ДАР ТАРБИЯИ ФАРЗАНДОН ҲАМА МАСЪУЛЕМ

Маълум, ки дар таълиму тарбияи насли наврас дар баробари муассисаи таълимӣ оила низ нақши бузург дорад. Падару модар барои фарзандон муҳимтарин ашхос ба ҳисоб мераванд ва фарзандон аввалин дарси ҳаётро маҳз аз эшон меомӯзанд. Фарзандон ҳассосу зираканд, ҳама чизро донистану шунидан ва ҳама корро ба сомон расондан мехоҳанд. Аз ин рӯ, волидайн вазифадоранд бо гуфтор, рафтор, пиндор ва кирдори хеш барои фарзанд намунаи хуби ибрату пайравӣ бошанд, дар ниҳоди ӯ беҳтарин сифатҳои инсониро парвариш диҳанд ва ба ин васила, дар ташаккули шахсияташ нақши бориз гузоранд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар қонунҳои амалкунандаи давлат ҳар як падару модар, омӯзгор ва шахсони ба таълиму тарбияи насли наврас вобаста вазифадоранд, ки дар назди ҷамъият масъул бошанд».
Дар низоми қонунгузории миллӣ баъд аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ин дувумин қонунест, ки аз бисёр ҷиҳат хусусияти миллӣ дошта, барои ояндаи дурахшони имрӯзу оянда нигаронида шудааст.
Бузургон гуфтаанд: «Биомӯзем, то биомӯзонем». Сарфи назар аз он, ки мо миллати донишандӯз ва омӯзгор ҳастем, ҳамеша зарурат ба омӯзиш дорем, зеро инсоният ҳамеша ба таълиму тарбия ниёз дорад.
Шароити кунунӣ ва муносибатҳои нави иҷтимоӣ дар замони инкишофи босуръати технологияи муосири иттилоотӣ ҳамчун падидаи нав дар ҷаҳони имрӯза ба ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии инсоният таъсири худро расондааст. Аз ин раванд Тоҷикистон низ истисно нест. Раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари дигар омилҳо ба таълиму тарбияи насли наврас таъсири худро мерасонад. Албатта, ҳамқадами кишварҳои пешрафта ва рушдёфта будан боиси ифтихор аст. Вале дар ин раванд ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва тарбияи фарзандон дар руҳияи эҳтироми фарҳангу тамаддуни миллӣ ва арзишҳои волои он бояд дар мадди назар қарор гирад. Имрӯз, ки технологияи ҷадид ва интернет вориди ҳар як оила мегардад, волидайн бояд дониши замонавӣ дошта бошанд, то тавонанд аз таъсири манфии интернет кӯдакро эмин нигоҳ доранд. Маълум аст, ки имрӯз дар интернет маводи зӯроварӣ низ ба табъ мерасад, ки ба мафкураи насли наврас бетаъсир намемонад.
Нақши хонавода дар тарбияи фарзанд хеле калон аст, зеро волидайн муҳимтарин омили созандаи шахсияти кӯдак маҳсуб меёбанд. Дар ин хусус Имом Муҳаммади Ғазолии Тӯсӣ дар «Насиҳат-ул-мулук» фармудааст: «Падару модар ба мисли сарчашмае мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, поёноб низ мусаффо хоҳад буд».
Ба ҳамин хотир, дар қонуни мазкур масъалаҳои хеле муҳимми тарбияи насли наврас ба назар гирифта шудааст, то ин ки мо тавонем, дар ҷомеаи имрӯза кӯдакони солим ва боодобу фозилро тарбия намоем. Агар мо имрӯз насли дорои ахлоқи ҳамидаро ба камол нарасонем, фардо ҷомеа ба мушкилоти сангини иҷтимоиву фарҳангӣ дучор меояд.
Дар ин қонун масъулияти асосӣ ба зиммаи оила аст, ба ибораи дигар, хонавода масъули аслии тарбияи кӯдак мебошад. Ба андешаи ман, дар сурате волидайн масъул шуда метавонанд, ки онҳо худ хуб тарбияёфта бошанд ва роҳҳои тарбияро донанд. Дар ин замина, бояд волидайн дарк намоянд, ки фарзандро чӣ гуна тарбия кунанд.
Дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ассотсиатсияҳои волидайну омӯзгорон таъсис дода шудааст. Хуб мешуд, ки кори онҳо бештар фаъол гардонида, дар назди муассисаҳо курсҳои машваратӣ оид ба тарбияи кӯдакон барои волидайни ҷавон ба роҳ монда шаванд. Тарбияи фарзанд дар руҳияи баланди ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, пеш аз ҳама, аз муҳити хонаводагӣ сарчашма мегирад. Агар фарзанд аз овони кӯдакӣ дар муҳити орому солим тарбия наёбад, моҳияти таълиму тарбияро дарк накунад, дар ҳаёти минбаъдаи худ ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ мегардад ва дар ҷомеа мавқеи худро пайдо карда наметавонад.
Падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқ ва уҳдадориҳои баробар доранд. Қонуни мазкур ҳар як падару модарро вазифадор мекунад, фарзандро тавре тарбия намоянд, ки ӯ ба номи бошарафи падару модар ва миллати хеш иснод наорад.
Бинобар ин, қонуни мазкур на фақат падару модар ва кормандони мактабу маориф, балки ҳар як фарди ҷомеаро, новобаста аз мансабу вазифа, ҳизбият ва мансубияти динию мазҳабӣ вазифадор мекунад, ки нисбат ба таълиму тарбия масъул бошанд ва дар ин самт бетарафиро ихтиёр накунанд. Зеро ҷомеаи солим ба насли бомаърифат, донишманд, миллатдӯст, ватанпарвар, забондон, ҷасур, аз ҷиҳати сиёсӣ зираку ҳушёр, дорои ахлоқи ҳамида ниёз дорад. Маҳз инсонҳои дорои чунин хислатҳо метавонанд дастовардҳои истиқлоли мамлакатро афзун ва ҳифз намоянд.
С. Низомитдинова,
омӯзгори калони кафедраи психология, педагогика ва методикаи таълими ФДҶТИБКСМ дар вилояти Суғд