МАОРИФИ ҶАҲОН

ДОНИШГОҲҲОИ БРИТОНИЁ МУФЛИС МЕШАВАНД
Дар Британияи Кабир донишгоҳҳо аз ҳисоби баланд гардидани таваррум муфлис мешаванд, аммо қонун боло бурдани ҳаққи таҳсилро барои шаҳрвандони кишвар манъ мекунад. Барои роҳ надодан ба муфлисшавӣ донишгоҳҳо фаъолона донишҷӯёни хориҷиро ҷалб мекунанд. Ахиран мақомот қоидаҳои вуруди хориҷиёнро қатъитар кардаанд, ки ин омил шумори хоҳишмандони хориҷиро барои таҳсил дар Бритониё коҳиш додааст.
Тибқи қонун, донишгоҳҳо метавонанд барои онҳо ҳар гуна маблағи таҳсилро муқаррар кунанд. Нархи аз ҳама баланд ба ихтисосҳои тиббӣ рост меояд, ки тақрибан 67,000 фунт стерлинг арзиш дорад.

БАҲОГУЗОРИИ ОМӮЗГОРОНИ ОЛМОНӢ БА ХОНАНДАГОН
Ҷомеашиносони швейтсарӣ Ричард Неннстиел аз Донишгоҳи Берн ва Сандра Гилген аз Донишгоҳи Сюрих барои муайян кардани он ки муаллимон ҳангоми баҳогузории наврасон то чӣ андоза муносибати холисона доранд, маълумотро дар бораи 14090 нафар хонандаи синфи нуҳуми мактабҳои олмонӣ мавриди таҳқиқ қарор доданд.
Муҳаққиқон чаҳор омилеро муайян карданд, ки метавонанд ба интизориҳои муаллимон аз натиҷаҳои таҳсилоти кӯдак таъсир расонанд: ҷинс, вазн, мансубияти этникӣ ва вазъи иҷтимоию иқтисодии волидайн. Коршиносон баҳоҳои аз фанҳои математика, физика, химия, биология ва забони немисиро, ки омӯзгорон дар давоми сол гузошта буданд, бо натиҷаи санҷиши стандартии дониш муқоиса кардаанд.
Муаллифони пажуҳиш бар ин назаранд, ки агар дар мактабҳо меъёрҳои дақиқтар барои арзёбии дониш ҷорӣ карда шаванд, омилҳои субъективӣ ба нишондиҳандаҳои фаъолияти хонандагон камтар таъсир мерасонанд.

МАҚОЛАҲОИ ИЛМИИ ҚАЛБАКӢ БА НАШРИЁТҲО ЗАРАРИ ҶИДДӢ МЕРАСОНАНД
Маҷаллаҳои илмӣ торафт бештар бо қаллобоне рӯ ба рӯ мешаванд, ки кори илмиро қаллобӣ мекунанд. Ноширон ҳазорон мақолаи нашршударо бозпас мегиранд ва даҳҳо нашрияи зери хатар қарордошта баста мешаванд.
Дар моҳи майи соли 2024 нашриёти байналмилалии Wiley, ки ба нашри адабиёти академӣ тахассус дорад, якбора баста шудани 19 маҷалларо эълон кард. Дар соли 2021 ин нашрия як ширкати мисриро ошкор кард, ки 250 маҷаллаи илмиро нашр мекунад ва дар тӯли як сол маълум шуд, ки бисёре аз мақолаҳои дар ин маҷаллаҳо нашргардида ба ин ё он шакл тақаллуб шудаанд.
Вақтҳои охир муборизаи зидди сохтакорӣ вусъат меёбад. Олимон ва ноширон асбобҳое эҷод мекунанд, ки дар муайян кардани матнҳои шубҳанок дар асоси хусусиятҳои хос кумак мекунанд. Масалан, дар мақолаҳои қалбакӣ аксар вақт иқтибосҳо аз мақолаҳои илмии воқеӣ истифода мешаванд. Барои ҷилавгирӣ аз иттиҳом дар асардуздӣ, муаллифони бевиҷдон ин пораҳоро тавассути барномаҳои махсус иҷро мекунанд, ки калимаҳоро бо синонимҳо иваз мекунанд, пас аз чунин тартиб аксар вақт матн бемаънӣ мешавад.

ТАЛАБОТ БА МУТАХАССИСОНИ ДОРОИ ДОНИШИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ 36% ЗИЁД ШУД
Дар соли 2024 талабот ба мутахассисони дорои забони англисӣ дар бисёр соҳаҳо афзоиш ёфтааст. Хадамоти Avito Rabota ва Lingua Leo динамикаи талаботро ба кормандони дорои дониши забони англисӣ дар бозори меҳнати Россия таҳлил карданд. Тибқи таҳқиқоти онҳо, дар семоҳаи дуюми соли 2024, шумораи ҷойҳои корӣ, ки забони англисиро талаб мекунанд, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 36% афзоиш ёфтааст.
Коршиносон бар ин назаранд, ки талабот ба мутахассисони дорои забондон, пеш аз ҳама, аз он сабаб меафзояд, ки ширкатҳои русӣ ба занҷирҳои ҷаҳонии истеҳсолӣ ва логистикӣ фаъолона ворид шуда, бо шарикон аз Чин, Ҳиндустон ва Ховари Миёна, бахусус, Аморати Муттаҳидаи Араб ҳамкорӣ мекунанд.

НАБУДАНИ ХОБ НИШОНДИҲАНДАҲОИ ТАЪЛИМИИ ХОНАНДАГОНРО КОҲИШ МЕДИҲАД
Муҳаққиқон муайян карданд, ки муваффақияти таълимӣ дар наврасон метавонад ба миқдор ва басомади хоб вобаста бошад. Ин аз хулосаи муаллифони як пажуҳишест, ки дар маҷаллаи илмии бритониёӣ оид ба мушкилоти хоб нашр шудааст. Пажуҳиши мазкур як қисми лоиҳаи дарозмуддати байналмилалӣ мебошад, ки маълумотро дар бораи ҳаёт ва рушди 5000 нафар аз вақти таваллуд ҷамъоварӣ мекунад.
Онҳое, ки дер хоб мекунанд, бештар баҳои паст мегиранд. Аз ҷумла, маълум шуд, ки ҳар як соати таъхири хоб имкони гирифтани дараҷаи D-ро 29% зиёд мекунад. Дар баробари ин, тадқиқоти гуногун хусусияти глобалии мушкилотро нишон медиҳанд: кӯдакон дар тамоми ҷаҳон камтар хоб мекунанд. Муаллифони мақолаҳои нашршуда дар Current Sleep Medicine Reports ва Journal of Sleep Research қайд мекунанд, ки дар ИМА ва Канада мактаббачагон ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз тақрибан ҳафт соат, дар Британияи Кабир – 7,2 соат, дар Австралия – 7,4, дар Ҷопон – 6,5 соат хоб мекунанд.
Дар ҳамин хол, тибқи тавсияҳои Академияи тиббии амрикоии хоб ва Бунёди миллии хоб, кӯдакони то 12-сола бояд дар як рӯз на камтар аз нуҳ соат ва наврасон на камтар аз ҳафт соат хоб раванд.

Таҳияи Н. ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»