ИМКОНОТИ ВАСЕИ ОМӮЗИШ ДАР МАКТАБҲОИ ОЛӢ

Истиқлоли давлатӣ имкону шароити рушд барои ҳама соҳаҳои хоҷагии халқро фароҳам овард. Пешрафти иқтисодиёти ҳар як кишвар ба сатҳи фаъолият ва дараҷаи тарбияи мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иртиботи қавӣ дорад. Ба ин маънӣ, дар замони соҳибистиқлолӣ фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат вусъат ёфта, теъдоди онҳо бамаротиб зиёд гардид. Сифати таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб дар донишгоҳу донишкадаҳо тадриҷан баланд гардида, зина ба зина таҳсилоти олии касбӣ рушд меёбад ва ба хотири роҳандозӣ намудани барномаҳои таълимии муосир ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ва омода кардани мутахассисони арзанда ба бозори меҳнат мунтазам ихтисосҳои муассисаҳои таълимӣ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида мешаванд. Ба таъкиди сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм Ҳикматулло Саидзода, айни замон беш аз 44 ихтисос, ки имрӯз дар бозори меҳнат талаботи бештар доранд, аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида шуда, дорои сертификати мутобиқат мебошанд. Тибқи Созишномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон ихтисосҳои муассисаҳои таълимӣ пайваста аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида мешаванд. Дар соли ҷорӣ 9 ихтисоси Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида шуд. Дар баробари ин, заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мунтазам таҳким ёфта, бунёди биноҳои хуштарҳу замонавӣ ва сохтмони биноҳои таълимию иловагӣ бо маром идома доранд, ки ин имконот барои омода намудани кадрҳои баландихтисос мусоидат менамояд.
Яке аз вазифаҳои аососии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар тайёр намудани омӯзгорони соҳибтахассус ба муассисаҳои таҳсилоти миёни умумии кишвар мебошад. Аз ин рӯ, беш аз 15 мактаби олӣ дорои ихтисосҳои равияи омӯзгорианд ва фаъолияти онҳо ҷиҳати тайёр кардани омӯзгорони ҷавони болаёқат мунтазам густариш меёбад. Бо мақсади бартараф намудани эҳтиёҷоти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар омӯзгорони ҷавон омода карда мешаванд.
Дар баробари ин, тайёр намудани мутахассисони забондон аз муҳимтарин фаъолияти мактабҳои олии кишвар ба ҳисоб меравад. Ба таъкиди Ҳ. Саидзода, омӯзгорони забонҳои русию англисӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон омода карда мешаванд. Инчунин, дар аксари муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки дар онҳо шаҳрвандони хориҷӣ таҳсил менамоянд, гурӯҳҳои таҳсилашон бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Масалан, дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ хориҷиён ва шаҳрвандоне таҳсил мекунанд, ки дар мактабҳои ғайритоҷикӣ таҳсил намудаанд. Аз ин рӯ, баъзе гурӯҳҳое дар факултетҳои забони англисӣ ва романию германӣ ҳастанд, ки забони таҳсилашон русӣ мебошад. Ҳамчунин, гурӯҳҳои таҳсилашон бо забонҳои русӣ ва англисӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва ғайра ба роҳ монда шудааст.
Дар татбиқи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ низ фаъолияти мактабҳои олии кишвар тақвият меёбад. Мактабҳои олӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявӣ ва ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии донишҷӯён бо истифодаи захираҳои кадрӣ бо беш аз 100 корхонаи истеҳсолӣ ва ташкилоту муассисаҳо шартномаҳои ҳамкорӣ ба тасвиб расондаанд. Таҳкими заминаи моддӣ-техникии макотиби олӣ тақвият ёфта, бо асбобу таҷҳизот ва озмоишгоҳҳои муосири таълимӣ таъмин гардида истодаанд. Ҳоло 557 озмоишгоҳи таълимӣ, 135 кабинети лингофонӣ, 53 устохона, 392 синфхонаи компютерӣ, 11195 компютери бо хатти интернет пайваст дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар мавҷуд аст.
Дар нимсолаи аввали соли равон се санади муҳимме, ки раванди қабули довталабонро ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бидуни Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад, бо қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуданд (Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2024-2025, Қоидаҳои қабули донишҷӯён барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ дар соли таҳсили 2024-2025, Тартиби қабули ғолибон ва довталабони даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ).
Инчунин, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои давлатии Донишкадаи байналмилалии Данғара, Донишкадаи байналмилалии Левакант ва Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис дода шудаанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» аз 20 июни соли 2024 қабул гардид. Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, №199 таъсис ёфт. Дар сохтори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ факултети технологияи химиявӣ ва металлургия ташкил карда шуд.
Шоистаи таъкид аст, ки тадриҷан дар доираи роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар таҳияи нақша ва барномаҳои таълимӣ намояндагони корхонаҳои истеҳсолӣ ҷалб ва дар асоси дархости корхона ва шартномаҳои ҳамкорӣ мутахассисон омода карда мешаванд. Филиалҳои кафедра, пойгоҳҳо, синфхонаҳои таҷрибавии таълимӣ дар корхонаву муассисаҳо ташкил карда мешавад ва ба ин васила, пайванди назария ба амалия мусоидат мекунад. Ба ин мазмун, роҳандозиии таҳсилоти дуалӣ ба мақсад мувофиқ мебошад ва Низомномаи таҳсилоти дуалӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҳия ва тасдиқ гардид, ки дар он тартиби ташкили раванди таълим муайян шудааст.
Воқеан ҳам, нақши Истиқлоли давлатӣ дар рушду пешрафт ва баланд гардидани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар бориз аст. Зеро таҳсилоти олии кишвар тадриҷан ба низоми таҳсилоти ҷаҳонӣ мутобиқ гардида, мутахассисоне, ки дар мактабҳои олии кишвар омода карда мешаванд, ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мебошанд.
Насриддин ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»