(Мусоҳиба бо директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо М. Ғафорзода)
– Нахуст мехостем, доир ба фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо маълумот медодед. Яъне, аз фарқ ба 5 ё 10 соли пеш чӣ тафовуте дар самти дарёфти истеъдодҳо аз ҷониби марказ дида мешавад?
– Маориф ҳамчун бахши калидии сиёсати Ҳукумати кишвар зери таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Барои татбиқи ҳадафҳои олии Ҳукумати кишвар дар ин самт тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, №353 ва «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо таъсис ёфта, фаъолияти худро дар самти дарёфти хонандагони соҳибистеъдоду болаёқат, рушди малакаҳои зеҳнӣ, ҷалб намудан ва бедор кардани майлу рағбати хонандагон ба донишомӯзӣ, беҳинсозии фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва эҷодии хонандагон ба роҳ мондаанд.
Пас аз таъсиси Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо 72 адад маркази ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ ба фаъолияти худ шуруъ карданд. Барои фароҳам овардани шароити мусоиди моддӣ-техникӣ ва илмӣ-методӣ «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» қабул гардидааст, ки дурнамои такмили низоми дарёфт ва рушди истеъдодҳоро муайян мекунад. Тибқи муқаррароти ин Барнома, то анҷоми соли 2025 ҳамаи марказҳо бояд бо бинои алоҳидаи дорои шароити хуби таълимию тарбиявӣ, мустақилияти молиявӣ, воҳидҳои кории омӯзгорӣ, технологияи муосир ва маводи методӣ пурра таъмин карда шаванд.
Бо мақсади ба сатҳи нав баровардани фаъолияти марказ, ҳадафгузории дуруст ва таъмини фаъолияти пурсамар аз 18.10.2023, №1338 Оинномаи нав тасдиқ гардидааст, ки дар он сохтори марказ таҷдид шуда, ду шуъбаи нав: шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ бо мақсади ба роҳ мондани робитаи пайваста бо кумитаҳои тадорукотии олимпиадаҳо ва шуъбаи таҳлилӣ-иттилоотӣ бо ҳадафи гузаронидани таҳлил, муайянсозии дурнамо ва инъикоси пурраи фаъолият таъсис дода шудаанд. Ҳамон гуна ки аз фаъолияти ин шуъбаҳо бармеояд, онҳо халои дар сохтор мавҷудбударо пурра намуда, аллакай робита бо кумитаи тадорукотӣ беҳтар шуда, таҳлили раванди фаъолият ва инъикоси хабару гузоришҳои марказ пуррангтар гардидааст.
Ба фарқ аз солҳои гузашта принсипи олимпиадаҳо аз рақобат ба инфиродӣ табдил дода шудааст. Хонанда дар муқобили худ на ҳариф ё рақиб, балки хонандаи ҳамсатҳи худро мебинад, ки ҳардуяшон бо гирифтани холи мувофиқ соҳиби ҷой мегарданд. Яъне, агар 10 нафар иштирокдор бошад, пас ҳамаашон бо ба даст овардани холи муайян метавонанд, ки соҳиби ҷойи як, ду ё се гарданд.
– Ҳамасола дар кишвар миёни хонандагон олимпиадаҳои гуногун баргузор мегарданд. Дар самти ҳавасмандсозии ғолибони олимпиадаҳо чӣ иқдомоте рӯйи даст гирифта мешавад?
– Марказ дар ҳамбастагӣ бо МИҲД-ҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ҳамаи иштирокдорони олимпиадаву озмунҳо ба таври бояду шояд қадрдонӣ карда шаванд. Чунончи, барои ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ аз ҷониби маъмурияти муассисаҳои типи нав имтиёз дар шакли озод намудан аз пардохти шартномаи таҳсил пешбинӣ гардидааст.
Бо ин мақсад, дар соли 2023, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ғолибони олимпиадаҳо бо маблағи аз 100 то 500 сомонӣ ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шудаанд. Бо вуҷуди ин, дараҷаи ҳавасмандсозии ғолибони олимпиадаҳо дар вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он беҳбудиро талаб мекунад.
Дар самти муқаррар намудани имтиёзҳо барои дастгирии хонандагоне, ки дастовардҳои илмӣ ва олимпӣ доранд, дар вилояти Суғд ҳамасола ба ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ барои ҷой якум 10 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 7 ҳазор сомонӣ, ҷойи сеюм 3 ҳазор сомонӣ тақдим карда мешаванд.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он масъалаи ҳавасмандсозии ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ ниёз ба корбарии бештар дорад.
– Аз олимпиадаҳое, ки бо ном ҷаҳонию байналмилалист, кадоме аз он воқеан дар сатҳи ҷаҳон эътирофшуда аст? Оё мо дар 3 ё 5 соли охир дорем ғолиби ин гуна олимпиадаҳое, ки дар сатҳи ҷаҳон ҳамчун ғолиби олимпиада эътироф гардад ва дар тамоми давлатҳо аз имтиёзҳое бархурдор бошад?
– Ҳамасола қариб дар тамоми гӯшаву канори олам садҳо олимпиадаи байналмилаливу ҷаҳонӣ ташкил ва баргузор мегардад.
Хонандагони тоҷик дар 5 олимпиадаи сатҳи умумиҷаҳонӣ, ба монанди олимпиадаи байналмилалӣ оид ба математика (IMO), олимпиадаи байналмилалӣ оид ба биология (IBO), олимпиадаи байналмилалӣ оид ба физика (IPhO), олимпиадаи байналмилалӣ оид ба химия (IChO), олимпиадаи байналмилалӣ оид ба технологияи иттилоотӣ (IOI) аз соли 2005 инҷониб иштирок карда истодаанд, ки дар ин сабқатҳои илмӣ ҳамасола зиёда аз 80 то 110 кишвари олам иштирок менамоянд. Дар олимпиадаҳои мазкур дастаи мунтахаб иборат аз 4 то 6 нафар иштирокчӣ аз ҳар як кишвар иштирок менамоянд. Ғолибони (ҷойҳои 1, 2 ва 3) олимпиадаҳои зикргардида (тибқи муқаррароти кумитаи тадорукот) ба донишгоҳҳои олии кишварҳое, ки ташкилоти олимпиадаҳои умумиҷаҳониро пазируфтаанд, роҳхат мегиранд (таҳсил бо стипендия).
– Мо хуб медонем, ки ҳамасола дар баробари олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ як гурӯҳ хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалию ҷаҳонӣ низ ширкат меварзанд. Раванди интихобу сафарбарнамоӣ ба ин олимпиадаҳо чӣ гуна сурат мегирад?
– Бале, дуруст қайд кардед. Ҳамасола ҷиҳати интихоби дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муаррифӣ ва иштирок дар олимпиадаҳои гуногуни байналмилалӣ, аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси низомномаи олимпиадаҳои байналмилалӣ даври интихобии олимпиадаҳои мазкур ташкил ва баргузор карда мешавад, ки дар он хонандагон дар асоси дархости директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои иштирок дар давраҳои интихобӣ омодагӣ мебинанд. Дар даври интихобӣ хонандагон аз тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли моликият ва ташкилиашон, ҳуқуқи иштирок карданро доранд. Бояд тазаккур дод, ки даври интихобӣ барои муайян намудани дастаи мунтахаб ҷиҳати иштирок дар олимпиадаҳои сатҳи умумиҷаҳонӣ ва баланд ташкил ва баргузор мегардад. Ҷиҳати ташкил ва баргузории даври мазкур ҳайати ҳакамон аз ҳисоби омӯзгорони ботаҷриба ҷалб карда мешаванд. Дар даври интихобӣ саволу супоришҳо мутобиқ ба стандарҳои байналмилалӣ пешниҳод гардида, баъд аз хулосаи ҳайати ҳакамон хонандагоне, ки ба даври ниҳоӣ роҳхат мегиранд, ҳуқуқи иштирок дар даври мазкурро доранд. Дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ, тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба олимпиадаҳои мазкур сафарбар карда мешаванд. Бояд хотиррасон намуд, ки хароҷоти будубош, роҳкиро ва аъзоҳаққии иштирокчиён дар олимпиадаҳои сатҳи умумиҷаҳонӣ аз ҳисоби кумитаи тадорукот ва сатҳи баланд аз ҳисоби сарпарастон ва ё ҷойи кори асосӣ пардохт карда мешавад.
– Дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо амал мекунанд. Вазъ дар ин марказҳо чӣ гуна аст? Хусусан, таъминот бо бинои алоҳидаю мустақилияти моливӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?
– Хушбахтона, бо саъйю кӯшишҳои зиёд дар самти таъмини биноҳо ва беҳсозии вазъи моддӣ-техникӣ, имрӯз марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои як қатор шаҳру ноҳияҳо соҳиби биноҳо ва мустақилияти молиявӣ гаштаанд. Дар умум, дар сатҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо ҷудо гардидани 888,5 воҳиди корӣ ва 247 адад ҳуҷраи корӣ ва синфхонаи таълимӣ фаъолият доранд.
Маврид ба зикр аст, ки дар самти дарёфт, дастгирӣ, рушди хонандагони боистеъдоди пойтахт МИҲД-и шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он тадбирҳои муассир андешида, барои фаъолияти босамари марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳамин аст, ки дар айни замон дар пойтахт ва ноҳияҳои он марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо ҷудо намудани 275 воҳиди корӣ, 23 ҳуҷраи корӣ ва 46 синфхонаи таълимӣ фаъолият худро ба гунаи аҳсан анҷом дода истодаанд.
Дар марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилояти Хатлон, дар маҷмуъ, 304,5 воҳиди корӣ ҷудо гардида, бо 41 утоқи корӣ ва 43 синфхонаи таълимӣ таъмин карда шудааст, ки аз ин шумора ба истиснои Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и шаҳри Левакант 25 адад маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дорои мустақилияти молиявӣ буда, бо воҳидҳои кории зарурӣ таъмин карда шудаанд.
Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар вилояти Суғд дорои 83 воҳиди корӣ буда, бо 39 ҳуҷраи корӣ таъмин мебошанд ва машғулиятҳои таълимиро, асосан, дар заминаи муассисаҳои таълимӣ ба роҳ мондаанд. Лозим ба ёдоварист, ки дар вилояти Суғд, ба истиснои ноҳияи Зафаробод, ягон маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳру ноҳияҳои он мустақилияти молиявӣ надошта, воҳидҳои корӣ низ барои фаъолияти пурсамар бояд зиёд карда шаванд.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 52,5 воҳиди корӣ ва 16 ҳуҷраи корӣ фаъолият дошта, машғулиятҳои таълимӣ, асосан, дар заминаи муассисаҳои таълимӣ гузаронида мешаванд. Дар маҷмуъ, дар ВМКБ баъзе аз марказҳо мустақилияти молиявӣ доранд, аммо ягон марказ бо бинои алоҳида таъмин нагардидааст.
Дар ин баробар, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо маҷмуан бо ҷудо гардидани 133,5 воҳиди корӣ, 18 ҳуҷраи корӣ ва 21 синфхонаи таълимӣ фаъолият доранд.
Аммо боз шаҳру ноҳияҳое ҳастанд, ки ҳанӯз бо бино таъмин набуда, ин масъала дар ҳоли корбарӣ қарор дорад. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, то бо ҷалби маблағҳои муайян шароити беҳтари кору омӯзишро барои кормандону омӯзгорон ва хонандагон таъмин намоем.
– Ҳамасола ҳазорҳо нафар дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва садҳо нафар дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ғолиб меоянд. Тақдири минбаъдаи онҳо чӣ мешавад? Яъне, марказ ва ё умуман, дар ҷумҳурӣ ҳаст ниҳоде, ки фаъолияти минбаъдаи хонандагони лаёқатманд ғолибони олимпиадаҳоро пайгирӣ намояд ва ҷиҳати дар оянда дар кишвари азизамон барои рушди ватану манфиати халқу миллат кор кардан мусоидат намояд?
– Ҷавонон дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дошта, хонандагони болаёқат ва ғолибони олимпиадаҳо, ҳамчун ҷавонони пешоҳанг робитаи худро бо намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар зич ба роҳ мондаанд. Онҳо дар чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолона ширкат варзида, Тоҷикистон ва фарҳанги миллии моро муаррифӣ мекунанд. Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2014 инҷониб маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» фаъолият карда, ҷавонони дар хориҷа таҳсилкардаистодаро ба ҳам меорад. Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо нақша дорад, то бо даст додани имконият ва мусоид шудани шароит маҳфилеро дар ҳамбастагӣ бо ғолибони олимпиадаҳо ба роҳ монда, онҳоро пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёна ҳам дастгирӣ намояд.
Мусоҳиб
Э. САФАРЗОДА,
«Омӯзгор»
Э. САФАРЗОДА,
«Омӯзгор»