ТАКМИЛИ ИХТИСОС ОМӮЗИШИ БАРДАВОМРО ТАҚОЗО ДОРАД

Тавре ки маълум аст, ҳафтаи гузашта дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати такмили системаи рушди маҳорати касбии омӯзгорон чорабинӣ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми кишвар ва иқдоми Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо иштироки 50 нафар корманди донишкадаи мазкур ва филиалҳои он доир гардид. Омӯзишро мутахассисон аз Маркази маҳорати педагогии Ҷумҳурии Қазоқистон ба роҳ монданд. Директори Маркази маҳорати педагогии Ҷумҳурии Қазоқистон Жанбота Кабдикаримова, ки роҳбари лоиҳаи «Кумаки техникӣ ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, дар машварате, ки дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф баргузор гардид, изҳор дошт, дар Ҷумҳурии Қазоқистон 72 муассисаи ҷумҳуриявӣ ба омӯзондани курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ машғуланд. Дар семинари омӯзишӣ, ки аз ҷониби мутахассисони Маркази маҳорати педагогии Ҷумҳурии Қазоқистон гузаронида мешавад, мавзуоти мубрами курсҳои такмили ихтисос, аз қабили таълими андрагогика, принсипҳои он, усулу тарҳ ва шеваҳои омӯзиш дар раванди дарсҳо, тағйироти фарогир дар фаҳмишу дарки равандҳои ҷаҳонӣ, муносибат ва вокунишҳо дар ин самт, ҷалбу ҳавасмандгардонии хонандагон дар машғулиятҳо, таъсироти иҷтимоӣ, омӯзиши муколамавӣ, муносибат ба рушди тафаккури интиқодии хонандагон, шаклу намудҳои омӯзонидани калонсолон, таълими инфиродӣ бо дарназардошти кӯдакон (хонандагон)-и соҳиблаёқат ва кӯшо, муносибат ба масъалаи таҳия ва банақшагирии дарсҳо, инкишофи саводнокии боҳадафи мактаббачагон ва ғайра омӯзонида мешаванд. Ректори ДҶТИБКСМ Наврӯз Мирзозода қайд намуд, ки ҳамкорию равобити мутақобилаи донишкада бо Маркази педагогии Ҷумҳурии Қазоқистон дар самти беҳтару судмандтар гардидани сатҳу сифат ва муҳтавои курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ нақши муҳиму калидӣ мебозанд. Яке аз ин ҳамкориҳо баргузории семинари омӯзишӣ ба шумор меравад, ки дар заминаи он 1200 нафар омӯзгору корманди соҳаи маориф ҳамчун тренери сатҳи байналмилалӣ аз курсҳои мазкур гузаронида мешаванд. Сардори раёсати муносибатҳои байналмиллалии ДҶТИБКСМ Саидашраф Ҳасанов таъкид намуд, ки аҳаммияти семинари омӯзишии мазкур, ки ҳадафи он омода намудани тренерони сатҳи байналмилалӣ мебошад, дар чанд омил инъикос меёбад. Аз ҷумла, дар тақвияти сатҳи тахассусии омӯзишии усул ва методологияҳои нави таълимӣ, ки дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудаанд, тренерон метавонанд дониш ва малакаҳои касбии худро ташаккулу такомул диҳанд. Ин имкон медиҳад, ки онҳо бо роҳҳои нав ва муассир ба такмили ихтисос ва баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ машғул шаванд. Вобаста ба таъмини устувории салоҳиятҳои касбӣ бояд тавзеҳ дод, ки дар шароити ҷаҳони муосир зарурати такмили доимии ихтисоси омӯзгорон ба амал меояд. Дар самти рушди шабакаҳои ҳамкорӣ ва табодули таҷриба семинари зикршуда на танҳо як имкони таълимӣ, балки платформа барои омӯзгорон ва мутахассисони тоҷик барои табодули таҷриба бо ҳамкорони байналмилалӣ мебошад. Ин раванд тавсеаи шабакаҳои касбӣ ва барқарор намудани робитаҳои муфид бо муассисаҳои таълимии хориҷӣ маҳсуб меёбад. Бо дарназардошти таҷриба ва дониши андӯхташуда, тренерони омодашуда метавонанд дар оянда худ ба дигар омӯзгорон дар ҷумҳурӣ таълим диҳанд. Ин раванд ба такмили ихтисоси васеи омӯзгорон дар саросари кишвар мусоидат намуда, дар ниҳоят ба баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рушди соҳаи маориф дар Тоҷикистон оварда мерасонад. Таъмини пайвастагии ҳадафҳои миллӣ бо меъёрҳои байналмилалӣ дар самти омода намудани тренерони сатҳи байналмилалӣ дар Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030»-ро, ки ба ташаккули салоҳиятҳои устувор ва навовариҳо равона шудаанд, бо меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонда шаванд. Таассуроти бардоштҳои худро аз омӯзиши мутахассисону кормандони соҳаи маорифи ҷумҳурӣ мутахассисон ва меҳмонон ба таври зайл баён доштанд:
— Кибриё Аҳмадова, мудири кафедраи психология, педагогика ва методикаи таълими ФДҶТИБКСМ дар вилояти Суғд:
— Ҳамчун иштирокчии семинар аз омӯзиши тренерон – мутахассисони Ҷумҳурии Қазоқистон бисёр омилҳои навро дар раванди баргузор намудани машғулиятҳо, аз ҷумла, ташкили бозиҳои шавқовар, ҳалли муаммоҳои байни хонанда ва омӯзгор, ки дар раванди таълим ба вуҷуд меоянд, усулу шеваҳои навро, ки барои ба роҳ мондани дарс осону содатар аст, дарк ва аз худ кардам. Дар ҷараёни баргузории курсҳои такмили ихтисос муносибати омӯзгор бо шунаванда бояд аз рӯйи фарҳанги баланди муошират ба роҳ монда шавад.
— Исфандиёр Раҳматшоев, мудири кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маорифи ДҶТИБКСМ:
— Яке аз мавзуъҳое, ки дар семинар баррасӣ ва таҳлилу тавзеҳ ёфт, моҳияти андрагогика ба шумор мерафт. Андрагогикатаълими калонсолон буда, муносибат ва ҳамкорӣ дар раванди таълимро дар бар мегирад. Ташкил ва баргузории омӯзиши чунин тренингсеминарҳо зарурию саривақтӣ буда, барои ташаккули салоҳиятҳои касбию шахсии тренерон ва омӯзгорону устодон мусоидат мекунад.
— Сурайё Шердилова, дотсенти кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маорифи ДҶТИБКСМ:
— Дар семинари омӯзишӣ оид ба методҳои самарабахши таълим, ҷадвали талаботҳои Абрахам Маслоу, масоили тафаккури интиқодӣ, тафаккури таҳлилӣ, тафакури мантиқӣ ва салоҳиятҳои хонандагон ва омӯзгорон суҳбатҳо доир шуд. Дар омӯзиши мазкур барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон (PISA) ва тарзи ба роҳ мондани арзёбӣ дар муассисаҳои таълимӣ, инчунин, воситаҳои арзёбӣ таҳлил ва баррасӣ гардид.
— Анора Холова, сармутахассиси шуъбаи таълими ФД ДҶТИБКСМ дар шаҳри Душанбе:
— Аз семинари омӯзишӣ дарёфтам, ки мо бояд дар раванди машғулиятҳо мушоҳида кунем, ки хонанда кадом хислатҳоро доро мебошад. Тибқи ин омил, онҳоро чӣ гуна бояд ҳавасманд кунем, то сустхонҳо ба пешқадамон баробар шаванд. Барои қонеъ гардонидани талаботи хонанда ва ҷалби ӯ ба дарс омӯзгорро мебояд, ки майлу ҳавас ва шавқу рағбати шогирдонро ба дарс бедор кунад.
— Талгат Мукутов, менеҷери калони Маркази маҳорати педагогии Ҷумҳурии Қазоқистон:
— Ҳадаф аз ташкил ва баргузории семинари омӯзишӣ аз ҷониби мо, рушд бахшидан ба имконоти потенсиали тренерии кормандони соҳаи маориф мебошад. Машғулиятҳои семинарӣ дар ду самт барои дар амал татбиқ намудани роҳҳои самарабахшу муассири таълим ба шумор меравад. Дар раванди курсҳо тренерони оянда ба усулу методҳои самарабахши таълим, шаклу намуд ва стратегияҳои нав ҷиҳати рушди касбияти омӯзгор дар амал шинос мегарданд. Идора карда тавонистани набзи гурӯҳҳо дар синф, интихоб ва амалӣ намудани омӯзиши инфиродӣ низ дар ин самт муҳим аст. Мо ба василаи семинари омӯзишӣ дар тренерон донишҳои назариявӣ ва амалиро такомул бахшида, банақшадарории дарс, таълиму омӯзиш ва арзёбии фаъолияти педагогиро баҳри ба ҳадафҳои пешгузошта ноил шудан ташаккул медиҳем.
— Раушан Абишева, менеҷери калони Маркази маҳорати педагогии Ҷумҳурии Қазоқистон:
— Курси омӯзишии мо аз ду модул ибрат мебошад. Модули якум рушди методу шеваҳои таълими фанҳоро дар бар гирифта, дар он устодон ва муаллимон сабку усулҳои дарсии худро ташаккулу такомул мебахшанд. Модули дуюм дар доираи рушди функсионалии саводу дониши хонандагон баргузор шуда истодааст. Тавре ки маълум аст, мактабиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 дар арзёбии байналмилалии таълим (PISA – 2025) иштирок мекунанд. Дар охирҳои моҳи июл омӯзиши омӯзгорону устодони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи рушди фарогири донишу саводи мактабиён оғоз меёбад, ки ин курсҳоро кормандони Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаҳои маорифи Тоҷикистон якҷо бо тренерон — мутахассисони Маркази маҳорати педагогии Ҷумҳурии Қазоқистон ба роҳ хоҳанд монд.
— Азизбек Раҳимдод Раҳмонбек, директори филиали ДҶТИБКСМ дар ВМКБ:
— Мо ба гузаронидани курсҳои такмили ихтисос машғул гардида, мушоҳида мекунем, ки худ ба рушду такмил бахшидани маҳорату малакаи касбиямон ниёз дорем. Аз ҷумла, дар бахши омода намудани тренерон, ки метавонанд дар минтақаҳо ҳадафи барномаҳои такмили ихтисосро ба дигарон омӯзонанд. Ба он хотир ки дар Бадахшон ноҳияҳо аз ҳамдигар дар фосилаи дур қарор доранд, лозим меояд, аз ҳисоби худи омӯзгорону устодон тренерони варзидаро омода намоем. Омӯзиши имрӯза ба мо имкон медиҳад, ки дар самти мавзуоти пешниҳодшуда беҳтарин омӯзгоронро ҳамчун тренер омода намоем. Аз тарафи дигар, истифода аз методу усулҳои нав ва коркардшуда дар сатҳи ҷаҳонӣ шавқу ҳаваси омӯзгорони моро зиёд менамоянд, ки мо айни ҳол аз ҳамтоёни қазоқ омӯхта истодаем.
— Шаҳбози Рустам, директори ФДҶТИБКСМ дар шаҳри Кӯлоб:
— Бояд зикр намуд, ки семинари омӯзишии мазкур масоили муҳими раванди таълимро фаро гирифта, роҳҳои махсуси рушди омӯзгор, худбаҳодиҳӣ, самаранокии таълим, рушди шахсияти хонандагон, татбиқи донишҳои назариро дар амал ва ғайраро баррасӣ, таҳлил ва тавзеҳ медиҳанд. Дар раванди таълим омӯзгорон бояд дорои донишҳои фарогиру баланди касбӣ ва салоҳиятҳои махсуси замони муосир, аз ҷумла, эҷодкорӣ, ҳавасмандгардонӣ, забондонӣ, муоширати воло, ҳамкорӣ, истифодаи самаранок аз технологияи иттилоотӣ ва амсоли инҳо будани худро ба намоиш гузоранд.
— Дилбар Исоева, мудири шуъбаи бозомӯзӣ ва таҳсилоти фосилавии ДҶТИБКСМ:
— Ба сифати яке аз иштирокдорони семинари омӯзишӣ зикр кардан мехоҳам, ки мутахассисони қазоқистонӣ ба мо роҳҳоеро пешниҳод намуданд, ки чӣ тавр хонандаро дар меҳвар ҳангоми гузаронидани машғулиятҳо қарор диҳем. Барои бедор кардани майлу ҳаваси хонанда роҳҳои машваратӣ, таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба ӯ, муоширату такаллуми омӯзгор нақши асосӣ мебозад, ки ин ҳамаро ба таври мушаххасу фаҳмо дар ин семинари омӯзишӣ аз худ кардам.
Ҳамин тавр курси кӯтоҳмуддати 12-рӯза дар самти тайёр намудани тренерони сатҳи байналмилалӣ бомуваффақият ҷамъбаст гардид.
Дар омӯзиш омӯзгорону кормандони филиалҳои ДҶТИБКСМ аз шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар, Хоруғ ва шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намуданд. Ба иштирокчиёни омӯзиш аз ҷониби ректори донишкада Наврӯз Мирзозода, роҳбари лоиҳаи «Кумаки техникӣ ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва намояндаи Маркази маҳорати педагогии Ҷумҳурии Қазоқистон сертификатҳои сатҳи байналмилалӣ тақдим гардид.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»