МЕКУНАМ ШУКРИ КАМУ БИСЁРИ ТУ…

То ба ҳол анъанаи хонадони мо ин аст, ки шомгоҳон ҳама сари дастархон гирд оему пас аз тановули хӯрок дар хусуси мавзуи хосе суҳбат ороем. Падарам ҳеҷ гоҳ дӯст намедоранд, ки дар вақти сарфи ғизо ба телефон ва ё кори дигаре машғул шавӣ.
Шомгоҳе ҳама гирди дастархон нишаста будем, ки дар телевизион филмҳои мустанад дар бораи корномаи Пешвои миллат намоиш дода мешуд. Ҳамон лаҳзаи филм идома дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи мухолифин суҳбат намуда, бо гурезаҳои тоҷик мулоқот ороста, барои ба Ватан баргардонидани онҳо саъю талош ба харҷ медоданд. Дар филм зане назди дастгоҳи наворбардорӣ ҳамроҳи ду духтараш истода буд. Падарам ба ман ишора карда гуфтанд, ки ана ҳамин нафар аммаат мебошад. Барои мани кунҷкоб ҷолиб буд, донистани ин ҳама қисса, аз ин рӯ, ба савол додан шуруъ кардам… Падарам иброз доштанд, ки метавонӣ ба хонаи аммаат равӣ ва ҳамаи инро аз худаш пурсон шавӣ.
Ба хонаи аммаам рафтаму пас аз хӯроки шом ба тамошои шаҳри Душанбеи биҳиштосо баромада, аз накҳати гулҳои атрогинаш ҳаловат бурда, дар боғу гулгаштҳои он қадам задем. Аммаам аз ободию пешрафти Ватани азизамон ҳарф мезаду шукронаи ваҳдату осоиштагӣ менамуд, ман ҳам аз фурсати муносиб истифода бурда, дар бораи чӣ гуна гуреза шудану ба хоки кишвари ҳамсоя Афғонистон рафтанашро пурсон шудам…
Аммаам оҳи сарде кашида, ба нақл шуруъ намуд.
— Он замон дар ноҳияи Шаҳритус бо хонаводаи шавҳараш якҷо зиндагӣ мекардааст. «Аввали солҳои 92-юм, оғози ҷанги бародаркуш, сару садоҳои зиёде паҳн мешуд, рӯз то рӯз тарсу ваҳми аҳолии деҳа зиёдтар мегардид. Гурӯҳи силоҳбадастон ба ҳамсоядеҳаи мо ворид шуда, қатлу ғорати бераҳмонаи худро идома медоданд. Таҷовузи духтарони ноболиғу куштори мардон анъанаи силоҳбадастон буд. Падарарӯсам аз тарси он ки гурӯҳи силоҳбадастон имрӯз ё пагоҳ ба деҳаи мо низ ҳуҷум ва бераҳмиро оғоз мекунанд, ба хулосае омад, ки бояд аз соҳил гузарему ба хоки ҳамсоя паноҳ барем. Дар аввал модарарӯсам ба ин розигӣ надод. Намехост ҳама молу сарваташро ин ҷо гузошта, ба хоки бегона қадам гузорад, вале табиист, ки ҷон азизу ҳама розӣ шуданд, то ки ба кишвари ҳамсоя паноҳ барем.
Соли 1992 ба шаҳри Мазори Шарифи кишвари Афғонистон паноҳ бурдем, дур мондан аз хоки диёр ва таҳаммули ин дарду азоб ва кашидани бори фироқ бароям хеле сахт буд. Барои хонаводааму падару модар, апаву хоҳар, ёру бародар ва диёри азизам дилам танг мешуд. Мехостам, зудтар занҷири ғарибӣ канда шаваду ба назди пайвандонам биравам, ҳарчанд бо мо мардуми афғон муносибати хуб менамуданд, вале ба як зарра хоки Ватан баробар шуда наметавонист. Худованди бузург низ оҳи дили мо, гурезаҳоро шунида, барои миллати тоҷик Пешвои миллатро ба майдон овард. Ин марди наку аз парешониву парокандагӣ миллатро наҷот дод. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш карда наметавонам, ки дар он лаҳзаҳои басо душвору сангин чӣ гуна ба майдон баромада, бо гурӯҳи мухолифин суҳбат мекарданду ҷонибдории худро барои сулҳу озодӣ баён дошта, аввалин ваъдае, ки ба мардум доданд, «Ман ба шумо сулҳ меорам» буд. Вақте Пешвои миллат ба шаҳри Мазори Шариф ташриф оварданду бо гурезаҳо мулоқот оростанд, хоҳишашон ин буд, ки «Ба Ватан баргардед, ман ба шумо сулҳ меорам, ба шумо ваъда медиҳам, ки як бурда нонро як ҷо мехӯрем».
Вақте хабарнигор мехост, моро навор гиранд, занҳои ҳамроҳам розӣ нашуданд, онҳоро тарсонда бурданд, ки ҳар нафаре назди дастгоҳи наворгирӣ меистад ва ҳарф мезанад, хонаводааш дар Тоҷикистон шиканҷа мешавад. Ҳарчанд аз ман хостанд, ки аз назди дастгоҳи наворбардор дур истам, вале дилам инро намехост. Фарзандонам дар наздам аз хабарнигор пурсидам:
-Оё маро дар телевизион нишон медиҳед?
Хабарнигор дар посух гуфт:
-Бале!
Ман ҳам ба хотири он ки хонаводаам аз ҳолу аҳволам бохабар бошанд, розӣ шудам, ки ба навор гирандамон ва ин лаҳзаро дар телевизион намоиш додаанд. Моҳи июни соли 1994 мо аввалин гурезаҳое будем, ки ба Ватан баргардонида шудем. Ман, фарзандону шавҳарам, якҷо ба Ватан баргаштем, падарарӯсам он ҷо монд. Дар сарзамини ҳамсоя чанде аз пайвандонро ба хок супурда, ба Ватан омадем. Падарарӯсам низ он ҷо фавтида, хок шуд. Дар Мазори Шариф мазоре ҳаст бо номи «Мазори тоҷикон».
Вақте ба Ватан баргаштем, аввалин коре, ки анҷом додам, хабар гирифтан аз хонаи падарам буд. Он рӯз дар кӯчаи мо тӯй буд, ҳаққу ҳамсояҳо ҳама ба пешвозамон баромада буданд, падари раҳматиям роҳ гашта наметавонистанд, бо як азоб ба назди дар ба пешвозам баромаданд, якдигарро ба оғӯш мегирифтему мегиристем. Апаҳоям нақл мекарданд, ки вақте маро дар телевизион мебинанд, падарам телевизионро ба оғӯш гирифта, талх мегирянд.
Шукри озодӣ ва сулҳу ваҳдати кишварам мекунам, шукри серию пурӣ, шукри Пешвои миллат. Бубин бачам, дар замони ҷанг ин соат берун баромада намешуд, ҳоло ҳар вақте ки хоҳӣ, ба берун мебароӣ, ҳар чизе, ки дилат хост, пайдо карда метавонӣ. Шумо ҳам шукри ин ҳама неъмату пешрафту шукуфоӣ бинмуда, ба қадри сулҳу ваҳдату ягонагӣ бирасед.
Вақте аммаам нақлашро ба анҷом расонид, ба соат назар афкандам, ақрабак 12-и шабро нишон медод. Ва аз радиои боғи «Алишер Навоӣ» суруди машҳури:
Тоҷикистон, Тоҷикистон,
Мекунам шукри каму бисёри ту
Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту.
Аз ту ман сарват намехоҳам,
Ватан ҳастӣ бас аст,
Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст
садо медод!
Ва мо роҳ пеш гирифтем, сӯйи хона…

Салима МӮСОЕВА,
«Омӯзгор»