РОҲНАМОЮ ҲИДОЯТГАРИ АҲЛИ МАОРИФ

Истиқлоли давлатӣ соҳаи маорифро ба марҳалаи нави бесобиқа, ки замина ба омилҳои миллӣ дорад, ворид сохт. Сохтори Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ куллан тағйир ёфт ва зер сохторҳои зиёде таъсис дода шуданд, ки пеш аз ҳама, ба такмили сатҳу сифати таълиму тарбия ва ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мувофиқ намудани мазмуну муҳтавои таҳсилот мусоидат карданд. Дар татбиқи ҳадафҳои ислоҳоти соҳаи маориф ва тақвияти фаъолияти соҳа, ба вижа, ду ниҳоди ҳидоятгару роҳнамо ва дастурофар — Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ нақши бариз доранд. Бо хоҳиши мо роҳбарони ниҳодҳои мазкур ба таври фишурда аз комёбиҳои академия ва пажуҳишгоҳ дар даврони истиқлол нақл карданд.
Шодӣ Сафаров – президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон:
— Дар оғози даҳсолаи охирини садаи бист орзуи дерину ширини халқи тоҷик ниҳоят амалӣ гашт ва Ҷумҳурии Тоҷикистони азизи мо Истиқлоли давлатӣ ба даст оварду дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр шинохта шуд. Истиқлол шараф ва нангу номуси ҳар як миллати озодандешу соҳибтамаддун аст ва он имкон фароҳам меоварад, ки мамлакат рушд ёбад ва дар тамоми соҳаҳо комёбиҳо ба даст оварда шаванд. Маълум, ки бунёди ҳар давлат, пешрафту шукуфоии он бештар иртиботманд ба соҳаи маориф аст ва аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандонаи худ ба соҳаи маориф таваҷҷуҳу ғамхории ҳамешагӣ зоҳир мекунанд ва батакрор изҳор медоранд: «Агар мо хоҳем, ки ба комёбию пешрафт ноил гардем, бояд, пеш аз ҳама, ба рушди соҳаи маориф диққати махсус дошта бошем ва ин соҳаро ҳама тарафа равнақ бахшем». Дар қатори ниҳодҳои дигари Вазорати маориф ва илми кишвар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон барои пешрафти соҳаи маориф ва таъмини таълиму тарбияи босифат ҳиссаи сазовор мегузорад. Академияи мазкур ниҳоди комилан нав дар таърихи маориф ва педагогикаи халқи тоҷик буда, дар заминаи Истиқлоли давлатӣ арзи ҳастӣ кардааст, яъне, зодаю парвардаи истиқлол аст. Академияи таҳсилот бо ибтикороти ислоҳогароёнаи Пешвои миллат дар соҳаи маориф ҳамбастагӣ дорад ва аз соли 2002 фаъолият мекунад. Дар оғози фаъолият намудани академия олими маъруф, академик Муҳаммад Лутфуллозода, ки худ нахустин президенти он буданд, ҳиссаи сазовор гузоштаанд.
Ҳамакнун Академияи таҳсилоти Тоҷикистон 22 сол боз бомаром фаъолият дорад ва барои такомулу пешрафти маорифи мамлакат ҷидду ҷаҳд менамояд. Дар ин давра дастовардҳои олимони мо на танҳо ба комёбиҳои пайвастаи илми педагогикаи муосири миллат мусоидат кард, балки дар арсаи байналмилалӣ муаррифи мактабу маорифи муосири тоҷик гардид. Фаъолияти академия, асосан, ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳою асноди Ҳукумати ҷумҳурӣ, татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, иҷрои нақшаи чорабиниҳо ва дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илм нигаронида шудааст. Олимони академия дар таҳияи асноди муҳимми давлатӣ – Стратегияи миллии рушди маорифи Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Кодекси маориф, Консепсияи мактаби миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи таҳсилоти фарогир, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак», стратегияи барномаҳои давлатии рушди маорифи мамлакат ва амсоли инҳо саҳми пурарзиш гузоштанд. Вазифаҳои меҳварии Академияи таҳсилот ба талаботи замон ва ғояву арзишҳо миллӣ мутобиқ сохтани низом ва мазмуни таҳсилот, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф, такмили мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ, ба ислоҳоти соҳа, аз ҷумла, ба талаботи муносибати босалоҳият ба таълим бозгӯй бинмудани ҷараёни таҳсилот, ташхису арзёбии сифати китобҳои дарсӣ ва мутоби қатсозии мазмуну мундариҷаи онҳо ба талаботи муосир, таҷдиди назар кардани стандартҳои фаннӣ, нақшаю барномаҳои таълим ва китобҳои дарсии ҳамаи зинаҳои таҳсилот маҳсуб мешавад. Яке аз масъалаҳои мубраме, ки олимони мо пайваста ба он машғуланд, таълифи китобҳои насли нав ва созгор ба талаботи замони муосир мебошад. Аксари кормандони академия муаллифи китобҳои дарсӣ ва таълимию методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олӣ мебошанд. Танҳо дар давоми ду соли охир олимони мо беш аз 40 номгӯй китобҳои дарсии фанҳои гуманитарӣ-ҷамъиятиро аз забони тоҷикӣ ба забони русӣ барои хонандагони ақалиятҳои миллии муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон ба забони русӣ тарҷума карданд. Бо мақсади танзими фаъолияти таълиф ва нашри адабиёти таълимӣ дар назди академия Шурои экспертизаи адабиёти таълимӣ таъсис дода шудааст ва фаъолияти баланд дорад.
Системаи асарҳои илмию педагогӣ ва методию равоншиносии олимони варзидаю соҳибтаҷрибаи Академияи таҳсилот, ки дар солҳои гуногун таҳия ва чоп шудаанд, ба алоқамандони таълиму тарбия мададгору раҳнамои ҳамешагианд. Устод М. Лутфуллозода муаллифи китоби «Алифбо» ва даҳҳо дастуру китобҳои дигар оид ба педагогикаю умумӣ ва методикаи таълим буда, ҳамчун устоди устодони таълимгоҳҳои кишвар шинохта шудааст. Дар радифи дигар китобҳои арзишманди устод, китоби бунёдию пурмуҳтавои ӯ «Педагогикаи миллии халқи тоҷик» дар такомули илми педагогикаи тоҷик нақши муҳим дорад ва яке аз дастовардҳои барҷастаи соҳаи маорифи мамлакат дар давраи истиқлол эътироф шудааст.
Академияи таҳсилот дар тавзеҳу татбиқи таълими ҳамгиро, таълими тафриқа, таълими босалоҳият ва таълими гуманитарӣ комёбиҳои назаррас дорад ва вобаста ба ин масоили муҳиму судманд олимони маъруф У. Зубайдов, Ф. Шарифзода ва И. Каримова корҳои шоёни таҳсинро сомон бахшида, дастурҳои пурарзиш таълиф бинмудаанд. Олими номвар С. Неъматов оид ба таълимоти гуногуни фарҳангӣ ва таълифи фарҳангу луғат номаҳо, Ф. Гулмадов оид ба методикаи таълим дар синфҳои ибтидоӣ, зарурати гузариш ба низоми нави баҳогузорӣ, С. Шербоев оид ба методикаи таълими забони тоҷикиӣ, С. Аминов оид ба таълифи китобҳои дарсии забони тоҷикӣ, таҳияи барномаҳои таълимӣ, А. Байзоев оид ба масоили гуногуни мактабшиносӣ ва соҳаи маориф, Ҷ. Ҳакимова оид ба таҳсилоти фарогир таҳқиқоти доманадор анҷом дода, мақола ва асару китобҳои зиёд таълиф кардаанд.
Бо ҳадафи татбиқи нишондодҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» аз ҷониби олимони академия як қатор тадбирҳои муҳим андешида, ҳамкорӣ бо аҳли таълиму тарбия дар ин самт вусъат бахшида шудааст. Соли сеюм аст, ки дар назди академия Шурои муштараки диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ амал мекунанд, ки махсусан, дар тарбияи олимони ҷавон нақши муҳим мегузорад.
Истиқлол илҳомбахшу ҳидоятгароӣ ва ҳисси ифтихори миллию масъулиятшиносиро ба таҳрик меоварад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки бо истифода аз имконоти созгори аҳди истиқлол аҳли Академияи таҳсилоти Тоҷикистон минбаъд фаъолияти худро боз ҳам бовусъат мекунанд ва ба комёбиҳои навин ноил мегарданд.
Асадулло Наҷмиддиниён – директори Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ:
— Ҳар яки мо, шаҳрвандони Тоҷикистон, аз Истиқлоли давлатамон ифтихор дорем ва ба ҷон баҳри ҳифзу пойдории ин неъмати гаронбаҳои миллӣ мекӯшем. Истиқлол барои мо нишони барҷастаи ҳастии миллату давлат, рамзи асосии ҳувият, ифодагари орзую армонҳои таърихӣ, инъикосномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибор мебошад. Тавсифи истиқлолро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври саҳеҳу барҷаста овардаанд: «Истиқлол рамзи соҳиб давлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро ба дасти хеш навишта, раҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад». Албатта, барои кормандони Пажуҳишгоҳи рушди маориф ҳам, ки дар таркиби Академияи таҳсилоти Тоҷикистон фаъолият дорад, Истиқлоли давлатӣ муҷиби ифтихору сарбаландист. Барномаи амали пажуҳишгоҳ хеле бавусъат аст ва асосан ба ҷараёни таълиму тарбия ва такмили сатҳу сифати таҳсилот иртибот дорад. Дар ин замина, фаъолияти олимони пажуҳишгоҳ вобаста ба масъалаҳои муҳимми соҳа – роҳҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, рушди педагогикаи миллӣ, такмили дараҷаи таълими ифтихори ватандорӣ ва ватандӯстӣ, мутобиқсозии мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ ба талаботи замони муосир ва стандартҳои байналмилалии таҳсилот, бознигарии барномаю нақшаҳои таълимӣ… равона шудааст. Дар таҳқиқоту навиштаҳои худ кормандони пажуҳишгоҳ, ҳамчунин, ба бузургдошту тавзеҳи арзишҳою муқаддасоти миллӣ, риояи анъанаҳои судманди мардумӣ ва тарғиби ҷашнҳои миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Асару мақолаҳои олимони мо ба беҳдошти фаъолияти омӯзгорон мусоидат мекунанд ва дар заминаи таҳқиқу мушоҳидаю бардоштҳо аз раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ба вуҷуд омадаанд. Чунончи, мутахассисони пажуҳишгоҳ дар ин замина оид ба шаклҳои нави алтернативии таҳсилоти томактабӣ 15 пешниҳоду тавсиянома таҳия намуда, барои татбиқи онҳо бо кормандони ин зинаи таҳсилот ҳамкорӣ доранд. Таҳия ва чопи «Дастури методӣ барои психологи муассисаи томактабӣ» аз ҷониби олимони пажуҳишгоҳ фаъолияти кормандони кӯдакистонҳоро такмил бахшид. Олимони мо дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии «Арзёбии сифати хизматрасониҳо дар заминаи таҳсилоти томактабӣ»-ро таҳия намуданд, ки ҳоло мавриди омӯзиши мутахассисони дигар қарор дорад. Яке аз самтҳои судманди фаъолияти аҳли пажуҳишгоҳ робитаи ҳамешагӣ бо аҳли таълиму тарбия, мураббиёну омӯзгорон, мунтазам ташкил намудани вохӯрию мулоқотҳо бо кормандони муассисаҳои таълимӣ ва оростани семинару конфронсҳо мебошад. Мутахассисони пажуҳишгоҳ дастури «Низоми 10-холаи баҳогузорӣ ва меъёрҳои арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дастури «Озмоиши низоми 10-холаи баҳогузорӣ ва меъёрҳои арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намуда, вобаста ба он барои 140 муассисаи таҳсилоти умумии озмоишии кишвар семинарҳои омӯзишӣ баргузор карданд. Озмоишҳо баҳри роҳандозии низоми 10-холаи баҳо гузорӣ дар як силсила таълимгоҳҳои ҷумҳурӣ идома дорад. Дар нақшаи амали пажуҳишгоҳ, ҳамчунин, ба масоили таълими фарогир, такмили методҳои таълим, корбасти усулҳои фаъоли таълиму тарбия, таҳсилоти фосилавӣ, омӯзиши амиқи педагогикаи миллӣ, таҳлилу баррасии вазъ ва дасторвардҳои педагогикаи ҷаҳонӣ, мушкилоти таҳсилоти томактабӣ, дастгирии омӯзгорони ҷавон, инкишофи равонию ҷисмонии хонандагон… таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст. Як қатор тадбирҳои аҳли пажуҳишгоҳ бо татбиқи комилу пурсамари талаботу нишондодҳои қонунҳо «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак», барномаи васеи марбут ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илми маориф» ва беҳдошти вазъи забономӯзии хонандагону донишҷӯён ҳамбастагӣ доранд. Вобаста ба нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, олимони пажуҳишгоҳ якчанд семинару ҳамоиш баргузор намуда, рисолаю мақолаҳои дастурию методӣ ба табъ расонданд. Дар пажуҳишгоҳ ба тарбияи олимони ҷавон, дастгирию роҳнамоии онҳо, иштирок дар озмунҳо, чопи мақолаю китобҳо, ҳамкорӣ бо шарикони рушд таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад…
Аҳли Пажуҳишгоҳи рушди маориф хуб дарк мекунанд, ки барои татбиқи ҳадафҳои ислоҳоти соҳаи маориф ва бештар такмил бахшидани сатҳу сифати таҳсилот онҳоро бори масъулияти зиёд бар дӯш аст ва аз ин рӯ, пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки фаъолияти худро боз ҳам таҳким бахшанд. Хушбахтона, Истиқлоли давлатӣ барои ин ба онҳо шароиту имконоти мувофиқ фароҳам овардааст.
Таҳияи
А. МУРОДӢ,
«Омӯзгор»