МУҶАССАМАИ ИДРОКУ ХИРАДИ АЗАЛӢ

Шабакаҳои иҷтимоӣ мисли баҳр ҳастанд. Дар ин баҳр моҳии тиллоӣ низ ҳаст, ки тасодуфан ба шаст меафтад.
Дирӯз аз он «моҳии тиллоӣ» ба шасти зеҳни ман гирифтор шуд. Мақолаи публитсистӣ, аниқтараш, наздиктар ба эссеи узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Саймумин Ятимов таҳти сарлавҳаи «Муаллими ман», ҳайкали бузургтарин инсони ҷомеа – омӯзгор таҷассум ёфтааст.
Дар ҳақиқат, мо то ба ҳол симо, хислату асолати таърихии муаллимро кашф накардаем. Ба ӯ мисли «Сарбози гумном» саҷда мекунем, аммо сураташро намебинему намедонем. Инак, публитсист ва олим С. Ятимов сурат ва сирати «муаллим, одами соҳибақли давронсоз» (Н. Крупская)-ро хеле моҳирона ва табиӣ нигоштааст. Мехонию ба ин воқеият мерасӣ, ки: «Ҳамаи одамон муаллими дӯстдошта, муаллими зишти хешро доранд. Танҳо онҳое, ки фақат 6 сол умр дидаанд, муаллим надоранд» (Луи Арагон).
Устод Саймумин Ятимов аз байни панҷ миллион муаллим, дар симои Усмон Раҳмонов сурати нави инсонсозро бо сеҳри сухану қалам офаридааст.
46 сол қабл муаллими ҳамаи омӯзгорони Бадахшон – Шоҷон Шонаврӯзов дар бораи муаллим китобе навиштанд. Тибқи ҳисоб, ӯ то ҳамон сол (соли 1978) ҳисоб кардааст, ки дар Тоҷикистон 840 ҳазор омӯзгор, муддати 68 сол ба ин касб машғул будаанд. Ин теъдод, мисли ду қутб – мусбат ва манфӣ барои шогирдон тақсим мегаштаанд.
Муллими ман Муборакқадам Некқадамов ҳамеша такрор мекард: «Агар шумо савод нагиред, 250 сум маоши муаллим бароям ҳаром аст». Баръакс, муаллими ҷуғрофия (аз рӯйи назокати инсонӣ номашро зикр намекунам) мегуфт: «Шумо хонед ё нахонед, ба дарс меоед ё намеоед, ман 270 суми маошамро мегирам». Бубин, ки тафовут байни ду ҳампеша аз куҷост то ба куҷо.
Саймумин Ятимов муаллими деҳотии қаноатпешаву содиқ ба касб, сабуру доно, инсоншинос ва дар маҷмуъ, соҳиби тамоми ахлоқи ҳамидаи инсониро дар шахсияти Усмон Раҳмонов пайдо кардааст. Аз рӯйи ин мақола, рассом ва ё ҳайкалтарош метавонад хеле осону озодона муҷассамаи «Омӯзгор»-ро биофарад.
Ва воқеан, мебояд мо барои наслҳои фардо ҳатман ҳайкали муаллимро бисозем. Бахусус, дар давроне, ки дунёи технология, иттилоот, адабиёти электронӣ, иттилооти маҷозӣ кӯшиш доранд маърифату бузургии муаллимро ба умқи фаромӯшӣ баранд. Чуноне дар ибтидои солҳои навадум муаллимро аз зинаи шуҳрат ба поин афканданд. «Маро муҳтоҷии муаллим ба гӯштфурӯш сахт асабонӣ мекунад», – менависад нависандаи мумтоз Чингиз Айтматов.
Бидуни муболиға, мо симои муаллимро аз осори Арасту, Лев Толстой, Уинстон Черчил, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Антон Макаренко, Мирзо Фатҳалӣ Охундов, Мао Тзедун ва Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон омӯхтаем.
Ҳамчун давомдиҳандаи ин анъана – омӯзиши табиати «муҳандиси бузурги руҳи шогирдон» кашфиёти истилоҳии илми ҷомешиносӣ ва фалсафаи муосир аст, ки С. Ятимов онро, барҳақ, кӯшиши дар ҷараёни таҳқиқ ворид намудан кардааст. Ва он чиз ҷолиб ва ниёз ба тафсир дорад, ки то ба ҳол мо муаллимро чун «меъмори равонии шогирдон» наомӯхтаем. Ҳатто, дар ягон китоби педагогика ва психологияи ҳафтодсолаи мо дар ин бора ишора нашудааст.
Дар ин самт кишварҳои Аврупо нисбатан пешсаф буданд. Аз қарни ХIХ дар макотиби Аврупо адибон ба омӯзиши хислату равони муаллим даст задаанд. «Бузургтарин шодии муаллим он аст, ки шогирдаш ӯро таърифу тавсиф мекунад. Ман зиндагиро аз шогирдон омӯхтам. Ман асабоният, куштани ғазаб, нафрат ба хушунатро аз тифлакону талабагони мактаб аз бар намудаам» (шоир ва нависандаи англис Шарл Бронте).
Ҳамаи шахсиятҳои бузурги фаннӣ, император, шоир, адибони ҷаҳоншумул, алломаҳо аз замони Руми қадим то ҳол, муаллими дӯстдошта, яъне, Усмон Раҳмонови худро доштаанд ва доранд. Аз байни даҳҳо, садҳо муаллим, танҳо як Усмон Раҳмонов маҳбуби умум мегардад. Ва боз ба ин шарафи бузург дафъатан не, пас аз 80 сол насиб мешавад. Намедонам, Усмон Раҳмонов ягон унвону подоши моддӣ дошт ё не, аммо имрӯз, ҳатман руҳи ӯ шод мешавад, ки шогирдонеро чун Саймумин Ятимов ба камол расондааст. Ва онҳо имрӯз аз ӯ бо некӣ, ҳамчун поягузори шахсияташон ёд мекунанд.
Олим хеле моҳирона, ҳамзамон, оқилона, зеҳну тафаккурро ба баҳс мекашад. Ӯ кӯшиш мекунад ҳамаи муаммоҳои камолоти инсонро фаро бигирад. Мактабро чун сохтор, муассисаи муҳимми ҷомеа ва давлат дар мадди аввал гузоштааст.
Муаллифи дақиқназар тарбияро аз таълим авлотар медонад. Ба он чанд зина афзалият мебахшад. «Дучархаи нав»-ро усткорона таъмиру таҷдид менамояд. Собит месозад, ки тарбия дар муҳит, коргоҳ ва донишгоҳ, аз тарбия дар оила ва мактаб маншаъ мегирад.
Ин назарияи тарбияи спартаниро дар Руми қадим, Юнони қадим васеъ истифода мекарданд. Тарбия таълимро суфта ва ҳадафманд менамояд. Таълими бе тарбия «саратон»-и ақл буда, самар нахоҳад дод.
Овардаанд, ки шоҳи оламгир хостааст писарашро мунаҷҷими аср кунад. Аз Юнон устоди маъруф даъват намудаанд. Панҷ соли расо шоҳписар таълим гирифтааст. Дар аснои хатми мактаб шоҳ хостааст фарзандашро имтиҳон кунад. Ва дар кафи дасташ ангуштариро пинҳон намуда, аз писараш пурсидааст:
— Дар мушти ман чӣ пинҳон аст?
Писар каме фикр карда, забон хойида, посух додааст:
— Дар кафи дастатон чизи гирд аст. Дарунаш сӯрох.
— Офарин, писарам, акнун бигӯ, он чӣ аст?
— Дар дастатон санги осиё аст, падар.
Шоҳ дар ғазаб шуда, амр додааст, ки устоди писарро ба дор овезанд.
Мунаҷҷим заминро бӯсида, бо арзи эҳтиром ва тавозуъ ба шоҳ посух додааст:
— Ман ба фарзанди Шумо илму дониш омӯхтам. Аммо ақлу заковат мансуби дарк ва фитрат аст. Таълим дуруст муайян кард, ки дар дасти фарзанди Шумо ҷисми гирд ва сӯрох будааст. Аммо адами дарки имкони дар кафи даст пинҳон кардани санги осиё вазифаи Ақл аст!
Бори нахуст С. Ятимов дар пажуҳиш, иллат ва нуқси шикасти рушди чомеаро дар номувофиқ омадани натиҷаи тарбия ва муҳтавои ҷаҳонбинӣ бо вазифа ва уҳдадориҳои соҳибдавлатӣ медонад.
Тарбияро аз таълим муқаддамтар медонад: «Дар мавриди фаъолияти мактаб гуфтан мушкил аст, ки чӣ дар ҷойи аввал меистад: таълим ё тарбия? Ин мафҳумҳои якдигарро пурракунанда мебошанд. Бе якдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Дар ин ҳолат метавон баҳс кард. Лекин ба андешаи мо, дар ҳар шароит афзалият мансуби тарбия аст».
Итминон дорам, ки пас аз мутолиаи ин мақола ҳар кас пайи ҷустуҷӯи Усмон Раҳмонови худ мешавад. Аз ҷумла, ман устоди худамро ба ёд овардам. Муаллими азизи ман – Муборакқадам, куллан, ҳамсони Усмон Раҳмонов аст. Барои музд, шуҳрат ва сарват заҳмат намекашид.
Дар ин ҷо, бори дигар кашфиёти С. Ятимовро оид ба омӯзиши ҳолати равонии шогирдон ёдрас мекунам. Ман мутмаин ҳастам, ки шояд аз байни сӣ нафар ҳамсинфони С. Ятимов ва шояд панҷсад нафар шогирдони Усмон Раҳмонов, танҳо бист фоизаш аз маҳорату садоқати Усмон Раҳмонов баҳра бурдаанд. Бигзор, ҳатто як кас дарк карда бошад.
Ин бузургтарин дастоварди муаллим Усмон Раҳмонов аст. Муаллим Усмон Раҳмонов аз рӯйи тасвири С. Ятимов, дар фаъолияти хеш бар он аст, ки: «Бо тифлон — тифлона, бо пирон — пирона бархӯрд намудан, мушкилкушои кори педагог аст» (В. Сухомлинский). Риояи мувозинати бархӯрд ба синну соли мухталиф нишони фазилати олии инсонӣ мебошад.
Таассуф ва нигаронии устод С. Ятимов аз нуқси китоби дарсии «Таърихи Тоҷикистон» (Сад афсус, ки мо то ҳол ҳам «Таърихи сиёсии Тоҷикистон»-ро дар шакли комил эҷод накардаем) асоси воқеӣ дорад. Таърихи 32-солаи даврони Истиқлоли мо, дастовардҳои бузургтарине, ки тавассути заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаданд, нуҳ мероси бузурги таърихии Тоҷикистон, ки ҳамчун мероси молии башарӣ аз ҷониби ЮНЕСКО шинохта шуданд, ҳанӯз ҳам пурра ба китоби дарсӣ дароварда нашудаанд.
Чанде пеш директори Маркази мероси хаттии АМИТ Раҳматкарим Давлатов дар як ҳамоиши байналмилалӣ мақолаи «Бозёфт ва тадқиқоти археологӣ – шакли инъикоси воқеияти таърихӣ» (С. Ятимов «Мероси ниёгон занҷири тиллоии васли тамаддунҳо». Душанбе, «Меъроҷ Граф». 2023. –С.34)-ро беҳтарин мақолаи кашф ва пажуҳиши улуми бостоншиносоӣ ва ҳафриёти қадима номида, онро чун васоити таълим ба маҷмуаи мақолаҳои барномаи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси ҳуҷҷатӣ шомил кард. Аммо ин мақола то ҳол чун воситаи таълимӣ истифода намешавад.
Акнун, биёед аз ин публитсистикаи илмӣ, амалан, тарҳи сохтан, эҷод кардани симои «Муаллими ман»-ро андеша кунем. Имрӯз бояд ҳар як зиёӣ Усмон Раҳмонови худашро пайдо кунад. Ҳар қадар чунин устодони фарзонаро ҳамчун намунаи пайравӣ дар ҳаёт талқин кунем, ҳамон қадар шогирдони тундгарои чаправ дар ҷомеа кам хоҳанд шуд.
Ва дар фарҷом, андешаҳоямро бо иқтибосе аз номаи Ҷавоҳирлаъл Неру ба шогирдаш тақвият мебахшам: «Онҳое, ки барои Ватан ва меҳандӯстӣ ҷонфидоӣ ваъда медиҳанд, афсона аст. Онҳое, ки Ватанро барои манифати хеш дӯст медоранд, хиёнат ҳаст. Ва онҳое, ки муаллими атрофро ситоиш мекунанд, ватандӯсти асиланд».
Хулоса, мақолаи «Муаллими ман» намунаи волотарини сипос ба инсони инсонсоз – устод, муаллим, омӯзгор аст, ки аз тарафи Саймумин Ятимов дар симои муаллимаш – Усмон Раҳмонов инъикос ёфтааст.
Наҷмиддин ШОҲИНБОДОВ,
рӯзноманигор