ҲИФЗИ ОЗОДИҲОИ ИНСОН

Зери мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ доштани донишҳои ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад. Аз давраи қадим халқи тоҷик дорои фарҳанг, урфу одат ва маърифати баланди ахлоқӣ ва ҳуқуқист. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки тамоми сохтори давлатӣ, аз ҷумла, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираю имкониятҳоро ҷиҳати таъмини тартибот ва волоияти қонун равона намоянд. Бо қабули Конститутсияи соҳибистиқлоламон имрӯз дар давлат сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагӣ, волоияти қонун ва тартиботи ҳукуқӣ ҳукмрон аст. Дар моддаи 42-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад». Инсон шаъну шарафи хешро танҳо ба василаи қонунҳои мавҷуда, на дигар санадҳои меъёрӣ метавонад ҳифз намояд. Ин меъёри конститутсионӣ моро боз ҳам водор месозад, ки дар самти риояи қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ пешоҳанг бошем. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифа, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон муайян карда шудаанд.
Мусаллам аст, ки рушди бонизоми ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро бе мавҷудияти тартиботи ҷамъиятӣ дар дохили давлат тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар баробари ин, барои расидан ба ин ҳадафи олӣ эҷоду таҳия ва қабули санадҳои ҳуқуқии сарнавиштсозу адолатпарварро ба роҳ монда, дар заминаи он бо роҳҳои гуногуну мақсаднок маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии ҷомеаро бояд боло бурд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ вобаста ба рушди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз тарафи давлат чунин тадбирҳо анҷом дода шудаанд: — Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, консепсияҳо ва барномаҳои давлатӣ вобаста ба ислоҳоти ҳуқуқӣ; Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; ташкили конфронсҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон; аз ҷониби Пешвои миллат соли 2024 эълон шудани «Соли маърифати ҳуқуқӣ».
Риоя ва эҳтироми қонунҳои Тоҷикистон бо он муайян мешавад, ки қонунҳо санади мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон — Маҷлиси Олӣ буда, дар натиҷаи амалӣ гаштани шакли олии бевоситаи ҳокимияти халқ интихобот ташкил мешавад. Дар ин замина, қонунҳо нисбат ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ эътибори баланди ҳуқуқиро соҳиб мешаванд. Вазифаи тарбияи ҳуқуқӣ донистани ҳуқуқ ва вазифаҳои муқарраршуда ва риояи онҳо мебошад. Риояи Конститутсия эҳтироми қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳо ва шаъну шарафи дигарон, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он, ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, супоридани андозҳо ва пардохтҳо буда, сатҳи маърифат ва ахлоқи шаҳрвандро баланд бардошта, мавқеи ҷамъиятии ӯро устувор гардондан аст.
Мо, омӯзгорон, бояд тамоми саъю кӯшиши худро барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии насли наврасу ҷавонони ҷомеа равона созем. Пешвои миллат зимни ироаи Паём муроҷиат намуданд, ки ҳар шаҳрванди кишвар ба таълиму тарбияи насли наврас диққати махсус бояд зоҳир намояд. Ҳар падару модар дар баробари таъмини ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии фарзандон, дар таълиму тарбияи онҳо низ бояд масъулият эҳсос намоянд. Яъне, мафҳуми маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон на танҳо ҳуқуқ, балки механизмҳои татбиқи он мебошад, ки шаҳрвандон ҳангоми амалисозии фаъолияти хеш истифода мебаранд. Ҳадафи асосии давлати ҳуқуқбунёд таъмини манфиатҳои ҷамъият ва шахс, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Татбиқи ин ҳадаф ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба волоияти қонун ва ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон мусоидат менамояд.
Зулфиқор АЗИМОВ,
омӯзгори таърих ва ҳуқуқи
МТМУ №36-и шаҳри Ваҳдат