КИТОБҲОИ НАСЛИ НАВИ МУВОФИҚ БА ТАЛАБОТИ ЗАМОН

Навсозии мазмуну мундариҷаи таҳсилот яке аз омилҳои асосии беҳтар гардонидани вазъи таълиму тарбия ба шумор меравад, ки тавассути стандартҳои давлатӣ, нақшаву барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ роҳандозӣ карда мешавад. Яъне, ба мазмуну мундариҷаи таҳсилот – стандарт, барномаву нақшаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ бояд тағйирот ворид карда шуда, ташаккули ҳувияти миллӣ, ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои замони истиқлол ва арзишҳои давлатдории миллӣ ҳамчун масъалаи муҳимми таълиму тарбия дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта бошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Руҷуъ
Дар ҷаҳони пуртазоди муосир омилҳои зиёде мавҷуданд, ки ба ҷомеаву миллат ва давлат таъсир мерасонанд. Дар чунин шароит зарур аст, ки насли наврас ва ҷавон бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ ва аз илмҳои муосир бархӯрдор гарданд. Дар ин замина, рисолати аҳли маорифу илм боз ҳам бештар гардидааст. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ маорифро дар сиёсати давлатӣ соҳаи афзалиятнок номида, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва шароити мусоид ҷиҳати фарогирии донишҳои муосир талошҳои зиёде анҷом медиҳанд.
Шоистаи таъкид аст, ки имрӯз муассисаҳои таълимӣ бо шароити созгор ба талаботи замон таъмин гардида, тадриҷан дастоварди хонандагони тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ афзун мегарданд. Дар ин радиф, яке аз омилҳои асосие, ки ба баланд гардидани сифати таълим мусоидат мекунад, сатҳу сифат ва мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои таълимӣ таъминанд ва тадриҷан мушкилоти дар ин замина ҷойдошта бартараф карда мешаванд. Пешрафти технологияи муосир, муборизаҳои иттилоотию фарҳангӣ ва ба ҳам омезиш ёфтани фарҳангҳо тақозо мекунад, ки мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ ба замони муосир мутобиқ карда шавад. Ба ин масъала, Пешвои миллат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, мунтазам ҷиҳати баланд бардоштани мазмуну муҳтаво ва мутобиқ ба давлатдории миллии мо дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Аз ҷумла, дар мулоқот бо аҳли илму маорифи кишвар зикр намуданд: «Сифати таҳсилот асосан ба сатҳу сифати китоби дарсӣ, маводи таълимӣ ва маҳорати педагогии омӯзгор вобаста мебошад, ки ин масъалаҳо ҳанӯз беҳбудии ҷиддӣ мехоҳанд.
Зарур аст, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм, Академияи таҳсилот ва Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва китобҳои дарсӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Дар ин росто, ба инъикоси ғояҳои давлатдории миллӣ ва арзишҳои ҳувиятсози халқамон дар китобҳои дарсии фанҳои ҷомеашиносиву гуманитарӣ, раванди таълим, таносуби соатҳои фаннӣ, усулҳои фаъоли таълим, роҳҳои самараноки омӯзиши фанҳои табииву риёзӣ ва ташаккули зеҳнии хонандагону донишҷӯён бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд».
Ташаббусҳои Вазорати маориф ва илм
Бо дарназардошти мутобиқ ва ҷавобгӯ ба замони муосир таҳия намудани китобҳои дарсӣ, Вазорати маориф ва илм ва зерсохторҳои он -Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ дар заминаи дастоварду ифтихори миллӣ ва мутобиқ ба замони муосир омода намудани китобҳои дарсӣ пайваста талош меварзанд. Дар ин самт, фаъолияти Шурои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшидаву аъзои шурои мазкур аз ҳисоби донишмандони соҳа ҷалб гардида, дар ин замина, китобу дастур ва барномаҳои таълимӣ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода мешаванд. Ин омил имкон фароҳам меорад, ки китобҳои дарсӣ ҳам аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво ва ҳам аз нигоҳи банду баст мутобиқ карда шаванд. Дар зимн, дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон низ аз ҳисоби омӯзгорону устодони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ Шурои экспертизаи касбии адабиёти таълимӣ ташкил гардид. Дар баробари ин, дар сохтори Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ раёсати таҳия, ташхис ва тақризи адабиёти таълимӣ таъсис ёфт, ки фаъолияти онҳо ба баланд гардидани мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ нигаронида шудааст.
Ин ҳама ташаббусу иқдомот ба он равона гардидааст, ки китобҳои насли нав мутобиқ ба замон таҳия гарданд, ки ин омил, аз як тараф, ба беғалату пурмуҳтаво омода шудан, аз ҷониб дигар, ба баланд гардидани ҳисси ифтихори миллӣ ва пурмуҳтавою шавқовар гардидани фанҳои бунёдӣ мусоидат намоянд.
Китобҳои дарсӣ — ҳамқадами замон
Мусаллам аст, ки яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани сифати таҳсилот, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсии ҷавобгӯй ба талаботи замон мебошад. Бо дарназардошти ғояҳои давлатдории миллӣ таҳия намудани китобҳои дарсӣ, ҳамзамон, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй гардонидани мазмуну мундариҷаи онҳо давоми чанд соли охир аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зиёд андешида шуданд. Омӯзишу таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз роҳҳои босамари баланд бардоштани сифати таҳсилот, махсусан, дар самти фанҳои дақиқ, риёзӣ, табиатшиносӣ ва забономӯзӣ таҳияи китобҳои дарсии ба муносибати босалоҳият ба таълим нигаронидашуда, яъне, китобҳои насли нав мебошад.
Дар ҷаҳони имрӯза муносибат ба таълим ва омӯзиш куллан тағйир ёфта, шеваҳои нави таҳсил ҷорӣ гардидааст. Принсипи муносибати босалоҳият ба таълим намунаи таҳаввулоти назаррас дар самти ислоҳоти соҳаи маориф аст, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи чанд соли ахир пайи татбиқи он иқдом гирифтааст.
Барои татбиқи шеваҳои нави муносибат ба таълим китобҳои дарсии мувофиқ ба он зарур аст. Вазорати маориф ва илм дар баробари ҷорӣ кардани шеваҳои нави омӯзиш, ҳамзамон, барои бознигарӣ ва таҳияи китобҳои дарсии насли нав низ мунтазам тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.
Ба таъкиди корманди Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Раҳмонзода, «Китобҳои дарсии дар асоси муносибати босалоҳият ба таълим таҳиягардида ба хонанда имкон медиҳанд, ки дар баробари мусаллаҳ гардидан бо донишҳои назариявӣ, ҳамзамон, роҳу равиши татбиқи онро дар амал аз худ карда бошад. Як ҷиҳати фарқкунандаи китобҳои дарсии насли нав он аст, ки дар баробари китоби дарсӣ дафтари хонанда ва роҳнамои омӯзгор низ якҷо таҳия мешавад, ки ин мавод дар ҷараёни омӯзиш раванди дарсро пурра мекунанд».
Шоистаи таъкид аст, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар дар давоми ду соли охир ҷиҳати таҳияи китобҳои дарсии насли нав корҳои зиёде анҷом дода шуд. Аз ҷумла, таҳияи стандартҳо, барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии фанҳои забони тоҷикӣ, хониши адабӣ ва математика барои синфҳои 1 – 4, бори нахуст дар таҷрибаи таҳияи китобҳои дарсӣ озмоиш (пилот)-и ин китобҳо дар доираи 80 фоизи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ гузаронида шуд, ки ин таҷриба нав мебошад ва аллакай натиҷаи самарабахш дод. Дар баробари ин, стандарт, барномаи таълимӣ ва китобҳои дарсии насли нав аз фанни забони англисӣ барои синфҳои 10–11 ва китобҳои дарсӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони русӣ омода карда шуд.
Инчунин, стандартҳо, барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии забони тоҷикӣ ва математика барои синфи 5 низ таҳия шуд. Китобҳои мазкур дар асоси муносибати босалоҳият ба таълим омода шуда, аз озмоиш гузаштанд ва ҳоло дар марҳалаи нашр қарор доранд. Омӯзиш ва натиҷаҳо муайян карданд, ки дар сурати мавриди истифода қарор гирифтани китобҳои насли нав, ки пеш аз ҳама, ба фаъол будани хонанда дар раванди таълим мусоидат менамояд, сифати таълим ва таҳсилот ба маротиб боло меравад. Ин китобҳо имкон фароҳам меоранд, ки хонандагон дар раванди дарс фаъол бошанд, ба мавзую масъалаҳо кунҷковонаю дақиқкорона муносибат кунанд, ки ин омил тадриҷан ба пайдо гардидани тафаккури интиқодии онҳо замина мегузорад. Тафаккури интиқодӣ ба он маъност, ки хонанда ҳангоми омӯзишу мутолиа мавзую масъалаҳо ва китобҳои дарсиро арзишдоварӣ карда тавонад, ки ин имкон фароҳам меорад, ки ӯ, аз як тараф, маводи дарсиро зуд азхуд кунад, аз ҷониби дигар, суханвару сухандон гардида, андешаҳои худро озод баён намояд.
Бояд қайд кард, ки бори аввал дар давраи истиқлол бо дастур ва роҳнамоии Пешвои миллат соли таҳсили 2023 – 2024 95 номгӯй китоби дарсӣ нашр гардида, дар ин давра муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо 6 млн 341 ҳазору 352 нусха китоби дарсӣ таъмин гардиданд, ки 94 фоизро дар ҷумҳурӣ ташкил медиҳад.
Дурнамо
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ бо тақозои замон ва дар заминаи идеологияи миллӣ таҳия намудани китобҳои дарсиро вусъат мебахшад. Бинобар ин, амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амрест воқеӣ, ки дар ин замина, аллакай корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Дар баробари ин, ҷиҳати ба вуҷуд овардани мактаби муаллифони китобҳои дарсӣ тадбирҳои судманд андешида мешавад, зеро таълифи китобҳои дарсии ба талаботи замон мувофиқ аз муаллифони донишманду соҳибтаҷриба низ вобаста мебошад. Ба ин мазмун, Вазорати маориф ва илм консепсияи нави таҳия ва таълифи китобҳои дарсии ҳамаи фанҳоро, ки фарогиру ҳамаҷониба бошанд, дар мадди назар қарор додааст. Китобҳои бахши илмҳои ҷомеашиносӣ ғояҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба илму фарҳанги волои халқи тоҷик, омӯзондани афкори ватанпарварона ва гуманистии намояндагони адабиёти классикии тоҷику форс, корномаву муборизаҳои халқи тоҷик баҳри дифоъ аз сарзамини аҷдодӣ, расидан ба сулҳу ваҳдати комил ва амсоли инро дар бар мегиранд. Китобҳои бахши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бошад, бевосита ба рушди тафаккури техникии хонандагон мусоидат менамоянд ва пеш аз ҳама, мавзую матолиби ин китобҳо фарогири навгониву кашфиёту дастовардҳои замони муосир мебошанд ва ҳангоми тадрис дар муассисаҳои таълимӣ ҷанбаи амалии онҳо қавитар мешавад.
Дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳо дар самти таҳияи китобҳои дарсии насли нав бомаром идома дорад ва тибқи барномаи дурнамо то соли 2030 корҳои зерин анҷом дода мешаванд:
— таҳияи стандарт, барномаҳои таълим ва китобҳои дарсии насли нав ва ба муносибати босалоҳияти ба таълим асосёфта аз фанҳои забони тоҷикӣ ва математика барои синфҳои 6 то 11;
— таҳияи 12 номгӯй китоби дарсии насли нав аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ;
— таҳияи стандарт, барнома ва китобҳои дарсии насли нав аз фанни забони англисӣ;
— таҳияи консепсияҳои таълифи китобҳои дарсии фанҳои таърихи халқи тоҷик ва адабиёти тоҷик.
Бояд қайд кард, ки таҳия ва чопи китобҳои дарсӣ дар меҳвари фаъолияти Вазорати маориф ва илм қарор дорад ва бознигарии стандарту барномаҳои таълимиву китобҳои дарсӣ дар мадди назар буда, бо дарназардошти талаботи замон ва навгониҳои илми муосир мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

Насриддин ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»