ИЛМИ ВАТАНӢ ВА НИЁЗҲОИ ИҶТИМОӢ

(ЧАНД АНДЕША ДАР ҲОШИЯИ МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО АҲЛИ ИЛМ ВА МАОРИФ)
Халқият ва миллиятҳое дар таърих муваффақ будаанд, ки ба илм ва донишҳои илмӣ такя намуда, сарнавишти хешро ба дасти худ сохтаанд. Баръакс, миллатҳое, ки ба илму дониши илмӣ эътимод надоштаанд, ҳамеша дар ҳоли хушкандешию фақру дастнигарӣ қарор гирифта, роҳи хурофоту ҷаҳолатро паймуда, охируламр ба вартаи нобудӣ мубтало гардидаанд.
Ба ин тартиб, мулоқоти Сарвари давлат бо намояндагони илм ва маорифи кишвар аз ҷумлаи силсиламулоқотҳоест, ки бори охир моҳи марти соли 2020 – замони шуюъи коронавирус иттифоқ афтода буд. Бо гузашти чаҳор сол Пешвои миллат мулоқотро бо доираи илму маорифи ватанӣ зарур шумориданд ва дар ин росто тасмимоти ҷиддӣ рӯйи даст гирифтанд. Ин аст, ки 30 майи соли ҷорӣ дар Кохи Ваҳдат мулоқот доир гардид ва Сарвари давлат дар ҷараёни суханронии пурмуҳтавои хеш вазъи илму маорифи ватаниро дар бастагӣ бо мушкилоту муаммоҳои геополитикӣ матраҳ намуда, дар ин замина нукоти ҷолиби таваҷҷуҳе ироа доданд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, чанд нуктаи иҷмолиро дар ҳошияи мулоқоти Сарвари давлат бо аҳли илму маорифи ватанӣ баён медорем.
Якум. Суханронии Сарвари давлат чун анъана, мавзуи асосӣ – рушди илму маорифи ватаниро дар шароити соҳибистиқлолӣ фаро гирифтааст. Сарвари давлат дар оғоз ва ба истилоҳ, прологи суханронӣ масъалаи мақому ҷойгоҳи илм дар зиндагии миллӣ ва бурунрафт аз мушкилоти иҷтимоӣ, фикрӣ, ҳувиятӣ ва маданиро, ки ҷомеаро дар тангнои мафкуравию ҳувиятӣ қарор дода, ба вазъи буҳронӣ мунҷар кардааст, ба миён гузошта, ҳадафи асосиро таври зайл гӯшзад намуданд: “Мо чӣ тадбирҳое бояд андешем, ки илм дар кишвари мо ба талаботи замони тараққиёту таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ҷавобгӯ бошад, роҳро барои рушду пешравии давлат ва ҷомеа ҳамвор созад, яъне ба давлат ва халқи Тоҷикистон хизмат намояд”. Дар хидмати давлат ва ҷомеа қарор гирифтани илм ва бароварда сохтани ниёзҳои давлату ҷомеа, ки ҳар ду дар тавъамию ҳамбастагии мазмунию мундариҷавӣ мебошанд, талабу муқтазиёти замонию маконист. Ба сухани равшантар, Сарвари давлат дуруст дарк кардаанд, ки бидуни илм ва маорифи пешрафтаву модерн наметавон ба ҳадафҳои олӣ – сохтани давлати миллию дунявӣ ва ҷомеаи саноатию иттилоотӣ даст ёфт. Ин ҳадафро Сарвари давлат дар ибтидои суханронӣ дунбол карда, дар ин замина таъкид доштанд: “Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст”.
Дуюм. Дар мулоқоти ахирӣ ҳам Сарвари давлат бо такя ба собиқаву таҷрибаи кофии раҳбарӣ, биниши сиёсӣ, неруи фикрӣ, дониши назариявӣ ва завқу салиқаи эҷодӣ сари масъалаҳои мубрами илму маорифи ватанӣ таваққуф намуда, вазъи куллии илмӣ, маърифатӣ, иҷтимоӣ, маданӣ, сиёсӣ ва мафкуравиро мушаххас намуда, дар ин робита таклифу пешниҳодоти зарурӣ ироа доданд. Махсусан, ба масъалаи интиқодоти мунсифона ва бидуни ғаразу кина, ки дар илм аз меъёрҳои асосию калидӣ маҳсуб мешавад, таваҷҷуҳ намуда, ошкоро ишора фармуданд, ки “ман ҳама гуна танқидро қабул дорам, агар одилона бошад”. Воқеан, интиқод ва равиши интиқодӣ, агар мунсифона ва орӣ аз ғаразу кина бошад, ҳатман ба дард мехурад ва дар ҳалли мушкилоту уқдаҳои замонию маконӣ корсоз буда метавонад. Мутаассифона, анбуҳи матолиби интиқодие, ки сари мавзуоти мухталиф, минҷумла, сиёсию мафкуравӣ ва илмию фарҳангӣ дар сафаҳоти шабакаҳои иҷтимоию фазои маҷозӣ мушоҳида мешаванд, аксаран бар мабнои ғаразу бадбинӣ, нафрату ниқорталабӣ, фиребу шӯрангезӣ ва нотавонбинию кинаҷӯйӣ буруз карда, воқеиёти давру замонро бозтоб намедиҳанд.
Сеюм. Азбаски мухотабони асосии Сарвари давлат дар мулоқоти ахирӣ аҳли илм ва маориф буданд, мавсуф бар асоси принсип ва мабонии илмию ихтисосӣ аз фаъолияти баъзе пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотии АМИТ, ҳамчунин, бархе муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ниҳодҳои тобеи Вазорати маориф ва илм интиқод карданд. Албатта, интиқодоти Сарвари давлат аз сохторҳои марбутаи илмӣ-пажуҳишӣ ва ниҳодҳои маърифатӣ бадон хотир аст, ки камбуду навоқиси соҳавӣ сари вақт ошкор ва роҳҳалҳое дар ин замина пешниҳод гарданд. Аз сӯйи дигар, ошкор ва рафъи саривақтии навоқиси ҷойдошта дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла, соҳаи илму маорифи ватанӣ талаботи замон аст ва интиқодоти мунсифона ва расидагӣ намудани масъалаву муаммоҳои соҳавӣ боиси пешравии кор мегардад. Ба ин маъно, Сарвари давлат аз масъулини соҳавӣ ва дастандаркорони пружаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ даъват ба амал оварданд, ки дар ҳамшарикӣ мушкилотро бартараф намуда, роҳро барои таҳаввулоту пешравӣ ҳамвор созанд.
Чорум. Тавре ки ишора шуд, Сарвари давлат дар мулоқот, асосан, ду соҳаи ба ҳам тавъам – илм ва маорифро мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор доданд ва дар доираи ин ду масъала андешаронӣ карданд. Дар ин замина, тарбияи насли нави огоҳу саводнок ва бомаърифат аз ҷумлаи масъалаҳои калидии сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Сарвари давлат тақрибан дар кулли суҳбату мулоқот, дидору вохӯрӣ ва гуфтугӯю суханрониҳо ба ин масъалаи меҳварӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз масъулин ва дастандаркорони соҳа тақозо менамоянд, ки ҷиҳати тарбияи насли нави огоҳу босаводу бомаърифат тадбирҳои судманд андешида, дар ин росто барномарезиҳои ҷиддиро амалӣ намоянд. Дар мулоқоти ахирӣ ҳам ба ин нуктаи меҳварӣ — тарбияи насли нави босаводу бамаърифат тамаркуз карда шуд ва Сарвари давлат тазаккур доданд, ки: “Ман дар суханрониҳои худ борҳо таъкид карда будам, ки тарбияи насли нави бомаърифат, илмдӯст ва шоистаи замон танҳо вазифаи мактабу маориф нест, балки дар ин ҷода падару модарон, тамоми қишрҳои ҷомеа ва ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ бояд фаъолона саҳм гузоранд”. Илова бар ин, Сарвари давлат вазъи тарбиятиро, ки ба талаботи замон ва шароити муосири миллӣ ҷавобгӯ нест, мушоҳидакорона таҳлил намуда, аз сарнавишту тақдири минбаъдаи ғолибони пружаҳои ҷумҳуриявии озмунии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” изҳори нигаронӣ карданд. Ваҷҳи нигаронии Сарвари давлат дар ин замина он аст, ки дастандаркорону масъулини пружаҳои озмунӣ ва мудиромилони тарҳҳои дахлдор бо баргузор кардани озмунҳо ва ҳавасмандсозии ғолибони пружаҳои озмунӣ корро анҷомёфта ҳисобида, ба ояндаи насли ғолиб, аслан, таваҷҷуҳ намекунанд. Ҳол он ки бояд ғолибон ва нафарони фаъоли пружаҳои озмунӣ ҳамеша мадди назари масъулин ва дастандаркорони соҳавӣ қарор бигиранд ва барои то ба сатҳи кадрҳои баланди миллӣ расонидани онҳо барномарезиҳои мушаххаси илмӣ, адабӣ, эҷодӣ ва тарбиятӣ роҳандозӣ шаванд. Мутаассифона, пружаҳои озмунӣ ҳамасола баргузор мегарданд, ғолибон маълум мешаванд, ҳавасмандиҳои моддию маънавиро дарёфт мекунанд, аз тариқи телевизиону радио муаррифӣ мешаванд, аммо муаррифии шоиставу боиста ва муҳимтар аз ҳама, сарнавишти минбаъдаи онҳо касеро мутаваҷҷеҳ намесозад ва ҳамин тур, то ба соли дигар ҳолу ҳавои озмунӣ мутаваққиф гардида, дар фазо сару садое боқӣ намемонад.
Панҷум. Сарвари давлат масъалаи эҳтиром ба арзишҳои миллию дунявиро, ки сабаби пешрафти миллату давлатҳо дар тӯли таърих гардидаанд, матраҳ карда, бар он таъкид варзиданд, ки силсилатаҳқиқотҳои илмӣ ва пажуҳишҳои илмӣ-ихтисосӣ бояд бар мабнои равишметодологияи илмӣ, риояи принсипмабонии давлатдории дунявӣ, бо дарназардошти манофеи миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ ва эҳсоси ватандорию ифтихорофаринӣ анҷом бигиранд. Дар акси ҳол, маҷмуаи таҳқиқоту пажуҳишҳо хосту ниёзҳои иҷтимоӣ, мафкуравӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ, илмӣ, академӣ ва мадании ҷомеаро бароварда намесозанд ва ҳамчун қолибҳои хушку холӣ ба дарди касею ниҳодею мақоме намехуранд. Ба ин маънӣ Сарвари давлат махсус ишора фармуданд: “Масъалаи дигаре, ки мехоҳам махсус хотирнишон созам, мутобиқ ба манфиатҳои миллӣ, риояи принсипҳои дунявият, асосҳои сохти конститутсионӣ, таҳкими минбаъдаи сулҳу ваҳдати миллӣ ва ифтихори ватандорӣ анҷом додани корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таълифи асарҳои илмӣ мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки барои мо меъёрҳои муқарраркардаи Конститутсия ва арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ ҳамеша афзалият доранд. Олимону зиёиёни мо ҳамчун неруи огоҳу пешсафи ҷомеа бояд дар корҳои илмӣ ва эҷодиёти худ ба ин меъёру арзишҳо таваҷҷуҳ ва эҳтироми хосса зоҳир карда, аз бегонапарастиву тарғиби ғояҳои носолим қатъиян худдорӣ кунанд”.
Дар зимн, ташаннуҷи хурофоту таассуби мазҳабию хушкандешӣ ва дар ин робита, ба бемории вогиру фарогири бегонапарастию беҳувиятӣ мубтало гардидани бахши калоне аз насли наврасу ҷавони ҷомеа нигарониҳои ҷиддиро ба бор овардааст.
Албатта, сари ин масъала бо ҳассосияти баланд сухан кардани Роҳбари давлат сабаб дорад: Аввалан, таъриху таҷрибаи ҷанги шаҳрвандӣ ва ба истилоҳ, бародаркушӣ собит кардааст, ки яке аз авомили асосии ташаннуҷи авзоъ, бебандуборию беинзиботӣ ва билохира, ба ҷангу даргирӣ кашида шудани кишвар бетарафию фориғболию фурсатталабию тамошобинии қишри интеллигенсияи ватанӣ ва элитаи сиёсии вақт будааст. Сониян, марказгурезӣ (на марказшитобӣ) аз ҷумлаи мушаххасоти нописанду номатлубу зараровари институтҳои иҷтимоӣ, илмӣ, адабӣ ва мадании мо дар тӯли таърих будааст ва маҳз ҳамин мушаххасаи ҳувиятӣ боиси ҳузуру нуфузи фарогири қишри руҳонияти муҳофизакору фурсатталаби давр гардида, Тоҷикистони нав ба истиқлорасидаро оғуштаи хуну даргирию ҷангу кашмакашу қатлу куштор кард. Солисан, мавқеъи давлатӣ, дидгоҳи миллӣ ва тафаккури илмӣ надоштани қисмате аз қишри пешрави интеллигенсияи ватании вақт роҳро барои буҳронӣ шудани авзоъ дар гӯшаву канори мамлакат ҳамвор сохт. Ба ин маънӣ, Сарвари давлат таҷрибаи ҷанги шаҳрвандӣ ва раванди ҳувиятсозию ваҳдатофаринии миллиро хеле хуб андӯхтаанд ва дар ин замина таҷрибаи кофӣ доранд. Бинобар ин, ба масъалаҳо дар доираи қиёси мантиқӣ рӯшанӣ меандозанд ва воқеиёти замони гузаштаи таърихӣ (замони ҷанги шаҳрвандӣ – солҳои 1992-1997)-ро бар мабнои далоили мувассақи мантиқӣ ва дидгоҳи воқеъӣ арзёбӣ менамоянд.
Шашум. Дар чандин мулоқоту вохӯрӣ ва диду боздидҳо бо намояндагони илму маорифи кишвар Роҳбари давлат ба масъалаи таҳияи китобҳои дарсӣ, илман асосноккунии маводи таълимӣ, риояти равиш-методологияи илмӣ дар таълифу таҳияи китобҳои мактабию донишгоҳӣ, ба фазою шароити муосири миллӣ мутобиқ сохтани васоити таълимӣ-методӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, масъулинро муваззаф месозанд, ки дар беҳбуди ин самти муҳимми мафкурасозии миллӣ-давлатӣ талош варзанд. Мутаассифона, ҳамоно вазъи таълифу таҳияи китобҳои дарсӣ ва ба фазою муҳити илмию миллӣ мутобиқ сохтани онҳо ба талаботи замон ҷавобгӯ нашудааст. Танзими ин раванд, ки воқеан, раванди мафкурасозии миллӣ маҳсуб мешавад, ба таври бояду шояд анҷом напазируфтааст. Ин аст, ки Роҳбари давлат бо истифода аз ҳузури олимону маорифиёну зиёиёни ватанӣ ба ин масъалаи доғи рӯз такроран таъкид варзида, аз ҷумла, иброз доштанд: “Яке аз масъалаҳои ҳалталабе, ки солҳои зиёд дар назди ин муассисаҳо қарор дорад, таълифи китобҳои дарсии ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй мебошад. Сифати таҳсилот асосан ба сатҳу сифати китоби дарсӣ, маводи таълимӣ ва маҳорати педагогии омӯзгор вобаста мебошад, ки ин масъалаҳо ҳанӯз беҳбудии ҷиддӣ мехоҳанд. Зарур аст, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм, Академияи таҳсилот ва Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва китобҳои дарсӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад. Дар ин росто, ба инъикоси ғояҳои давлатдории миллӣ ва арзишҳои ҳувиятсози халқамон дар китобҳои дарсии фанҳои ҷомеашиносиву гуманитарӣ, раванди таълим, таносуби соатҳои фаннӣ, усулҳои фаъоли таълим, роҳҳои самараноки омӯзиши фанҳои табииву риёзӣ ва ташаккули зеҳни фаъоли хонандагону донишҷӯён бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд”. Акнун баъди таъкиди Роҳбари давлат агар масъулин ва муҳимтар аз ҳама, муаллифону мураттибони китобҳои дарсӣ тафаккури илмӣ, дидгоҳи миллӣ ва мавқеъи давлатӣ дошта бошанд, ҳатман китобҳои бадардхур таҳия карда, аз тариқи таълифоту ибтикороти созанда дар тасаллути фазои миллию дунявию илмӣ дар ҷомеа саҳми муносиб хоҳанд гузошт.
Ҳафтум. Бахши хотимавӣ ё ба истилоҳ, эпилоги суханрониро Роҳбари давлат чун ҳамешагӣ ба воқеиёти имрӯзӣ – сатҳи бозиҳои геополитикӣ, буҳронҳои сиёсӣ, бархурдҳои тамаддунӣ, ташаннуҷи авзои минтақавию ҷаҳонӣ, рақобатҳои сиёсию мафкуравӣ, ояндабинии таҳдиду хатароти ҷиддӣ ва ташаббускорию созандагии тактаки афроди баномусу боғурури қаламрави давлати миллӣ ихтисос доданд. Бахусус, дар заминаи ҷалби насли наврасу ҷавон ба омӯзиши илму дониш, боло бурдани сатҳи тафаккури илмӣ ва то ба сатҳи як кишвари мутамаддини ҷаҳонӣ расонидани Тоҷикистони азиз ҳарфҳои ҷиддӣ зада шуд. Минҷумла, Роҳбари мамлакат ишора фармуданд: “Дар ин раванд, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба илмомӯзӣ ва густариши тафаккури илмӣ миёни онҳо, инчунин, фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ дар ин самт вазифаи муқаддаси зиёиёни кишвар ва дар навбати аввал, кормандони соҳаи илму маориф мебошад. Зеро бори дигар хотиррасон месозам, ки дар замони мо, яъне давраи шиддати рӯзафзуни рақобату мухолифатҳо танҳо давлатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки миллати босаводу огоҳ, низоми пешрафтаи илмиву инноватсионӣ ва олимону навоварони донишманд дошта бошанд”. Дар айни замон, сатҳи пойини маърифатнокӣ, камбуду набуди тафаккури илмӣ ва ҷаҳоншиносии фалсафӣ хурофазадагию хушкандеширо дар ҷомеа тасаллут бахшида, миллатро бо чоҳи бетаги ҷаҳолату нодонӣ тела дода, роҳи бунбастию сардаргумиро заминагузорӣ мекунад.
Н. НУРОВ,
ходими илмии АМИТ