Дар баланд бардоштани сатҳи дониши илмии хонандагон, маҳорату малакаҳои онҳо ва аз бар намудани барномаҳои таълимии фанни география, ташкилу баргузор кардани сайри илмӣ муҳим мебошад. Дар рафти сайри илмӣ донишҳои назариявии хонандагон мустаҳкам ва дар амал тадбиқ шуда, салоҳиятҳои онҳо афзун мегарданд.
Ҳангоми таълими фанни география дар синфи 6 мо метавонем сайри илмӣ ташкил намуда, бо унсурҳои табиат, ба монанди дарё, кӯл, чашма, ҷинсҳои кӯҳӣ ва ғайраҳо шинос шуда, мушоҳидаҳои метеорологӣ гузаронем. Ба ғайр аз ин, мо метавонем сайри илмии маҷмуӣ ташкил намуда, бо якчанд унсури табиӣ хонандагонро шинос карда, алоқамандӣ ва ба ҳам таъсиррасонии онҳоро омӯзем. Инчунин, дар рафти сайри илмӣ метавонем, таъсири антропогениро ба муҳити зист омӯхта, мавриди таҳлил қарор диҳем.
Барои хонандагони синфи 6 аввалин сайри илмии географӣ мебошад. Пеш аз баргузории сайри илмӣ бо хонандагон ҳамсуҳбат шуда, дар бораи одобу рафтор дар ин чорабинии илмӣ маълумот медиҳем. Сипас дар бораи дуруст интихоб намудани либос ва бо худ гирифтани асбобу анҷоми зарурӣ метр, ресмон, қутбнамо, ҳароратсанҷ, қаровулак барои чен кардани суръати дарё, зарфи шишагин барои муайян кардани шаффофияти оби дарё ва дафтару қалам корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронам. Хонандагон бо нақшаи кор шинос мешаванд. Барои маълумоти амиқ пайдо кардан дар бораи сайри илмии пешорӯ аз маводҳои ҷамъоварда ва корҳои ба иҷрорасондаи солҳои пештар, ки дар кабинети география маҳфуз мебошанд, истифода мебарем. Бо мақсади бонизому самаранок баргузор намудани сайри илмӣ аз як ё ду нафар хонандаи синфҳои болоӣ, ки солҳои пештар дар сайри илмӣ иштирок кардаанд ва аъзои маҳфили «Географони ҷавон» мебошанд, истифода менамоям.
Объекти асосие, ки мо мавриди омӯзиш қарор медиҳем, дарёчаи Пунишор мебошад. Рӯзи баргузории сайри илмӣ дар назди дарёча ҷамъ мешавем. Ба хонандагон маълумоти мухтасар додаву вазифаҳо дар байни онҳо тақсим карда мешаванд. Сипас онҳо ба фаъолияти илмӣ мепардозанд. Ҳангоми баргузории корҳои омӯзишӣ – тадқиқотӣ ба чунин самтҳои омӯзишӣ аҳамият дода мешавад:
Релефи маҳал: Дар мавқеи қулай истода, тавассути қутбнамо самти ҷоришавии дарёро муайян мекунем. Муайян карда мешавад, ки ҷинсҳои кӯҳӣ ба самти ҷоришавии дарёча чӣ гуна таъсир мерасонанд? Дарёча ба куҷо мерезад?
Сарчашмаи дарёча: Муайян карда мешавад, ки дарёча аз куҷо сарчашма мегирад ва манбаи ғизогириаш чист?
Ҳарорати об: Ҳарорати обро ба воситаи гузоштани ҳароратсанҷ дар оби дарёча, то лаҳзаи ист кардани ҳаракати симоби ҳароратсанҷ, дар якчанд мавзеи дарё ва бо ёфтани ҳисоби миёна муайян мекунем.
Паҳноӣ ва чуқурии дарё: Паҳноии дарёчаро ба воситаи ресмон дар якчанд мавзеи маҷрои дарёча ченкуниҳо гузаронида муайян мекунем. Чуқурии дарёчаро аз болои кӯпрук истода, ба воситаи тахтачаи дарози бо ченакҳои метри худсохт муайян менамоем.
Суръати ҳаракати оби дарёча: Мо суръати ҳаракати оби дарёчаро дар мавзеи ростҷараёни маҷрои дарё, ба воситаи партофтани қаровулак ва чен кардани масофаи тайнамудаи он дар давоми як дақиқа муайян мекунем. Агар масофаи тайнамудаи қаровулакро ба 60 тақсим намоем, суръати обро бо метр-сония ё сантиметр-сония меёбем.
Остонаҳо ва шаршараҳо дар дарёча: Остонаҳо ва шаршараҳо дар дарёча мушоҳида ва ба қайд гирифта мешаванд. Омилҳои бавуҷудорандаи онҳо муайян карда мешаванд. Баландии шаршараҳо муайян карда мешаванд.
Муайян намудани шаффофии оби дарёча: Бо мақсади муайян намудани шаффофии оби дарёча дар зарфи шишагин оби дарёчаро гирифта, ба сӯйи равшанӣ равона карда мушоҳида менамоем. Сипас зарфи обдорро ба мактаб оварда мушоҳида мекунем, ки дар қаъри зарфи шишагин ягон ҷинси кӯҳӣ такшин шудааст ё не. Инчунин, ба воситаи дар об партофтани ягон ҷисми оҳанини ранги сафеддоштаи ба ресмони дорои ченаки метрӣ то лаҳзаи нопадид шуданаш, шаффофияти обро муайян мекунем.
Истифодаи оби дарёча: Дар ин самт ба ин масъалаҳо диққат дода мешавад:
А) Аз оби дарёча чанд деҳа истифода мебарад?
В) Чанд ҷӯйбор аз дарёча сарчашма мегирад?
С) Масоҳати заминҳое, ки аз ҳисоби оби дарёча обёрӣ карда мешаванд, чӣ қадар аст? (Ҷавоби ин суолро аз роҳбари Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ меёбем).
Иваз шудани маҷрои дарёча ва омадани сел: Дар бораи иваз шудани маҷрои дарёча ва омадани сел ба воситаи ҳамсуҳбат шудан бо мардуми куҳансоли деҳа маълумот пайдо карда метавонем.
Таъсири антропогенӣ ба дарёча: Фаъолиятҳои хоҷагидорӣ дар дарёча мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд. Таъсири мусбат ва манфии одамон муайян карда мешаванд.
Баъди ба охир расидани сайри илмӣ ҳамаи маълумотҳо ҷамъ карда шуда, таҳлил ва бо солҳои гузашта муқоиса карда мешаванд.
Сайри илмии маҷмуӣ дар фасли баҳор ташкил карда мешавад. Мақсади ташкили сайри илмии маҷмуӣ, чи тавре ки дар боло қайд намудем, шиносоии хонандагон бо унсурҳои табиӣ, алоқамандӣ ва ба ҳам таъсиррасонии онҳо мебошад. Барои ташкил ва баргузории чунин сайри илмӣ доманакӯҳ, водии дарёча, талу теппаи атроф ва мавзеъҳое, ки таъсири антропогенӣ дар онҳо кам аст, интихоб карда мешаванд. Барои чунин чорабинии илмӣ ба донишҳои пештар андӯхтаи хонандагон на танҳо аз фанни география, инчунин, аз фанни биология низ такя бояд кард.
Дар рафти гузарондани сайри илмии маҷмуӣ ба ин самтҳои корӣ диққат дода мешавад: Пеш аз ҳама, мавқеи маҳалли омӯхташаванда нисбат ба мактаб муайян карда мешавад. Агар шумораи хонандагон зиёд бошад, мо метавонем, ки онҳоро ба ду ё се гурӯҳ тақсим карда, майдонҳои масоҳати 20х20-ро барои омӯзиш интихоб намоем. Дар рафти омӯзиш номи маҳал ба қайд гирифта шуда, шаклҳои релеф, намуди ҷинсҳои куҳӣ, пӯшиши хок ва олами набототу ҳайвоноташ мавриди омӯзиш қарор мегиранд. Сипас таъсири инсон ба маҷмуи табиӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, муайян карда мешавад, ки ин минтақа барои муҳофизат чӣ гуна заруратҳо дорад. Дар поёни кор маълумотҳои ҳамаи гурӯҳҳо ҷамъ карда, муқоиса карда мешаванд. Сипас ҳамаи корҳо ҷамъбаст шуда, хонандагон тибқи таҷрибаҳои баргузорнамудаашон андешаҳояшонро баён менамоянд.
Дороб МАҲМАДОВ,
омӯзгори МТМУ №3-и
ноҳияи Дарвоз