ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАСИРИ ТАЪРИХ

Истиқлоли давлатӣ мафҳуми сермаънову арзишманд барои мардуми шарифи кишвари мо буда, муҳимтарин марҳала дар таърихи мавҷудияти халқи тоҷик ба шумор меравад. Зеро тамоми ормонҳои халқи тоҷик дар тӯли таърихи бисёр ҳазорсолааш дар марҳалаи навин амалӣ шуда истодааст. Ба ҳамин маъно, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи оину суннатҳо ва рушди илму адаб, марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намудаанд.
Дарвоқеъ, агар мо ба таърихи давлатдорӣ, ташаккули тафаккури миллӣ, озодандешӣ ва муборизаҳои истиқлолхоҳонаи халқи тоҷик назар намоем, собит мегардад, ки ниёгони мо дар тӯли мавҷудияти хеш бузургтарин шаклҳо ва низоми давлатдорӣ, сохторҳои давлатӣ, вазоратхонаҳо, равияҳою мактабҳои зиёди илмию озодандешӣ ва муборизаҳои истиқлолхоҳонаро бунёд гузоштаву роҳбарӣ намудаанд, то миллати шарафманди тоҷик имрӯз ба ҳайси “миллати тамаддунофар” пазируфта шавад.
Вобаста ба масъалаи истиқлол дар масири таърих, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Агар мо раванди зуҳур ва таърихи ташаккули истиқлоли миллатамонро амиқан баррасӣ намоем, равшан хоҳем дид, ки роҳ ба сӯи истиқлол душвору тӯлонӣ, пур аз шебу фароз ва саршор аз муборизаву иштибоҳот ва равандҳои ихтилофомезу зиддиятнок будааст. Вале дар ниҳоди миллати мо омилҳои бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлол ҳамеша вуҷуд дошт, ки асолату ҳуввияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз сеҳазорсолаи давладорӣ, арзишҳои бузургу созандаи иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёти ғанӣ ва ғайра дар асл шоҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва таърихии миллати мо будаанд».
Сиёсатмадорону муаррихони сатҳи ҷаҳонӣ таърихи давлатдории ниёгони моро омӯхта, саҳми тоҷиконро ҳамчун миллати фарҳангпарвар дар ташаккули тамаддуни инсонӣ намуна арзёбӣ карданд. Таърих гувоҳ аст, ки аввалин сулолаи ҳукуматгари мо Пешдодиён дар таърихи давлатдории худ адлу адолати иҷтимоиро асли давлатдории хеш қарор дода, натанҳо аввалин давлати ориёии мутамарказро дар ҷаҳон таъсис доданд, балки тамоми расму ойини рӯзгори мардум, аз қабили шуморидани рӯзҳо, ҳафтаву моҳ ва гоҳшуморию солшуморӣ, ҷашнҳои миллию хусусияти тамаддуни кишоварзидоштаи Наврӯзу Тиргон ва Меҳргону Садаро бунёд гузоштанд. Шоҳаншоҳии Каёниён бошанд, дар империяи таъсиснамудаи хеш тавонистанд олитарин афкорро дар мазҳаби таълимоти Зардуштия ба вуҷуд оварда, тамоми ақвоми ориёиро дар як идеология муттаҳид намоянд, ки ҷавҳари асосии таълимоти онро “пиндори нек, кирдори нек ва гуфтори нек” ташкил медод.
Силсилаи дигари хонадони бузурги ниёгони мо, ки аслан, аз Балхи бостон буданд, беҳтарин низоми давлатдорӣ дар ҷаҳони қадимро созмон дода, натанҳо дар шоҳаншоҳии худ зиёда аз 70 қавму халқиятҳои ҷаҳони он замонро муттаҳид мекарданд, балки миёни онҳо адолати иҷтимоӣ, озодии виҷдон ва амнияти сартосариро таъмин намуданд. Маҳз дар ҳамин давра аз ҷониби Куруши Кабир матни аввалин “Эъломияи ҳуқуқи башар” офарида шуд. Сулолаҳои дигари Кушониёну Ашкониён ва Сосониён низ рисолати таърихии Ҳахоманишиҳоро идома дода, аз баракоти истиқлол домани давлатдорӣ ва расму анъанаҳои ниёгони моро боз ҳам дар ҷуғрофиёи васеътар густариш бахшиданд.
Бо тамаъҷуӣ ва забткориҳои аҷнабиён – арабҳову туркҳою муғулҳо муборизаҳои озодихоҳию истиқлолхоҳии гузаштагони пурифтихори мо тарҳрезӣ шуда, дар шахсияти Абумуслими Хуросонӣ, Ҳайдар Афшини Истаравшанӣ, Сумбоди Муғ, Деваштич ва садҳо родмардони Ватан дар муддатҳои тӯлонии таърих андешаҳои озодихоҳӣ, истиқлолхоҳӣ ва армонҳои миллии гузаштагони моро таъмин намуданд. Натиҷаи ҳаракатҳои истиқлолхоҳонаи мардумӣ аз он иборат буд, ки дар зиндагӣ ва зеҳни мардум неруи бузург ва тафаккури зиддиаҷнабиро ба вуҷуд оварданд. Илова бар ин, намояндагони мардуми минтақа, аз ҷумла, сулолаҳои Бармакӣ, хонадони Тоҳир ибни Ҳусайни Пушингӣ, хонадони Саффориён ва хонадони Сомониён аз ҷониби халифаҳои Аббосӣ ба умури давлатӣ, ба мансаби волиёни Хуросону Мовароуннаҳр, вазирон ва сарлашкарон таъйин мегардиданд, ки ин орзуи деринаи мардумони бумии Хуросони бузург дар роҳи ҳифзи марзу буми аҷдодияшон буд. Аз ин ба баъд Тоҳир ибни Ҳусайн, Яъқуб ибни Лайс ва Асад ибни Сомон дар назди халифа эътибори фавқулода пайдо намуда, тадриҷан идораи Хуросону Мовароуннаҳр ба хонадонҳои Тоҳириёну Саффориёну Сомониён интиқол ёфта, пас аз чанде истиқлоли ҳудудиву маъмурии хешро дар асрҳои миёна ба даст оварданд.
Заҳматҳои ин хонадонҳоро дар ташаккули низоми хилофат ва барои ба даст овардани истиқлоли марзию ҳудудӣ бунёдгузори илми ҷомеашиносӣ, муаррихи асримиёнагии Тунисӣ Абдурраҳмон ибни Халдун чунин зикр намудааст: Чун писари Тоҳир ибни Ҳусайн волии шаҳри Раққа таъйин шуд, Тоҳир барои раёсати писари хеш насиҳатномае навишт, ки ин нома шуюъ ёфт ва мояи шигифтии мардум гардид. Чун номаро ба халифа Маъмун хонданд, фармон дод, ки ин нома беҳтарин дастур барои ходимону надимони хилофат буда, онро дар нусхаҳои бисёр истинсох кунанд ва ба сӯйи ҳамаи коргузорони навоҳии гуногун бифиристанд ва аз он пайравӣ кунанд. Чун Ибни Халдун аз мазмуни матн воқиф мегардад, дар охири матн зикр менамояд, ки “ин некутарин дастурест, ки дар бораи сиёсати иҷтимоии башарӣ бар он даст ёфтам”.
Дар бахши густариши илму фарҳанги асримиёнагӣ низ нақши эронитаборон, алалхусус, тоҷикон шоистаи таҳсин буда, онҳо дар аксар улуми ин давра, ба монанди сарфу наҳви араб, назм, ҳадис, фиқҳ, таърих, тарҷума, риёзиёт, кимиё, физика, нуҷум, геодезия, тибб ва амсоли инҳо ба ҳайси асосгузорони ин улум ном бароварданд ва ба сокинони сайёра ҳаққи устодӣ пайдо карданд. Аз ин шоҳкориҳои илмии олимони асримиёнагии мо донишмандони дигар ба тааҷҷуб омада, ангушти ҳайрат газида гуфтаанд: «Аз шигифтиҳое, ки воқеъият дорад ин аст, ки машъалбардорони илму фарҳанг дар уммати ислом аксаран эрониён-тоҷикон буданд, хоҳ улуми ақлӣ ва хоҳ улуми нақлӣ. Агар ҳам насаби баъзе аз ҳомилони дониш арабӣ буд, забон, маҳали парвариш ва устодони онҳо аҷамӣ ҳастанд». Илова бар ин, мувофиқи таҳқиқоти солҳои охир, миллати тоҷик дар муддати даҳ аср дар ҷуғрофиёи таърихии хеш зиёда аз сӣ ҳазор шоири соҳибдевонро тарбият намуд, ки ашъори онҳо моломол аз озодӣ ва истиқлоли фикрию марзию маъмурӣ ва давлатист.
Бо дарёфти воқеъият ва асли таърих Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолро барои ҳамаи наслҳои миллати мо, аз ҷумла, ниёгони сарбаландамон ормони воло, номаи тақдир, ҳифзи шарафу номуси ватандорӣ ва дар мушкилтарин лаҳзаҳои таърих бо сабру таҳаммули оқилона ва ҳусни тадбир дар ниҳоди давлатдории аҷнабиён пеш бурдани суннатҳои давлату давлатдории аҷдодӣ арзёбӣ намуданд.
Халқи тоҷик баъди садсолаҳо соҳиби давлати мустақил гардида, мақому манзалати аз даст рафтаро бо шарофати Истиқлоли давлатӣ аз нав барқарор намуд. Барои миллат ин бахти баланд ва воқеаи хеле фараҳбахш буд. Аз нахустин рӯзҳои Истиқлоли давлатӣ роҳи минбаъдаи инкишофи хешро ҳамчун кишвари соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян сохт. Аз ҷиҳати шароити таърихӣ, ҳарчанд эъмори давлати дунявӣ кори саҳл набуд, вале ақлу заковат ва хиради азалии миллати тоҷик ва дарки ҳувияти миллӣ ба он боис гардид, роҳи интихобнамудаи рушди ҷомеаи навини тоҷикон дуруст баргузида шавад.
Омӯзиши таҳлилии таърихи кишварҳои дар асри ХХ ба истиқлоли давлатӣ соҳибшуда аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мардуми ин кишварҳо зиёда аз 200 сол бар муқобили мустамликадорони хеш мубориза бурда, соҳиби истиқлол шудаанд. Агар ба таърихи кишвари худ назар андозем, мебинем, ки истилои араб ва мазҳабсозии мардуми маҳаллӣ ба ҳамон андоза муассир гардид, ки дар натиҷа дар олами арзишҳои фарҳангии миллат арзишҳои нав реша давонида, тадриҷан соҳиби унвони “худӣ” гардиданд. Гардиши куллии ба ҳамин монандро дар таърихи давлатсозии миллати мо барпошавии Иттиҳоди Шуравӣ ва барҳамхурии он ба вуҷуд овардаанд. Агарчанде барпошавии Давлати Шуравию барҳамхӯрии он падидаҳои ба ҳам муқобиланд, лекин ҳарду падида дар таърихи ба дастоварии истиқлоли давлатӣ нақши муҳим бозидаанд. Барпошавии Давлати Шуравӣ барои дар заминаи миллати тоҷик бунёд намудани давлати ниммустақил баъд аз ҳазор сол заминаҳои мусоид фароҳам овард. Ҳамчунин, барҳамхӯрии Давлати Шуравӣ барои соҳиб гардидан ба истиқлоли расмии давлатӣ мусоидат намуда, қадами тақдирсоз барои рушди мустақилонаи минбаъдаи иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии миллат гардид. Дар ин хусус, боз ҳам Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид таъкид намудаанд: “Пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ боиси он гардид, ки дар қатори дигар ҷумҳуриҳо Тоҷикистон низ аз неъмати бебаҳои истиқлоли воқеӣ баҳравар шуд. Ин давраро метавон чун оғози марҳалаи нави давлатдорӣ ва истиқлоли миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд.”
Ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ саҳифаҳои навинро дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии миллати тоҷик ифшо намуда, чароғи ҳидояти фардои дурахшони Тоҷикистон гардид. Инчунин, Истиқлоли давлатӣ дар назди ин миллати фарҳангпарвар масъулияти басо бузург ва дар айни замон пуршарафро ба монанди ҳифзи Истиқлоли давлатию манфиатҳои миллӣ, ҳимояи арзишҳо ва суннатҳои фарҳангӣ, талаботи бунёди ҷомеаи демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро гузошта, бегазанд ба насли оянда интиқоли ин рисолати таърихиро тақозо намуд.
Ҳанӯз дар ибтидои даврони соҳибистиқлолӣ миллати худогоҳи тоҷик ба хубӣ дарк намуда буд, ки истиқлолро соҳиб шудан ҳанӯз кам аст ва онро ҳамчун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ, шарафу номуси ватандорӣ ва ифтихор аз давлату миллати хеш пайгирона бояд ҳифз намуд.
Мутаассифона, ин неъмати бебаҳои таърихӣ дар рӯзҳои аввали даврони соҳибистиқлолӣ дар сатҳи зарурӣ мавриди қадршиносӣ қарор нагирифт. Талошҳои сиёсии як зумра ашхоси мансабталаб, дахолату ғаразҳои сиёсии нерӯҳои дохиливу хориҷӣ боиси ихтилофу низоъҳо байни мардум гардид.
Дар чунин шароит замон ба сари ҳокимият шахсеро овард, ки тақдири миллати тоҷик ва эҳёи давлатдории навини тоҷикон аз ӯ вобаста буд. Ин шахсияти таърихӣ, фарзанди содиқи Ватан, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мавсуф аз рӯзҳои нахустини ба қудрат омаданашон бо кӯшишҳои шабонарӯзӣ ва ҳамгироии мардум ба бунёди давлатдории навини тоҷикон асос гузоштанд.
Шахсе, ки дар марҳалаи мураккабтарини таърихи давлату миллат масъулияти сарварии кишварро ҷасурона ба даст гирифт, бо талошу иродаи бемисли худ боиси наҷоти киштии шикастаи давлатдории тоҷикон шуд. Дар натиҷа Тоҷикистон на танҳо ҳамчун давлат наҷот ёфт, балки ба як силсила дастоварди бунёдие, ки барои сарнавишти давлату миллати мо аҳамияти бисёр муҳим доранд, соҳиб гардидааст. Кӯшишҳои пайвастаи Пешвои миллат, умедворию заковати мардуми бонанги соҳибтамаддунамон натиҷаҳои дилхоҳ доданд ва ниҳоят 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Барқарор гардидани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, истиқлоли давлатиро бозҳам устувор гардонид ва нури умед ба ояндаи нек дар дили мардум роҳ ёфта, барои гузаронидани як қатор чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан демокративу ҳуқуқбунёд шароити мусоидро фароҳам овард.
Боиси ифтихор аст, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон барои аҳли башар намунаи ибрат гардид ва аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир пазироӣ шуд. Таърихи тамаддун ёд надорад, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар чунин муҳлати кӯтоҳ қатъ гардида, ҷонибҳои даргир ба ҳамдасти дӯстӣ дода, фаъолияти солими дастгоҳи давлати хешро ба манзури ободии кишвар равон намоянд.
Баъди ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ барои муаррифии давлату миллати тоҷик яке аз ҳадафҳои асосӣ эҳёи арзишҳои миллӣ маҳсуб меёфт. Аз ин рӯ, Сарвари давлат дар кӯтоҳтарин муддат ба таҷлили бузургтарин ҷашнҳои миллӣ, ки мақсад аз таҷлили онҳо баҳам овардан, муттаҳид намудан ва муаррифӣ кардани миллати тоҷик, баъди оқибатҳои табаддулоти сиёсӣ боз ободу зебо намудани кишвари азизамон маҳсуб мегардид, рӯ оварданд.
Дар радифи эҳёи арзишҳои миллӣ бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат омӯзиш ва муаррифии арзишҳои дигари давлатдории мил-лӣ – арзишҳои миллӣ-таърихӣ оғоз гардида, як қатор ёдгориҳои таърихиву фарҳангии кишвар ба рӯйхати бонуфузтарин созмони байналмилалии фарҳангӣ ворид карда шуданд.
Аз ин лиҳоз, гуфтан мумкин аст, ки мафҳуми истиқлол барои давлату миллат шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ ва бузургии миллат маънидод мешавад. Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо ва набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамнаво сохтааст.
Дар назди таърих беш аз сеяки аср чандон соли зиёд нест, аммо дар ин давра тоҷикон таҳти роҳбарии Пешвои миллат дар давлатдории навинии хеш корҳоеро анҷом доданд, ки садсолаҳо ба ормонҳои миллии тоҷикон табдил ёфта буд.
Саҳифаҳои пурмуҳтавою рангин ва рӯзгори равшани миллати тоҷик дар тӯли таърих, бо талошу муборизаҳои фарзонафарзандони миллати шарафманди тоҷик, сарлашкарон ва садҳо зиёиёну сиёсатмадорони тавонои дигар дар сафҳаи таърих дурахшон аст. Таърих ва фарҳанги оламгиру тамаддуни инсонсози миллати тоҷик ҳамеша ҳамчун сарчашмаи ҳувиятсози миллат хизмат кардааст ва ба ҳар фарди миллат нангу номуси миллӣ доштан, ифтихор аз арзишҳои гаронбаҳои миллӣ намуданро меомӯзонад. Бешубҳа, бидуни омӯзиши таърих, азхуд кардани дониши зарурӣ, ҳеҷ қавму миллате ба худшиносии миллӣ намерасад.
Итминони комил дорем, ки мардуми шарифу заҳматталаби тоҷику тоҷикистонӣ, бо шукронаи давлати озоду соҳибистиқлол, таҳти роҳбарӣ ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи қавӣ ва кору фаъолияти бовусъат дар рушди иқтисодиёт, пешрафти илму фарҳанг, таъмини субботу амният, таҳкими қонуният ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ ҳамвора талош менамоянд.
М. ИМОМЗОДА,
академик