Дар ҳама давру замон ба масъалаи омӯзиш ва фаро гирифтани илмҳои муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Зеро инсон маҳз тавассути омӯзиши бардавом ва фаро гирифтани донишу илм метавонад дар ҷомеа соҳибу обрӯю эътибор ва зиндагии шоиста гардад. Аз ин ҷост, ки инсонро дониш қудрату неру ва тавон мебахшад. Имрӯз ба масъалаи омӯзиш ва азхуд намудани донишҳои муосир дар кишвар диққати асосӣ зоҳир гардида, тамоми шароит ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани наврасону ҷавонон фароҳам оварда шудааст.
Маҳз бо ҳамин мақсад, ҳамасола 1-уми сентябр ҳамчун Рӯзи дониш таҷлил мегардад ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз муассисаҳои таълимии кишвар суханронии пурмуҳтаво намуда, нақши илму дониш, омӯзишу мутолиа ва таълиму тарбияро дар ташаккули шахсияти инсон ва давлатдории миллии мо муҳим арзёбӣ мекунанд. Дар ин нигошта мехоҳем атрофи масъалаи нақшу аҳамияти илму дониш дар осори шоирону мутафаккирони классики тоҷику форс андешаҳои худро ба таври иҷмолӣ баён намоем. Дар осори гаронбаҳои адибону мутафаккирони тоҷику форс мавзуи андӯхтани илму дониш дар меҳвар қарор дошта, мубраму муҳим маҳсуб меёбад. Ононе, ки ҳамеша дар масири омӯзишу мутолиа қарор доранд, сарфарозу саодатманданд, аз як тараф, шебу фарози рӯзгор, мушкилоту монеаҳоро сарбаландона пушти сар мекунанд, аз ҷониби дигар, равшанибахши роҳи дигарон мегарданд. Ба ин маънӣ, устод Абуабдуллоҳи Рудакӣ фармудааст:
Дониш андар дил чароғи равашан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Яъне, дониш мисли сипар инсонро ҳифз менамояд ва ҷаҳонбинии фароху пешрафтааш ҳамеша ӯро сарбаланд мекунад, чунки дониш тарзи тафаккуру андешарониҳои инсонро такмил мебахшад, ӯро дастболову комгору пирӯз мегардонад. Ҳаким Фирдавсии бузург бамаврид таъкид кардааст:
Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.
Ба ранҷ андар орӣ танатро равост,
Ки худ ранҷ бурдан ба дониш сазост…
Биёмӯзу бишнав зи ҳар донише,
Биёбӣ зи ҳар донише ромише.
Мусаллам аст, ки омӯзиши пайваста дониши инсонро тақвият бахшида, аз як сӯ, дар дарки авзои ҷаҳон ба ӯ ёрӣ мерасонад, аз сӯйи дигар, шахсро ҷӯёву пӯёву пешрафта мегардонад:
Ба дониш бувад мардро обрӯй,
Ба бедонишӣ, то тавонӣ мапӯй.
Ҳаким Фирдавсӣ дар ҷойи дигар аз бениёз будани нафаре, ки соҳиби дониш аст, сухан дар миён гузошта, заҳматеро, ки дар роҳи омӯзишу ба даст овардани он сарф мегардад, ҳамчун омили хушбахтиву саодатмандӣ ва роҳату комгорӣ дар зиндагӣ баҳогузорӣ кардааст:
Зи дониш дари бениёзӣ биҷӯй,
В-агарчанд аз ӯ сахт ояд ба рӯй.
Дар заминаи омӯзишу ковишҳо ва мутолиаи бардавом инсон чизҳои зиёдро азхуд менамояд, ки ҳеҷ тасаввур карда наметавонад ва аз ин ҷост, маҳз онҳое меомӯзанд, ки ҳам тарзи тафаккур, ҳам тарзи баёнашон фарқкунанда буда, барои ҷомеа суду манфиати зиёде меоранд:
Зи чизе, ки ҳаргиз надиду шунид,
Ба дониш биёвард онро падид.
Мутафаккири дигари барҷастаи тоҷику форс Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад, ки омӯзиш ва азбар намудани донишро роҳи расидан ба қуллаи мурод ва эҳтиром гузоштан ба аҳли илмро мояи шарафу ифтихор меҳисобад:
Тавозуъ кун онро, ки донишвар аст,
Ба дониш зи ту қадри ту бартар аст.
Дар ҷойи дигар, роҳи саодату растагориву пирӯзиро маҳз дар парвариш бахшидани дониш арзёбӣ бинмудааст:
Дилатро ба донишварӣ дор хуш,
Чу донистӣ, он гоҳ дар кор кӯш.
Дар эҷодиёти Носири Хусрав бошад, дониш моҳияти баланд касб карда, ин мутафаккир омӯзишро мояи шодии қалбу ҷон номидааст:
Ба дониш шод гардӣ аз дилу ҷон,
Ки бе дониш бувад ҷовид ҳайрон.
Маълум аст, ки омӯзиш оғоз дораду анҷом не. Аз ин рӯ, ҳар қадар бештар ба омӯзиш машғул гардем, ҳамон андоза маълумоти наву тозаро ба даст меорему маърифат мекунем, зеро дониш баҳри бекарон аст. Ба ин мазмун, шоир Абушакури Балхӣ дар роҳи омӯзиш танаффусро имконнопазир дониста, ҳеҷ гоҳ азхуд қонеъ нашуданро талқин менамояд ва дар ин замина, ба чунин хулоса мерасад:
То бад-он ҷо расида дониши ман,
Ки бидонам ҳаме, ки нодонам.
Абуалӣ ибни Сино, ки яке аз мутафаккирону донишмандон ва олимони сатҳи ҷаҳонист, донишро асоси равшании ақл маънидод намуда, зикр кардааст: «Дониш чароғи ақл аст».
Маълум аст, ки дар ашъори шоирони классики тоҷику форс масъалаи омӯзиш ва азбар кардани донишҳои муосир мавқеи меҳварӣ дорад. Онҳо роҳи пешрафту тараққиёт ва дарёфти ҳақиқатро танҳо дар асоси омӯзиш баҳогузорӣ кардаанд. Зеро донишмандию хирадмандӣ инсонро саодатманду пирӯз мегардонад. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии пурмуҳтавои хеш дар Рӯзи дониш, аз як тараф, вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии кишварро мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор медиҳанд, аз ҷониби дигар, он таконбахши омӯзиш ва фарогирии донишҳои муосир барои аҳли ҷомеа, махсусан, омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯён мегардад.
Аз ин рӯ, мо, омӯзгоронро зарур аст, ки наврасону ҷавононро ҳамвора ба ҷодаи азхуд намудани донишҳои муосир роҳнамоӣ намоем, то онҳо аз илмҳои муосир бархӯрдор гарданд ва ҳамчун шахсияти ватандӯсту маърифатманд ба камол расанд ва дар рушду пешрафти кишвари азизамон саҳми муносиб гузоранд.
Насриддин ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»