КАФИЛИ ТАЪЛИМ ВА РУШДИ ШАХСИЯТИ КӮДАК

Яке аз масъалаҳои муҳимми ҷомеаи имрӯз тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи меҳанпарастию инсондӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, роҳ надодан ба гаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву тундгаро мебошад. Аз ин рӯ, дар ҳамдастию ҳамкорӣ бо оила, мактаб ва ҷомеа бояд наврасону ҷавононро аз мақсадҳои нопок ва амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳо огоҳ намуда, онҳоро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ роҳнамоӣ кунем.
Мусаллам аст, ки тарбия раванди бошуурона ва мақсадноки ба воя расондани фарзанд аз тарафи падару модар, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа буда, дар заминаи ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои синнусолӣ, психологӣ ва фардии кӯдакон ба амал бароварда мешавад. Бояд гуфт, ки дар таълиму тарбияи фарзанд падару модар, омӯзгорон ва дар маҷмуъ, аҳли ҷомеа муваззаф мебошанд.
Воқеан, ба андешаи мо, мавқеи тарбия ҳамеша болотар аз таълим аст, зеро тарбия мақоми таълимро муайян менамояд. Тарбияи кӯдак аз лаҳзаи таваллуди ӯ оғоз мегардад. Бинобар ин, вазифаи падару модар танҳо хӯрондану пӯшонидани фарзанд набуда, балки онҳоро зарур аст, ки баҳри таҳсили фарзанди хеш тамоми шароити зарурии замонавиро фароҳам оранд.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати дар сатҳи баланду зарурӣ ба роҳ мондани раванди таълиму тарбияи насли наврас аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои зиёди наҷибу судманде ба роҳ монда шуданд. Аз ҷумла, баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар тарбияи маънавии кӯдакону наврасону ҷавонон ва баланд гардидани маърифати онҳо нақши меҳварӣ доранд. Ҳадаф аз баргузории озмунҳои мазкур, тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, такомулу ташаккули завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни насли наврас ва ҷавонон мебошад.
Ҳамчунин, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» бамавриду саривақтӣ буда, омили беҳтар гардидани раванди тарбия ва ҳисси баланди масъулиятшиносии омӯзгорону волидон ва аҳли ҷомеа гардид. Омӯзиши ҳамаҷонибаи қонуни мазкур аз ҷониби аҳли ҷомеа, хусусан, омӯзгорон ва волидон муҳим мебошад. Дар моддаи 6-уми қонуни мазкур омадааст: «Мақомот ва ташкилоте, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд, метавонанд иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, раисони маҳаллаҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигарро дар амалишавии сиёсати дав­латӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ҷалб намоянд».
Аз ин рӯ, волидонро зарур аст, ки баҳри риояи қонуни мазкур робитаи мустаҳкамро бо мактаб ба роҳ монанд. Педагоги маъруфи рус Анатолий Василевич Луначарский бамаврид гуфтааст: «Агар устои заргар тиллоро вайрон кунад, онро аз нав гудохтан мумкин, вале агар одам вайрон шавад, ин гуноҳу ҷинояти бузургест».
Бинобар ин, замони муосир тақозо менамояд, ки оила, мактаб ва ҷомеа дар тарбияи наврасону ҷавонони худогоҳу хештаншинос ва ватандӯст саҳми муносиб гузоранд.

Қадриддин ШАРИФОВ,
омӯзгори МТМУ №140-и шаҳри Ваҳдат