МУҚАДДИМАИ ДАВЛАТДОРӢ

Дар сарнавишти халқҳо ва миллатҳои ҷаҳон рӯзҳои мондагор ва қисматсозе ҳаст, ки ҳамчун рамзи миллатсозӣ, истиқлолхоҳӣ ва ормонҷӯӣ сабт мегарданд. Дар ин қатор эълони Истиқлоли давлатӣ ва расидан ба Ваҳдати миллӣ аз рукнҳои муҳимми таҳкими давлатдории миллии мо мебошад.
Бо хурсанди метавон зикр кард, ки Ваҳдати миллӣ ба сифати ҷашни умумимардумӣ давоми 27 сол дар кишвари мо таҷлили бошукӯҳ ва пурифтихорро касб кард. Таҷлил аз ин рӯзи фархунда маҷрои давлатдории миллиро субот бахшид. Музокирот ва гуфтушунидро бар пояи як баҳси тӯлонии сиёсӣ хотима дод. Тарафҳои сулҳхоҳ ва даргир ба ҳам омада, зербинои ҷамъиятро бо ҳусни некхоҳӣ ва нияти ҳамдигарбахшӣ асос гузоштанд. Масири истиқлолхоҳӣ ва миллатсозӣ аз нияти қарордодӣ ба ҳадафҳои мардумӣ муназзам гардида, бар фоҷиаи миллӣ, майдоннишиниҳо ва даргириҳо нуқта гузошт. Дар сохтори идории кишвар ҷобаҷогузориҳои кадрӣ бо усули нав рӯйи кор омад. Ба тасвиб расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ минбари нави давлатсозиро ба низоми сохтори конститутсионӣ кушод. Рӯзҳои нохушро ин созишномаи тақдирсоз бар як саҳфаи тозаи миллатсозӣ ва давлатдорӣ иваз намуд. Ин ҳуҷҷати арзишманд ба Эъломияи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24-уми августи соли 1990) қудрати амалӣ ато намуд ва роҳи истиқлолу озодии кишварро ҳамвор гардонид. Дурнамои Иҷлосияи 16-уми Шурои Олиро ба мизон дароварда, иҷрои бандҳои қарори иҷлосияро тавони амалишавӣ бахшид. Конститутсияи кишварро аз ҳуҷҷати расмӣ ба санади мардумӣ ва бахтномаи воқеӣ бадал гардонид. Меъёрҳои догматикии конститутсиониро ба муқаррарот ва муқаддимаи идеяи миллӣ тағйир намуд. Қиммати ваҳдату ҳамбастагӣ ба рукни шинохт ва фаҳму дарки худшиносии миллӣ табдил ёфт. Парокандагию сарсониро дар ҳошия гузошт. Хиради бузурги роҳбарӣ ва сиёсӣ лозим шуд, ки ин оташи кинаварзӣ хомӯш гардад. Талошҳои хастагинопазири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо ба сулҳи ҳамагонӣ дастёб шудем.
Таҷрибаҳои талхи имрӯзаи парокандагии миллӣ ва бесуботии кишварҳо ҳушдор медиҳад, ки ба қадри тинҷӣ ва оромӣ бирасем. Нагузорем, ки неруе зидди якпорчагии миллӣ мавқеъ гирад.
Имрӯз бо зикри ин санаи сарнавиштсоз дар ҷомеаи навини Тоҷикистон шинохти Ваҳдати миллиро ба сифати муқаддимаи давлатдорӣ бояд унвон намуда, роҳи рушди кишварро дар иттиҳоду ҳамбастагӣ метавон дарёфт. Меҳнати аҳлона ва дастаҷамъонаро барои созандагию бунёдкориҳо сарф намоем. Муҳимтар аз ҳама, фаҳму дарки муқаддасоте чун Ваҳдати миллиро асоси соҳиб­давлатӣ шиносем. Моро мебояд, ки дар раванди ваҳдатгароии миллӣ рисолати касбӣ, виҷдонӣ ва инсонии худро барои хидмат ба Ватан ва халқи Тоҷикистони азиз, пуштибонии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва татбиқи тарҳи ояндасози кишвар сафарбар намоем. Адиби хирадманд Темур Зулфиқоров хуб нигоштааст: “Вақт барои одамон, ки меоянду мераванд, зудгузар аст, вале на барои Ватан, ки ҷовидонист”. Кафили мавҷудияти ин хоку сарзамин маҳз Ваҳдати миллист.

Абубакр БАЧАМАРДОВ,
аспиранти бахши сиёсат ва минтақашиносии
Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии
назди Президенти Федератсияи Россия