САРВАТИ БЕБАҲО, САБАБИ ҲАСТӢ ВА САРЧАШМАИ ҲАЁТ

Об равшаниву нур, манбаи асосии ҳаёт, сабаби ҳастии башар, наботот, ҳайвонот ва асли бақову пойдории зиндагӣ ва табиат аст.
Бештар аз 1 миллиард сокини рӯйи Замин аз нарасидани оби тозаи ошомиданӣ азият мекашанд, беш аз 2,5 миллиард аҳолии дунё дар шароити ғайрисанитарӣ умр ба сар мебаранд. Дар 80 кишвари ҷаҳон ҳукуматдорон дар таъмини мардуми хеш бо оби ошомиданӣ ба мушкилоти калон рӯ ба рӯ ҳастанд. Миқдори захиравии об дар ҷаҳон 1 триллиону 386 миллиард км мукаабро ташкил менамояд, ки танҳо 35 миллион км мукааби он (2,5%) оби нӯшокӣ мебошад. Дар 20 соли охир масъалаи таъмини аҳолӣ бо оби тоза, ҳифзи захираҳои обӣ, омӯзиши захираи оби пиряхҳо аз мавзуъҳои асосии баҳсу гуфтугӯҳои сарварони кишварҳои хурду бузурги минтақа ва ҷаҳон гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша аз шумори кишварҳое будааст, ки дар минбару маҳфилҳои баланди байналмилалӣ ба муҳимияти оби тоза ва ҳифзи захираҳои обӣ таъкид карда ва аз ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар масоили об пуштибонӣ кардааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон дарк карданд, ки дар 50 соли оянда масъалаи дастрасӣ ба оби тоза проблемаи дорои аҳамияти байналмилалӣ хоҳад шуд. Ҳамин буд, ки Сарвари давлат, дар нишастҳо ва ҷаласаҳои мухталифи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, борҳо аз минбари Созмони Милали Муттаҳид истифода карда, садои худро ба гӯши мардуми сайёра расониданд, ки об ва захираҳои обӣ ганҷи бебаҳои дунё буда, онҳоро бояд ҳифз кард.
Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои обӣ дар миқёси давлатҳои қаламрави собиқ Иттиҳоди Шуравӣ пас аз Федератсияи Россия дар мақоми дувум қарор дорад.
Захираҳои оби тоза дар кишвари мо зиёданд. Калонтарин рӯдхонаҳои Тоҷикистон, амсоли Панҷ, Вахш, Сирдарё, Зарафшон, Бартанг, Кофарниҳон, Хингоб ва Варзоб ба замми доштани обҳои ширину мусаффо табиати дилфиребу нотакроре доранд. Соҳилҳои ин рӯдхонаҳои дилфиреб беҳтарин маконҳо барои тамошо ва истироҳату фароғати сокинони ҷумҳурӣ ва сайёҳони хориҷӣ мебошад.
Ба мавзеъҳои истироҳату фароғат ва тамошо табдил додани домони кӯлу чашмасорон, пиряхҳо ва рӯдхонаҳои кишвар аз вазифаи аввалиндараҷаи масъулини мост.
Дар маҷмуъ, дар кишварамон 950 рӯдхонаи хурду бузург мавҷуд аст, ки дарозиашон аз 10 то 2300 км аст. Пиряхҳои Тоҷикистон 60 дар 100-и обҳои Осиёи Миёнаро ташкил медиҳанд. Кишвари мо дорои 1300 кӯл мебошад, ки масоҳати умумии онҳо 70 ҳазору 500 гектар ва захираи оби онҳо 44 км мукааб мебошад. Яке аз шоҳкориҳои табиати Тоҷикистон кӯли Сарез аст, ки он моҳи феврали соли 1911 дар натиҷаи заминларзаи шадиди 9-балла ба вуҷуд омадаасту, дар он имрӯз 17 км мукааб оби ширину зулол ҷамъ шудааст. Сарчашмаи дигари оби ошомидании сокинони ҷумҳурии мо обҳои зеризаминӣ, яъне, чашмаҳо ва обҳои артезианӣ мебошанд.
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи об, рушд ва ҳимояти захираҳои обӣ, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ва обёрии киштзору боғҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Аз ҷумла, қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи об ва захираҳои обӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 27 феврали соли 2009, №123 “Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009- 2019” намунаи санадҳои меъёрию ҳуқуқие ҳастанд, ки дар ин робита қабул шудаанд.
Дар Паёми худ аз 28 декабри соли 2023 Пешвои миллат бори дигар ба масъалаи ба истифода додани НБО “Роғун” дахл карда, изҳор доштанд, ки чархаи 3-юми ин неругоҳ соли 2025 ба кор андохта шуда, соли 2032 сохтмон ва ба истифода додани НБО-и “Роғун” комилан ба анҷом мерасад.
Барои ҳифз ва беҳтар намудани ҳолати захираҳои об дар Тоҷикистон мутобиқи талаботи Барномаи давлатии экологӣ амалӣ намудани тадбирҳои зерин, ки ба таври мухтасар чанде аз онҳоро ном мебарем, зарур аст:
— бақайдгирии (инвентаризатсияи) манбаъҳои захираҳои об;
— беҳтар намудан ва азнавсозии шабакаи обёрӣ дар ҷумҳурӣ;
— гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ дар минтақаҳои ҷамъшавии захираҳои об;
-ҷорӣ намудани технологияи нави тоза кардан ва ба сатҳи меъёрҳои қабулшуда расонидани сифати обҳои нӯшокӣ;
-муайян намудани манбаъҳои асосии ифлосшавии захираҳои об дар минтақаҳои ҷуғрофӣ ва роҳҳои бартараф намудани онҳо;
-ба талаботи меъёрӣ расонидани сифати оби нӯшокӣ ва партовҳои обӣ;
-давра ба давра кам намудани ҳаҷми партовҳои ифлоскунанда ба обанборҳо, дарёҳо, кӯлҳо ва муҳити атроф;
-лоиҳакашии иншооти нави обтозакунӣ ва азнавсозии иншооти амалкунанда.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таълими соатҳои дарсии марбут ба масоили об, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлими сайёра аҳамияти об барои мавҷудоти зинда ҳангоми таҳияи барнома ва нақшаҳои таълимӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Ба омӯзиши мавзуъҳои ба об алоқаманд дар барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла, дар синфҳои ибтидоӣ 11 соат ва дар ҷараёни таълими фанҳои география, биология ва экология дар синфҳои 5- 11 зиёда аз 25 соат ҷудо шудааст.
Толибшо САИДОВ,
директори Коллеҷи ғайридавлатии тиббии
ноҳияи Рӯдакӣ,
Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон