БА ХОТИРИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН

Ба ҳамагон маълум аст, ки тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти шахсӣ, ҷамъиятии ҳар як шаҳрванд дар қонуни асосии давлат – Конститутсия қайд гардидааст. Дар боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд» номгузорӣ гардидааст, аз моддаи 14 то 47-ро дар бар мегирад.
Дар ҳақиқат, ҳамаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои дигари ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегардад.
Хушбахтона, мардуми бомаърифату меҳнатдӯсти диёри азизамон аз ҳуқуқу уҳдадорӣ ва вазифаи шаҳрвандии худ ба хубӣ огоҳ ҳастанду ба ҳамаи қонуну санадҳои давлатӣ итоату амал менамоянд.
Ин бори дигар ягонагӣ, ваҳдат ва баҳамоии ин мардуми худшиносу худогоҳро далел аст. Дарвоқеъ, мо сиёсати дохилию хориҷӣ, ҳамаи таъкиду раҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ менамоему аз гузаштаи ориёӣ ва имрӯзи босаодати худ меболем.
Ба ҳамагон маълум аст, ки 70 фисади аҳолии моро ҷавонон ташкил мекунанд. Ҷавонон созандагон, бунёдкорон ва соҳибони марзу бум, илму тамаддун ва мероси гузаштагон мебошанд. Онҳо соҳибдавлатоне ҳастанд, ки ҳамеша бо ғамхориҳои давлат фаро гирифта шудаанд. Дар фаъолияти кори эҷодӣ буда, таҳти ғамхории давлату ҳукумат қарор доранд. Имрӯзҳо ҷавонони босаодати диёрамон дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаётҳам дар меҳнат ва ҳам дар илм, ҳам дар эҷод, ҳам дар варзиш, хулоса, дар ҳамаи соҳаҳо парчамбардори ин мулки ободу диёри файзбахш мебошанд.
Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки аз байни ин қишри ҷомеа аҳён-аҳён ашхосе пайдо мешавад, ки ба номи Ватан – Модар иснод меоранд.
Ҷавононро маърифат, фаҳмиши дақиқ, ошноӣ ба гузаштаи миллати ориёии худ, ояндабинӣ, дониши амиқ ба ҳаёти хушбахтона мебарад. Аммо, афсӯс ,баъзе ҷавонони аз маърифат дур мондаю сода ва ноогоҳ фирефтаи ваъдаю найранги гурӯҳҳои нооромкунандаи ҷомеа шуда, ҳаёти худро зери хатар мегузоранд.
Яке аз ҳадафҳои асосии «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидан маҳз тарбияи ҷавонон, маърифатнок шуда, аз ҳуқуқу вазифаҳои худ беҳтар огоҳӣ пайдо карда, хизмати Ватан – Модарро сарбаландона ба ҷо овардан аст.
Гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода бурда, ҷавонони камтаҷрибаю ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Яке аз ин роҳҳо ба воситаи телефонҳои мобилӣ сурат мегирад. Ба ҷои аз ин воситаи пешрафтаи техникӣ илму дониш азбар намудан, қисме аз ҷавонон ба суханҳою гуфторҳои ғаразноку иғвогарона ҷалб мешаванду ояндаи худ ва ҷомеаро ноором мегардонанд.
Дар моддаи 24-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст: «Шаҳрванд ба мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ ва бозгашт ба он ҳақ дорад». Ин бори дигар ҳуқуқу озодии шахсро баёнгар аст. Бо сабабҳои гуногун шаҳрвандони мо дар хориҷа зиндагӣ намоянд ҳам, Давлат ва Ҳукумат ба ҳимояи ҳуқуқи онҳо таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Ман ин матлаби худро вобаста ба фаъолияти инсондӯстонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даҳҳо мисоли мушаххас баён карда метавонам.
Ҳамаи ин нишони эҳтироми шахс, риоя намудану ҷонибдорӣ аз ҳуқуқи инсонҳо мебошад. Пас месазад, ки ҳар шаҳрванд дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ бошаду худ ва дигарон, аз ҷумла, насли наврас ва ҷавононро бо роҳи фаҳмондадиҳӣ аз амалҳое, чун ифротгароӣ, терроризм, экстремизм баргардонанду онҳоро дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром бо арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.
Ҳар яки мо, новобаста ба вазифаи дар ҷамъият доштаамон ва синну сол бояд ватандӯсту ватанпарвар бошем ва ҳаргиз нагузорем, ки тундравию, нооромиҳо дар ҷомеа ба амал оянд. Эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин, роҳи муҳимтарини давлат ва ҷомеа мебошад. Ин ҳама аз донистану риоя намудани маърифати ҳуқуқӣ ибтидо мегирад.

Ҳасан ТУРСУНБОЕВ,
омӯзгори Коллеҷи тиббии ДДТХ
дар ноҳияи Данғара