СОҲИБИСТИҚЛОЛУ СОҲИБДАВЛАТЕМ

Истиқлолият бузургтарин неъмати яздонист, ки миллати тоҷик онро доро мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон

    Инсонҳо дар тӯли асрҳо баҳри он талош мекунанд, ки озодию хушбахтӣ, рӯзгори тинҷу ором, осудаҳолию рушд насибашон бошад. Ҳамаи ин падидаҳо дар зери мафҳуми истиқлолият ва соҳибистиқлолӣ ифодаи худро дарёфтанд.
    Миллати соҳибтамаддун ва бофарҳанги тоҷик дар қатори садҳо миллатҳои дигар дар дарозои таърих барои истиқлолияту озодӣ саъйю талош кардааст.
    Агар мо ба таърихи гузаштаи ниёгон назар кунем, оғоз аз замони пешдодиён, аҷдодони ватандору меҳандӯсти мо барои соҳибихтиёрию истиқлоли хеш муқобили ҳама гуна сахтию мушкилиҳо истодагарӣ карданд, то ки аз фарҳангу забон, урфу одат, расму оин ва ҳама арзишҳои миллии хеш ҳифз карда бошанд.
    Аз манбаъҳои таърихию бостоншиносӣ шоҳиди он ҳастем, ки аҷдодони мо дар гузашта хеле зиёд бо мушкилию санҷишҳои таърихӣ рӯ ба рӯ шуда, борҳо дучори таҷовузи аҷнабиён гаштаанд. Хушбахтона, ин ҳама мушкилиҳои пешомада паси сар шуданд.
    Оре, тоҷик ва аҷдодони гузаштаи ӯ аз қадим ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва бофарҳанг талош мекард, ки новобаста аз ҳама мушкилию вазниниҳо, аз меҳану халқ, забону фарҳанг ва арзишҳои асили хеш ҳифз карда бошад, то ки ин ҳама дастовардҳоро ба наслҳои оянда ба мерос гузошта тавонад. Миллати тоҷик ва намояндагони пешгузаштаи ӯ ҳамеша ифтихор аз халқу ватани азизаш дошт ва ин рисолатро то ба имрӯз давом медиҳад.
    Дар ҳақиқат, мо имрӯз ифтихор аз он дорем, ки ниёгони мо дар гузашта, бо ҳама носозгориҳои таърих сарбаландона муқовимат намуда, бо ҳама душманони беруна шарафмандона мубориза бурда, мероси гаронбаҳои таърихию фарҳангиро барои имрӯзиён ба мерос гузоштаанд.
    Албатта, боиси хушнудист, ки дар тӯли таърих миллати мо борҳо аз шебу фароз ва озмоишҳои сахту сангин сарбаландона гузашта, меҳану миллат, ҳувияти миллӣ, забону фарҳанг, илму адабиёти оламгирашро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, барои ояндагон боқӣ гузошт.
    Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ниёгони мо буд, ки онҳо бо ганҷинаи тамаддуни башарият аз Зардушту Монӣ сар карда, то Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абуалӣ Синову Носири Хусрав, Умари Хайёму Имом Ғазолӣ, Саноиву Аттор, Ҷаллолиддини Балхӣ, Шайх Саъдиву Ҳофизи Шерозӣ барин садҳо нобиғаҳои илму адаб фарҳангро ато кардааст.
    Мақсад аз ин андешаҳо он аст, ки мо чун даврони соҳибистиқлолиро аз сар мегузаронем, шоиста аст, ки аз таърихи гузаштаи ниёгон хотираҳо дошта бошем.
    Имрӯз миллати овозадори тоҷик бо шукргузорӣ аз туҳфаи Яздонӣ, яъне, соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ, ҳаёти осоиштаву оромӣ, Ваҳдату ягонагии миллат ба сӯйи ояндаи нек равон аст.
    Баъд аз пош хурдани собиқ Иттиҳоди Шуравӣ миллати тамаддунофару соҳибфарҳанги мо, дар қатори даҳҳо халқу миллатҳо, роҳ ба сӯйи бунёди ҷомеаи соҳибистиқлолиро пеша кард. Ҳамин талошҳои пайваста боис шуд, ки 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷи­кистон бо қарори Шурои Олии Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии соҳибистиқлол эълон карда шуд. Ин рӯз дар таърихи миллати тоҷик бо саҳфаи заррин ворид карда шуд.
    Ин бузургтарин неъмате буд, ки миллати тоҷик дар давоми баъд аз ҳазор соли давлатдории нахуст сулолаи тоҷикӣ (Сомониён) дар даҳсолаи охири асри xx ба даст оварда буд. Миллати тоҷик аз ин туҳфаи хеле бузургу қиматбаҳои таърихӣ пару боли тоза гирифта, баҳри поягузории давлатдории навини хеш камари ҳимат баст.
    Имконияти мусоид фароҳам омад, ки миллати тоҷик дар марҳилаи муосир таърихи худро ҳамчун миллати таърихӣ, соҳиби тамаддун ва фар­ҳанги оламгир аз нав муаррифӣ созад. Аммо, мутаассифона, чунонки ҳодисаву воқеаҳои баъдин собит намуданд, ин тағйироти навинро дар таърихи миллати мо, бархе аз ашхоси нотавонбину худноогоҳ нодида гирифта, ба ин навгониҳои миллат, бо чашми ҳасуд ва ғаразнок назар доштанд.
    Ҳамин хусумату душманӣ, ғаразу нотавонбинии душманони миллат буд, ки 10 соли аввали соҳибистиқлолӣ, барои миллати тоҷик, санҷишҳои хеле вазнинро пеш овард. Бо дахолати бевоситаи душманони миллат, ҳам дар дохил ва ҳам аз берун давлати тозаистиқлоли мо ба гирдоби ҷангӣ таҳмилии шаҳрвандӣ фуру рафт.
    Воқеаҳои минбаъда гувоҳӣ онанд, ки насли имрӯзаи миллат, давомдиҳандаи кору пайкори неки аҷдодон дар бахши ватандорию ватандӯстӣ мебошанд.
    Дар ин марҳилаи ҳассос барои давлату миллат фарзандони бонангу номуси миллат, давомдиҳандагони рӯзгори ибратбахш, як қатор фарзандони миллати тоҷик дар таърихӣ гузашта, монанди: Шераку Спитамен, Муқаннаъ ва Абумуслим, Исмоили Сомонӣ, Темурмалику Восеъ, ки дар роҳи дифоъ аз Ватан, истиқлолияту озодии меҳан ҷонбозиҳо карданд, ба майдон омаданд.
    Моро зарур аст, ки чун аз оғози соҳибистиқлолии тоҷик сухан мегӯем, аввалан ҷонфидоиву сарсупурдагии фарзонафарзанди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳо дошта бошем. Чунки маҳз садоқат, матонат, ҷасурию мардонагӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ва қалби саршор аз меҳру муҳаббат ба халқи азизаш доштаи ин шахси соҳибхирад, сиёсатмадору давлатдор боис шуданд, ки кишвари азизи мо — Тоҷикистон аз вартаи буҳронӣ берун шуд ва роҳ ба сӯйи ҷомеаи навинро пеша кард.
    Маҳз сиёсати оқилонаю хирадмандонаи ин шахсияти бузург буд, ки Тоҷикистон ва миллати тоҷик дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ҳам дар дохил ва ҳам сиёсати ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид.
    Дар ҳақиқат, даврони соҳибистиқлолӣ имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи давлату миллатро мустақилона интихоб намуда, баҳри пешрафти минбаъдаи кишвари азизамон ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузорем. Дар ҳақиқат, кишвари азизамон, Тоҷикистон имрӯз бо қадамҳои фароху мустаҳкам ба сӯйи пешрафт ва ояндаи рӯшдёфта равона аст.
    Маҳз аз рӯзҳои нахустини поягузории давлатдории навини тоҷикон роҳбарияти олии кишвар, бахусус, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахшҳои асосии хоҷагии халқи кишвар корро хеле ҷоннок кард.
    Дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии давлати соҳибистиқлоли тоҷик тағйироти куллӣ ба амал омад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар, ҳаёти амну осоиш, ваҳдату ягонагӣ, зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат барои шукуфоии бештари Тоҷикистон кӯшиш намоем.

Муродалӣ Валиев,
омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики
МТМУ №11-и шаҳри Кӯлоб