Дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд зистану дур аз қонунҳои он будан ғайримумкин аст. Чун механизми танзими рафтору фаъолияти инсон дар қонунҳо ифода меёбад ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд низ дар заминаи қонун танзим мегардад. Бо дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид. Вобаста ба аҳамияти соли маърифати ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон бо чанде аз омӯзгорон суҳбат оростем.
Зимни суҳбат муаллими калони кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Некрӯз Асламзода зикр кард, мафҳуми маърифат дар фарҳанги забони тоҷикӣ, ба маънои дарк, шинохт, фаҳмиш, дониш, дарки ин ва ё он ҳодисаю падида омада, худи мафҳуми ҳуқуқ маҷмуи меъёрҳои рафтор ва амали инсон аст, ки чаҳорчӯбаи рафтор ва фаъолияту амал ва муносибати инсонро дар ҷомеа ва ҳаёти ҳаррӯзаи ӯ муайян мекунад. Дар маҷмуъ, «маърифати ҳуқуқӣ» шинохти ҳуқуқ, донистани доираи амали худ, меъёрҳо принсипҳо муқаррароте, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Конститутсия муайян шудааст, дар назар дорад. Эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар шароити кунунии инкишофи низоми давлатдории миллӣ аҳамияти калони сиёсиву ҳуқуқиву давлатмеҳвариро дорост. Фарди муосир бояд зарурати азхуд намудани маҷмуи меъёрҳоеро ба худ қабул кунад, ки он дар ҷомеа ва фаъолияти ҳаррӯзааш зарур аст. Мувофиқи моддаи 1-и Конститутсия, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд муаррифӣ шудааст ва тамоми муносибатҳои ҷамъиятию иқтисодӣ ва ҳам фарҳангию иҷтимоӣ дар чаҳорчӯбаи муқаррароти қонун ва принсипҳо ба амал бароварда мешавад, аҳамияти «Соли маърифати ҳуқуқӣ»-ро барҷаста менамояд. Ба шаҳрвандон имконият медиҳад, ки онҳо аз маҷмуи меъёрҳое, ки доираи амали онҳоро муайян мекунад, бохабар шаванд ва дар баробари ин, аз санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, огоҳ шаванд. Ва дарки ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандро мукаммал гардонда, сатҳи ҷинояткориро коҳиш медиҳад. Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон метавон дар тамоми муассисаю ҷамоатҳо ва ташкилотҳои институтсионалии давлат сараввал кӯшиш бояд кард, ки онҳо меъёрҳо ва принсипҳои Конститутсияро азбар кунанд. Дар зимн, бояд гурӯҳҳои корӣ ташкил карда, бо хонандагону омӯзгорон ва аҳли ҷомеа вохӯриҳо ташкил намуда, моддаҳои Конститутсия шарҳу тавзеҳ бахшида шавад
Исфандиёр Наврӯзов, муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи ДМТ, иброз дошт, ки зарурати доштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар он ифода меёбад, ки дар ҳоли ҳозир дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва дар раванди ҷаҳонишавӣ бидуни донистани меъёрҳои ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ барпо намудани муносибатҳои иҷтимоӣ ва ба миён овардани робитаи тарафайни ҷамъиятӣ ғайриимкон аст. Чунки доштани маърифати ҳуқуқӣ ва донистани бевоситаи ҳама санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқии дохилӣ ва ҳам байналмилалӣ ҷомеаро ба эътидол меорад. Ҳамчунин, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон якчанд кори муфидро метавон анҷом дод. Аз ҷумла, ба роҳ мондани барномаҳои телевизионии хусусияти ҳуқуқидошта, ташкили курсҳои кӯтоҳи таълимии ҳуқуқӣ дар шаҳру ноҳияҳо, устувор намудани робитаи доимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба оилаву ҷомеа ба манфиат хоҳад буд.
Таҳияи Хуршеда АЗИЗОВА,
«Омӯзгор»