ШАФФОФИЯТ, АДОЛАТ ВА ДАСТРАСИИ БАРОБАР

Аз 1-уми июли соли ҷорӣ даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) барои довталабони дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 2-юми май) номнависшуда оғоз гардид. Довталабон вобаста ба кластери интихобнамудаашон дар рӯзҳои муайян имтиҳон месупоранд.
Барои баргузории даври асосии имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б дар заминаи 45 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Ёвон, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ) марказҳои имтиҳонӣ ташкил гардид, ки дар онҳо беш аз 1150 синфхона барои баргузории имтиҳонҳо омода карда шудаанд.
Исмоилҷон Маликов – роҳбари маркази имтиҳонии №01/12 дар шаҳри Душанбе вобаста ба иштироки довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ қайд намуд, ки имрӯз тибқи нақша ва рӯйхати пешниҳодшуда бояд аз рӯйи кластери 2-юм (иқтисод ва география) 401 нафар довталаб имтиҳон месупориданд, мутаассифона, 358 нафар довталаб ҳозир шуданд. 3 нафар довталаб, ки каме дертар ба имтиҳон ҳозир шуда буданд, бо навиштани ариза ба имтиҳон ворид гаштанд. Нафароне, ки имрӯз дар имтиҳон иштирок надоштанд, ҳангоми муроҷиат ба марказ метавонанд дар даври иловагӣ, яъне, 12-уми июл имтиҳон супоранд. Лекин барои иштирок дар даври иловагӣ маблағи хизматрасонии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳаҷми 10 фоиз пардохт мекунанд.
Соли дуюм аст, ки бо иқдоми Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз анҷоми имтиҳонҳо ба хотири беҳтар кардани низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, ҳам барои довталабон ва ҳам барои падару модари довталабон, мониторинг гузаронида мешавад. Мониторинг ҳатмӣ набуда, барои довталабони хоҳишманд роҳандозӣ мегардад. Аз ҷумла, саволҳо барои содаву фаҳмо кардани низоми имтиҳонҳо мебошад. Масалан: Маблағи хизматрасониро дар «Амонатбонк» пардохт кардан осон буд? Дар раванди супоридани имтиҳон худатонро чӣ гуна ҳис кардед?
Муҳлати имтиҳонсупории довталабон аз рӯйи кластери интихобнамудаашон муайян карда мешавад. Вобаста ба кластер ва субтестҳои имтиҳонӣ вақт дар алоҳидагӣ мушаххас гардидааст. Масалан, вақти аз ҳама зиёд ҷудошуда дар кластерҳои 1 ва 5 мебошад. Дар субтестҳои имтиҳонии кластерҳои мазкур фанҳои дақиқ нисбатан зиёд аст. Аз ин рӯ, барои довталабони хатмкунандагони синфи 11 220 дақиқа муайян карда шудааст. Барои довталабони кластери дуюм 200 дақиқа ва барои довталабони кластерҳои 3-юм ва 4-ум 190 дақиқа пешбинӣ шудааст.
Барои хатмкунандагони синфҳои 9-ум бошад, дар ҳама кластерҳо дар доираи 150 дақиқа имтиҳон гирифта мешавад, чунки онҳо аз рӯйи 3 субтест имтиҳон месупоранд. Имрӯз аз рӯйи кластери 2-юм (дар заминаи синфи 11) имтиҳонҳо баргузор гардида истодааст ва он аз рӯйи чор субтест сурат мегирад. Ҳар як довталабе, ки тестҳоро сари вақт иҷро намуда, варақаҳои худро месупорад ва аз 60 фоизи вақти муайяншудаи имтиҳон гузаштааст, имкони баромаданро дорад.
Хуршед Эҳсон, намояндаи Маркази миллии тестӣ дар маркази имтиҳонии №01/08 дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №95-и ноҳияи Сино зикр кард, ки дар ин маркази имтиҳонӣ довталабони кластери сеюм (филология, педагогика ва санъат) имтиҳон месупоранд. Вақти муқарраршуда барои супоридани имтиҳон 190 дақиқа муайян шудааст. Тибқи нақша дар маркази имтиҳонии мазкур 365 нафар бояд иштирок мекарданд, ки аз ин миқдор, 326 нафар ба имтиҳон ҳозир гардиданд. Ду нафар довталаб ба имтиҳон дер карданд, ки бо навиштани ариза онҳо ба имтиҳон роҳ дода шуданд.
Шаҳринисо Каримова, сокини ноҳияи Шаҳринав чунин зикр намуд: Фарзанди нахустинамро барои супоридани имтиҳон овардам, бовар дорам, ки унвони донишҷӯйӣ насибаш мегардад, чунки барои супоридани имтиҳонҳо омодагии ҳамаҷониба дид. Ба шаффофияти имтиҳонҳои дохилшавӣ бовар дорам. Падару модарон ва ҳар нафаре, ки ин ҷо ҳузур дорад, рафти имтиҳонро аз тариқи монитор мушоҳида мекунанд.
Падари яке аз довталабон Миралӣ Гулов, ки фарзандашро ба имтиҳон оварда буд, иброз дошт, ки маблағи муқаррарнамудаи ММТ, ки 330 сомониро ташкил медиҳад, каме гарон аст.
Абдураҳмон Сафарзода, довталаб дар маркази имтиҳонсупории №01/12 аз ноҳияи Восеъ чунин изҳор намуд: -Дар вақти супоридани имтиҳон тарсу ҳаяҷони зиёд доштам, ҳарчанд ки пеш аз ба имтиҳон омадан омодагии ҷиддӣ дида будам. Ростӣ, баъзе аз саволҳо душвор буданд, чунки дар мактаб бо ин саволҳо рӯ ба рӯ нашуда будам.
Субҳи чоруми июл дар назди МТМУ №42-и ноҳияи Фирдавсӣ довталабони зиёде ҷамъ омада буданд. Онҳоро волидон ва дигар пайвандонашон ҳамроҳӣ

мекарданд. Баъд аз он ки тибқи нишондод соати 9.00 имтиҳон оғоз гардид, волидон ба маҷлисгоҳи мактаб ворид гардиданд ва бо мақсади огоҳ шудан аз рафти имтиҳон тавассути монитори калон рафти баргузории имтиҳонҳоро мушоҳида карданд.
Барои баргузории имтиҳон дар муассиса 13 синфхона бо тамоми шароит муҳайё гардида буд. Аз ҷумла, синфхонаҳо бо камераҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз ва ҳар як довталаб бо оби ташнашикан таъмин гардиданд. Аз тарафи ММТ бунгоҳи тиббии муваққатӣ низ дар хизмати довталабон қарор дошт.
— Дар маркази ИМД №01/10 гурӯҳи кластери 4, компоненти «А» (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) аз рӯйи чор субтест – забони тоҷикӣ, таърих, ҳуқуқ ва забони хориҷӣ (англисӣ, фаронсавӣ, немисӣ ва арабӣ) имтиҳон месупоранд. Довталабон хатмкардагони синфи 11 буда, теъдоди умумиашон 194 нафар аст, — гуфт зимни суҳбат роҳбари маркази имтиҳонии зикргардида Шамсулло Аминзода. — Маъмурони имтиҳонгиранда раванди имтиҳонро ба таври хеле ҷиддӣ назорат мекунанд.
Таъкид кардан бамаврид аст, ки пеш аз оғози имтиҳон бо дохилшавандагон аз ҷониби роҳбари маркази имтиҳонӣ ва кормандони ММТ суҳбат доир гардид, ки муҳтавои онро тарзи дурусти дар китобчаи тестӣ кор карда баромадани супоришҳо ва ба варақаҳои имтиҳонӣ кӯчонидани ҷавобҳои довталабон ташкил медод.
Довталаб Лутфулло Бурҳонов, хатмкардаи МТМУ №56-и ноҳияи Вахш таассуроташро аз имтиҳон ин тавр баён кард:
— Раванди имтиҳон писандам омад, зеро хеле шаффоф гузашт. Дар як синфхона 15 нафар ба таври алоҳида нишастем, касе ба касе халал намерасонд. Саволҳо душвор набуданд. Масалан, тақрибан ба ҳама саволҳои додашуда оид ба ҳуқуқ ҷавоби пурра гардондам. Ҳуқуқшинос шуданиам. То ба имтиҳон ҳозир шудан аз муаллими ҳуқуқамон Бахтиёр Олимов дарсҳои иловагӣ гирифтам. Ғайр аз ин, бародарам Наҷмиддин ҳуқуқшинос аст. Бо ӯ низ саволу ҷавоб мекардем, худомӯзӣ ҳам кардам.
Ромизҷон Фатҳуллоев гуфт, ки бо дили пур ва бо тайёрии пухта ба имтиҳон ҳозир гардидааст, зеро омодагиаш як сол боз сурат гирифтааст ва муҳимаш он, ки ба ихтисоси ҳуқуқшиносӣ шавқу завқи баланд дорад.
— Дар авлоди мо ба ин касб меҳри беандоза доранд, — гуфт падари Ромизҷон Камолиддин Фатҳуллоев. Бобои Ромизҷон Салимбой Фатҳуллоев солҳои 2000 — 2005 Раиси Суди Олии Тоҷикистон буд. Дар маҷмуъ, аз авлоди мо тақрибан панҷоҳ нафар ҳуқуқшинос мебошанд. Духтарам Сабрина ҳоло ба синфи 11 гузашт. Вай ҳам дар оянда ҳуқуқшинос шуданист.
Зимни суҳбат маълум шуд, ки довталабон Шодмеҳр Рӯзиев (МТМУ №7-и ноҳияи Рӯдакӣ), Нигора Қаюмова (литсейи № 2 ба номи М. Давлатови шаҳри Ваҳдат) ва чанд нафари дигар низ орзуи ҳуқуқшинос шудан доштаанд. Сокини ноҳияи Файзобод Валаъмат Дӯстова хонашин буда, писараш Муин Бекназаровро барои иштирок дар имтиҳони ММТ ҳамроҳӣ менамояд. – Аслан, мегӯяд ӯ, — ман мехостам, ки писарам духтур шавад, аммо ӯ таърихнигор шуданро авло донист. Монеъ нашудам, бигузор, касбашро худаш интихоб кунад.
Сангиной Раҳимова сокини шаҳри Турсунзода асту писараш Некрӯзи Ҷамшедро роҳбаладӣ намудааст. Худи С. Раҳимова омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №12 буда, собиқаи 24-солаи корӣ дорад. Ӯ, ҳамчунин, муовини директори мактаб оид ба синфҳои ибтидоист. Ба шаффофияти имтиҳонҳо бовар дорад ва мутмаин аст, ки Некрӯз дар имтиҳон комёб гардида, дар оянда омӯзгори таърих ва ҳуқуқ мешавад.
Аз суҳбат бо Саидхон Қодиров маълум шуд, ки ӯ соҳиби шаш фарзанд буда, Суҳроб Қодиров (хатмкардаи МТМУ №1-и шаҳри Роғун) фарзанди калониаш мебошад. Вай аз рӯйи ихтисоси забони хориҷӣ имтиҳон месупорад. Мавсуф гуфт, ки ба шаффоф баргузор намудани имтиҳонҳо бовар дорад ва орзу мекунад, ки писараш комёб гардад. Нигина Ризвоноваи журналист гуфт, ки писараш Дилшод Салимовро ҳамроҳӣ дорад. Дилшод хатмкардаи МТМУ №8-и шаҳри Душанбе буда, ёздаҳ сол дар гурӯҳи русӣ таҳсил кардааст. Бародаронаш Орзу ва Фирдавс низ маълумоти олӣ доранд. Дилшод аз рӯйи ихтисоси таърих ва ҳуқуқ имтиҳон месупорад. Модари ӯ Н. Ризвонова ба он назар аст, ки тибқи мушоҳидаҳои солҳои пешин итминон дорад, ки агар дониши довталаб қавӣ бошад, ҳатман комёб мегардад.
Аз суҳбат бо сардори раёсати таҳияи маводи имтиҳонӣ Ҷамшед Азимов муайян гардид, ки ММТ-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи се принсип амал мекунад: шаффофият, адолат ва дастрасии баробар барои ҳар як довталаб. Вай дар назди волидайни довталабон оид ба тарзи қабули имтиҳонҳо андешаронӣ карда, таъкид намуд, ки ба ин се масъала диққати ҷиддӣ дода, ба кумаку ёрии ҳеҷ кас бовар накарда, ба амалҳои коррупсионӣ роҳ надиҳанд.
Бояд қайд кард, ки натиҷаҳои имтиҳонҳо (хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо) 20-уми июли соли ҷорӣ эълон мегардад.
Салима МУСОЕВА,
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»