НАЗОРАТИ ДОХИЛИМАКТАБӢ ВА МАҲОРАТИ САРВАРӢ

Дар хусуси масоили назорати дохилимактабӣ, ки ҷанбаи асосию меҳварӣ ва калидии баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, беҳтар гардидани дараҷаи азхудкунии дарсҳо аз ҷониби хонандагон, дарёфт ва тарбия намудани хонандагони соҳиблаёқату кӯшо ва хушзеҳн ва ғайра, ки на танҳо ба пешрафту рушди як таълимгоҳ, балки соҳаи маориф дар ноҳияву шаҳр ва миқёси ҷумҳурӣ мусоидат мекунад, андешаву назарҳои зиёд баён гардидаанд. Ҳадафи ин афкор боз ҳам беҳтар намудани сатҳи таълиму тарбия ва татбиқи равандҳои навин ва ислоҳот дар соҳаи маориф ба шумор меравад. Мусаллам аст, ки назорат аз рӯйи ин ҳама омилҳои зикршуда ба зиммаи роҳбарияти муассисаи таълимӣ – директор, муовинони ӯ ва омӯзгорони фаннию роҳбарони синф вогузошта шудааст, ки масъулияту уҳдадориҳои онҳо дар Дастурамали вазифавии директор, муовинони директор ва роҳбари синфи муассисаи таҳсилоти умумӣ, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.12.2013 № 20/31 тасдиқ шудааст, инъикос гардидааст.
Агар ба вазъи феълии таълиму тарбия дар таълимгоҳҳои кишвар назар кунем, таҳлилу мушоҳидаҳо аз он мегӯянд, ки бо вуҷуди дастоварду ком­ёбиҳои зиёд дар самти тарбияи хонандагони болаёқат, то ҷое беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия ва донишазхудкунии хонандагон, ҳанӯз камбудию норасоиҳо дар масъалаи омода намудани шогирдони донишманду дорои тафаккуру ҷаҳонбинии пешрафта, забондон, соҳиби донишҳои баланди инноватсионӣ ва созгор ба замони муосир зиёд ба чашм мерасанд. Сабаби ин ҳол чист? Тавре ишора гардид, дар муассисаи таълимӣ директор симои асосию меҳварӣ ҳисоб ёфта, тамоми раванди корҳо, бахусус, назорати дохилимактабӣ аз қобилияту ҳунари волои роҳбарии ӯ вобастагии амиқ дорад. Борҳо хотиррасон ва таъкид шудааст, ки сарвари мактаб на танҳо мактабшиносу педагог, ташкилотчӣ, кордон, соҳиблаёқату соҳибтафаккур, балки инсони фурӯтану хоксор, ҳамрозу ҳамнафаси ҳайати омӯзгорон, пурхондаву мутахассиси соҳаи молиявӣ (менеҷер), хоҷагидор, ба як сухан, ҳамвора ҷӯёву кӯшо буда, мактабро бояд хонаи дуюми худ ҳисобад. Хушбахтона, чунин сарварони дилсӯзу некандеш, ки муттассил баҳри пешрафту рушди соҳаи маориф кӯшишу ҷаҳд менамоянд, дар шаҳру навоҳии кишвар кам нестанд, ки боиси ифтихори мо мебошанд. Дар зимн, баъзан сару садоҳоро дар хусуси коҳиш ёфтани сатҳи таълиму саводнокии хонандагон, пастравии тарбия дар байни мактабиён, беэътибор гардидани нуфузу обрӯи омӯзгорон ба сабаби муносибати яктарафаи волидон нисбат ба онҳо мешунавему худ мушоҳида мекунем, беихтиёр ангушти ҳайрат ба даҳон мебарем. Мутаассифона, чунин аҳвол дар таълимгоҳҳои ҷумҳурӣ ҷой доранд, ки пинҳон доштани ин омилҳои манфӣ бар зиёни кор буда, барои минбаъд боис ба реша давондану ба гиёҳи ҳарза табдил ёфтани чунин бетафовутиҳо замина хоҳад гузошт. Нахуст як мушоҳидаи хешро дар хусуси таъйини директорон дар муассисаҳои таълимӣ баён медорам. Маълум аст, ки ба вазифаи директор шахси лаёқатнок, пуртаҷриба, педагог, мактабшинос ва дорои фаҳмишу ҷаҳонбинии васеъ аз ҷониби сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маориф таъйин карда мешавад. Аммо, ба андешаи мо, таъйини директор бо дарназардошти неруи кадрии ину он таълимгоҳ бояд аз худи ҳайати омӯзгорони ҳамон мактаб анҷом дода шавад. Тайи чанд соли охир бо баҳонаи ратификатсия ба вазифаи директор аз дигар муассисаҳои таълимӣ дар ину он таълимгоҳ таъйин карда мешавад, ки чандон натиҷаи нек ба бор оварда наметавонад. Ҳол он ки ҳангоми ба дигар вазифа баргузидани директори қаблӣ ё ба нафақа баромадани ӯ сарвари навро метавон (ва ин ҳеҷ ҷойи мушкилию аз қавле, аз «осмон ситора овардан» надорад) аз шумули омӯзгорони соҳибтаҷрибаю кордони ҳамон таълимгоҳ таъйин намуд. Як сабаби ба ҳайати омӯзгорону устодони ину он таълимгоҳ писанду мақбул наомадани кору фаъолияти роҳбарии директорони алоҳида маҳз дар ҳамин омил нуҳуфтааст. Директори муассиса бар ивази он ки ҳар лаҳзаю дақиқа дар байни омӯзгорон бошад, баръакс, тавре мешунавему ба мушоҳида мегирем, аз субҳ то бегоҳ аз дафтари корияш берун набаромада, тавассути котибааш амру фармонҳоро ба омӯзгорон мерасонад. Дар вазифаи сарвари мактаб, бо дасту дили пок ҳар фарди ватандӯст кор карда, пешрафту комёбиҳо дар муассиса аз муоширату санъати такаллуму гуфтори ӯ бармеояд. Ҳатто бархе аз директорони мак­табҳо бо омӯзгорон бо оҳангу лаҳни тунду хашин муносибат мекунанд, ки ин ҳол ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул набуда, хилофи дастурамали дар боло зикргардида ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» мебошад. Дар моддаи 52-и қонуни мазкур омадааст:
«Шаъну шарафи омӯзгор таҳти муҳофизати давлат қарор дорад. Ва дар боби 8-и ҳамин модда қотеъона зикр гардидааст: «Омӯзгор ҳуқуқ дорад дар хусуси баҳогузории нодуруст ба фаъолияташ ба мақомоти дахлдори давлатӣ ва ё суд муроҷиат кунад ва ҷуброни зарари моддӣ ва маънавии ба ӯ расонидашударо талаб намояд».
Аз ин нуқтаи назар, сарвари муассисаи таълимӣ бояд бо ҳайати омӯзгорон муомилаву муносибати нек дошта, набояд аз нишондоди дастурамали вазифавии директор берун барояд. Зимнан, бояд таъкид кард, ки директор дар кулли масоили матраҳшавандаи мактаб, ки ба таълиму тарбия иртиботи амиқ дорад, андешаву пешниҳодҳои коллективро ба назар гирад. Аммо гоҳҳо мешунавем, ки сарвароне дар таълимгоҳҳои алоҳида ба сухану андешаи ҳеҷ як омӯзгор гӯш фаро надода, аз рӯйи таъбири «санги ман даҳ ман» амал карда, саранҷом ба камбудиҳои ҷиддӣ на танҳо дар самти таълиму донишазхудкунии хонандагон, балки масоили молиявӣ роҳ медиҳанд. Дар боби 2,4-и дастурамали номбурда хотиррасон шудааст:
«Хароҷоти маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷавиро ба нақша гирифта, дар мувофиқаю ҳамкорӣ бо Шурои ҷамъ­иятӣ, Шурои сарпарастон, кумитаи падару модарон, Шурои педагогӣ онро самаранок истифода мебаранд.» Ишора кардем, ки директорон, новобаста аз вазифаҳои хизматии давлатӣ, дар ҳаҷми 12 соат аз рӯйи ихтисос дар муассисаи таълимӣ дарс мегӯянд. Вале боз ҳам наметавон аз ин омили манфӣ чашм пӯшид, ки бахши аъзами директорон бо баҳонаи ҷаласаю ҷамъомадҳо, иштирок дар машварату ҳамоишҳо сари вақт ва дар сатҳи посухгӯ ба талаби замон машғулиятҳояшонро ба роҳ намемонанд, ё ин дарсҳоро ба омӯзгорони дигари таълимгоҳ ҳавола мекунанд, ки ҳароина, ин муносибат иштибоҳи маҳз ва авфнопазир аст. Дар чунин як ҳол на директор ва на муовини ӯ оид ба корҳои таълим ба дарсҳои муаллимони фаннӣ тибқи нишондод иштирок кардаву хулосаи даркорӣ бароварда наметавонанд. Дар дастурамал возеҳу равшан ифода гардидааст, ки директори мактаб дар давоми соли хониш ба 70 соат ва муовини ӯ оид ба таълим ба 170 соат дарсҳои омӯзгорон иштирок намуда, натиҷаи дарсҳоро ба самъи омӯзгорон бояд расонад. Худсарона рафтору амал кардан, ҳуқуқи омӯзгорро поймол намудан, ҳукми яктарафа бароварданро ба директори мактаб касе иҷозат надодааст. Мутаассифона, ин ҳақиқати талхро низ аз забони иддае аз омӯзгорон шунидем, ки ба сабаби нарасидани мутахассисон, дарсҳои холӣ (бе омӯзгорро)-ро ҳамчун ивазкунанда (замена) ба омӯзгорони алоҳида вогузор намуда, пардохти маблағи ин машғулиятҳоро ё ба таъхир мегузоранд, ё бе хоҳиши он муаллим ба мақсадҳои дигар сарф мекунанд, ки хилофи тамоми қавоиду қавонин мебошад. Директори муассисаи таълимӣ дар ҳама гуна ҳолат бояд омӯзгорро ҳифзу ҳимоят ва аз ҳуқуқҳои ӯ дифоъ намояд. Аммо вақтҳои охир баъзан мешунавем, ки намояндагони мақомоти гуногун, новобаста аз талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», бе иҷозати омӯзгор бе ҳеҷ истиҳолаву ибо ба дарсҳои онҳо медароянд, дафтарҳои корӣ, конспект ва журналҳои синфиро месанҷанд ва хулосаву ҳукм мебароранд. Сарвари оқилу дурандеш ва огоҳ бояд ба ин санҷишгарон ба таври мукаммал талаботи моддаи 52-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»-ро тавзеҳу ташреҳ бубахшад, ки он аз 8 боб иборат аст. Аз ҷумла, дар моддаи 6 омадааст:
«Фаъолияти касбии омӯзгор танҳо дар доираи касбӣ, аз ҷониби шахсон ва мақомоти дахлдори давлатии соҳаи маориф баррасӣ карда мешавад. Ҳангоми ҷой доштани камбудиҳо дар фаъолияти касбии омӯзгор шахсияти ӯ набояд таҳқир карда шавад ва ба фаъолияти ӯ воқеъбинона ва беғаразона бояд баҳо дода шавад». Афсӯс ки ин талабот аксар ҳангом аз ҷониби мақомоти гуногун (хусусан, интизомӣ) сарфи назар карда мешавад, ки боиси ранҷишу озори омӯзгорон ва дилсард шудани онҳо аз пешаи муаллимӣ мегардад.
Баҳри татбиқи сиёсати Ҳукумат ва Давлат дар соҳаи маориф, ислоҳоту дигаргуниҳо вобаста ба сохтору муҳтавои таълиму тарбия ба директори муассисаи таълимӣ муовини ӯ оид ба корҳои таълим кумак мерасонад. Бояд қайд кард, ки вазифаҳои асосию умдаи муовини директор оид ба корҳои таълим дар боби 3.5-и дастурамали зикршуда муайяну мушаххас гардидааст:
«Муовини директор оид ба таълим ба кори омӯзгорони фаннӣ, омӯзгорони таълими иловагӣ, гурӯҳҳои машғулияташ бардавом, Шурои методӣ ва роҳбарони иттиҳодияҳои методии фаннӣ бевосита роҳбарӣ менамояд.»
Аз талаботи ин модда бармеояд, ки ҷавҳари асосии раванди таълиму тарбия, баланд бардоштани сатҳи донишазхудкунии хонандагон ва сифати таҳсилот маҳз ба рисолати муовини директор оид ба корҳои таълим бастагӣ дошта, дар ин масир вай бояд аз тамоми имконоту шароит истифода намояд, то муваффақияту дастовардҳо дар муассисаи таълимӣ афзун гарданд. Вале дар ин бобат низ ба муҷиби норасоии мутахассисони варзида аксаран ин масъулият ба дӯши омӯзгорони нафақахӯр ва ҷавонони камтаҷриба вогузор карда шудааст. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», дар моддаи 51- «Уҳдадориҳо ва масъулияти омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф», дар боби 1, аз ҷумла, талаботи зерин пешниҳод гардидааст, ки бевосита ба муовини директор оид ба корҳои таълим алоқаманду дахлдор мебошад: меъёрҳои забони давлатиро риоя намоянд, дар вақти дарс ва берун аз он аз алфози қабеҳ худдорӣ намоянд, аз тарғиби ғояҳои бегона ва ташвиқи ҳар гуна масъалаҳое, ки аз доираи мавзуи дарс берун аст, худдорӣ намоянд, ба дарс тайёрии амиқ дида, санҷиши дафтарҳоро ҷиддӣ гузаронанд ва ғайра. Мазмун, муовини директор оид ба корҳои таълим бояд дар ҳалли ин ҳама масоили зикршуда аз болои фаъолияти омӯзгорон назорат барад. Маълум аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ устодону омӯзгорони соҳибтаҷриба бо маҳорату қобилияти баланди касбӣ дар рушду пешрафти соҳаи маориф саҳми босазо гузоштанду мегузоранд. Таҷрибаи ин омӯзгорон дар сатҳи шаҳру ноҳия ва ҷумҳурӣ аз ҷониби масъулони раёсату шуъбаҳои маориф барои омӯзишу тарғиби васеъ пешниҳод мегардад. Вале тарғибу таҷрибаи пешқадами устодону омӯзгорони соҳибмактаби варзида на дар ҳама ҷо ва на ба гунаи густарда ба роҳ монда мешавад. Ҳатто шоҳидем, ки пас аз ташкилу баргузор намудани озмуни «Омӯзгори сол» ғолибони он оҳиста-оҳиста фаромӯш мешаванд. Бемасъулиятӣ ва бепарвоии кормандони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ ва маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ба он сабаб мешавад, ки натанҳо таҷрибаи омӯзгорони муваффақ тарғиб карда намешавад, балки қадрдонию ҳавасмандгардонии онҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда намешавад, ки мояи афсӯсу нигаронист. Тарғибу муаррифии таҷрибаи пешқадам аз таълимгоҳ шуруъ мегардад.
Ҳамин андешаҳоро метавон дар хусуси фаъолияти муовини директор оид ба масоили тарбиявӣ изҳор дошт, ки он мавзуи баҳси дигар аст. Бояд таъкид кард, ки ин ҳама камбудиву норасоиҳо дар масъалаи назорати дохилимактабӣ дар ҳоле ба мушоҳида мерасанд, ки роҳбарияти Вазорати маориф ва илм баҳри дар сатҳи баланд ба роҳ мондани фаъолияти сарварони муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои беҳтарин дар самти таълиму тарбия ва баланд гардидани обрӯю нуфузи мактабу омӯзгор дар ҷаласаю машваратҳои корӣ пайваста хотиррасону таъкид мекунанд.

Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»