ЭЪЛОН!

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии ATT тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба таҳия, экспертиза ва нашри адабиёти таълимӣ» ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи маориф миёни олимон, муҳаққиқон ва дигар мутахассисони соҳаи томактабӣ оид ба таълифи барномаҳои таълимии забонҳои русӣ ва англисӣ барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ озмун эълон мекунад:
1. «Барномаи таълимии забони русӣ барои кӯдакони гурӯҳи хурди дуюм (аз 3-4 сола) то гурӯҳи омодагӣ ба мактаб (6-7-сола) таълимашон бо забони тоҷикии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ».
2. «Барномаи таълимии забони англисӣ барои кӯдакони гурӯҳи калон ва омодагӣ ба мактаб (аз 5-6-сола то 6-7-сола) барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ».
Мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълим, ки ба озмун пешниҳод мешаванд, бояд ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи томактабӣ», Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи маориф ҷавобгӯ бошанд.
Номгӯйи ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун:
— маълумот дар бораи иштирокчии озмун (насаб, ном ва номи падар (пурра);
— дараҷаи илмӣ ва унвони илмӣ (агар бошад);
— номи муассисае, ки дар он иштирокчии озмун кору фаъолият менамояд;
— вазифаи ишғолнамуда;
— собиқаи корӣ дар соҳаи маориф;
— дар таҳия ва ё таълифи кадом барномаи таълим ва китобҳои дарсии дар боло номбаршуда иштирок менамояд;
— телефон, e-mail.

Эзоҳ: Бо нафарони дар озмун ғолибомада шартномаи дуҷониба бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешавад.
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Комиссияи тадорукотии озмуни таълифи барнома ва китобҳои дарсӣ дар муҳлати 30 рӯзи баъди чопи эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.

Нишонии Комиссияи тадорукотии озмун: ш. Душанбе, кӯчаи А. Адҳамов -11/2, Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон.
Телефонҳо барои тамос: 227-46-00; 2 27-45-25.
Суроғаи электронӣ: prmatt@mail.ru.