stack of books isolated on white background

БА ДОНИШ РАВОНРО ТАВОНГАР КУНЕД

Яке аз донишмандони факултети забон ва адабиёти то­ҷики Донишгоҳи Кӯлоб дар солҳои ҳафтодуми асри гузашта, устод Рустам Ҷӯраев буд. Хатмкардаи факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург.
Дар бораи эшон мо, донишҷӯён, маълумоти кофӣ надоштем. Тибқи шуниди мо, гузаштагони ӯ аз ноҳияи Ашт будаанд.
Баъзеҳо мегуфтанд, ки Рустам Ҷӯраев баъди бо баҳои аъло хатм кардани донишгоҳи машҳур ба кор ба факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон даъват шудааст. Он ҷо чанд муддат фаъолият кардааст. Баъдан, ба ҳайси тарҷумон дар Сафорати Иттиҳоди Шуравӣ дар Афғонистон фаъолият намудааст. Аммо дар Кобул бо роҳбараш созомадӣ накардааст. Аз сафорат бозхонд шудааст.
Ҳамин тариқ, Рустам Ҷӯраев мармуз, ба кадом сабабе ба кор ба Донишгоҳи Кӯлоб фиристода шуда буд. Мо тааҷҷуб мекардем, ки он чӣ рӯзгори носозгор будааст. Вагарна нобиғае мисли ин шахсияти нотакрор ҷойи худро дар донишгоҳи музофотӣ намедид.
Рустам Ҷӯраев марди миёнақад, фарбеҳ, рӯйи борик, чашмони ориёӣ, бинии баланд, лабони тунук, пешонии васеъ, мӯйи сари сиёҳ дошта, қисмати пеши сараш каммӯй гашта бошад ҳам, ба салобат ва мартабаи хиради ӯ мувофиқ меафтод.
Овози ҷолиб дошт. Мисли наттоқони радио, ки хабарҳои расмиро қироат мекарданд, суханварӣ мекард. Паст гап занад ҳам, нутқаш ниҳоят ҷолиб буд. Ҳама ба мантиқи сухани ӯ гӯшу ҳуш мешуданд. Мефаҳмиданд, ки моҳияти ифодаи мавзуъ то кадом дараҷа дар нодирагӯӣ ва маъниофаринии устод тавсиф ва тафсир меёбад. Чунон забони бой дошт, ки «суханро боло бурда, рӯйи курсӣ менишонд».
Рафтор ва қадаммонии босалобат дошт. Дар байни муаллимон фарқ мекард. Аз рӯйи дониш ва хираде, ки бар устод насиб гашта буд, ҳама ба ӯ бо эҳтироми махсус муносибат мекарданд.
Минбаъд ҳам, ҳангоми таҳсил дар аспирантура, докторантура, фаъолияти илмӣ, курсу семинарҳо ва таҳсил дар мактабҳои хориҷӣ ман мисли Рустам Ҷӯраев шахсияти ҳамсони ӯро дар манзалати маърифатнокӣ, донишмандӣ ва шаҳодатномаи муаллимӣ надидам.
Баъди чанд муддате аз муаллими одӣ Рустам Ҷӯраев мудири кафедраи забони русии байнифакултетии Донишгоҳи Кӯлоб таъйин шуд.
Дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла, дар гурӯҳи махсуси факултети забон ва адабиёти рус, ки он ҷо фақат русзабонҳо таҳсил мекарданд, аз фанни грамматикаи забони русӣ ва аз грамматикаи забони тоҷикӣ дар факултети забон ва адабиёти тоҷик, инчунин, аз грамматикаи муқоисавӣ ҳам барои русҳо бо забони русӣ ва ҳам барои тоҷикон бо забони тоҷикӣ дарс мегуфт.
Тибқи барномаи факултет, ҳар гурӯҳи биступанҷнафарӣ ба ду зергурӯҳ ҷудо карда шуда буд. Ҳамин тариқ, ин зергурӯҳҳо аз дувоздаҳ, сездаҳнафарӣ иборат буданд.
Р. Ҷӯраев ба яке аз ин гурӯҳҳо грамматикаи забони тоҷикӣ ва ба зергурӯҳи ҳамин гурӯҳ аз грамматикаи забони русӣ таълим медод.
Самтҳои дарсдиҳии Рустам Ҷӯраев, асосан, грамматикаҳои амалии забонҳои русӣ ва тоҷикӣ буданд. Муаллим қоидаҳои морфологӣ ва синтаксисиро дар асоси мафҳумҳои таърихӣ ва замони муосир, тарзи ташаккул ва таҳаввулоти забонҳо шарҳ медод. Даҳҳо мисоли гуногун пеш меовард. Онҳоро дар доираи формулаҳои грамматикӣ тафсир ва аз нигоҳи илмӣ пешкаши донишҷуён мекард.
Албатта, сатҳи дониши илмомӯзон якзайл набуд. Аммо муаллим бо ба инобат гирифтани дараҷаи инкишофи донишҷӯён ҳар як назарияи илмиро батафсил, одӣ, хеле устодона мефаҳмонд. Лекин ӯ, гӯё ҷиддан аҳамият намедод, ки кадом донишҷӯ то кадом дараҷа дарсро аз худ мекунад. Ду-се шунавандаи пешқадамро интихоб мекард. Дараҷаи азхудкунии илмро дар мисоли онҳо месанҷид. Медид, ки интихобкардаҳо ӯро мефаҳманд, иҷрои барномаҳои дарсиро ба тарзи боварибахш идома медод.
Мо дар гурӯҳи русии Р. Ҷӯраев сабақ мегирифтем.
Дар курси сеюм, аллакай, дефинитсия, истилоҳот ва категорияҳои грамматикаро хуб азбар намуда будем. Фақат донишҳои худро мебоист аз лиҳози амалӣ, дар мисолҳо – матнҳои илмӣ, публитсистӣ ва бадеӣ таҳлил мекардем. Месанҷидем.
Муаллим Р. Ҷӯраев дар зергурӯҳи русии мо, дар муддати навад дақиқа дарсро ба пуррагӣ бо забони адабии русӣ мебурд. Бо ин забон чунон тоза, озодона, ифоданок сухан мегуфт, гумон мекардӣ, ки сухангӯ соҳибзабон аст.
Таснифи морфологии ин забон, инкишофи онро дар ҷумлаҳои сода ва мураккаби русӣ бо навъи волотарин, ниҳоят фаҳмо шарҳ медод. Бо овардани мисолҳо аз адабиёти бадеии классикӣ ва муосири рус истифодаи категорияҳои грамматикиро исбот мекард.
Мо, донишҷӯёни деҳотии мактаби олии музофотӣ, бо як фарзанди миллати тоҷик, ки аз ноҳияи дурдасти Тоҷикистон ҳамагӣ панҷ сол дар Россия таҳсил кардааст ва ба ин андоза забони хориҷиро аз худ намудааст, ифтихор мекардем. Ба дарсҳои ӯ гӯш меандохтем. Кӯшиш мекардем, агар монанд ҳам шуда натавонем, пайрави чунин устод бошем.
Дар байни донишҷӯён ва муаллимони донишгоҳ доимо дар бораи дараҷаи ниҳоят баланди донишҳои илмӣ ва хотираи фавқулодаи муаллим Рустам Ҷӯраев нақлҳои ҷолиб мерафт.
Як сифати махсусан фарқкунандаи муаллим Р. Ҷӯраев он буд, ки дар соати аввали дарс ному фамилияи ҳар як донишҷӯро мегирифт. Ба ӯ як дафъа нигоҳ мекард. Баъдан, то хатми донишгоҳ дигар ҳаргиз ному фамилия, дар кадом факултет, курс, гурӯҳ ва зергурӯҳ хондани ӯро фаромӯш намекард.
Тавре ёдоварӣ шуд, ӯ дар зергурӯҳи мо аз амалияи грамматикаи забони русӣ дарс мегуфт. Ва ҳангоми машғулият ягон калимаи тоҷикиро истифода намебурд. Ҳамин тариқ, дар зергурӯҳи дигар, ки муаллим Р. Ҷӯраев ба онҳо аз грамматикаи забони тоҷикӣ дарс мегуфт, ягон калимаи забони русиро бе зарурати мисол ба ёд намеовард.
Дар хусуси хотираи фавқулодаи муаллим Рустам Ҷӯраев дар байни донишҷӯён ва муаллимон гоҳо нақлҳои ҷолиб роиҷ буд.
Дар гурӯҳи «Б»-и курси сеюми факултети забон ва адабиёт, ки мо дар он таҳсил мекардем, фақат бачаҳо мехонданд. Гурӯҳ ҳама аз деҳоти дури минтақаҳои Кӯлоб, водии Вахш ва водии Рашт ҷамъ омада буд. Ёздаҳ нафар бо баҳои аъло таҳсил мекарданд. Аз ин ҷиҳат, он дар донишгоҳ мақоми аввал дошт. Гурӯҳи моро нимшӯхиву нимҷиддӣ гурӯҳи мунтахаби донишгоҳ ном мебурданд.
Муаллимон, агар нисбат ба мо сахтгир буданд, мо ҳам нисбат ба муаллимон серталабии худро пинҳон намекардем.
Ин серталабӣ ва шӯхиҳои мо гоҳо аз ҳад мегузашт.
Як замон ҳамсабақони мо хостанд фаҳманд, ки дар ҳақиқат муаллим Р. Ҷӯраев хотираи фавқулода дорад? Ҳамаро бо ному фамилия, аз кадом факултет, курс, гурӯҳу зергурӯҳ буданаш мешиносад ё не?
Бо ин мақсад, ду нафар аз ҳамкурсон Б. Асоев ва С. Бақоев қарор қабул карданд, ки муаллими сахтгир Р. Ҷӯраевро санҷанд. Яке аз рӯзҳои якшанбе дар бозори серодами марказии шаҳри Кӯлоб муаллим Р.Ҷӯраевро диданд, ки растаҳои бозорро тамошо карда, кимчизеро хариданӣ аст.
Баҳриддин Асоев, ки бо мо дар гурӯҳи русӣ мехонд, ба муаллим Р. Ҷӯраев наздик шуда:
– Салом, муаллим! – гуфта, гузаштанӣ шудааст.
Муаллим Ҷӯраев ба Асоев нимнигоҳ карда, – «Здравствуйте, товарищ Асоев», – гуфта, ба тамошои худ идома додааст.
Бақоев ва Асоев дар тааҷҷуб шуда, муаллимро аз дур ноаён пойидан мегиранд.
Ҳангоми гузаштанаш аз назди магазини тиллофурушӣ, ки дар даромадгоҳи бозор воқеъ буд, бо маслиҳати Асоев, ҳамсабақи дигари мо Бақоев, ки дар зергурӯҳи тоҷикӣ мехонд, гӯё бо муаллим ногаҳон вохӯрда бошад, ба ӯ рӯ ба рӯ шуда:
– «Здравствуйте» Рустам Джураевич, – гуфта, эҳтироми санҷишии худро баён карданӣ шудааст.
Муаллим тарафи донишҷӯ як нигоҳ карда:
– Салом, рафиқ Бақоев! – гуфта, гарм посух додааст.
Рӯзи душанбе ҳамсабақони мо ин «вохӯрӣ»-и санҷишии худро ба ҳамкурсон хеле бошавқу завқ ва шефтагӣ нақл карданд.
Муаллим Р. Ҷӯраев дар соли чоруми хониш ба мо аз фанни забоншиносии муқоисавӣ лексия хонд.
То ҳозир ман муътақид ҳастам, ки тамоми лексияҳои муаллим як навъ дарсҳои намунавӣ дар соҳаи забон, аз ҷумла, забоншиносии умумӣ ва фалсафаи забон буданд.
Рустам Ҷӯраев мисли муаллим Иззатулло Тамлихоев бе қаламу коғаз вориди синфхона мешуд. Дар кисаи росташ ҳамагӣ 5-6 карточкаи хурд, дар картони тунуки зарди аз даст бо ҳарфҳои хурд дар пушту рӯ навишташуда дошт, ки онҳоро гоҳо нимнигоҳе ҳам накарда, гӯё истифода мекард.
Ӯ назарияҳои забоншиносони машҳури олам А. Шахматов, В. Виноградов, Л. Якубинский, С. Ожегов, А. Пешковский ва дигаронро ба тарзи муқоисавӣ пешниҳод, таҳлил, баррасӣ, хулосабарорӣ ва арзёбӣ мекард, ки барои мо, донишҷӯён, ҷолиб буд.
Таваҷҷуҳи моро назарияи материалии забон ҳамчун ҳодисаи ҷамъиятӣ, моҳияти хешигарии забонҳо, оила ва гурӯҳҳои забонӣ, қонунмандиҳои тараққиёти забонҳо, забон ҳамчун омили ваҳдат ва рушди миллатҳо, инкишофи ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён бар пояи дарки решаҳои табиӣ, таърихӣ, физиологӣ ва ҷамъиятии забон бештар ҷалб мекарданд.
Дарсҳои Рустам Ҷӯраев оид ба этимологияи муқоисавии гурӯҳи забонҳои ҳиндуаврупоӣ, махсусан, ҷолиби таваҷҷуҳ буданд.
Ӯ бо вуҷуди таҳсил дар шароити берун аз мамлакат, дар дараҷаи аъло донистани забонҳои хориҷӣ, шахсияти ватандӯст ва миллатпарвар буд.
Нақши забони тоҷикиро дар ташаккули забонҳои ҳиндуаврупоӣ муҳимтарин омил медонист.
Таъкид мекард, ки забони тоҷикӣ аз забонҳои бунёдӣ ва ҳалқаофарини оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ мебошад.
Исбот карданӣ мешуд, ки тамоми калимаҳои мансуб ба гурӯҳи забонҳои ҳиндуаврупоӣ, ки решаи «st» доранд, ҳолат, ҳаракат ва мансубиятро мефаҳмонанд, дар асл аз решаи феъли ёридиҳандаи «аст» оғоз ёфтаанд.
Барои мисол, «stop», «stood», «establishmen». Суффикси маконсози хосияти байналхалқгирифтаи – «истон», ки номи бисёре аз кишварҳо тавассути ҳамин суффикси маконсоз мавқеи сукунати онҳо таъйид шудааст, аслан, аз ҳамин решаи «феъли ёридиҳандаи забони тоҷикӣ» сарчашма мегирад.
Ҳамин тариқ, ӯ ҳангоми хондани лексияҳо дар мавзуъҳои марбут ба забоншиносии муқоисавӣ ва этимологияи муқоисавӣ, забони тоҷикиро бо забонҳои англисӣ, немисӣ, пашту ва ғайра хеле озодона, бо мисолҳо дар таносуб, умумият ва фарқият мегузошт.
Дар мафкураи мо, донишҷӯён, ақидае шакл мегирифт, ки муаллим Ҷӯраев ҳамаи ин забонҳоро медонад.
Аммо чӣ қадаре ки мо ба донишҳои муаллим Р. Ҷӯраев қоил шуда бошем, ҳамон қадар кунҷковии донишҷӯӣ моро намегузошт, ки дар ин боварҳо то охир устувор монем. Мегуфтем: илм вақте ба охир мерасад, ки он ҷо боварҳо хосияти мутлақ мегиранд. Сабаби бутпарастӣ, рукуд ва бадбахтии оқибати сухани мулло низ дар ҳамин аст.
Яке аз ҳамкурсон ва рафиқи мо Теша Шарипов, ки бачаи аълохон, ҳамзамон, шӯхи файзободӣ буд, ба хиради муаллим Р. Ҷӯраев, дараҷаи забондонии ӯ қоил будани худро таъкид мекард:
– Медонам, ки муаллим Ҷӯраев аз ҷумлаи донишмандтарин устодони донишгоҳ аст. Шояд мисли ӯ олим на танҳо дар Кӯлоб, балки дар тамоми мактабҳои олии мамлакат низ пайдо нашавад. Аммо ҳеҷ мумкин нест, ки як одам дар сиву панҷ – чил соли умри худ ин қадар илму маърифатро аз худ карда тавонад.
Ман ба ин фикр ҳам розӣ шудам, ҳам не. Гуфтам:
– Абуалӣ Сино фармудааст, ки ба ғайр аз таълим гирифтанҳо ва китоб хонданҳо инсонҳое ҳастанд, ки лаёқати фитрӣ доранд. Тавассути аз бар намудани донишҳои аввалӣ, худ ба худ, ба умқи масъала ворид мегарданд. Дар натиҷаи хондан ва шунидани андак, онҳо нисбат ба дигарон тезтар ба муайян кардани иттилоот, категория, дефинитсияҳо, мафҳумҳо ва қонунмандиҳо мерасанд.
– Э, як гуфтам, нагуфтам, дар бало мондам. Ту даррав ба фалсафаат мегузарӣ. Охир, ман фикр мекунам, ки ҳамин як одам – муаллим Ҷӯраев наметавонад ин қадар доно бошад. Пӯсткандаи гап, ба фикрам, ӯ барои моро қоил кардан, шаб то ба рӯз мавзуи лексияашро аз таги дил азёд ва такрор мекунад, — гуфт бачаи худбовар.
– Ман ба фикри ту розӣ нестам. Муаллими қориазёд мекардагӣ маълум аст. Лекин устод Ҷӯраев воқеан нобиға аст. Нотакрор аст. Донишманди ҳақиқӣ аст, – гуфтам ман.
– Ман ҳам ҳамин хел гумон мекунам-ку! Лекин ба ҳар ҳол, ту бо ман бош. Беодобӣ нашавад, ман устодро як бор месанҷам, – гуфт Теша.
– Хайр, савол дошта бошӣ, ҳозир лексия тамом мешавад. Дар охир даст бардошта, тибқи маъмул, саволатро деҳ, – гуфта, маслиҳат додам ба Тешаи якрав.
– Не, ин корро ман намекунам, – гуфт ӯ.
– Барои чӣ? – пурсидам ман.
– Яке намедонад, дар байни мардум, нохуб мешавад, — гуфт ҳамкурси «хуш­гумон»-и ман, – гӯё худро ботадбир гирифта.
– Хайр, чӣ пешниҳод дорӣ? – пурсидам ман.
– Бо ман биё, худат мефаҳмӣ, – гуфт Теша.
Синфхонаҳои Донишгоҳи Кӯлоб ҳама ду дари дутабақагӣ доштанд. Аз дари пеш, маъмулан, муаллимон медаромаданд. Рост ба паси минбар мегузаштанд. Рӯ ба рӯйи донишҷӯён қарор мегирифанд. Дари дуюм, асосан, барои даромад ва баромади донишҷӯён буд.
Мо бо Теша, ҳамкурси ҳамадону кунҷков дар қисмати дуюми синфхона менишастем. Бо занги танаффус ману ӯ тез бо дари дуюм ба роҳрав баромадем. Муаллим Р. Ҷӯраев бояд аз дари якум берун омада, муқобили мо ба самти деканат ё ба тарзи дигар, тарафи муаллимхона ҳаракат мекард.
Ҳамин тариқ, ману Тешаи сарсахт саросемавор аз дари поин баромада, тарафи дари якум, муқобили муаллим Ҷӯраев ҳаракат кардем.
Ба муаллим наздик шудем, Теша:
– Бори дигар салом, муҳтарам Рустам Ҷӯраевич. Лексияи Шумо ба мисли ҳамешагӣ мо — донишҷӯёнро моту мабҳут кард. Мо ниҳоят хушбахтем, қатори донишҷӯёне ҳастем, ки имкони иштирок дар дарсҳои пурмуҳтаво ва нотакрори Шумо насибамон гаштааст.
Давоми ин ҳарфҳо муаллим Рустам Ҷӯраев як лаҳза ҳам дар ҷойи худ наистод, ки моро соз гӯш кунад. Маълум буд, ки тамаллуқ, таърифу тавсиф ба муаллим хуш наомад. Ӯ қариб ба мо нигоҳ ҳам накард, мисли ҳамешагӣ бо шитоб ба пеш қадам мезад. Теша ин ҳолатро ҳис карда, тез ба савол гузашт:
– Устод, Шумо дар бораи таҳлили муқоисавии забонҳои пашту – тоҷикӣ – англисӣ муҳокимаронӣ кардед. Солҳои шастум, вақте мо дар деҳа будем, субҳ аз радио сурудҳои афғониро гӯш мекардем. Дар ёдам мондааст, ки радиои Афғонистон такрор ба такрор як суруди ба фикрам, паштуниро мешунавонд, ки мисраи ҷолибаш ин буд: «До тори стиргӣ, зи мо ёдигӣ». Ман ин мисраро шунида-шунида, аз ёд кардаам. Лекин маънояш чӣ бошад, то ҳол намедонам.
Муаллим ҳамон замон дар ҷояш истод. Гуфт:
– Дафтаратро ба ман деҳ.
Теша суоли худро ривоятдор карда, дафтарашро ҳам бо худ гирифта буд. Ба муаллим дод. Муаллим Ҷӯраев дар байни дафтар бо хатти арабӣ ҷумлаи гуфтагии Тешаро чунон тез навишт, ки мо хабар нашудем.
دا توری ستر گی زما یادی گی
Ва илова кард:
– Тарҷумаашро дар хотират нигоҳ дор: «Эй, чашмсиёҳ, зи мо ёд бикун!» – ангушти ишораи дасти росташро дар ҳаво ҳалқавор чархонда, хабари ҷумларо муаллим мисли ҳунарманди театр хонд.
Боқӣ, муаллим як сонияи дигар ҳам дар ҷояш наистод. Ҳаракат кард. Ва мо бо мардаки суолдеҳ музтар мондем.
Ба фикрам, муаллим Ҷӯраев «сӯиқасд»-и моро дар шакли саволи шубҳаомез фаҳмид. Ва ин катибаро дар дафтари Теша барои он навишт: «Эй содаҳо! Шумо агар маро имтиҳон карданӣ бошед, равед, ин катибаамро ҳарф ба ҳарф дар луғат кобед. Ёбед. Бори дигар қоил шавед: он чизеро, ки Рустам Ҷӯраевич медонад, илм ном дорад!».
***

ТУ БОЯД БИДОНӢ, БИРАВ ЁД ГИР
Як вақт ман дар идораи Кумитаи ҷавонони донишгоҳ, берун аз машғулияти дарсӣ навбатдорӣ мекардам. Ҳамон рӯз муаллим Р. Ҷӯраев ҳам навбатдори умумидонишгоҳӣ будааст.
Ногоҳ дар кушода шуд. Ӯ бо ҳамон салобат вориди хонаи навбатдорӣ гашт.
Ман, албатта, аз ҷой бархоста, кӯтоҳ гузориш додам. Муаллим ба болои мизи корие, ки паси он нишаста будам, нигарист. Китоб, луғати русӣ-тоҷикӣ, дафтар ва қаламе, ки болои миз монда будам, диққати муаллимро ба худ ҷалб кард:
– Шумо чӣ хонда истодаед? – пурсид ӯ.
– Асари Денис Иванович Фонвизин «Недоросль»-ро.
Баъд ба мизи кории ман наздик шуда, ба дафтарам нигоҳ ва суол кард:
– Дар ин дафтар чӣ менависед?
– Калимаҳои нофаҳморо, – ҷавоб додам ман.
Р. Ҷӯраев дафтари маро аз болои миз бардошта, ба навиштаҳоям бо­диққат шинос шуд. Ҳайрон гашт:
– Аҷаб! Ту донишҷӯи аълохон ҳастӣ, чӣ ҳамин калимаҳои одиро ҳам намедонӣ?
Ман ба аломати хиҷолат ба ин гуна сатҳи пасти забондонӣ сар хам кардам.
– Ин корат заҳмати зиёд талаб мекунад. Вақт мегирад, – гуфт ӯ ва илова кард:
– Ман ба ту чанд усули азхудкунии забони хориҷиро тавсия медиҳам:
1. Омӯхтани грамматикаи забони хориҷӣ бо иловаи лексика ва хониши иловагии зина ба зина, дар бастагӣ бо дараҷаи азхудкунии грамматика ва калимаҳо;
2. Бо тафсил омӯхтани китоб бо забони хориҷӣ, ки фарзияи он бо забони тоҷикӣ мавҷуд бошад. Аввалан шакли тоҷикиро хуб аз бар намуда, баъдан бидуни истифодаи луғат оғоз кардан ба хондани он китоб ба забони хориҷӣ. Яъне, наздик шудан ба маънии китоб аз рӯйи матни тоҷикӣ;
3. Ҳангоми азхуд кардани категория ва истилоҳоте, ки чида оварда шудаанд, ба тарзи сунъӣ сохтани абревиатураи он.
Мисол, «сущность» (моҳият) муродифҳои сифатии он «важное», «главное», «необходимое», «определяющее», «закономерное» аст. Барои фаромӯш нашудани тарҷумаи онҳо ва бой гардонидани таркиби луғавӣ, калимаҳои номбаршударо кӯтоҳ, аз рӯйи ҳарфҳои аввалашон чун ВГНОЗ дар хотир гирифтан мумкин аст;
4. Ба ҳар калимаи ношиноси хориҷӣ шартан монандкунии ягон калимаи тоҷикӣ;
5. Агар забони хориҷии меомӯхтагӣ ба гурӯҳи забонҳои ҳиндуаврупоӣ мансуб бошад, кӯшиш бояд кард, ки решаҳои этимологии он калимаро дар забони тоҷикӣ пайдо кунӣ. Забони тоҷикӣ забони модарии забонҳои ҳиндуаврупоӣ аст. Барои мисол: овраг – раги об; банда – банд, баста, зуҳуроте, ки аз чанд тан иборат аст. Як кас ба каси дигаре бастагӣ дорад; баран – барра; зима – зимистон; кандил – қандил; рост – рост, дуруст; галаконсерт – гала, галаи асп ва садҳои дигар.
6. Новобаста аз дараҷаи донистани забон, бетанаффус хондани китоби хориҷӣ. Тамошои филмҳои бадеию ҳуҷҷатӣ, гӯш кардани матнҳо ба ин забон;
7. Истифодаи муҳити забонӣ ё дар ҳолати зарурӣ сохтани чунин муҳити забонӣ бо шарикдарсон;
8.Аз ёд кардани зарбулмасал, мақолҳо, суханҳои пандомез бо тарҷума. Чунин ибораҳои рехта хотирмон мешаванд.
9. Тарҷумаи хотиравии шеърҳо аз як забон бо забони дигар тавассути нутқи дохилӣ.
Муаллим Р. Ҷӯраев мисле, ки дар як синфхона дарс мегуфта бошад, бо тамоми масъулият маро мефаҳмонд.
Аввал ман дафтарро гирифта, рост истода, суханҳои муаллимро навишта гирифтам. Таваҷҷуҳи ман ба муаллим маъқул афтод ва ӯ гуфт:
– Бишин. Саросема нашуда навис.
Ман чунин кардам.
Шояд таваҷҷуҳи шавқмандона ва ихтиёрии ман дар омӯхтани забони русӣ муаллим Р. Ҷӯраевро ба чунин иқдом ҷалб карда бошад.
Ман ин дарси ғайрирасмӣ ва бароям ниҳоят муфидро ҳарчӣ зудтар аз худ кардам. Чандин маротиба такрор намудам.
Ин усул бароям хеле маъқул шуд. Тавсияи ғайрирасмиро ба шарикдарсони худ низ расонидам. Онҳо ҳам чунин тарзи азхудкунии забонро хуб қабул карданд ва медидам, ки бо ҳамдигар мубоҳиса карда, онро истифода мебаранд.
Баъдан, бо гузашти солҳо ҳангоми омӯхтани забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ ман ин методҳоро хуб истифода намудам. Онҳо самарабахш буданд.
Хулоса, Р. Ҷӯраев яке аз донишмандони бузурги забоншиносии тоҷик ва ифтихори донишгоҳ буд.
Хушбахтона, мо ҳис намекардем, ки байни муаллимони Донишгоҳи Кӯлоб ягон рақобати носолим бошад.
Баръакс, муаллимони ҷавон ба донишмандони соҳибкасб ва обрӯманд назари нек доштанд. Аз онҳо доимо меомӯхтанд.
Боре ман шоҳиди гуфтугӯ байни муаллимони ҷавони донишгоҳ будам. Он ҷо муаллим Ёралӣ Содиқов ширкат дошт. Ӯ мегуфт: «Кошки, одам ба дараҷаи муаллим Рустам Ҷӯраев донишманд бошад…!».
Албатта, номумкин аст, ки ҳама якзайл донишу касбият ва тахассусмандӣ дошта бошанд. Аммо далели эътирофи донишмандии шахсиятҳои муътабар, худ ишораи бузург барои кӯшиши расидан ба чунин ҷойгоҳу манзалат аст.
С. ЯТИМОВ,
Бознашр аз «Ҷумҳурият»,
№105 (24968) аз 04.06.2024