СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА ФАТҲИ ҚУЛЛАҲОИ БАЛАНД

     Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар охири асри XX мебошад, вале ҷанги шаҳрвандӣ пояҳои истиқлоли миллӣ ва иқтисодиёти кишварро заиф намуд. Дар ҳамин вазъи хатарзову мудҳиш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба даст гирифтанд ва миллатро аз парокандагиву давлатро аз нобудӣ наҷот бахшиданд. Бо расидан ба Ваҳдати миллӣ сулҳу субот дар кишвар таҳким ёфт ва тамоми соҳаҳои хоҷагии қишлоқ тадриҷан рушду такомул ёфтанд. Имрӯз ҳар як шаҳрванд дар фазои сулҳу оромӣ ва озоду осудаи кишвар зиндагӣ ба сар мебарад ва бо азму иродаи қавӣ дар пешрафту рушди мамлакат саҳми муносиб мегузорад. Дарвоқеъ, Истиқлоли давлатӣ буд, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ҳамчун кишвари ташаббускору сулҳофар муаррифӣ намуд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид таъкид кардаанд: «Истиқлолу озодӣ барои ҳар фарди Тоҷикистон арзиши муқаддастарин, сарвати гаронбаҳотарин ва сарчашмаи саодат ба ҳисоб меравад. Имрӯз ба шарофати истиқлол Давлати Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, кишвари азизи мо ба узвияти кулли созмонҳои бонуфузи дунё пазируфта шудааст».
     Ба ин маънӣ, маҳз дар замони Истиқлоли давлатӣ иқтисоди миллӣ устувор гардид, раванди бунёдкориҳо густариш ёфтанд. Аз ин ҷост, ки мардуми кишвар бо дасту дили гарм дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми арзанда мегузоранд. Бо туфайли соҳибистиқлолӣ раванди бунёдкориҳо дар гӯшаву канори мамлакат густариш ёфта, муносибатҳои дипломатӣ бо аксари кишварҳои дунё дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуд. Бинобар ин, метавон нақши истиқололро дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба таври барҷаста эҳсос намуд.
     Нақши истиқлол, аз ҷумла, дар пешрафти иқтисодиёт бориз мебошад. Иқтисодиёти миллӣ тадирҷан рушд меёбад, сатҳи зиндагии мардум беҳтар мегардад ва бунёди корхонаҳои саноатӣ вусъат меёбад. Мо-ҳамагон тавассути воситаҳои ахбори омма шоҳиди он ҳастем, ки Пешвои миллат зимни сафар ба шаҳру навоҳии кишвар ҳатман чанд корхонаи саноатиро мавриди истифода қарор медиҳанд, ки ин омил, аз як тараф, мардуми кишварро бо ҷойи кор таъмин намояд, аз ҷониби дигар, ба пешрафти иқтсодиёти миллӣ мусоидат мекунад. Дар зимн, дар самти саноатикунонии босуръат дар гӯшаву канори мамлакат корҳои зиёде анҷом дода мешавад. Бо бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ Тоҷикистон ба кишвари содиркунанда табдил меёбад.
     Нуктаи дигар, ташаббусҳои ҷа­ҳонии Тоҷикистон ба шумор меравад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори масъалаҳои амнияти экологӣ, оби тоза ва ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон шинохта шудааст. Маҳз ташаббусуҳои ҷаҳонии Пешвои миллат марбут ба масоили мазкур Тоҷикистонро ҳамчун кишвари обҳои мусаффо ва ғамхори ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Аз ин ҷост, ки пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе мизбони ҳамоишҳои бошукӯҳи байналмилалӣ гардид, ки дар онҳо сиёсатмадорону шахсиятҳои шинохтаи зиёде аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон иштирок карданд. Ин омил имкон фароҳам меорад, ки аз як тараф, Тоҷикистон ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ гардад, аз ҷониби дигар, ба ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
     Нуктаи сеюм, ки дар он нақши истиқлол бармало эҳсос мегардад, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, бунёди НБО-ҳо ва таъмини амнияти озуқаворӣ маҳсуб меёбад. Имрӯз шоҳиди он ҳастем, ки кишвари мо тадриҷан аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфта, рафтуомади мардум дар тамоми фаслҳои сол тамин гардид. Дар зимн, сохтмони НБО-ҳо дар замони истиқлол вусъат ёфта, садҳо неругоҳи хурду миёна сохта мешавад. Дар баробари ин, дар ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯсту ҳамҷавор неругоҳҳои «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» бунёд гардиданд. НБО-и «Роғун» ба сифати иншооти аср бо иродату ҳидоятҳои ватандӯстонаи Пешвои миллат бунёд гардида истодааст ва ду чархаи он аллакай ба истифода дода шуд, ки ифтихори бузург барои ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
     Бояд қайд кард, ки истиқлол падидаи тарихист, ки мардуми тоҷик таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шарофати он дар бунёди ҷомеаи воқеан, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва давлатӣ миллӣ камари ҳиммат бастаанд. Дар ин замина, Сарвари давлат барҳақ фармудаанд: «Эътимоди комил дорам, ки бо кору фаъолияти ватандӯстонаву содиқонаи тамоми афроди бонангу номуси Ватан мо дар солҳои наздиктарин ҳамаи мушкилоти мавҷударо бартараф карда, ҷашни бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои боз ҳам бузург истиқбол мегирем».

Суҳроб ШАРИФЗОДА,
Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон