АМАЛИ ДАСТАҶАМЪОНА МЕБОЯД

Дар мамлакат аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 13 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, мутаассифона, ҳоло ҳам баъзан оилаҳоеро дучор мешавем, ки таълиму тарбия ва саводнок шудани фарзандони хешро ба зиммаи мактабу омӯзгорон ҳавола мекунанд.
Дар моддаи 7, бандҳои 3 ва 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чунин омадааст:
— дар раванди таълиму тарбия, аз ҷумла, назорати сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии фарзанд дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок ва мусоидат намоянд; ба раванди таълиму тарбия, мазмуни таҳсилот, давомот ва сатҳу сифати донишандӯзии фарзанд шинос шаванд.
Вале сад афсӯс, ки бештари падару модарон роҳи мактаб, роҳбари синф ва омӯзгорони фарзандашонро намедонанд ва ҳатто, бо даъвати директори мактаб ҳам ба мактаб намеоянд. Маҳз чунин муносибат муҳити носолимро ба вуҷуд оварда, сабабгори даст ба ҷиноят задани ноболиғон мегардад. Сабаби дигари ба оворагардӣ даст задани ноболиғон, дар хона муҳити носолим доштани бархе аз онҳост (падару модар надоранд, ҷудо шудаанд ё мавриди зӯроварӣ қарор доранд).
Тибқи ҳисоботи омории Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар байни солҳои 2014-2023 дар кишвар наздики 100 ҳазор кӯдак аз тарбияи падар ё модар маҳрум мондаанд. Дар натиҷаи бемасъулиятиву беназоратии оилаҳо иддае аз наврасону ҷавонон аз тарбия дур монда, ба корҳои ношоиста даст мезананд, дар кӯчаю хиёбонҳо рӯзонаву шабонгоҳ гаштугузор мекунанд ва бо ашхоси бадрафтор ҳамроҳ шуда, ба амалҳои ношоиста даст мезананд.
Дар соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 5093 ҳолати содиршавии ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 150-тояш аз тарафи ноболиғону ҷавонон содир гардидааст.
Яке аз омилҳои маъмул, ки боиси ба авбошиву роҳзанӣ даст задани ноболиғон мегардад, истифодаи нодуруст аз шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Имрӯз шабакаҳои иҷтимоии Mail.ru, Facеbook, Ok.ru, Skype, Agent, Mobimeet, Line, WhatsApp ва ғайраҳо аз зумраи чунин барномаҳое мебошанд, ки инсонҳоро новобаста аз синну сол, ба худ ҷалб мекунанд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки дар оила ва мактаб нисбат ба тарафҳои манфӣ ва мусбати интернет диққати махсус диҳем. Аз рӯйи ҳисоботи оморӣ, тақрибан 4-5%-и аҳолии Тоҷикистон аз шабакаҳои интернетӣ истифода мебаранд, ки дар байни онҳо 90% аз 7 то 40-сола мебошад. Ҷавонон расмҳои худро дар ин шабакаҳо гузошта, бо худ рафиқони нав пайдо карда, соатҳои дароз ба гуфтугӯ машғул мешаванд. Дар бисёри давлатҳо бо “калид”-ҳои махсус истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро маҳдуд кардаанд. Фикр мекунам, дар мо ҳам ин масъала пайгирӣ шавад, хуб аст. Ба падару модарон зарур аст, ки он уҳдадориҳои маънавию ҳуқуқиеро, ки дар таълиму тарбияи фарзанд қонун ба зиммаашон гузоштааст, истифода бурда, фарзандро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ тарбия намояд. Паҳлуи дигаре, ки ҷавонону наврасонро ба қонунвайронкуниҳо оварда мерасонад, бекориву беиродагист. Ба таҳсил фаро нагирифтани ҷавонон ба доми фиреби гурӯҳҳои ҷиноятпешаву экстремистӣ мебарад ва оқибат бо дастури онҳо ба ҷараёнҳои гуногуни динӣ дохил мешаванд. Омили дигаре, ки боиси нигаронии ҷомеа гаштааст, истифодаи маводи мухаддир ё зуҳуроти нашъамандӣ мебошад. Бояд қайд кард, ки бемории нашъамандӣ ё «вабои аср» дар байни ҷавонони кулли манотиқи кишвар паҳн гаштааст. Тавре ки маълум аст, мардуми мо ба ҷавонони нашъаманд, ҳамчун шахси бекорхӯчаву беҳудагард ва дузд муносибат мекунанд. Волидайни нашъаманд кирдорҳои фарзандашонро аз хешу табор ва ҳамсояҳо паноҳ медоранд. Онҳо бояд донанд, ки нашъамандӣ беморист ва он табобати саривақтиро талаб мекунад. Дар сурати сари вақт пешгирӣ намудан, ба ҳаёти солиму мустақил баргаштани ҷавонони бемор мусоидат кардан мумкин аст. Ин гурӯҳ барои қонеъ кардани талаботи худ ва дарёфти маводи даркорӣ (ҳероин, нашъа, афюн, банг (ҳашиш)) аз ягон амали номатлуб рӯ намегардонанд. Аз ин рӯ, шахсони ҷиноятпеша онҳоро тез ба худ ҷалб намуда, барои истифодаи амалҳои ҷинояткории хеш истифода мебаранд. Бо мақсади пешгирии ин амалҳои номатлуб дар байни ҷавонону наврасон аз тарафи шахсони масъули хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон, маориф ва шуъбаи ҷавонон ва занон дар муассисаҳои таълимӣ, клубу китобхонаҳо, марказҳои дилхушиву фароғатӣ, марказҳои ҷавонон чораҳои таъхирнопазир бояд дида шаванд.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»