Дар Олмон мутахассисони илмҳои табиӣ ва дақиқ намерасанд
Дар корхонаҳои Олмон норасоии мутахассисон дар бахши илмҳои табиӣ ва дақиқ ба мушоҳида мерасад. Дар муассисаҳои таълимӣ торафт камтар математикҳо, биологҳо, муҳандисон, техникҳо ва мутахассисони IT тайёр карда мешавад.
Дар соли 2024 Институти иқтисоди Олмон дар Кёлн омӯзиши бозори меҳнати Олмонро анҷом дод. Тибқи маълумот, дар ин кишвар норасоии мутахасссиони варзида дар бахши STEM (илм, технология, муҳандисӣ ва математика) ҷой дорад.
Ба гуфтаи коршиносон, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 240 ҳазор мутахассис дар риштаи улуми табиӣ ва дақиқ намерасанд ва ниёз ба ин касбҳо дар солҳои наздик афзоиш хоҳад ёфт.
Ҳамасола ҳудуди 64 ҳазору 800 нафар намояндаи ин соҳаҳо ба нафақа мераванд, дар ҳоле ки шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таълимии тахассусӣ пайваста коҳиш меёбад.
Олимон коҳиши таваҷҷуҳи наврасону ҷавононро ба касбҳои STEM бо коҳиши якбораи муваффақияти таълимӣ рабт медиҳанд. Тибқи натиҷаҳои PISA, барномаи арзёбии байналмилалии донишҷӯён, ки аз ҷониби Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд роҳандозӣ мешавад, малакаҳои риёзии хонандагони синфҳои болоии Олмон дар соли 2022 нисбат ба соли 2018 ба таври назаррас паст шудааст.
ИМА: барномаҳои сесолаи бакалавр ҷорӣ мегардад
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико метавонад ба зудӣ барномаи сесолаи бакалавриро ҷорӣ кунад. То кунун барои гирифтани унвони бакалавр таҳсил ба муддати чор сол муқаррар шудааст.
Олими маъруфи амрикоӣ ва таҳлилгари таҳсилоти олӣ Роберт Земский 15 сол боз ҷонибдори ҷорӣ кардани дараҷаи кӯтоҳи бакалавр мебошад. Дурнамои ба ҷойи чор сол се сол таҳсил кардан, бешубҳа, донишҷӯёнро ба омӯзиш ҷалб месозад. Донишгоҳҳо дарк мекунанд, ки барномаи ихтисоршудаи дараҷаи бакалавр арзонтар хоҳад буд ва аз ин рӯ, аудиторияи эҳтимолии худро васеъ мекунад, ки ин махсусан, айни замон, ки аҳолии кишвар босуръат пир шуда истодааст, муҳим аст. Ҳар як донишгоҳи дуюми Амрико дар давоми соли аввали таҳсил ҳадди аққал чоряки довталабони бакалаврии худро аз даст медиҳад. Онҳое, ки эҳтимоли тарки коллеҷро доранд, одамони камдаромад, ақаллиятҳо ва онҳое мебошанд, ки волидонашон маълумоти олӣ надоранд. Системаи маорифи кишвар ба таври возеҳ шаклҳои нав, дастрас ва мусоидро талаб мекунад.
Моҳи март қонунгузории иёлати Индиана аз коллеҷҳои давлатӣ бо дараҷаи бакалаври чорсола талаб кард, ки на дертар аз июли соли 2025 варианти сесоларо таҳия кунанд. Ва буҷаи иёлати Миннесота барои соли 2024 маблағгузории навро барои курсҳои сесолаи таҷрибавӣ муайян намуд.
Шумораи барномаҳои забони англисӣ дар донишгоҳҳои хориҷӣ 22% афзудааст
Аз соли 2021 то 2024 шумораи барномаҳои англисизабон дар саросари ҷаҳон афзоиш ёфтааст. Гузориши нави Шурои Бритониё ва Studyportals муайян кардааст, ки аз соли 2021 дар саросари ҷаҳон 22% бештар барномаҳои инглисӣ дастрас шудаанд.
Дар муқоиса бо соли 2014 теъдоди барномаҳо бо забони англисӣ се маротиба афзоиш ёфтааст. Шурои Бритониё ва Studyportals низ рӯйхати кишварҳоеро тартиб додаанд, ки имконоти бештари таҳсил ба забони англисӣ доранд. Ба ин кишварҳо Олмон, Ирландия ва Нидерландия дохил гардидаанд. Дар баробари ин, афзоиши босуръати шумораи курсҳои забони англисӣ дар Туркия, Италия ва Португалия ба қайд гирифта шудааст. Мамлакатхои осиёӣ – Хитой ва Сингапур ҳам пешсафанд.
Рейтинги QS 2025: донишгоҳҳои ИМА ва Бритониё мавқеъро аз даст медиҳанд
Донишгоҳҳои Бритониё ва ИМА дар радабандии ҷаҳонии QS поин рафтанд. Ин, махсусан, дар пасманзари донишгоҳҳои Осиё, ки дар ин самт мунтазам дар қатори беҳтаринҳо қарор гирифтаанд, мушоҳида мешавад.
3 июн QS радабандии охирини донишгоҳҳоро нашр кард. Панҷ ҷойи аввалро то ҳол донишгоҳҳои Британияи Кабир ва ИМА ишғол мекунанд.
Қариб 60%-и донишгоҳҳои Бритониё ва 70% донишгоҳҳои Амрико дар муқоиса бо соли гузашта чанд зина поин рафтаанд.
Дар ҳамин ҳол, донишгоҳҳои Осиё дар ин радабандӣ мавқеи намоёнро касб кардаанд. Донишгоҳи миллии Сингапур дар зинаи баланд, дар ҷойи ҳаштум қарор дорад. Донишгоҳи технологии Нанян аз ҷойи 26-ум ба 15-ум ҷаҳиши ба назар намоён кард.
Илова бар ин, 68%-и донишгоҳҳои Чин мавқеи баландро касб кардаанд. Донишгоҳи Пекин ҳоло дар ҷойи 14-ум ва Донишгоҳи Тсинхуа дар ҷойи 20-ум қарор гирифтаанд ва аз Донишгоҳи Чикаго пеш гузаштаанд.
Донишгоҳи Ҳонконг низ ба 20-гонаи беҳтарин дохил шуд — он дар ҷойи 17-ум аст.
Донишгоҳи Манчестер 200-сола мешавад
Донишгоҳи Манчестер барои кумаки молиявӣ ба донишҷӯёни хориҷӣ 3,5 миллион фунт стерлинг ҷудо кардааст. Донишҷӯёни бакалавр ва магистр, ки нияти таҳсил дар Донишгоҳи Манчестерро дар соли 2024 доранд, метавонанд соҳиби яке аз дусад гранти нав гарданд. Шумораи онҳо ба синну соли донишгоҳ мувофиқат мекунад – имсол ин муассисаи таълимӣ 200-сола мешавад.
Стипендияи Global Futures барои хориҷиёне, ки барои гирифтани дараҷаи бакалавр муроҷиат мекунанд, пешбинӣ шудааст. Барои иштирок дар озмун шумо бояд дипломи A-level, IB ё AP дошта бошед. Аз ҳамаи номзадҳо 100 нафари хушбахт интихоб мешаванд, ки дар таҳсил тахфиф хоҳанд шуд. Андозаи он ба таври инфиродӣ дар асоси дастовардҳои донишҷӯ муайян карда мешавад.
100 стипендияи дигар ба донишҷӯёни хориҷӣ дар илмҳои гуманитарӣ дода мешаванд. Ҳам бакалаврҳои оянда ва ҳам донишҷӯёни магистр метавонанд соҳиби ҷоиза гарданд.
Таҳияи Н. ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»