ЧАРО НАВРАСОНУ ҶАВОНОН БА ҶИНОЯТКОРӢ ДАСТ МЕЗАНАНД?

Дар таълиму тарбияи насли наврас дар муассисаҳои таълимӣ набояд саҳлангор бошем, чунки ояндаи ҷумҳуриамон ба насли солиму бунёдкор пайванд аст. Омӯзгорон бояд кӯшиш намоянд, ки вобаста ба таълими фанни худ насли наврасро дар руҳияи одамдӯстиву доро будан бо хислатҳои неки инсонӣ тарбия намояд. Вале бо вуҷуди ҳамаи ин мутаассифона, баъзе аз наврасону ҷавонон бо роҳҳои хато рафта, ҳатто ҷиноят ҳам содир мекунанд.
Бино ба ақидаи доктори илми педагогика Шодӣ Сафаров, дар тарбияи хонанда нақши омӯзгор басо бузург аст. Фарзанди солим ва босаводу фазилатпешаро парвариш кардан вазифаи муҳим ва пурмасъулият мебошад. Бояд баҳри он кӯшид, ки фарзандон танҳо хушнудӣ оранд ва падару модар, миллат аз доштани чунин фарзандон ифтихор кунанд. Бо вуҷуди шароитҳои хуби таълимӣ, мушоҳида мекунем, ки аз тарафи наврасону ҷавонон баъзан ҷиноятҳои хурду калон содир мешаванд, ки ин амал, албатта, ташвишовар мебошад. Акнун калонсолонро мебояд, нисбат ба тарбия ба таври хеле ҷидӣ муносибат кунанд.
Шодӣ Сафаров ақида дорад, ки яке аз сабабҳои ба ҷиноят даст задани наврасону ҷавонон, дур мондани онҳо аз назорати волидон мебошад. Сабабҳои дигар, бекорӣ, аз мутолиа дур мондан, тайёр набудан ба машғулиятҳо аз тарбия канор мондани насли наврас аст. То дараҷае наврасонро нозуку нозпарвар кардаем, ҳар талаби онҳоро бе таҳлилу хулосабарорӣ амалӣ менамоем ва ҳамин аст, ки онҳо фикр мекунанд, ки онҳоро ҳеҷ ранҷу азобу машаққат дар оянда пеш намеояд. Ин аст, ки бекор монда, даст ба ҷиноят мезананд.
Омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик, муовини директори МТМУ №123-и ноҳияи Рӯдакӣ Саёҳат Набиева ба он ақида аст, ки бояд бо иштироки намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони мақомоти давлатӣ ҳар сари чанд вақт вохӯриву мулоқот доир гардад. Дуруст аст, ки роҳбарияти аксар мактабҳо ва шуъбаҳову раёсатҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо чунин ҳамоишҳо барпо менамоянд, вале боз ҳам ба мушоҳида мерасад, ки дар ин гуна вохӯриву мулоқотҳо аксаран танҳо волидайни хонандагони фаъол иштирок мекунанду халос. Бинобар он, бояд сабаби иштирок накардани падару модарони шогирдони ҷиноят содиркардаву бетартиб маълум карда шуда, аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муҷозот муайян гардад, вагарна вазъият бетағйир хоҳад монд. Яке аз сабабҳои ҷинояткорӣ, ба фикри ин омӯзгор, беаҳамиятии волидони хонандагон ва гусаста будани ҳамкориашон бо омӯзгорон мебошад.
— Ба назари ман, — мегӯяд номзади илмҳои фалсафа Нусратулло Зокирзода, — омӯзгорон бояд дар роҳи тарбияи насли наврас намуна бошанд. Онҳо бо падару модарон якҷо фарзандонро китобхон намоянд ва дар ин роҳ, бояд худашон намуна гарданд. Аз шахсе, ки ба мутолиаи муттасил пардохтааст, ҳеҷ гоҳ ҷинояткору террорист намебарояд. Яке аз мақсадҳои ташкили як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҳам аз ҳамин иборат аст. Асарҳои бадеӣ, хусусан, қаҳрамонони мусбати онҳо, метавонанд барои наврасону ҷавонон намунаи ибрат бошанд. Онҳо ба характеру корнамоиҳои ин гуна қаҳрамонон пайравӣ карда, бо пайраҳаи онҳо мераванд, сафедро аз сиёҳ фарқ карда метавонанд.
Воқеан ҳам, аксаран ба вожаҳои «атфол», «хурдсол», «кӯдак», «наврас», «ноболиғ» вомехӯрем, вале дуруст аҳаммият намедиҳем, ки ин мафҳумҳо чӣ маъно доранд ва то куҷо ин гурӯҳ чӣ имтиёз ё чӣ гуна зери ҳимояи қонун қарор гирифтаанд, баъди ҷиноят содир кардан чӣ пешомаде онҳоро интизор аст? Дар қисми 1-и моддаи 55-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Кӯдак шахсе эътироф карда мешавад, ки ба синни ҳаждаҳсолагӣ (ба синни балоғат) нарасидааст». Дар кодексҳои ҷиноятӣ ва граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон истилоҳҳои «шахси ноболиғ» ё «ба балоғат нарасида», «хурдсол», «атфол» истифода гардидааст. Пас мафҳуми ноболиғ чист? Дар мавриди мафҳуми ноболиғ дар қисми якуми моддаи 86-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст: «Шахсоне ноболиғ эътироф мегарданд, ки дар вақти содир намудани ҷиноят синни чордаҳсолагиро пур кардаанд, вале ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасидаанд».
— Яке аз сабабҳои сар задани ҷинояту ҷинояткорӣ аз тарафи ноболиғон, ҷалб нанамудани диққати фарзандон ба дастовардҳои миллӣ ва ташаккули ҳисси ватандӯстии онҳо ба шумор меравад, — мегӯяд раиси раёсати ташкилоти ҷамъиятии «Ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» Мурод Ёров. — Мутаассифона, аз бетарафӣ ё дар ғафлат мондани мо — насли калонсол, баъзе ҷинояткорон аз ҳиссиёти мардум, махсусан, ҷавонон истифода бурда, ба ҷомеа зарар мерасонанд. Барои он ки дар тафаккури фарзандон ақидаҳои ҷиноӣ, аз ҷумла, террористӣ роҳ наёбанд, онҳоро бояд тарбия намуд, зери назорат гирифт, то ки ба ин падидаҳои манфӣ ба таври устувор муқовимат карда тавонанд. Пешрафти минбаъдаи давлату ҷомеа бе таълиму тарбияи дурусти насли наврас ғайриимкон аст.
Ба ақидаи корманди Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бӯрӣ Ҳайдаров, барои пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояткорӣ бояд омӯзгорон бо шогирдон ва падару модари онҳо ҳамкории ҷиддиро ба роҳ монанд. Ба ҷавонону наврасон бояд тавсия дод, ки осори бузургонро мутолиа кунанд, зеро ақли солим ҳамеша аз ин гуна панду андарзҳо бардошти мусбат мегирад.
Сокини шаҳри Ваҳдат Рустам Раҳматов, ки худ соҳибкори муваффақи ватанист, иброз дошт, дар баробари он ки падару модарон ба муҳоҷират мераванд, бояд нисбат ба тақдири фарзандони худ бепарво набошанд. Беназорат мондани фарзандон, онҳоро ба ҳар роҳ мебарад. Ҳангоми сар задани ҷиноят ва ё амали ҷиноӣ пушаймонӣ дигар суде надорад.
Пас аз пош хӯрдани баъзе оилаҳо низ ҷинояткорӣ дар бай­ни ноболиғон ба вуқуъ мепайвандад. Фарзанди чунин оила бо бачаҳои кӯча ҳамроҳ шуда, ба ин ё он амале даст мезанад, ки оқибаташ ҷинояткорист.
Аз ин рӯ, лозим меояд, ки ҳама якҷо барои аз байн бурдани ин ҳодисаи нанговар муборизаи беамон барем. Албатта, мо, шахсони калонсолу волидайн, вазифадорем, ки барои ҳаёти мустақилона дар ҷомеа ба таври шоиста фарзандонро омода намоем. Онҳо бояд дар руҳияи ватандӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ахлоқу рафтори неку ҳамидаи инсонӣ тарбия ёбанд. Бо ин мақсад бояд тамоми донишу маҳорат ва нерую истеъдоди хешро ба он равона намоем, ки ворисонамон солиму хушбахт ба камол расанд.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»