МАШЪАЛИ МАЪРИФАТ

     Ба ҷойи сароғоз
     Наздик ба 60 соли умри гаронмояро дар бузургтарин махзани дониши кишвар сипарӣ намудан, дар оғоз ҷустану омӯхтану мутолиа ва бархурдорӣ аз дарси донишмандону дар боғи сарсабзи илм маъво гирифтан, он гоҳ ба ҷодаи пажуҳишу таҳқиқ ворид шудан, дар синфхонаҳои бузурги донишгоҳ садҳову ҳазорон муштоқи илму маърифтаро аз дониш баҳравар гардонидан ва ҳамзамон, дар дили хомӯши шабҳо ранҷи бедорӣ кашидану лаззати таснифу таълифоти илмӣ чашидан ва ҳамчун завҷаи меҳрубон дар хонадони хеш торҳои поку қудсии хонаводагиро бо нози ҳамсарӣ маҳкам танидан ва чун модаре бо сиришти саршор аз муҳаббати модарӣ фарзандҳоро дар домани меҳр парваридан ва дар хилоли ин рӯзгори ормонию пур аз комёбию некномияш, ҳамбол бо гуворишу гулгулшукуфии пойтахтамон Душанбешаҳр шоҳиди шукӯҳу шуҳрати Тоҷикистони азиз будану шоду масрур аз шавкати Ватан дами беғам задан на ба ҳама муяссар мегардад, ки ба Тамарабону Шогадоева — муаллиме дар назди ҳамкорону шогирдони сершумор азизу арҷманд муяссар гардида.
     Муаллима Тамара Шогадоева 5 феврали соли 1941 дар Душанбе ба дунё омад. Соли 1963 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (акнун Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро дар риштаи забону адабиёти рус ба поён расонид ва дар ҳамин донишгоҳ ба фаъолияти педагогӣ оғоз намуд. Муаллима Шогадоева муаллифи беш аз 50 осори илмию раҳнамои методӣ ва силсилаи мақолаҳои илмӣ аст.
     Мо, ки чӣ иқболи баланду ифтихоре будааст, дар беҳтарин айёми рӯзгор аз муаллима Тамарабону Мунавваровна, як сол дарси илму адаб омӯхтем ва гӯиё як академияро хатм кардем бо як ҷаҳон таассурот. Оре, муаллима дар ҷамъи мо, донишҷӯён, чароғи меҳру адаб ва машъали донишу маърифат буд.

     Устодони донишгоҳи мо
Муаллим, эй фурӯғи ҷовидона,
Зи нурат рӯшанӣ гирад замона.
Қалам гар менигорад, ҳиммати туст,
Тамоми гуфтаам аз қудрати туст!
Манам Эраҷ, туро ман хоки поям,
Нишонам деҳ маро ту ҷойи поям.
     Ҳарфи дили мо аз рӯзгори солҳои 1970 аст, фазои Университети давлатии Тоҷикистон, ба номи В. И. Ленини Душанбе. Курси мо, ҳудудан 90 нафар донишҷӯ, мавзеъҳои тақрибан тамоми Тоҷикистон ва чанд маконе аз Самарқанду Бухорову Тошканду Тирмизро намояндагӣ мекард. Иқрор бояд шуд, аксар ба русӣ мусаллат набудем, руси-донҳомон ҳам 15-20 нафар бачаҳои шаҳрӣ буданд, ки муҳит барояшон созгор буд – муҳите, ки шитобон руси­муҳитиро дунбол мегирифту руссозӣ мекард ва ин муҳит аз шароити бартару хубтари таҳсили дабиристонӣ бархурдор буд.
     Ба бахти наку, устодони риштаи аслии мо – забону адаби тоҷикӣ, аз донишмандони мумтозу забардасти Тоҷикистон буданд, ҳамчун Шарифҷон Ҳусейнзода, Абдунабӣ Сатторзода, Худоӣ Шариф, Султонмурод Воҳидов, Назира Қаҳҳорова, Соҳиб Табаров, Раҳими Мусалмониён, Худойназар Асозода, Воҳид Асрорӣ, Абдусаттор Нуралиев, Додоҷон Тоҷиев, Сайид Ҳалимов, Худойдод Ҳусейнов, Мукаррама Қосимова, Баҳриддин Камолиддинов… Ва нашъатгирифта аз баҳри илму маърифати ин омӯзгорони бузург таманнову ифтихори миллии худро пинҳон намедоштем, ки дар ҷаҳон мо, тоҷикон, адабу фарҳанги аз ҳама куҳантару ғанитару ҷаҳоншумултар дорем; ба ин азамату шукӯҳ кохи донише дар ҳич ҷойи олам пайдо нест ва мо чун намунаи олии хиради инсонӣ беҳамтостем. Албатта, ин на дағдаға буд ва на даъвои муфту бепоя, аммо як андоза бо ғуруру маниши ҷавонӣ ба иғроқу ғулув ҳамеомехт, зеро кам нестанд дар ин ҷаҳон соҳибфарҳангоне ҳамчун мо — тоҷикону эронинажодон, ки доштаҳои илмиву фарҳангиашон аз даврони бостон достон шуда омадаааст, ба мисли ҳиндиёну чиниёну румиён ва он гоҳ ҳам инглисиву фаронсавию олмонию амсоли инҳо. Илму фарҳангу маърифат тимсоли як бӯстони ботаровати ҳамешабаҳоре ҳастанд, анбоштаву мамлув аз анвои гулу сабза, аз ин рӯ, ҳеч фарҳанге низ тани танҳо, бидуни пайванд аз манбаъҳову маъхазҳои мухталиф вуҷуд нахоҳад дошт ва натавонад ташаккул ёбаду рушду пешрафт кунад.

     Ман – Шогадоева Тамара Мунавваровна ҳастам, устоди шумо
     Донишгоҳи мо, ростӣ, дӯстдоштанӣ буд; гуфта омад – моро омӯзгороне иршод мекарданд, ки бо ҳусни ахлоқу камоли донишу лутфи устозӣ ин ҷойгоҳро ҳамчун манзилу маъвои муқаддас азизу маҳбуб сохта буданд. Ва ҳамин иттиҳоди маънавӣ ва якмаромии муаллимони муҳтарами мо буд, ки аксарияти кулли донишҷӯён, яктан даст ба домани илм зада, дар донишварзӣ бо ҳам кӯшо будем, ки аз охирин сарчашмаҳои дониш бехабар намонем ва монанди устодонамон ҳам ҳофизу ҳам тарғибгари забону фарҳанги асили миллии хештан бошем. Ин суханон ҳоло шояд муқаррарӣ бинамоянд, аммо дар чаҳорчӯбаи режими беамони он даврон чунин гуфтану андешидану бо чунин маром кӯшидан ҷасорат мехосту азхудгузаштагӣ. Донишгоҳ, вале, баробари ин ҳусни сара, ба назари мо, як қубҳи носара ҳам дошт, он ҳам – сарборӣ кардани як қатор фанҳои ночаспу берабте бар сари мо (албатта, сиёсати давр таҳмил мекард). Дар ин радиф фунуне, ҳамчун адабиёти хориҷӣ, ба вижа, адабиёти халқҳои бародари Шуравӣ… на барои бисёриҳо ҷаззоб буданд. Дар ростои чунин руҳияи гармохунуку дар оғози соли чаҳоруми таҳсил (1976) устоди бароямон «нав» вориди синфхона мешаванд: бонуи чун сарв баланду ботаровату дилрабою биноӣ. Аз лаҳзаи нахуст муаллима ба назари ҳама ҷаззобу фаттону дилҷӯ ҳувайдо шуданд, ҷамъомади синфхона сокиту шавқманду кунҷков ҳушу гӯш ба ин омӯзгори ҷиддию муваққар чашм дӯхта буд – мӯйи анбуҳи хурмоии мураттаб, абрувони ҳилолу чашмони мушкии оҳуӣ, бинии баланду муносиб ба он чеҳраи симини самимие, ки рухсораҳошонро лолаосо ҷилои арғавонӣ додааст, моро ба ёди шоҳдухтҳои афсонавиямон – Таҳми­наҳову Манижаҳою Фарангисҳову Ширинбонуҳо бурд. Мо дар сукуту ҳушу гӯш сӯйи муаллима, ва муаллима аз журнали синф сар бармедоранду мегӯяд:
— Шогадоева Тамара Мунавваровна ҳастам, устоди шумо аз забон ва адабиёти рус…

     Низомӣ ва Фирдавсӣ ва ҷаҳонбинии Пушкин, Толстой, Чехов…
     Ба бардошти мо, муаллимаи адабиёти русиямон Тамара Мунавваровна, аз адаби форсӣ, шояд аз ҳама беш Фирдавсии Тусӣ ва Низомии Ганҷавиро писандида буд. Муаллима Шогадоева дар таърифи ҷаҳонбинии адибони номдори рус ва моҳияти аслии осори онон гоҳе аз роҳи қиёс намояндагони адаби Ғарбу гоҳе ҳам аз ахтарони сухани форсиро ёдоварӣ мекард. Чунончи, вақте мавзуи адабиёти бадеӣ ва ҷавҳари бунёдии он пеш омад, муаллимаи азиз баҳси барпошударо ин гуна ҳусни анҷом бахшид: «Тимсолҳое ҳамчун Пушкин, Лермонтов, Лев Толстой, Достоевский, Чехов… намоде аз адаби барҷастаи ҷаҳонанд. Агар адабиётро ба забони ин нобиғагони сухан тавсиф кунем, чунин адибоне маҳрами рози мардумон, аз «қаҳрамонони даврони хеш» (таъбири Лермонтов) мебошанд, зеро онҳо бо оинадорӣ аз ҳаёти иҷтимоии замони худ, солору андешаманд ва бо кулборе аз ҳикмати баланд, барои ҷомеаи хеш раҳкушои саодату хушбахтӣ гаштаанд, андешаву нуктаҳои онҳо мушкилкушои муаммоҳои инсонҳо дар ҳар ҷое хоҳад буд. Адибони тоҷик Фирдавсию Низомиҳо ҳанӯз дар ҳазор соли пеш ин гуна бори амонатро барои башарият кашидаанд».
     Гоҳе рух медод, ки муаллима чаҳорчӯби дарсро шикаста, беихтиёр саргарми суҳбат мешуд, ростӣ, мо ин муколамаҳои ӯро, ки оканда бо панду ҳикмати зариф буданд, пазмон мешудему интизор мекашидем. Муаллимаи арҷманди мо як давраи том (ду сместер) сунбули маърифат дар ҷаҳони маънавии мо – донишҷӯёни беқарору ноороми он замон буданд ва дар ин фосила мо ҳич гоҳ муаллимаамонро парешон, хаста, афсурда ва маъюсу ғамгин надида будем. Муаллима ҳамеша бо руҳия, шодобу шикуфон, аммо ҷиддию солору ботамкин ба истиқболи мо меомад ва бо ҳамин руҳия муаллимаро истиқбол мегирифтем. Зеро дарси муаллима танҳо адои як лексияи якнавохту шаблонӣ набуд, муаллима дарс мегуфту як-як ба аҳли нишасти ин синф дидаи меҳр медӯхт ва берун аз мақсаду муҳтавои дарс, ногаҳ ҳушу ҳаваси ҳозирин ба муколамаҳои ғайричашмдошти муаллима ҷалб мешуд. Муаллима, ки ба ин шева хӯ гирифта будем, якбора аз мавзуи дарс ба мавзуи инрӯзҳои мо рӯ меовард, сар ба рамзу рози зиндагии донишҷӯии мо мезад, ки кӣ ҳастед шумо ва чӣ ҳолу аҳвол дошта бошед – бо ин маром суҳбате марғубу дилнишин барои донишҷӯён ҷараён мегирифт. Ва аз миёни ин ҷамъияти калону ҷавону пурҷӯшу хурӯши донишҷӯ, мухотабони муаллима гулчине аз чанд нафар буданд, муҳовараҳо ҳам фишурда, мутафаккирона, бо нукоту ҳик­мат­ҳои ибратписанд, – бо як калом, адибона сурат мегирифтанд; гӯиё ба ҳамонҳое муколама мешуд, ки диққати суоли пурсанда – устоди меҳрубонро бо камоли диққати устодона посухгӯ будаанд.
     Гуфтугӯе бо Мунаввара:
     – Пироҳани атлас шуморо зебидааст, чун гул дар чаман. Ҳар рӯз би­пӯ­шед…
     – …
     Бо Сафар:
     – Хондам мақолаи шуморо дар «Ҷавонони Тоҷикистон», дар навишт, ба вижа навиштори илмӣ, зиёд эҳсос зоҳир накунед, сабки нарм авлотар, ки муассиру ибратбахш аст…
     Бо Бобоҷон:
     – Шумо бачаи шаҳр?
     – Не, устод…
     – Пас, пӯшокатонро худ ин гуна тамизу мураттаб мекунед. Фаррух он касе, ки зебо пӯшад, зебо гӯяд, зебоӣ бинамояд; инро Чернишевиский фармуда…
     Бо Салоҳуддин:
     – Хатти зебо ними дониш гуфтаанд; аммо ин ҳусни хатти шуморо ман мегӯям аз камоли ҳунари зебошинохтист, бояд ҳунарманди хубе ҳам бошед.
     Ва муаллима огаҳ набуд, ки Салоҳуддин беҳтарин мутриб дар миёни мо буд, садои хуби хонандагӣ дошт, метавонист, саҳна орояду худ нақшеро устодона бозӣ кунад. Дар зимн, ӯ баъдан ҳамчун устозу хаттоти хуби алифбои форсӣ шуҳратманд шуд.
     Ва Абдулло гуфт:
     – Лев Толстойро метавон руҳонӣ хонд.
     Муаллима:
     – Руҳоният як шоха аст дар ҷомеа, аммо Толстой маҷмуи шохаҳои аслии ҷамъияти хеш буд – донишу дин, адлу эҳсону ҷавонмардӣ, ҳамзистиву бародарӣ, ҳифзи шарафи инсониро дар баробари бадкешӣ, зулму таъаддию таҷовузу номуросоӣ мегузошт, чунон ки Саъдӣ ҳамин гуна буд, «Бӯстон» ва «Гулистон»-ро, ки хондаед…

     Дар имтиҳон
     Имтиҳонҳо ҳар бор изтиробҳо доштанд: рӯ ба рӯйи устодони донишманду сахтгир саҳл набуд сокиту бехабар аз дониш ҳозир бошӣ. Танҳо ба ҷуз ду имтиҳон, ки шабеҳи як фарохони илмиву муколамаи донишмандонае дар ёди мо нақш баста – имтиҳони устод Толиб Хаскашов, ки пас аз дифои рисолаи номзадӣ акнун аз Ленинград баргашта буд ва дигар – имтиҳони муаллима Тамара Мунавваровна.
     – Бале, офарини Антоша Чехонте, ки бо ин назокату содагӣ вориди ҷузъ-ҷузъи рӯзгори бадбахтонаи навниҳолоне ба мисли Ванка шудааст, – гуфт муаллима як зарра бо оҳанги риққатбор сар ҷунбонда, сухани шогирд (Солеҳзода)-ро таъйид кард, ки аз ҷаҳонбинии Антон Чехов имтиҳон медод.
     – Муаллима, Чехов шояд аз Убайди Зоконӣ илҳом гирифта бошад. Аз он ҳикояти ӯ, ки вақте ҷанозаеро аз роҳе мебурданд, писар аз падари дарвеши хеш пурсид, ки куҷояш хоҳанд бурд? Падар гуфт: ба ҷое, ки на хурданӣ бошаду на пӯшидану на нону на об ва на ҳезуму на оташ, на зар, на сим, на буриё, на гилем! Писар гуфт: магар ба хонаи мо мебарандаш?
     – Бале, адибони барҷастаи рус бо илҳом аз адаби форсӣ асарҳо доранд, Чехов ҳам худ ёддошт медиҳад, ки аз модаркалонаш чандин достони кӯтоҳи форсӣ шунида буд…
Ва муаллима бо андаке вақфа меафзоянд (ҳамчунон маҳзуннамову малул):
     – Ҳар кӣ ҳаққи мискине ё кӯдаке хӯрдааст, оташи дӯзах хоҳад хӯрд…
     Ва он соли пурфайзи мо бо муаллима Тамара Мунавваровна бебозгашт сипарӣ гашт; саранҷом, ҳамчун парандагони навболу беқарор ба чаҳор атроф паҳну парешон гаштем, шодмону дилхуш аз накҳати он айёми пурсаодат. Ва бовар доштем, ки ҳатман боз як рӯзе гирди муаллимаамон парвона мешавем, аз он рӯзҳои пурнур достонҳои навбанавро бо ҳам бозмегӯем, ғофилу бехабар, ки майлу муроди мо дигару мароми ин фалаки пурҷафо дигар. Зеро аз он рӯзҳои ирфонӣ наздик ба ним аср гузашта, вале танҳо хотироте тозаву равшан дар зеҳнҳо боқӣ мондаасту бас. Ёд бодо ин хотираҳо, ки акнун дар гӯши қалбҳо мехонанд, ки гӯиё ҳанӯз ҳамон донишҷӯёни беқарори озодаруҳе будаему ҳанӯз интизори муаллими азиз Тамарабону ҳастем, ки боз ҳамон гуна солору матину хирадманд дар баробарамон дар синфхона ҳозир мешаванду суҳ­батҳои олимона меороянд. Ва мо – шогирдони солҳои 1970, ки аз муаллима, Тамара Мунавваровна дунёи сабақе аз зиндагию илм гирифтаем, боре ҳам бо беқарорӣ рӯз мешумурдем, ки пас аз чанд моҳ ба ифтихори 80-солагии фархундазодрӯзашон бо камоли сидқу самимият ҳарфи дилро рӯбарӯ хоҳем зад. Аммо сад дареғ… куҷо дар ваҳму хаёл мегунҷид, ки ба ҷойи мулоқоти ҷашнӣ, дар яке аз рӯзҳои баҳори 2020 (5 май) ба видоъ ҳозир мешудаем. Марги бетараҳҳум устоди моро аз миёнамон рабуд. Хабари марги нобаҳангоми ин мазҳари фазлу донишу меҳр пайконе ба умқи қалбҳо буд. Дар он рӯзи видоъ, ки дӯстону пайвандон ва ҳамкорону шогирдони муаллима ҷамъ омада буданд, зикри ҷамил аз муаллима Тамарабону поён надошт. Ва хуб гуфт, дар сафи суханварон ҳамсари муаллима, дипломати шинохтаи кишвар Аҳмадҷон Сатторов: «Тамара маънии ҳаёти мо буд. Тамоми марому ормонҳоямонро дар кору пайкори Тамарабону медидем. Тамараи мо сумбули садоқат ба зиндагии намуна ва рамзи хирадварзию накукории як омӯзгори фарҳехтаву содиқ ба сафои Ватан буд».

Олимҷон САЛИМЗОДА,
Обид ШАКУРЗОДА,
донишҷӯёни УДТ дар солҳои 1970