастовардҳои бесо­биқа ноил гардидаанд. Зеро ин ҳадафҳои стратегии миллӣ заминаҳои бунёдии рушди устувору босуботи кишвар ва шарти муҳимтарини болоравии сат­ҳи некуаҳволии сокинони ҷум­ҳурӣ ба шумор мераванд.
     Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар ибтидои истиқлолият бо талошу заҳматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имтиҳони сангини таърих сарбаландона гузашта, ба шукронаи соҳибих­тиё­риву соҳибдавлатӣ ва бо заҳмати содиқона сарзамини аҷдодии худро соҳибӣ карданд ва онро хеле ободу пешрафта гардониданд.
     Ҳоло давлати озоду соҳиб­ихтиёри мо дар арсаи байнал­милалӣ соҳиби мақому манзалати шоиста буда, ҷа­ҳониён иқдому ташаббусҳои сулҳҷӯё­наву созандаи онро ҳамаҷониба даст­гирӣ мекунанд. Хусусан, ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳалли мушкилоти вобаста ба об пайваста ҷониб­дорӣ мегарданд. Махсусан, қабули ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон дар масъалаи ҳалли мушкилоти оби ошоми­данӣ дар ҷаҳони имрӯза боиси сарфарозии ҳар як сокини мамлакат мебошад.
     Таъсиси корхонаву кор­гоҳҳои са­ноатӣ, бунёди муас­сисаҳои иҷтимоӣ, марказҳои варзишӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо ва инфрасохтори хиз­матрасонӣ боиси рушди босуръати пойтахти маҳбубамон гардида истодаанд. Бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир бунёд гардидани иншооту биноҳо, боғу гулгаштҳои замонавӣ ва таҷ­диду азнавсозии хиёбону кӯ­чаҳо ба шаҳри Душанбе ҳусни тоза бахшидааст. Истиқло­лият дар баробари ин, ки омолу орзуи деринаи халқи мост, инчунин, лаҳзаи андеша ва таҳлили масъулияти ҳар фарди сарзамини аҷдодӣ барои расидан ба қадри гузашта ва кору фаъолияти созанда барои имрӯзу ояндаи Ватани маҳ­бубамон мебошад.
     Ҳамин ҳисси баланди масъулият дар назди гузашта ва имрӯзу ояндаи Ватан ва миллат ҳар яки моро водор месозад, ки ба хотири ободиву оромии кишвари азизамон бо тамоми ҳастӣ талош варзем, содиқонаву аҳлона заҳ­мат кашем, дар ҳифзи манфи­атҳои милливу давлатиамон доим зираку ҳушёр бошем, то қарзи худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон ба таври сазовор иҷро намоем.
     Маҳз ҳамин сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар буд, ки мо дар зарфи беш аз се даҳсолаи гузашта ба як силсила дастовардҳои бунёдие ноил гардидем, ки сарнавишти минбаъдаи давлати соҳибис­тиқлоламон ба онҳо вобастагии мустақим дорад. Муҳим­тарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон мебошад. Зеро тавре ки Пешвои миллат, муҳ­тарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрони­ҳояшон қайд намуданд:
     «Бе доштани давлати озод орзу ва омоли таърихии миллат ва ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медод. Аз ин рӯ, агар дар он тӯфоне, ки бадхоҳони миллати тоҷик дар сари роҳи кишвари тозаис­тиқлоли мо эҷод карда буданд, давлат аз байн мерафт ва миллат пароканда мегардид, наслҳои оянда моро ҳаргиз намебахшиданд».
     Дар қадамҳои баъдӣ во­баста ба мустаҳкамнамоии соҳибихтиёрии киш­вар, Ҳу­кумати мамлакати мо тамоми талошро ба харҷ дод, то ки сох­тори мукаммали идора­кунӣ, Ҳуку­мати муосир, парламенти касбӣ, Артиши мил­лӣ, ниҳодҳои босалоҳияти низомиву амниятӣ ва дигар рукнҳои зарурии давлатдории худро тибқи меъёрҳои замони нав бунёд намояд.
     Қадами бисёр устувори дигар дар бунёди давлати муосири тоҷикон интихоби дурусти сохти давлатдорӣ буд. Дар асоси воқеияти таърихиву сиёсии гузаштаву муосир ва бо дарназардошти ман­фиатҳои имрӯзу ояндаи милливу давлатӣ, халқи Тоҷи­кистон бо майлу иродаи худ ва бо изҳори раъйи озодона сохти давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб намуд, ки акнун он ҳамчун иродаи қатъии мардуми кишвар дар моддаи аввали Конститутсияи мо барои ҳамеша сабт гаштааст.
     Ҳоло Тоҷикистон дар роҳи бунёди ин низоми давлатдорӣ бо сиёсати оқилонаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувор гузошта истодааст. Таҷрибаи ҳосил­шуда ва таҳаввулоте, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир мегузарад, бори дигар собит месозад, ки интихоби давлатдории дунявӣ интихоби дурус­ту дурбинонаи Пешвои миллат буда, имрӯз худи ҳамин ғоя ба яке аз заминаҳои асосии ҳаёти осоиштаи ҷомеа табдил ёфтааст.
     Дар даврони соҳибистиқ­лолӣ ба Ҳукумати мамлакат муяссар гардид, ки бо бунёди роҳу нақбҳо, неругоҳу хатҳои интиқоли барқ ва садҳо корхонаи саноатӣ зерсохтори асосии коммуникатсионӣ ва энергетикиву саноатии кишварро эҳё намуда, Тоҷикис­тонро ба як қаламрави воҳид табдил диҳад.
Дар баробари ин ҳама, муяссар гардид, ки бо пуштибониву дастгирии самимонаи мардуми шарифи кишвар аз сиёсати пешгирифта Ҳуку­мати мамлакат, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар барқарор ва барои зиндагии осудаи халқамон шароити мусоид фароҳам гардад.
     Ҳоло дар вазъияти ошуфтаву бесуботи ҷаҳони муосир ва зиндагии фоҷеабори баъзе халқу миллатҳо ҳар як шаҳрванди огоҳи Тоҷикистон бо камоли шукргузорӣ дарк мекунад, ки аз баракати сулҳу субот мо ба чӣ неъмати бузурге даст ёфтаем. Шиддатёбии бархӯрди манфиатҳои геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ, тамоюли дубора ба қутбҳои сиёсиву низомӣ ҷудо намудани олам, паҳншавии тафаккури харобиовари ифротгароӣ, қув­ватгирии фаъолияти ҳа­ракатҳои экстремистиву тер­рористӣ ва монанди инҳо суботу амнияти давлатҳои ҷа­ҳонро, дар маҷмуъ, ба таҳдиди ҷиддӣ рӯ ба рӯ намудааст.
     Бинобар ин, бо зикри дастовардҳои бунёдии даврони истиқлолият мехос­тем бори дигар ин нуктаро таъкид намоем, ки ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои муосир, пеш аз ҳама, ба ҳамин арзиш­ҳои усулӣ ва ҳаётӣ таҳдид менамоянд.
     Бо дарназардошти тамоми ҳоди­саҳои ҷаҳони имрӯза мо — миллати тоҷикро зарур аст, то ки якдилона сиёсати имрӯ­заи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун меҳвари рушду пешрафти худ қарор дода, пайваста барои рушди Тоҷи­кистони соҳиб­истиқлол талош намоем.

Алишер РАҲИМЗОДА,
директори Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви АМИТ,
Н. НАЗРУЛЛОЕВ,
О. КАРИМОВ,
кормандони Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви АМИТ