УСТОДИ МАН — ПЕШВОИ МИЛЛАТ!

     Ҳам аз қазовати аҳли хирад, ҳам аз нигоштаҳои қаламкашон ва ҳам аз мушоҳидаи воқеият ман қотеъона ба хулосае расидаам, ки дар ҳақиқат, миёни анбуҳи пешаҳои олам муҳимтарину волотарин пеша омӯзгорист. Ин нукта ҳаргиз маънои нодида гирифтан ва ё камарзиш донистани дигар пешаҳоро надорад. Аслан, ҳамаи пешаҳои олам муҳиманд ва дар заминаи зарурат арзи ҳастӣ кардаанд. Намояндагони ҳамаи пешаҳо дар рушду шукуфоии зиндагии мо ҳиссагузоранд ва аз ин ҷост, ки «ҳар касеро баҳри коре сохтанд». Вале ҳақиқати бебаҳс он аст, ки ҳама ҳунарварон ба шарофати ақлу хирад, меҳру муҳаббат ва раҳнамоию ҳидоятгариҳои омӯзгор соҳибпеша шудаю ба мартабаҳо расидаанд. Сухани барҳақ аст, ки:
     Мукаммал мекунад нокомилонро
     Камоли файзу эҳсони муаллим.
     Ҳар фарди саршиносу бофарҳанг ва соҳибфазилату қадрдон аз омӯзгор сипосгузор аст, ӯро эҳтиром мекунаду муҷиби ифтихораш медонад. Кулли омӯзгорон шоистаи арҷгузорианд, месазад, ки тамоми умр пеши омӯзгорон сари таъзим фуруд орем, ситоишашон бикунем. Табиист, ки ҳар шахс дар дабистон, дар фаъолияти ҳамарӯза ва дар тамоми марҳалаҳои зиндагӣ аз чандин омӯзгор сабақ меомӯзаду ҷаҳони маънавии худро вусъат мебахшад ва албатта, аз ҳамаи онҳо сипосгузор аст. Бо ин ҳама, ҳар фард омӯзгори писандидаи худро дорост ва пайваста аз раҳнамоиҳою дастурҳои ӯ бархурдор мешавад. Ман ҳам, хушбахтона, устодони зиёде доштам, ки ҳама мумтозу соҳибхирад буданд ва дар таълиму тарбияам ҳиссаи мондагор гузоштанд. Ҳамаи онҳоро эҳтиром мекунам ва умре бо ифтихору сипосгузорӣ номашонро ба забон меорам. Дар ситоиши чанде аз омӯзгорони варзидаам шеърҳо ҳам навиштаам ва минбаъд ҳам хоҳам навишт.
     Аз оғози солҳои навадуми садаи гузашта ман барои худ устоди дигаре дар­ёфтам, ки ҳар ҳарфу ҳиҷояш раҳнамою илҳомбахшам шуданд.
Ҳамакнун, омӯзгори писандидаи ман, устоди бузургу хирадвар ва маърифатгустарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Аз нигоҳи ман, Сарвари кишварамон ба маънои томи сухан омӯзгоранд, устоди беназиранд.
     Кист омӯзгор? Онест, ки соҳиби ақлу хиради воло, хислатҳои барҷаста бошад, ҳамагонро фазилатмандона раҳна­моӣ бикунад, гуфтораш, панду андарзаш муассиру ҳадафгир бошад, ба эҳти­рому эътирофи ҳамагон сазовор бигардад. Ҳамаи ин хислатҳои умдаю ҳами­даро Пешвои миллати мо доранд, балки фаротар аз ин ҳамаро! Сардори давлат аз нахустгомҳои хеш ба арсаи сиёсат чун омӯзгори ғамхору меҳрубон аҳли мамлакатро ба хирадсолорӣ, некандешӣ, хушбоварӣ ва эҳтироми миллату Меҳан даъват карданд, роҳи наҷотро нишон доданд ва худ чун устоде, ки тӯдаи шогирдонро раҳнамоӣ кунад, дар радаи аввал қадам ба пеш гузоштанд. Мардум чун ба омӯзгори маҳбуби худ ба Сарвари кишвар бовар карданд ва аз паси Устоди иродатманду солору саодатовари хеш равона шуданд. Пешвои миллат чун омӯзгори фидокор, он гу­на омӯзгоре, ки шабу рӯз, ҳар лаҳзаю ҳар соат дар андешаи фардои ҷомеа, дар фикру зикри таълиму тарбия аст, соҳаи маорифро дар ҷумҳурӣ соҳаи афзалиятнок эълон карданд…
     Солҳост, ки Президенти муҳтарами мо, чун ба ҳар минтақаи ҷумҳурӣ сафар мекунанд, ҳатман пой бар остонаи мактабҳо мениҳанд, бо омӯзгорон самимона суҳбатороӣ мекунанд, дар синфхонаҳо бо хонандагон вомехӯранду аз ҳолу аҳвол, ҷараёни донишомӯзиашон мепурсанд, падарвор, устодвор сарашонро сила мекунанд. Гузашта аз ин,      Сарвари кишвар дар дарсҳои омӯзгорон дар қатори шогирдон ширкат меварзанд ва дар фарҷоми дарсҳо ба устодон маслиҳатҳое меди­ҳанд, ки мегӯӣ, мактабшиноси собиқадор, олими маъруфи соҳаи педагогика бошанд!
     Ҳамаи мо, аҳли кишвар, аз дарсҳои бевоситаи Пешвои миллат чӣ қадар ҳаловат бурдаю баҳрабардорӣ кардаем! Ин маврид, пеш аз ҳама, Дарси сулҳи Президенти муҳтарамро дар назар дорам, ки ҳамасола дар нахуст­рӯзи соли нави таҳсил баргузор мешавад. Зимни ин дарс симои Сарвари кишвар ҳамчун устоди барҷаста, хирадвару волосухан ва ғамхору меҳрубон ба ҷилва меояд, ҳар иштирокдори ин дарс (ҳам бевосита ва ҳам тавассути оинаи нилгун) саропо гӯшу ҳуш мешавад, ба ваҷд меояд, мафтун мегардад, кӯлбори маънавии хешро аз андарзу ҳикмату дониши тозаю пурсуд ғанитар месозад. Пешвои миллат бо лаҳни самимию пурҷозибае ба насли наврас дар мавзуъҳои Ватан ва ватандӯстӣ, ваҳдату сулҳ, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, ҳувияти миллӣ, бузургдошти муқаддасоти миллат, донишандӯзию ҳунармандӣ, омӯзиши забони модарӣ ва забонҳои хориҷӣ, донистани технологияҳои муосир, барҳазарӣ аз иртибот бо ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, канорагирӣ аз аъмоли манфуру ношоиста ва амсоли инҳо ҳарф мезананд, мисолу далелҳои фаровоне вобаста ба ҳар гуфтаи худ меоваранд. Сарвари кишвар ҳар дафъа дарси ёдмону таъсиргузору хирадбори хешро ҳусни анҷоми шоиста мебахшанд: «Тоҷикистони соҳибистиқлол Ватани маҳбубу ягонаи ҳамаи мост, маъвои саодатбахшамон мебошад. Ҳама бояд дар шукуфоию пойдории он ҷидду ҷаҳд намоем. Мо бояд ҳамеша аз Тоҷикистони азизамон ифтихор дошта бошем. Бигзор, дар диёри арҷманди мо сулҳу дӯстӣ, ваҳдату якдилӣ ҳамеша тантана бикунад, фардои кишварамон боз ҳам зебою шукуфотар бошад».
     Ёдам меояд мулоқоти таърихию пурмуҳтавои Пешвои миллат бо кормандони соҳаи маорифи мамлакат дар моҳи декабри соли 2005. Ман суханронии Сарвари давлатро дар ин мулоқот шунида, бори дигар итминон ҳосил карда будам, ки Сарвари кишвари мо, дар ҳақиқат, табиатан омӯзгоранд, балки устоди устодонанд ва аз нозукиҳои ҳунари омӯзгорӣ, вазъи мактабу маорифи ҷумҳурӣ ба дараҷаи олӣ огаҳӣ доранд. Дар ҳамин мулоқот буд, ки Президенти муҳтарам бо меҳру муҳаббат ва бо ихлосу сипоси бепоён изҳор доштанд: «Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин пешаи рӯйи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгор мебошад. Гузаштагони бузурги мо фармудаанд, ки равшанкунандаи хиради башар ва афрӯзандаи машъали илму донишу тавоноӣ омӯзгор, муаллим ва устод аст».
Танҳо оне, ки худ сиришти омӯзгорӣ дораду алоқааш бо ҷаҳони омӯзишу парвариш ногусастанист, чунин суханони саршор аз ихлосу муҳаббатро нисбат ба аҳли маориф ба забон оварда метавонад…
     Ман ҳамчун шогирди эътиқодманд сари ҳар амалу рафтори худ ёд аз гуфтаҳои Сарвари кишвар меоварам ва дар гиреҳкушоии ҳар мушкилии пешомада дар фаъолиятам аз ҳидояту суханони Сарвари давлат суд меҷӯям. Шукр, ки зиндагии осоишта ва Ватани обод дорем. Албатта, зиндагӣ бе каму кост намешавад. Ҳар гаҳе ки ба монеае дучор оям ё андаке руҳафтодагӣ фарогирам шавад, ёд аз гуфтаҳои зерини Сарвари кишвар меоварам: «Ҷасуру собитқадам бошед, аз мушкилоту нобарориҳо наҳаросед. Ҳар қуфл калиде дорад, агар қотеъона, бо азму иродаи қавӣ қадам гузоред, хушбовару далер бошед, ҳама гуна душворию монеаҳо бартараф мешаванд».
Ва ман чун шогирде, ки дасти устод гирифтаю дилпуру руҳбаланд шуда бошад, ба худ меоям, барои рафъи мушкилот мекӯшаму муроди дил ҳосил мекунам. Ин аст шарофати устоди ҳақиқӣ, устоде, ки ман раҳнамои хеш медонаму дӯсташон медорам.
     Ҳар гаҳ ки пайи эҷоди асаре қалам ба даст мегирам, чун ҳидояту дастури устод ба шогирдаш суханони зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гӯшам садо медиҳанд: «Аҳли эҷод бояд ҳамеша дар хизмати халқи азизи худ бошанд, барои мардум бинависанд, ифодагари орзую армонҳои халқи хеш бошанд. Ҳар асари бадеӣ бояд ғояҳои волои ватандӯстию ифтихори миллиро тарғиб намояд».
     Дар ин замина, кӯшиш менамоям, ки ҳар навиштаам дархӯри табъу завқи мардум бошад, ба дастурҳои Устоди арҷмандам созгор ояд. Ва аз ин ҷост, ки навиштаҳои ман бештар ба мавзуъҳои ватандорию ваҳдатпарастӣ, дӯстию рафоқат, одаму одамгарӣ бахшида шудаанд.
     Дар фаъолияти омӯзгориам низ раҳнамои ман Сарвари кишваранд. Ҳар гаҳ ки ба дарсҳои навбатиям омодагӣ ме­гирам, китобҳои Пешвои миллат, махсусан, «Чеҳраҳои мондагор», «Забони миллат — ҳастии миллат», «Уфуқҳои Истиқлол», «Тоҷикон дар оинаи таърих» ва ғайраро варақ мезанам ва нақ­шаи дарсамро бо овардани иқтибосҳо мукаммалтар месозам. Ман дар ҳар соли таҳсил чанд дарсамро ба мавзуи «Пешвои миллат — раҳнамои халқи тоҷик» мебахшам ва низ дафъае чанд дар ҳамоишҳои бонуфузи аҳли таълиму тарбия дар мавзуи «Пешвои миллат ва рушди маориф дар ҷумҳурӣ» суханронӣ кардаам…
     Агар дар ин ҳама ва дигар самтҳои кору амали худ ба ҷое, ба комёбие расидаам, инро, пеш аз ҳама, иртиботманд ба он медонам, ки Устоди ифтихорию писандидае дорам ва аз дастурҳои хирадмандонаашон пайваста бархурдорам.
     Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриде гуфтаанд: «Маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чи андӯхтааст, ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад». Хушбахтона, миллати шарафманди тоҷик омӯзгорони асил зиёд дорад ва асилтарин омӯзгори миллат худ Пешвои муаззами миллатанд. Сарвари кишвар Устоди бузургу муътабар ва соҳибхираду шарафманди кулли халқи азизи хеш мебошанд. Устоди писандидаю ҳидоятгари ман ҳам. Ин навиштаро бо як пора назм ба охир мерасонам:
     Шумо Устоди ҳар як фарди миллат,
     Шумо Устоди кулли Тоҷикистон!
     Шумо Устоди ваҳдатофаринед,
     Хушомолу хушосору хушармон!
     Сабақҳои Шумо — барномаи бахт,
     Накуазму накухоҳи замонед.
     Ҳидоятгар ба роҳи растагорӣ,
     Шумо Устоди маъруфи ҷаҳонед!

Исмоил ЗАРИФӢ,
шоир ва омӯзгор, шаҳри Панҷакент