КИТОБИ ДАРСӢ ВА СИФАТИ ТАҲСИЛОТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, таълифи китобҳои дарсии ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй ва нақши ниҳодҳои масъули ин самт таваҷҷуҳ карда, таъкид намуданд: «Яке аз масъалаҳои ҳалталабе, ки солҳои зиёд дар назди ин муассисаҳо қарор дорад, таълифи китобҳои дарсии ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй мебошад. Сифати таҳсилот асосан ба сатҳу сифати китоби дарсӣ, маводди таълимӣ ва маҳорати педагогии омӯзгор вобаста мебошад, ки ин масъалаҳо ҳанӯз беҳбудии ҷиддӣ мехоҳанд. Зарур аст, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва китобҳои дарсӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад».
Воқеан ҳам, масъалаи беҳтар намудани сифати таҳсилот ба таҳияи китобҳои дарсии ба талаботи замон мутобиқ вобастагии амиқ дорад. Зеро таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ бо китобҳои дарсӣ ва омӯзгорон бо маводи методӣ муҳимтарин омили пешрафти соҳа ба ҳисоб меравад.
Дар партави ҳидоятҳои Сарвари давлат дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ дар доираи тадбирҳои ислоҳоти соҳаи маориф, аз ҷумла, татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим, азнавсозии мазмуни таҳсилот, таҳияи стандарту барномаҳои фаннӣ, китобҳои дарсӣ идома дошта, дар ин замина китобҳои насли нав таълиф шуданд, ки имкон медиҳанд, то дар баробари донишҳои назариявӣ, маҳорату малакаи хонандагон низ рушд ёбад. Дар ин муддат давра ба давра стандарту барнома ва китобҳои дарсӣ барои тамоми зинаҳои таҳсилот бо дарназардошти муносибати босалоҳият ба таълим бознигарӣ, нашр ва дастраси хонандагон гардиданд. Вобаста ба тақозои замон дар ин муддат бо дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми китобҳои дарсӣ аз ҷониби муаллифони ватанӣ таҳия гардиданд, ки дар онҳо руҳияи миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ ба таври густарда инъикоси худро пайдо намуданд.
Имрӯз вақти он расидааст, ки дар заминаи китобҳои мавҷуда китобҳои насли нави ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ва баёнгари ҳувияти миллӣ, анъанаҳои таърихӣ ва талқинкунандаи ғояҳои давлати соҳибистиқлоламон ба вуҷуд оварда шаванд. Дар натиҷаи ташхиси адабиёти таълимӣ маълум гардидааст, ки дар ҳақиқат, дар баъзе адабиёти таълимӣ, хусусан, китобҳои адабиёти тоҷик, баъзан матнҳое роҳ ёфтаанд, ки мазмуни динию хурофотӣ дошта, сабабу ҳодисаҳоро ба тақдири илоҳӣ вобаста медонанд. Албатта, ин гуна камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби гурӯҳи кории созмондодаи Вазорати маориф ва илм ва муҳаррирони нашриёт саривақт ошкор гардида, дар ҳамкорӣ бо муаллифон дар нашрҳои навбатӣ ва минбаъда ислоҳ карда шуданд ва минбаъд ҳам муносибат ба адабиёти таълимӣ тибқи ҳамин равиши муқарраргардида идома хоҳад ёфт.
Зарур аст, ки дар доираи барномаҳои давлатии амалкунанда, аз ҷумла, Барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» стандарту барномаҳои таълим ва китобҳои дарсии насли нав таълиф карда шаванд. Ҳамчунин, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд лоиҳаҳое амалӣ шуда истодаанд, ки дар доираи онҳо низ стандарту барномаҳои таълим ва китобҳои дарсӣ бо дарназардошти хусусиятҳои миллӣ ва стандартҳои байналмилалии таълим таҳия мегарданд.
Табиист, ки китобҳои аз ҷиҳати ғоя ва мазмуну муҳтаво ба талабот ҷавобгӯро муаллифони ҳамаҷиҳата огоҳ таълиф мекунанд. Аз ин рӯ, ба роҳ мондани омӯзиши муаллифони китобҳои дарсӣ ва баланд бардоштани малакаи онҳо аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки сохторҳои таҳиякунандаи стандарту барномаҳои таълим ва китобҳои дарсии ҷумҳурӣ мутобиқ ба шароит ва талаботи замони Шуравӣ бунёд гардида, корҳо дар чорчӯбаи сохтори мазкур амалӣ мешаванд. Бинобар ин, вақти он расидааст, ки барои бартараф кардани мушкилоти мавҷуда ва дар сатҳу сифати баланд ба роҳ мондани фаъолият, сохтори мазкур мувофиқ ба талабот ва шароити замони нав таҷдиди назар карда шаванд.

Комилшоҳ ИСОЗОДА,
директори Муассисаи нашриявии «Маориф»-и
Вазорати маориф ва илм